Перейти к содержимому

Ҷеенбеков: “Исломе, ки аҷдоди мо аз он пайравӣ мекарданд, бо пояҳои як ҷомеаи секулор мухолифат надорад”

Раисиҷумҳури Қирғизистон дар дуввумин конфронси байналмилалии “Ислом дар давлати имрӯзи секулор”, ки 15 ноябри соли ҷорӣ дар иқоматгоҳи давлатии Алаарчаи Бишкек баргузор гардид, зимни пешниҳоди таъсиси Окодемии исломӣ ба манзури эҷоди ҳамоҳангии донишҳои диншиносӣ дар Қирғизистон, гуфт: “Исломе, ки аҷдоди мо аз он пайравӣ мекарданд, бо пояҳои як ҷомеаи секулор ва қавонини секулор мухолифат надорад.”

Ба гузориши сойти Islaminmodernstate, дуввумин конфронси байналмилалии “Ислом дар давлати имрӯзи секулор” дар иқоматгоҳи давлатии Алаарча дар Бишкеки Қирғизистон баргузор шуд. Дар ин конфронс, ки бо ҳузури коршиносони беш аз 20 кишвар баргузор шуд, Сооронбой Ҷеенбеков, раисиҷумҳури Қирғизистон ширкат ва суханронӣ кард.

Ширкаткунандагони ин ҳамоиш мавзӯъҳое чун: муделҳо ва таҷрибаҳои омӯзиши мазҳабӣ, пӯшиши масоили динӣ аз расонаҳои гурӯҳӣ ва интернет, нақши занони фаъоли мазҳабӣ дар ҷомеаи имрӯз, нақш ва ҷойгоҳи ҷавонон дар як ҷомеаи мудерни чандфарҳангӣ ва ғайраро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.

Раисиҷумҳури Қирғизистон дар маросими ифтитоҳи ин конфронс, гузорише аз вазъияти мазҳаб дар Қирғизистон ва сиёсати давлат дар заминаи мазҳаб ироа дод. Вай гуфт: “Дар Қирғизистон мушкилоти зиёде дар заминаи равобити мутақобили давлат ва дин анбошта шуда, ки натиҷаҳои баҳсҳои ин конфронс метавонад ба ҳаллу фасли онҳо кӯмак кунад.”

Ҷеенбеков, бо ишора ба вазъияти бархӯрд ва таъомули мутақобили дин ва давлат дар ҷаҳони имрӯз гуфт: “Бархе аз кишварҳо аз мавзеъи адами дахолати дин дар умури давлат ҳимоят мекунанд, вале бархе дигар аз давлатҳо як дин ё як мазҳабро бар дигар адён ва мазоҳиб тарҷеҳ медиҳанд ва онро дар сатҳи дину мазҳаби давлатӣ ва расмӣ боло мебаранд. Дар беш аз 25 кишвари ҷаҳон, дини ислом аз вазъи расмӣ ва давлатӣ бархӯрдор аст.”

Бино ба гуфтаи раисиҷумҳури Қирғизистон, “таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки як нусхаи воҳид дар заминаи чигунагии таъомули дин ва давлат вуҷуд надорад ва ҳар кишваре худ бояд сиёсати худро дар ин замина интихоб ва мушаххас кунад. Давлат ва кишвари Қирғизистон низ бояд сиёсати мазҳабии худро пиёда кунад, ки мутобиқ бо истротежии тавсиъаи кишвар бошад.”

Ҷеенбеков, бо ишора ба мушкилоти мавҷуд дар ҷаҳони имрӯз гуфт: “Мо шоҳид ҳастем, ки бархе созмонҳо ва ҷунбишҳо талош мекунанд, ки динро сиёсӣ кунанд. Кам нест мавориде, ки таълимоти дурӯғинро ба ислом нисбат медиҳанд ва ҳамзамон нақши аслии исломро дар тарбияти шаҳрвандон бо руҳияи наҷобат, раҳмат ва меҳрубонӣ инкор мекунанд. Мутаассифона ҳастанд касоне, ки дар ниқоби ислом мехоҳанд ба мардуми қирғиз суннату фарҳанги худро таҳмил ва ҷавононро аз донишҳои рӯз, дастовардҳои фарҳанг ва илму фанн дур кунанд.”

Вай ишора кард: “Бархе аз шаҳрвандон қурбонии афроде мешаванд, ки аз ислом барои расидан ба аҳдофи худ истифода карда ва онро ба абзори хушунат ва ифротгароӣ табдил мекунанд. Бояд арзишҳои суннатии ислом, ки аз аҷдодамон ба ирс расида, ба унвони ҷойгузини ҷараёноти динии ифротӣ таблиғ шаванд. Ҳимоят аз мазҳаби ҳанафӣ ба унвони мазҳаби сулҳ, мудоро, сабр, раҳмат ва наҷобат бояд ба таҳкими ваҳдати миллати Қирғизистон мусоидат кунад.”

Ҷеенбеков ҳамчунин пешниҳод кард, ки дар Қирғизистон Окодемии исломӣ ба манзури эҷоди ҳамоҳангии донишҳои диншиносӣ эҷод гардад. Фаъолияти ин муассисаи омӯзишии динӣ таҳти назорати давлат хоҳад буд. Раисиҷумҳури Қирғизистон афзуд: “Исломе, ки аҷдоди мо аз он пайравӣ мекарданд, бо пояҳои як ҷомеаи секулор ва қавонини секулор мухолифат надорад.”

Тасовире аз ин конфронс:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: