Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (342)

Рафтани гург ва рӯбоҳ дар хидмати шер ба шикор (4)

* * *

Имтиҳон кардани шер гургро ва гуфтан, ки пеш ой, эй гург, бахш кун сайдҳоро миёни мо

* * *

Гуфт шер: эй гург, инро бахш кун,

Маъдилатро нав кун, эй гурги куҳун!

Шер ба гург гуфт: эй гург! Ин шикорҳоро миёни мо тақсим кун, эй гурги солманд! Адолати худро нишон бидеҳ.

Маъдилат: адлу дод. “Куҳун” дар ин ҷо бар сабили танз ба кор рафтааст, яъне эй гурги озмуда ва коркушта! (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.885)

Ноиби ман бош дар қисматгарӣ,

То падид ояд, ки ту чӣ гавҳарӣ?

Дар тақсим, ту ҷонишини ман бош, то гавҳару асли зотат шинохта ва маълум гардад, ки ту чӣ аслу хамирмояе дорӣ.

Гуфт: эй шаҳ, гови ваҳшӣ бахши туст,

Он бузургу ту бузургу зафту чуст.

Гург гуфт: эй шоҳ ва эй султони ҷангал! Гови ваҳшӣ қисмати ту бошад, зеро гови ваҳшӣ бузург аст ва ту низ бузургу чолокӣ.

Зафт: бузург. Чуст: чолок.

Буз маро, ки буз миёнасту васат,

Рӯбаҳо, харгӯш бистон беғалат!

Вале ин буз ҳам саҳми ман бошад, ки андоме миёна ва мутавассит дорад, аз ин рӯ муносиби ҳоли ман аст. Ва эй рӯбоҳ! Қисмати ту низ ҳамин харгӯш аст, онро бигир бе он ки хатое муртакиб шавӣ.

Бистон: бигир, аз масдари ситондан ба маънии гирифтан.

Шер гуфт: эй гург, чун гуфтӣ? Бигӯ:

Чунки ман бошам, ту гӯйӣ мову ту?

Шер ба гург гуфт: эй гург! Чӣ гуфтӣ? Як бори дигар ҳарфатро такрор кун! Яъне бо чӣ густохӣ ва ҷуръате ин гуна ҳарф задӣ?! Бигӯ бибинам, дар ҷойе, ки ман ҳузур дошта бошам, ту бо чӣ ҷуръате изҳори вуҷуд мекунӣ ва аз худбинӣ ва “моӣ” ва “туӣ” дам мезанӣ?

Гург худ чӣ саг бувад, ки хеш дид,

Пеши чун ман, шери бемислу надид?

Гург чӣ саге аст, ки дар ҳузури шере монанди ман, ки бемонанду назир ҳаст, изҳори вуҷуд кунад?!

Надид: назиру монанд.

Гуфт: пеш о, эй харе, к-ӯ худ бидид.

Пешаш омад, панҷа зад, ӯро дарид.

Шер ба гург гуфт: пеш биё, эй харе, ки худписандӣ дорӣ ва барои худ “ман будан” қоилӣ! Вақте ки ҷилави шер рафт, ӯ панҷа бар вай зад ва ҳалокаш намуд.

Чун надидаш мағзи тадбири рашид,

Дар сиёсат пӯсташ аз сар кашид.

Барои ин ҷиҳат шер гургро аз ҳам дарид, ки гург фоқиди ақлу тадбири дурусту комил буд. Пас, ба унвони муҷозоти ӯ, пӯст аз сараш канд, яъне ҳалокаш намуд.

Рашид: дорои рушд, рушдёбанда, комил. Сиёсат дар ин ҷо ба маънои муҷозот ва кайфар омадааст.

Гуфт: чун диди манат аз худ набурд,

Инчунин ҷонро бибояд зор мурд.

Шер ба гург гуфт: ҷун вуҷуди маро дидӣ ва ин вуҷуди қоҳири ман туро аз вуҷуди мавҳуму маҷозиат фонӣ накард, пас бояд инчунин ҷон, бо зорӣ бимирад ва ба фано восил шавад.

Чун набудӣ фонӣ андар пеши ман,

Фазл омад мар туро гардан задан.

Чунки дар маҳзари ман фонӣ нашудӣ ва аз мавҷудияти ориятӣ ва изофиат даст нашустӣ, аз ин рӯ фазли ман чунин иқтизо кард, ки гардани туро бизанам ва туро аз ташаххуси маҷозиат раҳо созам.

“Куллу шайъин ҳоликун” ҷуз ваҷҳи ӯ,

Чун найӣ дар ваҷҳи ӯ, ҳастӣ маҷӯ.

Ҳама чиз рӯй ба фано мегузорад магар зоти Худо. Ва то вақте ки вуҷуди худро дар ҳастии Худо фонӣ накардаӣ, бақо ва ҳастӣ набояд бихоҳӣ, зеро дар ин ҷо ҳастӣ, дар нестӣ ва фонӣ шудан аст.

Нукта: Дар охири сураи Қасас омадааст:

كُلُّ شَيْءٍ هَالِكٌ إِلَّا وَجْهَهُ

Ҳама чиз раҳсипори саройи нестӣ аст магар зоти ӯ.”

Ҳар кӣ андар ваҷҳи мо бошад фано,

“Куллу шайъин ҳоликун” набвад ҷазо.

(Ин байт сухани ҳазрати Парвардигор аст:) ҳар кас ва ҳар чи ки дар зоти мо фонӣ шавад, машмули ин қоъидаи куллӣ қарор намегирад, ки: ҳама чиз ба нестӣ меравад. (Зеро ҳар ки фонӣ дар зоти Ҳақ шавад, дар воқеъ боқӣ мегардад ва фаное намеёбад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.887)

З-он ки дар “илло”-ст ӯ, аз “ло” гузашт,

Ҳар кӣ дар “илло”-ст, ӯ фонӣ нагашт.

Ҳар кас ки аз қаламрави “ло” (нест шудани вуҷуди мавҳум) бигзарад, яъне ба мақоми фано бирасад, вориди мартибаи “илло” (бақои баъди фано, ҳастии ҳақиқӣ) мегардад, ва ҳар ки ба ин мартибаи шариф бирасад, дигар фано ӯро фурӯ намегирад, зеро ба ҳастии маҳз расидааст.

Ҳар кӣ бар дар ӯ ману мо мезанад,

Радди боб аст ӯву бар “ло” метанад.

Ҳар кас ки бар дари хонаи Худо бирасад ва дам аз “ман”-у “мо” бизанад, он шахс мардуди даргоҳи илоҳӣ хоҳад буд ва мақҳури нестӣ мегардад.

Нукта: Байтҳои фавқ, ки аз забони шер гуфта шуд, дар ҳақиқат суханони шери бешаи ҳастӣ яъне ҳазрати Парвардигор аст. Солик, то вуҷуди маҷозии худро нафй накунад ва аз худбинӣ ва иноният нагзарад, ҳамчунон дар каманди ҳастиҳои маҷозӣ ва козиб аст. Инчунин касе ҳарчанд ки гумон бар мавҷудияти худ дорад, вале воқеан несту маъдум аст. Ва чун ҳастии маҷозии худро нафй кард, ҳарчанд ки зоҳири он фанову маъдумият аст, аммо дар ботин бақову ҳаёт аст, зеро фано, охирин марҳилаи сайру сулук аст. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.887-888)

Достон баъдӣ низ дар идомаи ҳамин матлаб аст, ки раҳрави тариқи Ҳақ бояд аз худбинӣ дам назарад.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: