Перейти к содержимому

Як тавсияи бародарона ба опозисиюн

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дар аввалҳои даврони донишҷӯӣ, аҳволу атвори як донишҷӯ эъҷоби ҳамаи мо, донишҷӯёнро барангехта буд ва ҳама ба ӯ ғибта мехӯрдем; дар ибодатҳои тӯлониаш, дар саҷдаву рукӯъҳои дуру дарозаш, дар мувозибат ва пайвастагиҳояш бар намоз дар аввали вақт, дар рӯзадориҳо ва шабзиндадориҳо ва розу ниёишҳояш… Он ҷавон чунон дар ибодот ғӯтавар шуда буд, ки аз ҳама чиз бурида буд ва ҳатто ба хотири шабзиндадориҳо, ҳамеша сари дарсу баҳс чурт мезад ва хобаш меомад.

Ёдам ҳаст, боре устоди ахлоқ хитоб ба ӯ ва соири донишҷӯён гуфт, ибодат некӯст, зеро ин парастиши Худост, ки саодати дунёву охиратро насиби инсон мекунад, аммо бидонед инсон ҳатто дар ибодат набояд зиёдаравӣ ва ифрот кунад; бояд ҳамеша ҳадди эътидолро риоят кард, ки агар инсон дар корҳои худ эътидол ва миёнравиро муроъот накунад, хавфи ин аст, ки якдафъа аз он тараф сар дарбиёварад. (Ба ин маъно, ки ҳама чизро раҳо кунад ва дуруст дар муқобили роҳи ибодату парастиш қарор бигирад.)

Ва аз қазо ҳамин тавр ҳам шуд. Чанд сол баъд, ҳамин ҷавон, ки ҳама ба ӯ ғибта мехӯрдем, куллан тағйир кард ва на танҳо дарсу баҳсро раҳо кард, ки ҳатто ибодату намозу ҳама чизро вел кард ва кораш шуда буд духтарбозӣ.

* * *

Ин хотира, ки ёдовар шудам, муқаддимае буд барои баёни ин матлаб, ки риояти эътидол, дар ҳамаи корҳо матлуб аст; дар хӯрдану хобидан, дар омезиши ҷинсӣ, дар ҳарф задан, дар ибодот ва куллан дар ҳама чиз, аз ҷумла дар пайкору мубориза, ки баҳсам дар ин ёддошт дар ҳамин хусус аст.

Касе, ки мухолиф ва ба истилоҳ, опозисиюни як режим аст, бояд дар муборизаҳо ва фаъолиятҳояш ҳамеша эътидолро риоят кунад; на зиёдаравӣ ва ифрот кунад ва на сустӣ ва тафрит.

Эътидол дар мубориза яъне ин ки масалан бидонӣ баъзе корҳо ахлоқан муҷоз нест мисли дашному таҳқиру тавҳини мухолифи худ.

Эътидол дар мубориза яъне ин ки дар мавоқеъе бояд сабр пеша кунӣ ва аҷала ва саросема нашавӣ ва гоҳе аслан ҳарф назанӣ, ки ҳарф назадан ва сукут дар мавориде, худаш навъе мубориза аст.

Эътидол дар мубориза яъне ин ки вақте як рафтори дуруст дар мухолифи худ дидӣ, бояд эътироф кунӣ ва бигӯӣ ин кори ӯ кори дуруст ва қобили ситоиш аст. На ин ки чун мухолифи ӯ ҳастӣ, ҳамаи корҳояш пеши ту сиёҳ бошанд ҳатто корҳои хубаш.

Бинобар ин, вақте дидед, касе дар мухолифат ифроту зиёдаравӣ мекунад, агар қобили ислоҳ аст, бояд ӯро ислоҳ кард, аммо агар дидед якрав аст ва қобили ислоҳ нест, набудани ӯ дар саффи мухолифон, беҳтар аз буданаш аст. Зеро зиёдарав, ки зиёдаравиаш реша дар номутавозин будани шахсияти ӯ дорад, рӯзе рӯй ба тафрит меоварад ва дуруст дар муқобили роҳе, ки дар ибтидо паймудааст қарор мегирад ва боиси дарди сари фаровон мегардад. Зеро ӯ номутавозин аст, мӯътадил нест; ё зиёдаравӣ ва ифрот мекунад ё сустӣ ва тафрит.

Дар даҳаи 90-ум дар кишвари худамон, афроде дар саффи опозисиюн буданд, ки бисёр зиёдаравӣ мекарданд ва дигаронро, ки мӯътадил буданд, ба тарсуӣ муттаҳам менамуданд. Ҳамин зиёдаравҳо охири кор аммо, мисли он ҷавоне, ки дар оғози ин ёддошт зикраш гузашт, якдафъа “аз он тараф” сар дароварданд. Якеаш ҳам шоир Бозор Собир (равонаш шод) буд, ки дар мубориза ва интиқод аз низоми кумунистӣ ва кумунистҳо камназир буд ва асосан назир надошт; ба ҳадде, ки касе ҷуръат надошт пеши вай чизе аз хубиҳои даврони кумунизм бигӯяд. Аммо ҳамин ҷаноби Бозор Собир кораш дар охирҳо ба ҷойе расид, ки дигар ҳама медонанд; фикру зикраш шуда буд Ленину Истолин. На танҳо Бозор Собир, балки ҳар касе, ки дар он солҳо, дар мухолифату пайкор ифроту зиёдаравӣ мекард ва ба истилоҳ, дуоташа буд, дидем охири кор оташаш на ин ки кам шуд, ки куллан хомӯш гардид ва “аз он тараф” сар даровард. Дар мавриди инчунин афрод як зарбулмасали форсӣ ҳам ҳаст, ки мегӯяд: “На ба он шӯрӣ ва на ба ин бенамакӣ!”

* * *

Ғараз, баёни ин матлаб аст, ки мо дар фаъолиятҳо ва муборизаҳоямон, ҳамеша ҳадди эътидолро риоя намоем; зиёдаравӣ ва ифрот накунем. Дар мутуни исломӣ дар ин мавзӯъ зиёд пардохта шуда. Асосан, яке аз вежагиҳои уммати мусалмон, ин мӯътадил будани ӯст. Дар ояти 143 сураи Бақара дар бораи уммати исломӣ мефармояд:

وَكَذَلِكَ جَعَلْنَاكُمْ أُمَّةً وَسَطًا لِّتَكُونُواْ شُهَدَاء عَلَى النَّاسِ وَيَكُونَ الرَّسُولُ عَلَيْكُمْ شَهِيدًا

Ва бад-ин гуна шуморо уммате васат (миёна) қарор додем, то бар мардум гувоҳ бошед ва Паёмбар бар шумо гувоҳ бошад…

Уммати “васат” яъне уммати миёна, ки на зиёдаравӣ ва ифрот мекунад ва на сустӣ ва тафрит. Дар тафсири ин оят, бархе муфассирон гуфтаанд, уммати мусалмон на мисли масеҳиён аст, ки ифрот ва зиёдаравӣ карданд ва паёмбари худро Худо донистанд яъне ҳазрати Масеҳ (а)-ро ва на мисли яҳуданд, ки дар дин тафрит карданд ва паёмбарони илоҳиро яке пас аз дигар мекуштанд.

Асосан, аз назари ислом, одами номутавозин – ки кораш ё ифроту зиёдаравӣ аст ё тафриту сустӣ – ҷоҳил дониста шуда, яъне ифроту тафрит аломати ҷаҳлу нодонии инсон унвон шуда. Ҳазрати Алӣ (а) мефармоянд:

تَرَى الْجَاهِلَ إِلَّا مُفْرِطاً أَوْ مُفَرِّطا

Яъне “Инсони нодонро ё ифроткунанда ва зиёдарав мебинӣ ё камкору суст.” (Наҳҷул-балоға, с.479)

Имом Ғаззолӣ (р) ривоятеро аз ҳазрати Паёмбари Акрам (с) дар китоби “Эҳё” нақл мекунад, ки дар бораи ҳадду марзи дӯстӣ ва душманиҳост. Ин ривоятро Имом Тирмизӣ (р) низ дар Сунани худ овардааст; ҳазраташ мефармояд:

أحبب حبيبك هوناما عسى أن يكون بغيضك يوماما، وأبغض بغيضك هوناما عسى أن يكون خبيبك يوماما

Яъне, “Дӯсте, ки мавриди алоқаи туст, дар дӯстӣ бо вай зиёдаравӣ макун, зеро чи басо рӯзе душманат гардад. Ва ҳамчунин, бо душманат ҳам дар душманӣ зиёдаравӣ макун, ки чи басо рӯзе дӯстат гардад.”

Рӯзе ҳазрати Алӣ (а) шахсеро дид, ки чунон иғроқомез ва зиёда аз ҳадд бар зидди душманаш ҳарф мезад, ки ҳазрат ба он шахс фармуд:

إنّما أنتَ كالطّاعن نفسَهُ ليقتُل ردفَهُ

Яъне, “Ту монанди касе ҳастӣ, ки найза дар бадани худ фурӯ мебарад, то дигареро, ки дар канори ӯст бикушад.” (Наҳҷул-балоға, ҳикмати 296)

Ва боз ҳам дар бораи дурӣ аз зиёдаравӣ дар душманӣ мефармояд:

مَن بالغَ في الخصومة أثمَ وَمن قَصّرَ فيها ظَلمَ ولا يستطيعُ أن يَتّقي الله مَن خاصَمَ

Яъне, “Касе, ки дар душманӣ зиёдаравӣ кунад, гуноҳкор аст. Ва он кас, ки дар душманӣ кӯтоҳӣ кунад, ситамкор аст. Ҳар кас, ки бедалел душманӣ кунад, наметавонад ботақво бошад.” (Наҳҷул-балоға, ҳикмати 298)

Дар таърифу тамҷидҳо низ бояд ҳадди эътидолро риоят намуд. Ислом, ситоишро дар ҳадди эътидол маъқул медонад, яъне аз як тараф набояд ифрот кард ва саногӯӣ ба тамаллуқ табдил шавад ва аз тарафи дигар набояд аз рӯи ҳасодат, аз ситоиши касе, ки сазовори он аст чашмпӯшӣ шавад:

الثّناءُ بأكثر من الإستحقاق  مَلَقٌ والتّقصيرُ عَن الإستحقاق عيٌّ أو حَسَدٌ

Яъне, “Сутудан беш аз он чи ки сазовор аст, навъе чоплусӣ аст, ва камтар аз он, дармондагӣ ё ҳасодат аст.” (Наҳҷул-балоға, ҳикмати 347)

%d такие блоггеры, как: