Перейти к содержимому

Расонаи омрикоӣ иштибоҳи худ дар робита бо ҲНИТ-ро ислоҳ кард

Гузориши телевизиони “Настоящее время” дар санаи 21 ноябр, ки дар он хабарнигораш дар қазияи ҳамла ба сайёҳон дар Данғара, фарзияи ҳукуматро бидуни овардани назари ҷониби дигар баён карда буд ва боиси табли шодӣ задани расонаҳои ҳукуматӣ гардид, аз тарафи ин нашрия ислоҳ карда шуд.

Ба гузориши сойти Паём, дар он гузориш хабарнигор Қорӣ Носирро, ки мақомот фармоишгари ҳамла дар Данғара медонанд, узви ҲНИТ номид ва назари модари Ҳусейн Абдусамадовро ҳам, ки раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабириро гунаҳкор медонад овард, аммо аз эътирози ҲНИТ ба ин даъвоҳо чизе нагуфт. Ин аввалин гузориши як расонаи хориҷӣ давоми чаҳор моҳ баъди ҳамали террористӣ буд, ки фарзияи ҳукуматро ба танҳоӣ зикр мекард.

Дертар “Настоящее время” матни зери хабари видеоиро ислоҳ кард ва назари ҲНИТ-ро ҳам дар он бо шакли зерин зикр намуд: Дар навбати худ ҲНИТ даст доштанаш дар ин амалиёти террористиро қатъан рад мекунад. Дар гузориши дигараш, ки рӯзи 26 ноябр нашр шуд узви ҲНИТ будани Қорӣ Носирро чун фарзияи ҳукумат зикр кард ва назари ҲНИТ-ро низ дар бораи ин қазия овард.

Баъди нашри гузориши аввал расонаҳои ҳукуматии Тоҷикистон, сар аз АМИТ “Ховар” то сойтҳои ҳукуматҳои ноҳияву донишгоҳҳо онро чун эътирофи як расонаи маъруф ба фарзияи ҳукумат қаламдод карда, таблӣ шодӣ заданд. Аксари расонаҳои давлатӣ гузориши сойти “Ахбор”-ро дар ин бора бидуни овардани манбаъ нусхабардорӣ ва нашр карданд.

Хабаргузории расмии давлати Тоҷикистон “Ховар” қисмате аз гузориши “Ахбор”-ро бидуни зикри манбаъ оварда, қисмати дигарашро ки ба нафъи ҳукумат нест, “фаромӯш кардааст.

Хабаргузории ба ҳукумат наздики “Фараж” ҳам бо нашри як “таҳлил” аз номи “таҳлилгар Фирӯз Қаҳрамонов” таҳти унвони “Ҳукми Ҳусейн Абдусамадов (Нахӯдов) дар расонаҳои хориҷӣ дастгирӣ ёфт”, “эътироф”-и Абдусамадовро “падидаи ҷолиб ва фаромӯшнашуданӣ аз зовияи таърих” номидааст. “Қаҳрамонов” навиштааст: “Барои ТТЭ ҲНИ таҳрик намудани ҳодисаи ҳангомасоз тавассути содир кардани амали террористӣ дар арафаи маҳфилҳои САҲА барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба обрӯи рехтаи ин ҳизб муҳим буд. Аз ин лиҳоз, роҳнамоӣ, маблағгузорӣ ва ҳавасмандгардонии ин гурӯҳ, пурра аз ҷониби ҲНИ сурат гирифтааст.”

Дар ҳамин ҳол “Фараж” манбаъи аслии ин гузоришро зикр кардааст: “23-юми ноябри соли 2018, телевизиони «Настоящее время» бо иқтибос аз хабарнигори РИА Новости-Лидия Исамова, ки аз Абдусамадов Ҳусейн, аъзои фаъоли ТТЭ ҲНИ дар боздоштгоҳ мусоҳиба гирифтааст, намоишеро нишон дод, ки рафти мурофиаи судиро бозгӯӣ мекунад”.

Ин иттилоъи “Фараж” дар ҳолест, ки дар гузориши “Настоящее время” аслан на номи Лидия Исамова ва на РИА Новости зикр намешавад.

Бобоҷон Қаюмов, сухангӯи ҲНИТ дар посух ба Паём гуфт ислоҳи иштибоҳ аз тарафи телевизиони “Настоящее время” баъди номаи эътирозии ин ҳизб сурат гирифтааст.

“Пас аз мукотабаи масъулини мо бо идораи ‘’ Настоящее время’’ онҳо эътироф карданд, ки аз тарафи кормандони онҳо дар маҳал саҳлангорӣ рух додааст”, гуфт ӯ.

Сухангӯи ҲНИТ мегӯяд роҳ ёфтани гузориши Исамова ба телевизиони амрикоӣ тасодуфӣ нест. “Ин метавонад ҷузъе аз нақшаи тарроҳишуда барои кашонидани пои яке аз расонаҳои хориҷии муътабар ба ин қазия ва истифодаи он ҳамчун эътирофи байналмиллалии ҳизби мо ҳамчун як созмони террористӣ бошад. Чун, қаблан ҳама талошҳои ҳукумати Тоҷикистон барои ин ҳадаф ноком шуда буд” — зикр кард Қаюмзод.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: