Перейти к содержимому

Интишори китоби “Моҷарои рафта”, асари нависандаи тоҷик дар Теҳрон

Китоби “Моҷарои рафта”, навиштаи Абдухалил Холиқзода, нависандаи тоҷик дар Теҳрон мунташир шуд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, мавзӯи ин китоб ба тавсифи ҳодисаҳои даҳаҳои ахир дар Тоҷикистон, ихтисос ёфтааст.

Холиқзода дар пешгуфтор менависад: “Табиист, хотираҳои фарде, ки дар Шӯравӣ рушд карда, 30 соли ахирро дар Душанбе зиндагӣ карда, шоҳиди таҳаввулот ва кашмакашҳои замони фурӯпошии Шӯравӣ ва ба даст овардани истиқлол ва ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон буда, метавонад ба қисме аз суолҳо ҷавоб бидиҳад.”

Ин навишта ҳосили мушоҳида ва хотираҳои муаллиф аст ва қазоват дар бораи ҳодиса ва воқеаҳо бештар ба ӯҳдаи хонанда гузошта шудааст.

Абдухалил Холиқзода. Акс аз Родию Озодӣ

Агар ҷое ҳам муаллиф ҷасорат ба қазоват карда бошад, кӯшиш карда то инсофро риоят намояд ва саъй карда, ки дар баёни воқеа ва ҳодисаҳо дақиқ бошад; хосса ҳамаи онҳое, ки дар бораашон ҳикоят карда, шахсиятҳои воқеӣ ва дар қайди ҳаётанд, ки шоҳиди риояти инсоф ва ҳақ аз сӯи муаллиф мебошанд.

Бо таваҷҷӯҳ ба вежагии мазкур, ёддоштнависи “Моҷарои рафта”-ро метавон аз нахустин ибтикорҳо дар навъи худ ба шумор овард.

Ҳасани Қарибӣ, раиси пажӯҳишгоҳи фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, ки баргардон ва тасҳеҳи ин асарро бар ӯҳда дошта, дар муқаддимаи ин китоб менависад: “Дар кишварҳои мо таърихнависӣ хеле душвор аст ба хусус таърихи муосирнависӣ… Сахттар аз он, таърихи шафоҳӣ аст ва инҳоро биафзоед ба мусибати таърихи муосири кишваре, ки як ҷанги шаҳрвандии хонумонсӯзро пушти сар гузошта ва аксари касоне, ки золиму мазлум буданд, дар хиёбон чашм дар чашм ҳам мешаванд.”

Вай, бо ишора ба печидагиҳо ва сахтиҳои хосси мавзӯи ин асар навишта: “Чунонки дар ҷой ҷойи ин асар хоҳед дид фақат як тоҷик медонад, ки дар паси лояҳои рӯини ҷомеа чӣ муносиботе нуҳуфтааст.”

Қарибӣ тасреҳ кардааст: “Маҳсули кори муаллиф чизе аст, ки ба назари нигоранда, яке аз мухтасару муфидтарин осор дар мавзӯи таърихи муосири Тоҷикистон аст.”

Вай идома додааст: “Ҳама чиз сар ҷойи худаш қарор дорад, инро ба хотири он мегӯям, ки барои мисол дар мавриди ҳаводиси солҳои 1990, мақолаеро дар Донишномаи ҷаҳони ислом хондам ва дидам, ки гӯё ин китоб, нусхаи синамоӣ ё филмномаи он мақола аст.”

Дар мавриди таҳия ва интишори матни форсии китоби “Моҷарои рафта” Ҳасани Қарибӣ менависад: “Акнун, ки баргардони он ба хатти форсиро пеши рӯ доред, бояд ба ин нукта ишора кунам, ки ба ҷиҳати забонӣ, ҳақиқат ин аст, ки Тоҷикистон бо чунин таърих ва он чи дар даврони муосир аз сар гузаронда ҳатто агар танҳо кишвари форсизабони ҷаҳон бошад боз ҳам як таҳдиди сангини забониро дар корномааш дорад ва ин осеб аз хориҷ ба манотиқи тоҷикнишин таҳмил шуд, ки пеш аз Русияи тезорӣ оғоз, дар даврони инқилоби 1917-и Русия ташдид ва то кунун осори он баҷо мондааст.”

Қарибӣ изҳор доштааст: “Дар радифи ин таҳдид, тоҷикон ин фурсатро доштанд, ки ба далели девори оҳании ҳукумати Шӯравӣ ва дурӣ аз соири ҳамзабонон, аз осебҳои забонӣ, ки баъзан дар Эрон низ шоҳиди он будем дар амон бошанд.”

Вай тасреҳ кардааст: “Яке аз ин фурсатҳо, баҷо мондани шеваи нигориш ва талаффузи вожаҳои куҳан ва зебои форсӣ аст, ки дилу гӯши ҳар форсизабонро навозиш медиҳад.” Қарибӣ дар мавриди баргардони ин асар аз хатти кириллӣ ба форсӣ менависад: “Ба далели сабти асли матн, ки ғояти фарҳангнависон барои “шоҳиди мисол” аст, дар баргардони китоб, бар хилофи равияи маъмул, ки барои фаҳми равони хонанда, дар баргардон онро ба форсии имрӯзаи Эрон вироиш мекунанд, дар ин асар аз ин ривол пайравӣ нашуда ва бо поварақӣ ва вожанома ибҳомоти вожагон бартараф шуда ва он чи дар дастраси хонандаи эронӣ қарор дорад, ҳамон матне аст, ки дар Душанбе ба хатти кириллӣ ва дар интишороти “Ирфон” соли 2018 мунташир шудааст.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: