Перейти к содержимому

Порошенко: “Дар остонаи ҷанг бо Русия қарор гирифтаем”

Раисиҷумҳури Украина бо ишора ба таниши ахир миёни Маскав ва Киев дар тангаи Керч таъкид кард, Украина дар остонаи ҷанг бо Русия қарор гирифтааст.

Петро Порошенко, раисиҷумҳури Украина, имрӯз (чаҳоршанбе, 28.11.2018) дар мусоҳиба бо шабакаи телевизиюнии ин кишвар гуфт: “Ман намехоҳам ҳеч кас тасаввур кунад, ки ин масъалаи камаҳаммияте аст. Кишвари мо зери таҳдиди ҷанги тамомаёр бо Федеросиюни Русия қарор гирифтааст.”

Раисиҷумҳури Украина ҳамчунин гуфт: “Маскав нерӯҳои низомии худро дар марз бо Украина афзоиш дода ва додгоҳи Крим низ ҳукми ҳабси думоҳа барои дарёнавардони мо, ки киштиашон тавқиф шуда содир кардааст.”

Вай дар идома бо истинод ба гузоришҳои иттилоотӣ таъкид кард: “Шумори ягонҳои низомии Русия, ки дар марз бо Украина мустақар шудаанд, ба тарзи қобили таваҷҷӯҳе афзоиш ёфта ва шумори тонкҳои рус низ се баробар шудааст.”

Гуфтанист, се киштии нерӯи дарёии Украина рӯзи якшанбе (25 ноябр) бо убур аз марзи дарёии Русия вориди обҳои минтақаи Русия шуданд ва бидуни таваҷҷӯҳ ба ҳушдорҳои нерӯҳои амниятии Русия ба масири худ идома доданд, ки дар идома нерӯҳои рус маҷбур ба истифода аз силоҳ барои мутаваққиф кардани ин киштиҳо шуданд, ки дар табодули оташи суратгирифта се нафар аз нерӯҳои украинӣ захмӣ мешаванд.

Нерӯҳои амниятии Русия дар идома ин се киштиро то бандари Керчи Крим ҳидоят карда ва онҳоро тавқиф мекунанд ва ин се низомии украинӣ низ таҳти муроқибатҳои пизишкӣ қарор мегиранд. Дар ҳоли ҳозир парвандаи ҷиноӣ бо иттиҳомоти нақзи ҳарими марзии Русия ба ҷараён афтодааст.

Вазорати хориҷаи Русия ин иқдоми нерӯи дарёии Украинаро аз пеш тарроҳишуда ва иқдоме таҳрикомез тавсиф кардааст. Ин дар шароите аст, ки Киев гуфтааст, киштиҳои Украина ҳеч иқдоми иштибоҳе сурат надодаанд ва Русияро ба таҳоҷуми низомӣ муттаҳам кардааст. Як додгоҳ дар Крим ҳукмеро барои 12 нафар аз малавонони киштиҳои тавқифшудаи Украина содир кард мабнӣ бар ин ки ба муддати ду моҳ зиндонӣ бошанд. Қарор аст 12 нафари дигар низ имрӯз чаҳоршанбе дар додгоҳ ҳозир шаванд. Малавонони Украина бо иттиҳоми убури ғайриқонунӣ аз марзҳои Русия рӯ ба рӯ ҳастанд, ки муҷозоти он то 6 сол ҳабс аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: