Перейти к содержимому

Мансурҷон Умаров ва маншаи ифротгароӣ

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Яке аз вежагиҳои барҷастаи бештари мақомоти баландпояи кунунии Тоҷикистон, ки воқеан ҷои таассуф дорад, ин бесаводӣ аст. Муруре бар суханрониҳо ва гоҳе мақолаҳои онҳо дар мавзӯи ифротгароӣ, ки дар расонаҳо мунташир мешавад, нишон медиҳад, ки онҳо, на фақат огоҳии лозим ба донишҳои поя, ки ҳатто аз он чи дар дунё мегузарад ва низ аз таҳлилҳо ва баррасиҳои соҳибназарон ва коршиносон дар бораи иллатҳо ва омилҳои ифротгароӣ дар ҷаҳон, ҳеч хабаре надоштаанд. Ва ин, воқеан ҷои таассуф дорад.

Ҳафтаи пеш, Мансурҷон Умаров, муовини аввали собиқи раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) ва сардори риёсати зиндонҳои кишвар, дар сухароние дар порлумон, бо ишора ба теруризм ва ифротгароӣ ва гароиши ҷавонон ба ин падидаи шум, яке аз омилҳои онро “диндорӣ” донистааст. Ӯ, бо баёни ин ки “барои аз байн бурдани ин раванди ниҳоят хавфнок ва таъмини боэътимоди амният зарур аст, ки заминаҳо ва омилҳои асосии зуҳури он муайян карда шаванд”, яке аз омилҳои онро “раванди умумии баланд гардидани сатҳи диндории ҷомеа, таблиғу ташвиқи бесобиқаи арзишҳои диниву мазҳабӣ, инчунин, афзоиши таълимоти ибтидоии динӣ дар синни хурдсолӣ, ки мафкураи ҷавононро ба дингароӣ моил месозанд” унвон кардаст.

Ҷаноби Умаров намегӯяд, ки омили гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав таълими нодуруст ва ворунаи дин (ислом) ба онҳост, ки агар чунин мегуфт, то ҳадде ҳарфаш қобили қабул аст, балки мегӯяд, омили ин гароиш, асли дину диндорӣ дар ҷомеа аст; “таблиғу ташвиқи арзишҳои диниву мазҳабӣ” аст. Ба сухани дигар, асоси мушкил аз назари ҷаноби Умаров, асли дин (ислом) ва диндорӣ аст, ки бояд мардум аз дин (ислом) дур шаванд, то ифротгаро ва терурист нагарданд.

Ва ин дар ҳолест, ки имрӯза, аҳаде аз уқалои дунё, на дар шарқи он ва на дар ғарбаш, қоил ба ин нест, ки асли дин (ислом ва ҳатто масеҳият ё ҳар дине) ва диндорӣ, аз омилҳои гароиши инсон ба ифротгароӣ буда бошад. Бале, онҳо бардошти нодуруст ва воруна аз дин (ба хусус ислом)-ро яке аз омилҳои тундравӣ медонанд, ки иттифоқан худи уламо ва донишмандони исломӣ, пеш аз онҳо, ақидаашон ҳамин аст. Ва тоза, ин як падидаи навзуҳур ҳам нест, дар ҳар дине чунин будааст, дар садри ислом ҳам иддае ҷоҳилу нодон, бар асари як бардошти ғалат аз дин (яъне гурӯҳи Хавориҷ), рӯй ба ифротгароӣ оварданд ва даст ба теруру қатлу куштор заданд, ки яке аз қурбониҳои ҷиноятҳои онҳо, шахси халифаи мусалмонон яъне ҳазрати Алӣ ибни Абӯтолиб буд.

Албатта ҳастанд дар дунёи имрӯз (ва пештар ҳам буданд) иддае исломҳаросу исломситез, ки мисли ҷаноби Умаров мӯътақиданд, ки асли дин (ислом), омили ифротгароӣ ва теруризм аст, ба хусус дар миёни ростгароёни ифротӣ дар Омрико ва Урупо инчунин афроде ёфт мешаванд ва кам ҳам нестанд, вале ин мавзеъгирии онҳо ношӣ аз шинохти дин нест, балки бархоста аз навъе душманӣ ва хусумат бо дин (ислом) аст, ки комилан отифӣ ва эҳсосӣ аст.

* * *

Нигоранда дар ин навиштор намехоҳад бо овардани далелу бурҳон аз манобеъи исломӣ (ба хусус Қуръону суннат) ва калимоти фуқаҳои мусалмон, бепояву асос будани ин иддаои ҷаноби Умаровро собит намояд, балки барои ин муҳим, ба порае аз гузоришҳо ва таҳлилҳои коршиносони ғарбӣ ва натиҷаи назарсанҷиҳо дар Ғарб дар ҳамин замина, ки дар расонаҳо мунташир шудааст, ишора мекунад. Зеро нигоранда мӯътақид аст, ки барои амсоли ҷаноби Умаров, аз Худову паёмбар сухан гуфтан ҳеч маъное надорад, инҳо бештар ба назару таҳлилҳои коршиносони ғарбӣ боварманд ҳастанд, то Қуръон ва омӯзаҳои исломӣ.

* * *

Омилҳои гароиш ба ифротгароӣ аз назари коршиносони ғарбӣ

Пас аз зуҳури Алқоъида ва сипас ДОЪИШ дар Ховари Миёна (ба хусус Сурия ва Ироқ) ва пайвастани шумори қобили таваҷҷӯҳе аз ҷавонони мусалмони сокин дар Урупо (ва ҳатто ғарбиҳои мусалмоншуда) ба ДОЪИШ ва кӯчи онҳо ба Сурия ва Ироқ барои “ҷиҳод”, ки худи ин падида барои ҷомеаҳои ғарбӣ як дарди сар дуруст кардааст, коршиносон ва марказҳои таҳқиқотӣ дар Ғарб ба сурати ҷиддӣ пажӯҳишҳои майдонии судмандеро ҷиҳати решаёбии омилҳо ва сабабҳои пайвастани ин ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва теруристӣ анҷом доданд.

Дар инҷо ба баъзе аз ин омилҳо ва сабабҳо, ки марокизи мазкур баршумурдаанд, ишора хоҳад шуд:

1) Таҳқири мусалмонон ва эҷоди маҳдудиятҳо барои фаъолиятҳои онҳо: Яке аз муҳимтарини омилҳо аз назари марказҳои пажӯҳишии ғарбӣ, таҳқир шудани мусалмонон ва эҷоди монеъаҳо ва маҳдудиятҳо барои фаъолиятҳои онҳо будааст. Яъне, бар хилофи пиндори ҷаноби Умаров ва амсоли ӯ, эҷоди маҳдудият ва маҳрум кардани мусалмонон аз фаъолият (ки ҷаноби Умаров инро пешниҳод мекунад ва ба гумони ӯ, ин амал боиси аз байн рафтани ифротгароӣ хоҳад шуд), баръакс сабаби гароиш ба ифротгароӣ мешавад.

Рӯзномаи Guardian натиҷаи як таҳқиқ дар заминаи омилҳои бурузи ифротгароӣ ва тундравӣ дар миёни ҷавонони кишварҳои исломӣ ва арабиро ингуна унвон мекунад: “Ҳокимони арабӣ-исломӣ мекӯшанд монеъ аз таъаддуди аҳзобу ақоиду нигаришҳо шаванд ва бо равишҳои мухталиф ба муқобила бо ҷунбишҳо бипардозанд. Онҳо медонанд, ки асли такассургароӣ (плюрализм), ба ҳама иҷоза медиҳад раъйи худро бо камоли озодӣ баён кунад ва андешаи озод имкони мушорикати мардум дар тасмимгириҳоро аз тариқи намояндагонашон фароҳам мекунад; пас, ҳиммати худро мубориза бо озодандешӣ ва такассургароӣ қарор медиҳанд, чаро ки мехоҳанд ҳеч маҷоле барои баланд шудани садои мухолиф боқӣ нагузоранд.”

Ин рӯзнома дар идома, бо баёни ин ки “яке аз боризтарин вежагиҳои ин ҳокимон, талоши онҳо дар аз байн бурдани мухолифон аст, ки ин ҳадаф ё аз роҳи зиндонӣ кардан ва шиканҷа ва ё бо куштани онҳо анҷом мепазирад”, менависад: “Инчунин сиёсатҳост, ки барои ҷавонони ин кишварҳо маҷоле ба ҷуз паноҳ бурдан ба ифротгароӣ боқӣ намегузорад. Онҳо дар воқеъ таҳқир мешаванд…

Дар моҳи декабри соли 2015 дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон ҳамоише таҳти унвони “Ифротгароӣ дар Осиёи Миёна; устура ва воқеият” баргузор шуда буд ва Максим Шевченко, коршиноси сиёсӣ ва рӯзноманигори маъруфи рус дар он ширкат ва суханронӣ дошт, ки бисёр ҷолиби таваҷҷӯҳ аст. Вай дар ин ҳамоиш, дидгоҳҳои худ дар хусуси омилҳои ифротгароӣ, мамнӯияти фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва густариши ифротгароӣ дар миёни муҳоҷирони корӣ дар Русияро матраҳ кард.

Максим Шевченко, коршиноси сиёсӣ ва рӯзноманигори маъруфи рус

Шевченко бо ин пиндор, ки тундравӣ ва ифротгароӣ хосси ислом аст мухолиф буда ва ба вуҷуди гурӯҳҳои тундрав дар миёни будоиҳо, масеҳиён ва соири адён ва мазоҳиб ишора кард.

Бино ба гуфтаи Шевченко, то ҳамин охирҳо котуликҳои ирландии тундрав ҳамалоти теруристии ваҳшатноке анҷом дода ва худравҳоро мунфаҷир ва пулисҳоро ба қатл мерасонданд. Илова бар ин, созмонҳои ифротии ҳинду масъули куштори даҳҳо ҳазор нафар буда ва имрӯза будоиҳои Миёнмор муртакиби чӣ ҷиноятҳое мешаванд.

Шевченко гуфт: “Заминаи иқдомоти теруристиро на усул ва суннатҳои динӣ, балки мушкилоти иҷтимоӣ-сиёсии ҷомеаҳо фароҳам мекунанд, бинобар ин, ин ислом нест, ки ДОЪИШ-ро ба миён меоварад ва ин мазҳаби котулик нест, ки ҷунбише монанди “Артиши ҷумҳурихоҳи Ирланд” эҷод мекунад ва ин ойини ҳинду нест, ки боиси бурузи ҳаракате аз ҷинси ситораи қаҳваӣ шудааст.”

Вай идома дод: “Аз ин ҷост, ки ҳамаи иттифоқоти Ховари Миёна, ба далоили иҷтимоӣ ва сиёсӣ иттифоқ афтодаанд, чаро ки мардум на танҳо аз зиндагии муносиб маҳруманд, балки наметавонанд аз роҳи қонунӣ ва машрӯъ низ ба тағйири вазъияти худ даст ёбанд.”

Ба ақидаи Шевченко, “мамнӯият ва контроли ҳамагонӣ мунҷар ба рушди ифротгароӣ дар ҷомеа мешавад, чаро ки эҷоди маҳдудият ҳатман вокунишҳои равонӣ-иҷтимоиро дар пай дорад.”

Тибқи изҳори назари ин коршиноси рус дар ин ҳамоиш, “таътилии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон роҳро барои гурӯҳҳои ифротӣ назири ДОЪИШ ва ғайра боз хоҳад кард.”

* * *

2) Адами огоҳӣ бо ислом: Яке дигар аз ин омилҳо аз назари коршиносони ғарбӣ, адами огоҳии ин ҷавонон бо таълимоти исломӣ будааст. Рӯзномаи бритониёии Independent баъд аз ҳамалоти теруристии Порис, бо таваҷҷӯҳ ба ин ки бештари ҷавонони рӯйоварда ба ДОЪИШ дар Сурия ва Ироқ, аз маҳаллаи Муленбек (Sint-Jans-Molenbeek) — аз маҳаллаҳои шаҳри Бруксели Белжик будаанд, як таҳқиқи майдонӣ дар ин шаҳр анҷом дода ва гуфтугӯҳое бо сокинони мусалмони онҷо ва падару модарони ҷавонони ифротӣ ва руҳониҳои маҳалла ороста ва чунин натиҷагирӣ мекунад, ки: яке аз омилҳои гароиши ин ҷавонон ба ифротгароӣ, адами ошноии лозими онҳо бо омӯзаҳои исломӣ будааст, на ин ки огоҳӣ ба ислом ангезаи гароиши онон ба ифротгароӣ буда бошад.

Ин рӯзнома, гуфтугӯи муфассале бо Шайх Юсуф Кубу, як руҳонии исломӣ анҷом дода ва ин руҳонӣ аз ҷумла мегӯяд: “Аз Муленбек боздид кардаам. Ба чандин масҷиди онҷо сар задаам. Чандин бор шахсан ҷавонони Муленбек ва шаҳрҳои дигарро ба ҷонибдорӣ аз исломи воқеӣ ташвиқ кардаам. Ба ҷуз афроди ангуштшумор, аксаран ҳозир нестанд аз тариқи муассисот ва ниҳодҳои мазҳабии расмӣ, иттилооти мавриди ниёзашонро касб кунанд. Ва ин масъалаи муҳимме аст, ки ҳама бояд ба он таваҷҷӯҳ дошта бошанд. Онҳо (ҷавонон) иттилооти динии мавриди ниёзашонро аз тариқи интернет ба даст меоваранд. Ба тавсияҳо ва насиҳатҳои ман ва ҳамкорони дигарам гӯш намедиҳанд, барои ин ки руҳи онҳо заҳролуд шуда ва барояшон мо мусалмони воқеӣ нестем. Ба чашми онҳо, ман ва ҳамаи ҳамкоронам дар Белжик аслан мусалмон нестем.”

Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки аксари мусалмонони ҷаҳон ба хусус ҷавонони огоҳ бо ислом, бо ҳар навъ ифротгароӣ мухолифанд ва онро маҳкум мекунанд. Натиҷаи назарсанҷии Муассисаи Gallup дар соли 2006, ки тайи як конфронси матбуотӣ дар Вошингтун ироа шуда буд, нишон додааст, ки мусалмонони кишварҳои исломӣ теруризм ва ифротгароиро маҳкум мекунанд.

Ҷон Эспуситу (John L. Esposito), устоди дин ва умури байналмилали Донишгоҳи Ҷорҷтоун (Georgetown)

Ҷон Эспуситу (John L. Esposito), устоди дин ва умури байналмилали Донишгоҳи Ҷорҷтоун (Georgetown), дар ин конфронси матбуотӣ, бо ишора ба шикоф миёни ислом ва Ғарб гуфтаст: “Имрӯза рӯйкардҳои манфӣ ба ислом ва мусалмонон дар Омрико ва Урупо афзоиш ёфта ва истифода аз вожаи исломҳаросӣ беш аз пеш ҷилвагар шудааст.”

Вай гуфтааст: “Бо таваҷҷӯҳ ба ин ҳақиқат, ки дин бахши муҳимме аз зиндагии рӯзонаи мусалмононро ташкил медиҳад, онҳо истифода аз дин ба манзури тарвиҷи теруризмро тақбеҳ мекунанд. Ва аз сӯи дигар, ҷанбаи қобили таҳсини ҷаҳони ислом диндорӣ ва эътиқоди росихи мардум ба дини худ ва маҳкумияти теруризм ва ифротгароӣ аст, бинобар ин, аз як сӯ ишқ ба ислом ва аз сӯи дигар маҳкумияти ифротгароӣ, дар ин назарсанҷӣ чашмгир аст.”

Вай ҳамчунин тасреҳ кардааст: “Ағлаби мусалмонон хостори низоми ҳукумате ҳастанд, ки демукросӣ ва дини исломро бо якдигар талфиқ кунад.”

* * *

3) Исломҳаросӣ: Яке дигар аз омилҳои гароиши ҷавонони мусалмон ба ифротгароӣ аз назари коршиносон, тарвиҷи исломҳаросӣ будааст. Ба гузориши пойгоҳи интернетии шабакаи Алҷазира, гузориши муштараки Шӯрои равобити омрикоӣ—исломӣ (CAIR) ва Донишгоҳи Колифурниё (Берклӣ) дар соли 2016 менависад: “Дар солҳои 2008 ва 2013, беш аз 200 милюн дулор барои тарвиҷи тарс ва нафрат аз мусалмонон тавассути созмонҳои мухталиф дар Иёлоти Муттаҳида ҳазина шудааст.”

Дар ин гузориш омадааст, ки 74 гурӯҳ аз ҷумла феминистҳо, масеҳиёни ифротӣ, саҳюнистҳо ва созмонҳои барҷастаи хабарӣ, манобеъи молии исломҳаросиро таъмин мекунанд ё ин падидаро парвариш медиҳанд. Вилфриду Амр Руиз (Wilfredo Amr Ruiz), сухангӯи Шӯрои равобити омрикоӣ—исломӣ ба Aljazeera мегӯяд: “Исломҳаросӣ худ як санъати тамомаёр аст. Афроде ҳастанд, ки аз ин роҳ милюнҳо дулор даромад доранд. Онҳо ағлаб худро ба унвони коршиносони масоили исломӣ муаррифӣ мекунанд, дар ҳоле ки воқеан ин тавр нест. Ин афрод бо ин иддао, ки мусалмонон мутаъаллиқ ба ҷомеаи омрикоӣ нестанд ва ҳаргиз наметавонанд шаҳрвандони вазифашинос ва қобили эътимод бошанд, ба фазои беэътимодӣ дар афкори умумии Омрико доман мезананд.

Руиз мегӯяд, ки исломҳаросӣ ду хатари умдаро эҷод кардааст: афзоиши ҷароими ношӣ аз танаффур нисбат ба мусалмонон, ва тадвини қавонини зидди исломӣ. Барои мисол, танҳо дар як соли ахир, ҷароими ношӣ аз танаффур нисбат ба мусалмонон, афзоиши 500 дарсадӣ доштааст. Масоҷид тахриб шудаанд ва чандин таҳдиди бомбгузорӣ алайҳи гурӯҳҳои мусалмон матраҳ шудааст. Ҳатто мақомҳои иёлати Флуридо талош кардаанд, ки ҷилави ҳар гуна ишора ба торихи ислом дар китобҳои мадорисро бигиранд.

Дар гузориши Шӯрои равобити омрикоӣ—исломӣ ва Донишгоҳи Берклӣ омадааст, ки аз соли 2013, 81 лоиҳа ва ислоҳия бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз иҷрои маросими динии мусалмонон ё бадном кардани онҳо тадвин шуда, ки 80 дарсад аз ин лоиҳаҳо ва ислоҳияҳоро намояндагони ҷумҳурихоҳ ба қонунгузорони иёлатӣ ироа кардаанд.

Дар ин гузориш омадааст, ки сенотур Олен Ҳойс (Alan Hayes) дар яке аз матолибе, ки мунташир кардааст, навишта: “Хатари ҳамлаи шариати ислом равиши зиндагии динӣ ва сиёсӣ ва сулҳомези моро таҳдид мекунад. Насли манро дар баробари ин идеулужӣ, ки ба кишварамон ҳамлавар шуда ва моски динӣ бар чеҳра дорад, ҳифз кунед! Ин фитна аст, онҳо мусаммам ҳастанд, ки давлат ва кишвари моро сарнагун кунанд.”

* * *

Бо таваҷҷӯҳ ба он чи арз шуд, изҳори назари ҷаноби Умаров, ки асли динро омили ифротгароӣ медонад, воқеан аҷиб аст. Эшон ё намедонад ва ё ин ки худро ба нодонӣ мезанад.

Оё қатлу куштору терурҳое, ки фақат дар қарни 20-ум тавассути ғайри мусалмонон сурат гирифт низ омилаш дин буд?! Истолин (Столин), ки як бедин ва атеист аст, беш аз 20 милюн аз шаҳрвандони Ҷамоҳири Шӯравии собиқро ба сурати мустақим ва аз тариқи табъид ба Сибир ба қатл расонд. Ҷанги ҷаҳонии аввал кушта шудани беш аз 20 милюн нафари дигарро дар пай дошт. Шумори қурбониёни ҷанги ҷаҳонии дуввум низ аз 80 милюн тан мегузарад. Оё ангезаи ҳамаи ин кушту кушторҳо дин буд?

Омрико бо вуҷуди он ки поёни ҷанги ҷаҳонии дуввум қатъӣ буд ва Жопун низ аз тариқи Шӯравӣ тамоюли худ барои таслим шуданро иброз карда буд, бар партоби як бомби атомӣ исрор варзид, ки бедиранг ҷони 90 ҳазор зану кӯдаку коргар дар Ҳирушиморо гирифт. Танҳо се рӯз баъд аз он низ ва дар ҳоле, ки ҷаҳониён тасовири вайрониҳои Ҳирошиморо мушоҳида намуда ва дар дилҳои худ эҳсоси руъбу ваҳшат мекарданд, Омрико дуввумин шаҳр яъне Ногозокиро низ бомбборон кард, то шумори қурбониёни қатли омми атомӣ наздик ба 250 ҳазор тан бирасад. Оё ангезаи Труман дар ин ҷиноят дин буд?

Дар Ветном низ ҳавопаймоҳои ҷангии Омрико оташи воқеии ҷаҳаннамро рӯи сари мардуми бепаноҳ мерехтанд ва ҳофизаи таърих ҳамчунон тасвири он духтари хурдсоли нолакунон аз дард ва дар ҳоли давидан дар роҳро ба ёд меоварад. Он ҷиноят теруризми воқеӣ буд, ки миёни кучаку бузург тафовуте қоил набуд. Оё ангезаи ин теруризм ҳам дин буд?!

Энтони Бивор (Antony Beevor), таърихнигори бритониёӣ, ҳодисаи рӯйдода ҳангоми ишғоли Олмон аз сӯи муттафиқин пас аз сарнагуни нозиҳоро бузургтарин рӯйдоди таҷовузи дастаҷамъӣ дар таърих хондааст. Рӯзномаи Guardian низ таъкид карда, ки тамоми духтарону занони олмонии 8 то 80-сола мавриди таҷовузи нерӯҳои рус ва ё нерӯҳои омрикоӣ қарор гирифтанд. Танҳо дар Берлин ба 100 ҳазор зан таҷовуз шуд ва беш аз 200 ҳазор зани олмонӣ низ дар маҷмӯъ бар асари паёмадҳои мустақими таҷовузи ваҳшиёна ҷон супурданд. Оё омили ин ҷиноятҳо низ дин буд ҷаноби Умаров?

Дар поён бояд гуфт, ки теруризм дин надорад, аммо агар ҷаноби Умаров исрор доранд, ки дошта бошад, бидуни шак дини он ислом нахоҳад буд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: