Перейти к содержимому

Ислом ва талаботи замона (26)

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Виҷдон ва масъалаи нисбияти ахлоқ

أَفَمَن زُيِّنَ لَهُ سُوءُ عَمَلِهِ فَرَآهُ حَسَنًا

Оё он кас, ки зиштии кирдораш барои ӯ ороста шуда ва онро зебо мебинад…” (Сураи Фотир, ояти 8)

Имшаб қасд доштам ба муносибати баҳсе, ки роҷеъ ба муқтазаёти замон доштам, баҳсеро, ки марбут ба фалсафаи таърих аст унвон кунам. Он баҳс ин аст, ки оё омилҳое, ки сабаби саодати башар мегардад, дар ҳар замон фарқ мекунад? Яъне ин омилҳо наву кӯҳна мешавад, ё мумкин аст як силсила омилҳои собит вуҷуд дошта бошад, ки дар ҳар замоне сабаби саодати башар гардад?

Албатта, ин матлаб эҳтиёҷ ба тавзеҳу тафсир дорад, аммо назар ба ин ки баҳсе, ки дар чанд шаби қабл роҷеъ ба нисбияти ахлоқ кардем, қисмате аз онро лозим надидам, ки таъқиб кунем, вале дӯстон изҳор карданд, ки идомаи он матлабро арз бикунам, имшабро дар атрофи он баҳс мекунам.

Далели касонеро, ки қоил ба нисбияти ахлоқ буданд ин тавр зикр кардем, ки усулан пояи ахлоқ бар ҳусну қубҳи ақлӣ гузошта шудааст; бар ин ки ақли башар корҳоеро хуб ва корҳоеро зишт медонад. Корҳои хубро ахлоқи ҳасана мегӯянд ва корҳои зиштро ахлоқи разила. Он вақт мегуфтанд, фикри башар дар бораи ин ҳусну қубҳ дар замонҳои мухталиф иваз мешавад. Пас, қаҳран пояи ахлоқ собит ва умумӣ нест. Як чиз мумкин аст дар муҳите ахлоқи хуб шумурда шавад ва ҳамон чиз дар ҷойи дигар ахлоқи бад шумурда шавад.

Дар ҷавоб ин тавр гуфтем, ки ин истидлол ду поя дорад: яке ин ки пояи ахлоқ ҳусну қубҳ аст, ва дигар ин ки ҳусну қубҳ як амри нисбӣ аст. Ба қавли мантиқ, суғрое дорад ва куброе ва қаҳран аз суғро-кубро натиҷа гирифта мешавад. Суғрои ин истидлол ин аст, ки ахлоқ бар пояи ҳусну қубҳ устувор шудааст ва ҳусну қубҳ як амри нисбӣ аст, ва куброи он ин аст, ки ахлоқ бар пояи амри нисбӣ қарор дода шудааст ва чизе, ки бар пояи амри нисбӣ қарор дода шавад, нисбӣ аст, пас ахлоқ нисбӣ аст.

Мо роҷеъ ба пояи аввали ин назария яъне “ахлоқ бар асоси ҳусну қубҳ аст” сӯҳбат кардем ва гуфтем ин сухан аслан дуруст нест. Ахлоқи суқротӣ ин тавр аст. Суқрот яке аз муаллимони ахлоқ аст ва як мактаби ахлоқии махсус ба худ дорад. Ин файласуфи юнонӣ пояи ахлоқи худашро бар ҳусну қубҳ ниҳодааст. Аммо ахлоқи исломӣ такяаш бар ҳусну қубҳ нест. Пас, ин эрод агар ворид бошад, бар ахлоқи суқротӣ ворид аст.

* * *

Оё ҳусну қубҳ як амри нисбӣ аст?

Руфақо ва дӯстон алоқаманд буданд, ки рукни дуввуми ин истидлолро ҳам баҳс кунем, ки оё воқеан ҳусну қубҳ як амри нисбӣ аст ё на? Он шаб иҷмолан арз кардем, ки ин ҳарф ҳам дуруст нест, ки ҳусну қубҳ як амри нисбӣ аст, вале тафсире барои он зикр нашуд. Акнун арз мекунам, ки он чизе, ки асоси ҳусну қубҳ аст, амри нисбӣ нест. Бигузоред мо ин матлабро аз ҷойи дигар шурӯъ кунем, то равшантар бишавад.

Шумо калимаи виҷдонро шунидаед. Мебинед афрод мегӯянд, виҷдонан фалон матлаб ин аст, туву виҷдонат, ин матлаб ин тавр аст ё на? Ё мегӯем, як қозии бовиҷдон ин гуна қазоват мекунад. Ин виҷдон чист? Оё виҷдонҳо мутағайиранд? Дар ҳар замоне виҷдонҳо як ҷур ҳукм мекунанд, виҷдони мардуми ин аср бо виҷдони мардуми даҳ сол ё як қарн пеш мутафовит аст? Оё ҳамин тавр, ки ранги либоси мардум, васоили ҳамлу нақли мардум, васоили рӯшноии мардум тағйир кардааст ва мекунад, виҷдонҳои мардум ҳам тағйир мекунад?

Ҳар касе дар худаш як эҳсосе дорад ва он эҳсос ин аст, ки қуввае дар вуҷуди ӯст, ки метавонад ҳатто алайҳи худи ӯ қазоват кунад. Ин қувва ҳамон виҷдон аст. Мегӯянд, Конт — файласуфи маъруфи олмонӣ, ки аз машоҳири файласуфони ҷаҳон аст, ҷумлае дорад, ки онро бар санги қабри ӯ навиштаанд; мегӯяд:

Ду чиз аст, ки эъҷоби одамиро бармеангезад: яке, осмони пурситорае, ки болои сари мо қарор дорад, ки ҳар чи бештар дар ин осмон мутолеа шуда азамати бештаре пайдо кардааст, ва дигар, виҷдон, ки дар дили одамӣ қарор дорад.”

Арз шуд, ки инсон гоҳе ҳатто алайҳи худаш қазоват мекунад, яъне ҳангоме, ки байни ӯ ва шахси дигаре дар мавзӯе ихтилоф аст, мумкин аст, ки дар амал ба сухани он шахс тан надиҳад ва ҳаққи ӯро поймол кунад, аммо ҳамин ки дар коре, ки кардааст фикр мекунад, мебинад, ки дар андарунаш қуввае аст, ки ӯро маломат мекунад. Яъне мебинад, ки худаш пеши худаш шарманда аст. Ин чӣ ҳисобе аст, ки гоҳе инсон пеши худаш шарманда аст?

Мегӯянд, баччаи боҳуше дохили утоқи хилвате шуд. Дид, як гулобӣ дар он ҷо ҳаст. Омад берун ва гулобиро нахӯрд. Яке пурсид: дар утоқ касе буд? Гуфт: на. Гуфт: пас чаро гулобиро нахӯрдӣ? Гуфт: худам, ки будам. Ин, ҳисоби виҷдон аст.

* * *

Таъбири Қуръон аз виҷдон

Қуръон виҷдонро таъбир мефармояд ба “аннафсул-лаввома” (Сураи Қиёмат, ояти 2), нафси маломатгар, ки соҳибашро маломат мекунад. Яъне қуввае дар вуҷуди инсон ҳаст, ки вақте инсон кореро анҷом медиҳад, бо худи инсон ҳарф мезанад ва ӯро маломат мекунад: эй дили ғофил, чаро ман чунин кореро муртакиб шудам, аҷаб кори баде кардам, рӯи ман сиёҳ аст ва аз ин ҳарфҳо.

Ҳоло оё мешавад гуфт, башар соҳиби чунин қуввае нест? Заруратан ҳаст. Тамоми мардуми дунё аз виҷдон ҳарф мезананд. Ҳатто ҳамон касоне, ки ба Худо мӯътақид нестанд, наметавонанд дар бораи худашон ин суханро бигӯянд, ки мо нисбат ба ҳақиқат ҳеч шефтагӣ надорем. Мегӯянд, тарафдори ҳақиқат ҳастем ҳарчанд бар зарари худамон бошад. Чун мо инсонем, инсоф дорем ва ба ҳақиқат эътироф мекунем. Исми инро “инсоният” мегузоранд: инсоният эҷоб мекунад, ки мо тарафдори мазлум бошем. Ин ҷур калимот ҳатто дар байни моддигароён ва кумунистҳо низ ҳаст. Виҷдон ё инсоният, қуввае аст дар инсон, ки рӯи ҳаққу ҳақиқат такя мекунад, яъне агар дар як ҷо дидед, ки ҳақ бо дигаре аст, инсоф медиҳед ва мегӯед ҳақ бо туст ва ман бехуд мегӯям. Ин дар башари имрӯз вуҷуд дорад, дар башари як қарн пеш ҳам вуҷуд доштааст, дар башари даҳ қарну сад қарн қабл ҳам вуҷуд доштааст. Мо, ки ситамгарҳои дунёро маломат мекунем, ситамгари имрӯзро маломат мекунем, ситамгари даҳ қарн пешу сад қарн қаблро ҳам маломат мекунем барои ин ки мегӯем, ӯ одами бевиҷдоне будааст, яъне одаме буда, ки бар хилофи виҷдони инсонии худаш рафтор мекардааст. Чингиз одами баде буд, яъне бар хилофи виҷдони инсонии худаш рафтор мекард, Сезор одами баде буд, яъне бар хилофи виҷдони инсониаш рафтор мекард.

Пас, маълум мешавад ҳамаи афроди инсонҳо як виҷдони инсонӣ доранд. Оё ғайр аз виҷдони инсонӣ аст, ки ҳамеша ҳукм ба адолат мекунад, ҳукм ба ин ки ҳаққи ҳар касеро бояд ба ӯ дод? Куштани одами бетақсирро виҷдони башари панҷ ҳазор сол пеш бад медониста, виҷдони башари имрӯз ҳам бад медонад. Баччакуширо ҳамаи афроди башар дар ҳамаи замонҳо бад медонанд. Агар бино бишавад, ки ҳусну қубҳ мутлақан амри нисбӣ ва мутағайир бошад, бояд виҷдони башар ҳам мутлақан амри мутағайир бошад, яъне ҳар замоне виҷдони башар як ҷур ҳукм кунад. Албатта ин суханро касе нагуфтааст. Онҳое ҳам, ки инро дар фалсафаашон гуфтаанд, дар амал ҳаргиз ин тавр ҳарф намезананд. Бар асоси фалсафае, ки кумунистҳо доранд, дар ҳама чиз асолатимоддаӣ ҳастанд, ҳам дар фалсафа ва ҳам дар иҷтимоъ. Мегӯянд, омилҳои иқтисодӣ аст, ки ҳама чизро, аз он ҷумла виҷдони башарро месозад. Виҷдони башар ҳам тобеъи омилҳои иқтисодӣ аст. Омилҳои иқтисодӣ, ки тағйир кунад, виҷдони башар ҳам тағйир мекунад. Бар асоси ин ҳарф, виҷдон дигар маънӣ надорад, инсоният маънӣ надорад. Вале агар мо мутолеае дар атрофи башар бикунем, мефаҳмем, ки виҷдон як ҳақиқати собите аст дар башар дар тамоми замонҳо. Ва ин матлабе аст, ки Қуръон онро дар оятҳои зиёде баён фармудааст. Дар сураи Қиёмат мефармояд:

لَا أُقْسِمُ بِيَوْمِ الْقِيَامَةِ. وَلَا أُقْسِمُ بِالنَّفْسِ اللَّوَّامَةِ

(Сураи Қиёмат, оятҳои 1-2) Қасам намехӯрам ба қиёмат. Ин “на қасам ба қиёмат” мисли ин аст, ки қасам бихӯрем “на ба ҷони ту”. Ин, тамоми мақом қасам аст: қасам намехӯрам, аммо бидонед, ки матлаб дар ҳадди қасам аст. Ва сониян, мехоҳад бигӯяд, ин қадр матлаби ман қатъӣ аст, ки ҳозирам рӯяш қасам бихӯрам. Мисли ин ки мегӯем: на ба ҷони ту, матлаб ин тавр аст, ман қасам намехӯрам, аммо матлаб ин тавр аст. Дар ин ҷо нафси маломатгарро муродиф бо қиёмат қарор дода. Қиёмат рӯзи расидагӣ аст, рӯзе аст, ки маҳкамаи адл ташкил мешавад, танҳо маҳкамаи адле, ки марбут ба ҳамаи ҷаҳон аст. Дар нафси инсон як

وضع الميزان

-е ҳаст. Худо дар нафси инсон ҳам ҳамон мизонеро, ки дар қиёмат дорад, халқ кардааст:

وَالسَّمَاء رَفَعَهَا وَوَضَعَ الْمِيزَانَ

(Сураи Раҳмон, ояти 7) “На қасам ба қиёмат” ва “на қасам ба нафси маломатгар” (на қасам ба виҷдон, чун виҷдон дар башар ҳамон кореро мекунад, ки мизон дар қиёмат). Мехоҳад бигӯяд, ки мо якчунин ҳодии маломатгаре ба башар додаем, ки дақиқан ҳақиқатро расидагӣ мекунад ва мефаҳмад. Дар ҷойи дигар мефармояд:

وَالشَّمْسِ وَضُحَاهَا. وَالْقَمَرِ إِذَا تَلَاهَا. وَالنَّهَارِ إِذَا جَلَّاهَا. وَاللَّيْلِ إِذَا يَغْشَاهَا. وَالسَّمَاء وَمَا بَنَاهَا. وَالْأَرْضِ وَمَا طَحَاهَا. وَنَفْسٍ وَمَا سَوَّاهَا. فَأَلْهَمَهَا فُجُورَهَا وَتَقْوَاهَا

(Сураи Шамс, оятҳои 1-8) Дар ин ҷо даҳ қасам радиф шудааст. Дар ҳеч ҷойи Қуръон ин қадр қасам пушти сар ҳам наомадааст; аломати аҳаммияти матлаб аст. Қасам ба хуршед ва рӯшнои қурси хуршед… Қасам ба нафси инсон ва он эътидоле, ки дар нафси инсон аст, Худо илҳом карда (ба сурати як илҳоми фитрӣ) ба нафси инсон кори хубу кори бадашро. Яъне бо илҳоми илоҳӣ хубу бадро мефаҳмад ва лозим нест, ки хубу бадро муаллим ба инсон биёмӯзад, виҷдони инсон ба инсон мефаҳмонад. Ояти дигаре аст, ки мефармояд:

وَأَوْحَيْنَا إِلَيْهِمْ فِعْلَ الْخَيْرَاتِ وَإِقَامَ الصَّلَاةِ

Мо ба ин мардум ваҳй кардем анҷом додани корҳои хайрро ва бапо доштани намозро…” (Сураи Анбиё, ояти 73) Нафармуд:

وأوحينا اليهم أن افعلوا الخيرات وأقيموا الصلوة

Мо ваҳй фиристодем ба мардум, ки кори хуб анҷом диҳед ва намозро баҷо оваред”, балки фармуд:

وَأَوْحَيْنَا إِلَيْهِمْ فِعْلَ الْخَيْرَاتِ

— худи ин корро ба онҳо ваҳй кардем на амр ба ин корро. Дар зайли ояти каримаи:

وَتَعَاوَنُواْ عَلَى الْبرِّ وَالتَّقْوَى وَلاَ تَعَاوَنُواْ عَلَى الإِثْمِ وَالْعُدْوَانِ

(Сураи Моида, ояти 2) ҳадисе нақл шудааст, ки баъд аз нузули ин оят марде ба номи Вобиса хидмати Расули Акрам омад ва арз кард: эй Расули Худо! Суоле дорам. Ҳазрат қабл аз ин ки суолашро бигӯяд, фармуд: оё роҷеъ ба “исм” (гуноҳ) мехоҳӣ суол кунӣ, ки “исм” яъне чӣ? Гуфт: бале, ё Расулаллоҳ! Фармуд: кори бад ҳамон аст, ки дилат қабул намекунад. Худованд ба башар диле додааст, ки бо корҳои хуб пайванд ва бо корҳои бад бегонагӣ дорад. Ва баъд, бо ду ангушти худ ба синаи ӯ зад ва фармуд:

استفتِ قلبك يا وابصة

Аз қалби худат суол кун, эй Вобиса! Ҳамон тавре, ки мегӯянд, аз муҷтаҳид истифто кун, аз ӯ суол кун, (вале) фатвои дилатро бихоҳ, ки дил ҳам як марҷаи тақлиде аст, тақворо аз виҷдонат бихоҳ. Ҳамин ҳадис аст, ки Маснавӣ онро ба шеър даровардааст: “Гуфт Пайғамбар, ки истафтул-қулуб”; истифто кунед аз ин қалбҳо ва дилҳои худатон.

* * *

Виҷдон дар ҳадис

Боз ҳам мо дар ислом чизҳое пайдо мекунем, ки далолат мекунад бар ин ки ислом барои виҷдони инсон асолат қоил шудааст. Ҳадисе аст аз Расули Акрам, ки фармуд:

الصدق طُمأنينةٌ والكذبُ ريبةٌ

Ростӣ як итминоне ба дил медиҳад ва дурӯғ дар дил эҷоди шак мекунад.” Як алоқа ва робитае ҳаст, ки дили инсон ҳарфи ростро зуд мепазирад, вале ҳарфи дурӯғро (бидуни ин ки қаринае бар дурӯғ будани он дошта бошад) бо тардид қабул мекунад. Боз ҳаминро Мавлавӣ ба шеър даровардааст:

Дар ҳадиси рост ороми дил аст,

Ростиҳо донаи доми дил аст.

Ҳар як аз ин шеърҳо мофавқи қимат аст. Ин қадр ҳикматҳои амиқу пурарзиш дар шеъру адабиёти форсии мо ҳаст, ки як шеъраш ин қадр арзиш дорад! Дар адабиёти дунё наметавонед пайдо кунед, ки дар шаш-ҳафт қарн қабл марде пайдо шуда бошад, ки ҷумлае ба ин покизагӣ гуфта бошад. Аммо инҳо адабиётро аз куҷо гирифтаанд? Аз Пайғамбар гирифтаанд. Адабиёти мо пур аст аз инҳо ва лекин мегӯянд адабиёт форсӣ. Рост аст, хеле ҳам арзиш дорад, аммо бузургоне монанди Саъдӣ, Ҳофиз, Мавлавӣ, Саноӣ ва ғайра, ки дунёро пур аз ҳикмат кардаанд, ин қобилиятро доштаанд, ки шефтаи ислом будаанд ва инҳоро аз ислом гирифта ва ба қолаби ширини форсӣ даровардаанд.

Ҳадисе аст, ки дар китобҳои ҳадиси мо ҳаст, Шайх Ансорӣ дар “Расоил” зикр карда ва зоҳиран ҳадиси набавӣ аст, мефармояд:

إنّ على كلِّ حقٍّ حقيقةً وعلى كلِّ صوابٍ نوراً

Яъне ҳаққу ботил мисли ҳам нестанд, ҳар ҳаққе як ҳақиқате дорад, як ботине дорад ва бар рӯи ҳар ҳарфи росте як нуре аст, албатта нуре, ки дили инсон онро кашф мекунад.

Пас, виҷдон дар вуҷуди инсон ҳақиқат ва воқеияте аст. Аммо масъала ин аст, ки мегӯянд, виҷдон тағйир мекунад. Оё ин сухан дуруст аст?

* * *

Оё виҷдон тағйир мекунад?

Ин ҷо ду матлаб аст, ки бояд арз бикунам. Дар ин ки виҷдони инсон филҷумла тағйир мекунад, баҳсе нест. Аммо ин ки тағйир мекунад яъне чӣ? Оё худаш дар ҳадди зоти худ тағйир мекунад? Ё на, мисли ҳар қуввае аз қувваҳо тағйир мекунад, аҳёнан фосид мешавад ва хуб кор намекунад монанди ҳамаи дастгоҳҳо. Ҳар дастгоҳе он вақт асари худашро мебахшад, ки солим бошад, агар мариз бишавад, хуб кор намекунад. Як худрав вақте, ки хароб шуд, дигар хуб кор намекунад. Чашм мебинад, аммо як вақт ҳаст, ки дигар кор намекунад ва намебинад. Инсон як вақт мариз мешавад, чашмаш зардӣ меоварад, дунёро зард мебинад. Аммо ин далели он нест, ки чашм дар кори дидаш собит нест, балки ба ин маънӣ аст, ки инҳироф пайдо мекунад ва дар ҳоли инҳироф каҷ мебинад, як чизро ду чиз мебинад, ҳама чизро сиёҳ мебинад. Ин, бо он ҳарф хеле фарқ мекунад.

Ҳарфи онҳо ин аст, ки асосан виҷдонҳо мутағайир аст. Қуръон ин ҳарфро намезанад, балки мегӯяд, виҷдонҳо собит аст, вале мумкин аст мариз бишаванд. Агар мариз шуд, хуб кор намекунад, ивазӣ кор мекунад. Хеле матлаб фарқ мекунад, аз замин то осмон фарқ мекунад. Ояте, ки дар аввал хондам, ҳамин матлабро мефармояд: оё он кас, ки кори бадаш дар назараш хуб ҷилва кардааст, кори бади хешро хуб мебинад? Қуръон қабул мекунад, ки инсон гоҳе кори бадашро хуб мебинад, аммо (ин суханро) рӯи ин ҳисоб намегӯяд, ки виҷдон зотан мутағайир аст. Мехоҳад бигӯяд, ки виҷдон монанди ҳар чизи дигаре дар ҳангоми саломат, хуб кор мекунад ва дар ҳангоми инҳироф, ивазӣ.

* * *

Ҳадиси Паёмбар (с) дар бораи амр ба маъруф ва наҳй аз мункар

Ин ҳадисро дар боби амр ба маъруф ва наҳй аз мункар нақл кардаанд ва мукаррар шунидаед, ки Пайғамбари Акрам дар ҳаҷҷатулвидоъ ё дар як ҳаҷҷи умра, он гоҳ, ки вориди хонаи Каъба шуданд, омаданд канори дар, даст ба чорчӯби дар гузоштанд, як даст ба як тарафи дар ва як даст ба тарафи дигар ва шурӯъ карданд барои мардум сӯҳбат кардан. Сӯҳбат ҳам роҷеъ ба оянда буд, ки чунин мешавад, чунон мешавад. Аз он ҷумла фармуданд: замоне хоҳад омад, ки мардум амр ба маъруф ва наҳй аз мункар намекунанд. Салмон ҳозир буд, фармуд: ё Расулаллоҳ! Оё чунин чизе хоҳад шуд, ки мардум тарки амр ба маъруф ва наҳй аз мункар бикунанд? Фармуд: бале, болотар ҳам мешавад. Замоне хоҳад шуд, ки мардум амр ба мункар кунанд ва наҳй аз маъруф. Боз бештар таъаҷҷуб кард. Гуфт: ё Расулаллоҳ! Чунин замоне хоҳад омад, ки мардум чунин коре бикунанд? Фармуд: аз ин болотар ҳам хоҳад шуд. Гуфт: дигар аз ин болотар чист? Фармуд: замоне меояд, ки мардум мункарро маъруф бибинанд ва маъруфро мункар. Яъне виҷдонашон ин тавр фосиду хароб мешавад, хубро бад мебинанд ва бадро хуб. Ба иборати дигар, виҷдони инсон масх мешавад, фитрат масх мегардад.

Фитрати масхшударо ба таъбироти гуногун ба мо гуфтаанд. Як таъбираш роҷеъ ба ҳамин амр ба маъруф ва наҳй аз мункар буд. Таъбири дигаре ҳам ҳаст роҷеъ ба дил. Дар ҳадис аст, ки дили инсон нуқтаи сафеде аст, ки дар васати он нуқтаи сиёҳе аст. Инсон вақте, ки гуноҳ мекунад, он нуқтаи сиёҳ афзоиш пайдо мекунад. Ҳар чи бештар гуноҳ кунад, он нуқтаи сиёҳ бузургтар мешавад ва мумкин аст ба ҷойе бирасад, ки тамоми сафедии дилро бигирад ва дигар ҷуз сиёҳӣ дар дил набошад. Аммо агар дигар гуноҳ накунад, тавба кунад ва кори хайр анҷом диҳад, ба ҳар нисбат, ки ин корро бикунад, сиёҳии дил кам ва сафедии он зиёд мешавад.

Дар ҳадис дорад, ки қалбҳо се гуна аст: яке қалби муталаълеъ ва равшан, дигар қалби сиёҳ, ва севвум қалби манкус яъне воруна. Дар бораи қалби воруна дорад, ки ҳама чизро ивазӣ мебинад, хубро бад ва бадро хуб мебинад.

Пас, аз назари мо дуруст аст, ки виҷдонҳо тағйир мекунад, аммо на ба он маънӣ, ки виҷдон амри мутағайире аст ва вазъи собите надорад, балки ба маънои ин ки виҷдон монанди ҳар қувва аз қувваҳои руҳонӣ ва ҷисмонии инсон ҳолати саломат дорад ва ҳолати инҳироф; дар ҳоли инҳироф хуб кор намекунад, ивазӣ кор мекунад. Аммо матлаби дигар:

* * *

Хубҳо ва бадҳо ду қисманд

Умуре, ки мо онҳоро хуб медонем, бар ду қисм аст: баъзе зотан хубанд ва бархе аз ҷиҳати ин ки василаи хубҳо ҳастанд хубанд, чунонки дар умури бад баъзе зотан бад ҳастанд ва бархе аз ҷиҳати ин ки муқаддимаи бадҳо мебошанд баданд. Гоҳе мо чизеро мегӯем хуб, чун муқаддимаи як хуб аст ва чизеро мегӯем бад, чун муқаддимаи як бад аст. Он чи ки афкори мардум дар борааш дар муҳитҳо ва замонҳои мухталиф фарқ мекунад ва иваз мешавад худи хубу бадҳо нест, балки муқаддимаи онҳост. Яъне мумкин аст қазовати мардум дар як замон ин бошад, ки фалон чиз василаи хубе аст барои фалон амри хуб ва дар замони дигар ақидаи мардум иваз бишавад, ки на, ин васила василаи баде аст. Вале қазовати мардум дар бораи худи он хуб ё бад иваз намешавад. Албатта мумкин аст башар иштибоҳ кунад, аммо ин ғайр аз он аст, ки виҷдонаш тағйир карда бошад. Ҳоло мисоле арз мекунам, ки худи онҳо зикр мекунанд:

Мегӯянд, дар миёни баъзе ақвом ҳиҷоб хуб аст ва беҳиҷобӣ бад, ва дар миёни ақвоми дигаре беҳиҷобӣ хуб аст ва ҳиҷоб бад, пас маълум мешавад, ки ин хубиҳо ва бадиҳо як амри собите нест. Дар посух бояд гуфт, мавзӯъ ин аст, ки набояд масъаларо рӯи ҳиҷоб ва беҳиҷобӣ овард. Чизе, ки дар фитрати башар аст, масъалаи иффат аст. Яъне Худованд инсонро ва махсусан занро тавре офарида, ки ба ҳуқуқи хонаводагӣ эҳтиром бигузорад. Дар виҷдони ҳар зане ҳаст, ки ба шавҳари худаш хиёнат накунад. Дар виҷдони ҳар марде ҳам ҳаст, ки ба зани дигаре хиёнат накунад. Ман ҳамеша ин тавр мегӯям, ки зан ба мард хиёнат накунад ва мард ба зани дигаре, чун дар хиёнат, ки баргашташ ба насл аст, мард як ҳисоб дорад ва зан ҳисоби дигаре. Зан наслаш (чӣ аз роҳи машрӯъ бошад ва чӣ аз роҳи номашрӯъ) насли худаш аст, барояш муҳраз аст, ки ин бачча баччаи ӯст. Вале мард аст, ки дар матни хилқат як ҳолати ғайрате ба ӯ дода шудааст, ки ҳамеша занашро муроқибат кунад барои ин ки насле, ки мутаваллид мегардад равшан бошад, ки воқеан насли худаш аст.

Чизе, ки дар виҷдони ҳар марду зане ҳаст масъалаи иффат аст, вале чизҳое ҳаст, ки муқаддима ва василаи он аст, яъне он касе, ки мегӯяд ҳиҷоб хуб аст, оё мехоҳад бигӯяд, ки ҳиҷоб, худаш аз он назар, ки ҳиҷоб аст хуб аст қатъи назар аз иффат? Ва агар зан ҳиҷоб дошта бошад хуб аст, ҳарчанд ки ин зан сад дараҷа беиффаттар бошад аз вақте, ки беҳиҷоб буд? Оё он касе, ки мегӯяд ҳиҷоб хуб аст, аз ин назар мегӯяд, ки ҳиҷобро муқаддима ва ҳофиз ва нигаҳбони хубӣ барои иффат медонад? Агар ба касе, ки мегӯяд ҳиҷоб бад аст, бигӯӣ оё иффат бад аст, мегӯяд на. Ҳамон фосидтарин ва беиффаттарин занони дунё ҳам мӯътақиданд, ки беиффатӣ бад аст. Мунтаҳо вақте, ки бигӯӣ чаро ин корро мекунӣ, мегӯяд дигарон ҳам ҳамин тавранд, мунтаҳо корҳои дигаронро намебинанд ва аъмоли маро мебинанд. Чаро кумунистҳо натавонистанд бо иштироки ҷинсӣ ва ба истилоҳ бо кумунизми ҷинсӣ пеш бираванд? Ибтидо ин корро карданд, вале чун диданд ин амр бар хилофи фитрат ва виҷдони башар аст, ин мавзӯъро аз соли 1936 ба куллӣ канор гузоштанд ва гуфтанд ширкат фақат дар мол аст, мавзӯи зану номус бояд эҳтиромаш маҳфуз бимонад.

Мисоли дигаре зикр мекунам: агар гуфта шавад замоне буд, ки мардум тавсия ба қаноат мекарданд ва дар он замон қаноат хеле хуб буд. Аммо ҳоло мардум тавсия ба қаноат намекунанд ва мегӯянд қаноат бад аст. Қадим қаноат хуб буд, ҳоло бад аст. Ҷавоб ин аст, ки мақсуд аз қаноат чист? Аслан қаноат яъне чӣ? Қаноат нуқтаи муқобили тамаъ аст:

عزّ مَن قنع وذلّ مَن طمع

Қонеъ бош ба он чи ки худ дорӣ ва дасти тамаъу зиллат пеши дигаре дароз макун. Ин кор дирӯз хуб буд, имрӯз ҳам хуб аст. Инҳо хаёл мекунанд дар қадим, ки мегуфтанд қаноат, яъне ба кам бисоз, каме аз моли ҳалолро бигир ва мобақиро ба дарё бирез. На, қаноат нуқтаи муқобили тамаъ аст. Мегӯяд ба моли худат бисоз ва ба моли дигаре чашм надошта бош. Виҷдони инсоният дар тамоми замонҳо ин тавр ҳукм мекардааст, ки шахс худашро хору залил накунад. Ё ин ки мегӯяд тарки дунё дар гузашта хуб буд ва ҳоло бад аст. Дар посух бояд гуфт, он тарки дунёе, ки бад аст, дирӯз ҳам бад буд ва он тарки дунёе, ки хуб буд, имрӯз ҳам хуб аст. Агар мақсуд аз тарки дунё танбалӣ кардан, ғорнишинӣ ва аз ҳамаи мардум буридан бошад, дар гузашта бад буд, имрӯз ҳам бад аст. Қуръон мефармояд:

وَرَهْبَانِيَّةً ابْتَدَعُوهَا

(Сураи Ҳадид, ояти 27) Раҳбоният бидъат буд; раҳбониятро мо ба мардум таълим надодем, дар замони Исо ҳам набуд, аз пеши худ дароварданд. Ва агар мақсуд аз тарки дунё тарки дунёпарастӣ бошад, алъон ҳам хуб аст.

Тамоми чизҳое, ки мегӯянд қазовати мардум дар мавриди онҳо дар замонҳои мухталиф фарқ мекунад, марбут ба хубу бадҳои воқеӣ нест, марбут ба васоили хубу бад аст. Қазовати мардум дар бораи васоили хубу бад иваз мешавад, вале дар бораи хубу бад иваз намешавад.

Яке дигар аз мисолҳое, ки инҳо зикр мекунанд марбут ба таъаддуди заваҷот аст. Мегӯянд таъаддуди заваҷот дар қадим хуб буд ва ҳоло бад аст. Дар ҷавоб бояд гуфт, агар ҳадаф аз таъаддуди заваҷот ҳавасронӣ бошад, дар қадим хуб набуд, ҳоло ҳам бад аст. Аммо агар таъаддуди заваҷот дар воқеъ чораҷӯӣ бошад, дар гузашта хуб буд ва ҳоло ҳам хуб аст. Бо он шароите, ки дорад, ҳамеша хуб аст. Агар он шароит набошад, он вақт бад буд, ҳоло ҳам бад аст. Ин матлабе буд, ки мехостам ба унвони такмили баҳси нисбияти ахлоқ гуфта бошам.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: