Перейти к содержимому

Гузоришҳои такондиҳанда аз Чин

Боздошти мусалмонони уйғур дар урдугоҳҳои ҷамъӣ бо маҳкумияти густурдаи ҷаҳонӣ рӯ ба рӯ шуд

Ахиран гузоришҳои зиёде дар бораи сахтгирии давлати кумунистии Чин бар ақаллияти мусалмони ин кишвар мунташир шудааст; амре, ки боиси вокунишҳои гурӯҳҳои ҳуқуқи башарии ҷаҳонӣ шудааст.

Ақаллияти мусалмони ҳуӣ (hui), ки дар вилояти вилояти Нингшиё (Ningxia) дар шимоли ғарби Чин зиндагӣ мекунанд, дар соли 2017, муносибати вежае доштанд: ифтитоҳи масҷиди аъзами Вейжу, ки бозсозии он аз соли 2015 шурӯъ шуда буд. Ин масҷид ҳудуди 40 сол пеш дар 1979 бино шуд, аммо бо гузашти чанд даҳа, зарурати бозсозӣ ва рафъи камбудиҳои он, ақаллияти мусалмонро бар он дошт, то масҷидро аз нав бисозанд.

Созандагони масҷид мегӯянд, мақомоти маҳаллӣ бо бозсозии масҷид, ки акнун бошукӯҳ ба назар мерасад, мувофиқат карда буданд. Хушҳолии мусалмонони ҳуӣ, аммо давом наёвард. Рӯзи 3 августи 2018, мақомоти маҳаллӣ бо судури ихторияе, дастури вайрон кардани масҷидро содир карданд; амре, ки бо вуҷуди нодир будани эътирозоти хиёбонӣ дар Чин, ҳуиҳоро ба муддати се рӯз ба хиёбонҳо кашонд. Саранҷом эътирозоти ақаллияти мусалмон тавонист намои куллии масҷидро ҳифз кунад, аммо аз ҳифзи 8 гунбади он оҷиз монд. Мақомот, бо баёни ин ки гунбадҳо бо фарҳанги чинӣ созгор нестанд, хостори ҳазфи онҳо шуданд.

Масҷиди аъзами Вейжу

Ҳамзамон бо таҳкими қудрати Сӣ Ҷинпинг, раисиҷумҳури Чин, сиёсати чинисозии фарҳанг, ё ба таъбире, якпорчасозии фарҳанг бо меҳварияти андешаи бехудоии давлатӣ, бо шиддати бештаре дунбол мешавад. Ин ҷараён, тақрибан аксари ақаллиятҳои динӣ, чӣ мусалмон ва чӣ ғайри мусалмонро ба дарди сар андохтааст.

Ҳизби кумунисти ҳоким бар Чин, алорағми он ки дар иқтисод ба тадриҷ андешаҳои кӯҳнаи кумунистиро ба зуболадони таърих меандозад, аммо дар ҳавзаи фарҳанг, хусусан дин, ҳамчунон бар усули худ пофишорӣ мекунад. Тибқи усули ин ҳизб, давлати Чин расман як давлати бехудо ё мулҳид аст. Ин илҳод ихтиёрӣ ҳам нест, балки рӯз ба рӯз ҷанбаи қаҳромез ба худ мегирад. Имрӯза дар сар то сари кишвари паҳновари Чин, бехудоӣ тарвиҷ мешавад. Дар апрели 2016, Сӣ Ҷинпинг эълом кард, аъзои ҳизби кумунисти Чин, бояд “мулҳидони морксисти таслимнопазир” бошанд. Дар ҳамон моҳ, мақомоти давлатӣ бо масеҳиёни чинӣ, ки ба вайрон кардани калисояшон мӯътариз буданд, бархӯрд карданд.

Давлати Чин барои чанд даҳа аз адёни созмонёфта – ба хусус ислом ва масеҳият — нигарон буда ва ҳатто онҳоро ба навъе бо ҳувияти чинӣ носозгор медонад. Бо гунбадҳои масҷиди аъзами Вейжу бо истидлоли ин ки ховаримиёнаӣ ҳастанд, мухолифат кард. Бо ин ҳол, алорағми илҳоди расмии давлати Чин ва сахтгирӣ дар заминаи дин дар давраи Сӣ Ҷинпинг, ду дини осиёии будоӣ ва тоуӣ дар муқоиса бо соири адён, озори камтаре дидаанд. Гуфта мешавад, ки давлат ҳатто аз ин ду дин барои маҳори густариши ислом ва масеҳият истифода мекунад. Чаро ки Чин, ислом ва масеҳиятро адёне медонад, ки ба “арзишҳои ғарбӣ” наздиктаранд. Илова бар ин, бо вуҷуди саркӯби адён, теъдоди зиёде аз мардуми Чин ба адёни осмонӣ рӯй меоваранд. Дар омӯзиш ҳам Чин бо идеяҳои ғарбӣ ҳамчун демукросӣ муқобила мекунад ва дар муқобил аз андешаҳое, монанди Кунфсиюс, ки пайравиро таблиғ мекунад, ҳимоят мекунад.

Ҷамъияти диндори Чин

Аммо сахтгирӣ бар адёни мазбур, сирфан ба далоили сиёсӣ сурат намегирад. Дар давраи Сӣ Ҷинпинг, идеяҳое ҳамчун “эҳёи азамати миллати Чин”, ба ормонҳое табдил шудаанд, ки дар роҳи расидан ба онҳо, саркӯби адёни “ғайри чинӣ” тавҷеҳ мешавад. Ин гароишро шояд битавон ёдовари инқилоби фарҳангии Моу Дсе Дунг донист, ки аз қазо дар ҷараёни он ҳам масҷиди 600-солаи Вежу вайрон шуда буд.

Ин рӯзҳо ҳамзамон бо интишори гузоришҳои ҳавлнок дар бораи шиканҷа ва ҳабси мусалмонони уйғур дар урдугоҳҳои ҷамъӣ, гузоришҳои аҷибе аз Чин мунташир мешавад, ки умуман рӯйкарди зидди исломии давлати он кишварро нишон медиҳад. Ба унвони намуна, ахиран мақомоти маҳаллии вилояти Нингшиё номи аслии як рӯдро ба хотири шабоҳат бо як номи арабӣ тағйир кардаанд. Мақомот мегӯянд, номи рӯди Ойӣ (Aiyi) ба номи ҳазрати Оиша, ҳамсари ҳазрати Паёмбар (с) шабеҳ аст. Ба ҳамин далел, номи ҷадиди чинии Дёнунгро бар он итлоқ кардаанд. Вонг Ҷенмин, пажӯҳишгари Донишкадаи мутолеоти Ҳуӣ дар Донишгоҳи Нингшиё, гуфтааст, тағйири номҳо “нодонӣ ва ҳамоқат”-и давлатҳои маҳаллии Чинро нишон медиҳад. Ойӣ номе аст, ки фақат ёдовари як бонуи зебои ҳуӣ аст. Ин сахтгириҳо дар ҳоле сурат мегирад, ки ақаллияти мусалмони ҳуӣ, бо ду миллюн нафар ҷамъият, як севвуми кулли ҷамъияти вилояти Нингшиёро ташкил медиҳад. Аз кулли 23 милюн мусалмони чинӣ, ҳаддиақал 10 милюн нафар ҳуӣ ҳастанд. Илова бар ин, ҳудуди 10 милюн мусалмони уйғур ҳам дар Чин зиндагӣ мекунанд, ки шиканҷа ва озори онҳо тавассути давлати Чин бо маҳкумиятҳои ҷаҳонӣ мувоҷеҳ шудааст.

Бахши аъзами ин озорҳо натиҷаи мустақими пайгирии сиёсати “чинисозии дин” аст, ки тавассути ҳизби кумунист дунбол мешавад. Агарчи тибқи бархе оморҳо, Чин бештарин ҷамъияти бединро дорад, аммо ҳанӯз ҳам милюнҳо чинӣ ба маносики динӣ пойбанд ҳастанд. Гуфта мешавад, 73.56 дар сади мардуми Чин бедин, 15.87 дар сад будоӣ, 7.6 дар сад тобеъи адёни қабилаӣ монанди тоуизм, 2.53 дар сад масеҳӣ ва 0.45 ё 1.6 дар сад мусалмон ҳастанд.

Агарчи дар зоҳир аксарияти ҷамъият бедин ҳастанд, аммо пажӯҳишгарон мӯътақиданд пойбандии динӣ ба далели вуҷуди халаъи маънавӣ дар ҷомеаи Чин дар ҳоли афзоиш аст.

Чин даҳ гурӯҳи этникии мусалмон дорад, ки уйғурҳо барҷастатарини онҳо ҳастанд ва дар минтақаи Синкёнг дар шимоли ғарби Чин зиндагӣ мекунанд. Тақрибан нисфи ҷамъияти ин вилоят мусалмон ҳастанд, аммо мақомоти онҷо ба шиддат фаъолиятҳои диниро контрол мекунанд. Қалъу қамъи ахир дар Синкёнг, ба таври вежае шадид будааст. Дар августи 2018, коршиносони Созмони Милал тахмин кардаанд, ки беш аз се милюн мусалмони уйғурӣ боздошт ё ба “кампҳои таълими дубора”-и фарҳангӣ эъзом шудаанд. Ин кампҳо вокунишҳои ҷаҳониро барангехтааст. Дар август гурӯҳи ҳуқуқи башари Созмони Милал гуфта гузоришҳои мӯътабари зиёде дарёфт карда, ки нишон медиҳад як милюн уйғур ё бештар, дар урдугоҳҳои васеъ боздошт шудаанд.

Маҷаллаи Bitter Winter, ки дар бораи ҳуқуқи башар дар Чин иттилоърасонӣ мекунад, ин видеоро мунташир карда, ки яке аз урдугоҳҳои маҳалли нигаҳдории уйғурҳои вилояти Синкёнгро нишон медиҳад

Дар ҳоле, ки Чин иддао мекунад ин урдугоҳҳо таълимӣ ва фарҳангӣ ҳастанд, ки ҳадафашон муқобила бо ифротигарӣ аст, гурӯҳҳои ҳуқуқи башарӣ эълом кардаанд ин урдугоҳҳо боздоштгоҳҳои умумӣ ҳастанд. Пас аз муддате инкор, давлати Чин саранҷом ба вуҷуди чунин кампҳои иҷборӣ эътироф кард. Давлати Чин, ҳатто дар ин хусус қонуне тасвиб карда, ки ба мӯҷиби он “ислоҳи рафтор”-и садҳо ҳазор мусалмони уйғурӣ дар урдугоҳҳои иҷборӣ муҷоз шумурда мешавад.

Ин ба истилоҳ “ислоҳи рафтор” ва низ муқобила бо “намодҳои ғайричинӣ” дар як дидгоҳи асоситаре нуҳуфтааст мабнӣ бар ин ки бояд ҷомеаи чиниро якпорча кард ва “аносури ғайричинӣ”-ро аз он зудуд. Агар ин сиёсат ба воқеият наздиктар бошад, дар ин ҳолат ин пурсиши асосӣ матраҳ мешавад, ки чӣ гуна давлати Чин андешаи муосири “кумунизм”-ро, ки реша дар Урупо дорад “чинӣ” медонад, аммо адёнеро, ки садҳо сол қабл аз кумунизм ба Чин рафтаанд ва бахше аз ҳувияти бархе ақаллиятҳои чинӣ шудаанд “чинӣ” намедонад?!

Расонаҳои ғарбӣ то кунун гузоришҳои мутаъаддиде дар бораи шиканҷа ва озори уйғурҳо мунташир кардаанд ва ҳатто равобити Ғарб ва Чин ба хотири ин масъала танишолуд шудааст. Фаъолон, чеҳраҳои донишгоҳӣ, давлатҳои хориҷӣ ва Созмони Милали Муттаҳид урдугоҳҳои чиниро маҳкум кардаанд. Мақомоти Омрико гуфтаанд, давлати Дунолд Тромп эъмоли таҳрим алайҳи мақомоти даргир дар саркӯби уйғурҳоро баррасӣ мекунанд. Дар вокуниш ба ин амр, сафири Пекин дар Вошингтун, ба хабаргузории Ройтерз гуфта кишвараш дар муқобили ҳар гуна таҳрими омрикоӣ дар масъалаи мусалмонони уйғур ба таври муносиб посух хоҳад дод.

Фишорҳои расонаҳои ғарбӣ бар давлатҳо, ба хусус давлати Тромп, барои маҳкум кардани Чин, бештар мешавад. Давлати Тромп чандин бор Пекинро ба хотири урдугоҳи уйғурҳо маҳкум кардааст, аммо бархе нигарон ҳастанд, ки пас аз дидори Тромп ва раисиҷумҳури Чин дар иҷлоси гурӯҳи 20, Кохи сафед сукут кунад.

Fararu

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: