Перейти к содержимому

Русия ва Украина дар остонаи даргирии низомӣ қарор доранд?

Даргирии низомии мухтасари рӯзи якшанбе байни нерӯи дарёии Русия ва Украина дар тангаи Керч, баҳонае барои табодули иттиҳомоти дуҷониба байни мақомоти Маскав ва Киев шуда.

Рӯзи якшанбе (25 ноябр) дар савоҳили шибҳиҷазира Крим даргирӣ байни киштиҳои низомии русӣ ва украинӣ даргирифт, ки дар натиҷа Русия киштиҳои украиниро тавқиф кард. Ин ҳодиса рӯзи душанбе дар Маскав, Киев ва соири пойтахтҳои ҷаҳон дар маркази таваҷҷӯҳ ва дар раъси ахбор қарор дошт.

Қазия бад-ин сурат рух дод, ки дар таърихи 25 ноябр се киштии нерӯи дарёии Украина ба обҳои соҳилии Русия ворид шуда ба самти тангаи Керч пеш рафтанд.

Бар асоси гузориши Созмони амнияти федероли шибҳиҷазираи Крим, тарафи украинӣ ҳеч гуна дархосте барои убури новгони худ аз ин танга ироа накард. Киштиҳои украинӣ ба алоими ҳушдордиҳандаи марзбонони русӣ таваҷҷӯҳ накарда ва иқдом ба анҷоми маневрҳои хатарнок карданд.

Дар вокуниш ба ин иқдомот, қоиқҳои низомии русӣ ва як киштии бории ин кишвар монеъ аз вуруди онҳо ба халиҷи Керч шуданд. Нерӯҳои марзбонии Русия барои мутаваққиф кардани киштиҳои низомии украинӣ мутавассил ба истифода аз силоҳ шуданд ва ҳар се киштӣ дар обҳои соҳилии Русия тавқиф шуданд. Дар ҷараёни ин ҳодиса се низомии украинӣ захмӣ шуданд, ки дар ҳоли ҳозир дар бемористони бандари Керч бистарӣ буда ва ҷароҳатҳои онҳо ҷиддӣ нест. Дар ин моҷаро 24 нафар хадамаи киштиҳои украинӣ боздошт шудаанд.

Созмони амнияти федероли Русия иқдоми киштиҳои украинӣ дар нақзи ҳарими дарёии Русияро “ғайриқонунӣ ва муғойир бо Конвенсияи ҳуқуқи дарёии Созмони Милал” номид. Ин дар ҳолест, ки тарафи украинӣ мӯътақид аст, ки иқдомоти марзбонони Русия ғайриқонунӣ буда ва тавофуқномаи дарёӣ байни Русия ва Украина, озодии омаду рафти киштиҳо дар дарёи Азов ва тангаи Керчро тазмин кардааст.

Петро Порошенко, раисиҷумҳури Украина

Созмони амнияти федероли Русия эълом карда, ки бар асоси эътирофи бархе малавонони украинӣ, киштиҳои нерӯи дарёии ин кишвар, ба дастури мустақими мақомоти Киев вориди обҳои соҳилии Русия шуданд ва ин иқдом дар ҳамоҳангӣ бо Созмони амнияти Украина анҷом гирифтааст.

Дар пайи ин ҳодиса, Шӯрои амнияти миллӣ ва дифоъи Украина билофосила нишасти фавқулъода ташкил дод ва дар ҷараёни он тасмим гирифта шуд, то барои муддати 60 рӯз вазъияти низомӣ дар кишвар эълом шавад. Петро Порошенко, раисиҷумҳури Украина, аз намояндагони порлумон хост, то дар нишасти ғайриаланӣ ин масъаларо баррасӣ кунанд.

* * *

Артиши Украина ба ҳолати омодагии размии комил даромадааст

Чанд соат баъд Вазорати дифоъи Украина эълом кард, бо таваҷҷӯҳ ба тасмими Шӯрои амнияти миллӣ ва дифоъи Украина дар бораи эъломи вазъияти низомӣ, артиши ин кишвар ба ҳолати омодагии размии комил даромадааст.

Илова бар ин, Созмони амнияти Украина низ ба ҳолати омодагии низомӣ даромада ва дар ин робита иқдомоти зидди иттилоотӣ барои мумониат аз дигар иқдомоти таҳрикомези Созмони амнияти Русия дар ҷиҳати бесубот кардани авзоъи дохилӣ дар ин кишвар тақвият хоҳад шуд.

Вазорати умури хориҷаи Украина низ бо интишори баёнияе, аз Русия хост, то хадамаи киштиҳои нерӯи дарёии ин кишварро, ки тавассути марзбонони русӣ дар минтақаи дарёи Азов боздошт шудаанд, озод кунад.

Аз сӯи дигар Русия хостори нишасти фаврии Шӯрои амнияти Созмони Милал барои баррасии вазъияти ба вуҷудомада дар дарёи Азов шуд. Дмитрий Полянский, муовини намояндаи доими Русия дар Созмони Милал, ба хабарнигорон эълом кард, ки дар робита бо хатарнок шудани вазъият дар дарёи Азов ва рӯйдодҳои баъди он, ин кишвар хостори баргузории нишасти фаврии аъзои Шӯрои амният барои баррасии вазъияти ба вуҷудомада дар ин минтақа шудааст.

* * *

Эътирози хиёбонӣ ва ҳамла ба сафорати Русия дар пойтахти Украина

Ҳамон шаб дар пойтахти Украина эътирозоти хиёбонӣ рӯ ба рӯи сафорати Русия рух дод ва иддае аз шаҳрвандони Украина ба сафорати Русия дар Киев ҳамла карданд. Як мошини диплумотик низ дар наздикии сафорат ба оташ кашида шуд. Нерӯҳои интизомии Вазорати дохилаи Украина талош карданд амнияти сафорати Русияро таъмин кунанд.

Дар пайи ин ҳодиса, Мария Захарова, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Русия эълом кард, Маскав аз давлати Украина таваққӯъ дорад то бидуни таъхир тамоми иқдомоти лозим барои таъмини амнияти диплумотҳои русӣ ва ҳамчунин дурӣ аз ворид шудани осеби ҷиддӣ ба сохтмони сафорати Русияро анҷом диҳад.

Захарова таъкид кард, кишварҳои ғарбӣ, ки бар мақомоти Киев нуфуз доранд, бояд алоими лозимро ирсол кунанд, то онҳо аз иқдомоти таҳрикомези худ алайҳи Русия даст бардоранд. Ба гуфтаи вай, Русия ба Киев ҳушдор дода буд, ки ҳар гуна иқдоми таҳрикомез дар дарёи Азов ғайриқобили қабул хоҳад буд ва ин масъаларо ба шарикони ғарбии худ низ гуфтааст.

Ҳамчунин Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия низ дар конфронси матбуотӣ эълом кард, ки ин кишвар нигаронӣ аз имкони эъмоли таҳримҳои ҷадид ба хотири авзоъи ба вуҷудомада дар тангаи Керч надорад.

Лавров аз кишварҳои ғарбии ҳомии Украина хост, то афродеро, ки талош мекунанд дар остонаи интихоботи риёсати ҷумҳурӣ дар Украина бо истифода аз ин қабил иқдомот, имтиёзоти сиёсии хоссе ба даст оваранд, ором кунанд.

Дар ҳамин робита Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия низ дар гуфтугӯи телефонӣ бо Онгело Меркел, садриаъзами Олмон ҳодисаи рӯзи якшанбе дар тангаи Керчро маҳкум карда ва иқдомоти тарафи украиниро “таҳрикомез” номид. Путин ибрози умедворӣ кард, ки мақомоти Берлин аз нуфузи худ бар давлати Украина истифода карда, то монеъ аз идомаи чунин иқдомоти ғайримантиқӣ шаванд.

Путин ҳамчунин нигаронии ҷиддии худ дар робита бо тасмими мақомоти Киев дар бораи омодагии размии комили нерӯҳои мусаллаҳи ин кишварро эълом ва таъкид кард, ки масъулияти комили ҳар гуна даргирии низомӣ ва вахомати авзоъ дар минтақа, танҳо ба ӯҳдаи раҳбарони Украина хоҳад буд.

* * *

Шӯрои амният аз мавозеъи Русия ҳимоят накард

Ин дар ҳолест, ки аъзои Шӯрои амният бо дастури кори пешниҳодии Русия барои баррасии ҳодисаи рухдода дар дарёи Азов мухолифат карда ва Омрико ва бархе кишварҳои урупоӣ аз мавозеъи Украина дар ин бора ҳимоят карданд. Чаҳор кишвари узви Шӯрои амният бо ин ибтикори амали Русия мувофиқат карданд, ҳафт кишвар бо он мухолифат ва чаҳор кишвар низ ба он раъйи мумтанеъ доданд.

* * *

Ҳимояти намояндагони порлумони Украина аз барқарории вазъияти низомӣ дар кишвар

Аз сӯи дигар, порлумони аълои Украина дастури раисиҷумҳур Петро Порошенко дар бораи барқарории “вазъияти низомӣ” дар бархе манотиқи Украинаро мавриди таъйид қарор дод. Ин тасмим бо ҳимояти 276 намоянда аз 330 намояндаи ҳозир дар нишасти фавқулъодаи порлумон мавриди тасвиб қарор гирифт.

Ин вазъияти низомӣ барои муддати 30 рӯз дар бархе аз манотиқи шарқӣ ва ҷанубии Украина, аз ҷумла Луганск, Николаев, Харков, Черниговск, Одесса ва ҳамчунин обҳои соҳилии дарёи Азов эъмол хоҳад шуд.

Вазъияти низомӣ ба мақомоти Киев ин иҷозаро медиҳад, то режими кори бархе аз муассисот, созмонҳо ва органҳоро тағйир дода, соатҳои мамнӯъияти убуру мурур барқарор карда ва тағйироте дар режими омаду рафти васоили нақлия дода, озодии ҳаракати убуру мурури шаҳрвандон ва ба хусус шаҳрвандони хориҷиро коҳиш диҳад ва ҳамчунин бозрасии афрод, васоили шахсии онҳо, дохили васоили нақлия ва хонаҳои маскуниро фароҳам созад.

Дар нишасти порлумони Украина таъкид шуд, ки бо вуҷуди ин, таърихи баргузории интихоботи риёсати ҷумҳурӣ дар Украина тағйире накарда ва дар ҳамон таърихи 31 марти соли 2019 анҷом хоҳад гирифт.

* * *

Мавзеъи Дунолд Тромп

Дар ҳамин робита Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико низ дар посух ба суоли хабарнигорон дар ин бора гуфт, аз таниши ба вуҷудомада дар равобити Русия ва Украина хушаш намеояд ва умедвор аст, ки ин масъала ҳар чи сареътар ҳаллу фасл шавад. Вай афзуд, дар Урупо низ аз ин ҳодиса хурсанд нестанд ва вай қатъан бо раҳбарони кишварҳои урупоӣ дар ин бора музокироте хоҳад дошт.

Андрей Суздалтсев, раиси Донишкадаи иқтисод ва сиёсати ҷаҳонии мактаби олии иқтисоди Маскав

Ба ақидаи коршиносон, муноқиша байни Русия ва Украина мумкин аст таҳримҳои ҷадиде алайҳи Маскавро ба ҳамроҳ дошта бошад. Андрей Суздалтсев, раиси Донишкадаи иқтисод ва сиёсати ҷаҳонии мактаби олии иқтисоди Маскав мӯътақид аст: “Аагар таҳқиқот ба сатҳи байналмилалӣ бирасад, мо дар вазъияти душворе қарор хоҳем гирифт, барои ин ки аксари кишварҳои ҷаҳон шибҳиҷазира Кримро мутаъаллиқ ба Русия намедонанд. Мақомоти Киев бо барномарезӣ барои убури киштиҳо дар минтақа бидуни мувофиқати Русия, талош мекунанд, то ҳокимияти худро бар обҳои шибҳиҷазираи Крим нишон диҳанд. Дар воқеъ онҳо аз ҳар баҳонае истифода мекунанд, то дар остонаи оғози муборизоти интихоботӣ барои мақоми риёсати ҷумҳурии Украина, Омрикоро ба самти эъмоли таҳримҳои ҷадид алайҳи Русия савқ диҳанд, чаро ки ба хубӣ медонанд Ғарб қатъан ба ин масъала вокуниши мавриди назари онҳоро нишон хоҳад дод.”

Tasnimnews

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: