Перейти к содержимому

Вақте Бен Салмон мавриди бетаваҷҷӯҳӣ қарор мегирад (тасовир)

Ҳузури Муҳаммад бен Салмон дар Иҷлоси байналмилалии Гурӯҳи 20 ба далели қатли Ҷамол Хошуқҷӣ, беҳошия набуд, ба тавре, ки ӯ дар ҷараёни гирифтани акси гурӯҳии раҳбарон ва шахсиятҳои барҷаста дар Иҷлоси Гурӯҳи 20 дар Оржонтин, мавриди бетаваҷҷӯҳӣ қарор гирифт ва дар ҳошия буд.

Ба гузоиши Fararu, бо ифтитоҳи Иҷлоси сарони Гурӯҳи 20 дар Буэнус-Ойрес нигоҳҳо мутаваҷҷеҳи ҳузури валиаҳди саудӣ буд ва дурбинҳои аккосон рӯи таъомул ва бархӯрди раҳбарон ва мақомоти ҷаҳон бо ӯ мутамаркиз буданд; касоне, ки аз наҳваи бархӯрди Арабистон бо парвандаи қатли Ҷамол Хошуқҷӣ асабонӣ буданд. Баъд аз гирифтани акс, раҳбарони ҷаҳон ӯро мавриди беэътиноӣ қарор доданд ва ба ҳамин далел валиҳади саудӣ ба суръат бидуни ҳеч сӯҳбате бо ҳеч як аз мақомот, маҳаллро тарк кард.

Ба навиштаи рӯзномаи Алқудсул-арабӣ, ин дар ҳолест, ки Муҳаммад бен Салмон дар аввалин тасвири расмӣ, ки раҳбарони ширкаткунандаро нишон медод, аввалин касе буд, ки маҳалли гирифтани акси раҳбарони ширкаткунанда дар иҷлосро тарк кард.

Танҳо касе, ки бо гармӣ аз Бен Салмон истиқбол кард, Владимир Путин буд, ки бо лабханд ва гушодарӯӣ бо ӯ даст дод. Путин ва Бен Салмон дар ҷараёни нишаст низ дар канори якдигар нишастанд.

Қабл аз ифтитоҳияи Иҷлоси сарони Гурӯҳи 20, Муҳаммад бен Салмон ҳудуди як соат қабл аз ифтитоҳияи расмӣ, мавриди истиқболи раисиҷумҳури Оржонтин қарор гирифт ва раисиҷумҳури Оржонтин қабл аз иҷлос бо ӯ дар бораи шикоятҳо алайҳи ӯ дар хусуси нақзи ҳуқуқи башар ва ҷароими ҷангӣ ва парвандаи Хошуқҷӣ сӯҳбат карда буд.

Ҳамчунин расонаҳо тасовире аз дидори раҳбарони андаке бо ӯ дар иҷлос аз ҷумла Имонуил Мокрун, раисиҷумҳури Фаронсаро мунташир карданд, ки он ҳам дарбардорандаи паёми бисёр ҷиддии Мокрун ба ӯ дар бораи Яман ва Хошуқҷӣ буд.

Ба назар мерасад, дар ҳошияи нишасти Гурӯҳи 20 дар Оржонтин, Муҳаммад бен Салмон лаҳазоти риққатбореро пушти сар гузоштааст.

Ба далели қатли Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори мунтақид дар консулгарии Арабистон дар Истонбул, ағлаб таваҷҷӯҳи расонаӣ бар таҳаррукоти Бен Салмон дар ин нишаст мутамаркиз буд. Дурбинҳои расонаҳо тавонистанд як гуфтугӯи сареҳ байни валиаҳди саудӣ ва Имонуил Мокрун, раисиҷумҳури Фаронсаро сабту забт кунанд. Мокрун дар ҳоле, ки ба чашмони Бен Салмон нигоҳ мекард, бисёр қотеъона ҳарф мезад. Дар муқобили ӯ, Бен Салмон, сарашро такон медод.

Дар ин гуфтугӯ Бен Салмон ба Мокрун гуфта: “Нигарон набош!” Аммо Мокрун посух дод: “Ман нигарон ҳастам.” Дар ҷое дигар, Мокрун мегӯяд: ”Ту ба ҳарфи ман гӯш намедиҳӣ.” Бен Салмон, посух дод: “Албатта гӯш хоҳам дод!”

Бен Салмон дар гӯшаи саффи дуввуми раҳбарон истода буд ва ибтидо бисёр алоқаманд ба даст додан бо раҳбарон буд, аммо аксари мақомот ба рағми ин ки Бен Салмон мехост ба онҳо даст бидиҳад, амо касе ба ӯ таваҷҷӯҳ намекард.

Манобеъи хабарӣ изҳор доштанд, бар асоси протокили танзимшудаи Оржонтин, амдан Бен Салмон дар гӯшаи тасвир қарор дода шуда буд, то бақияи раҳбароне, ки тамоюле ба акс бо ӯ надоранд дар канори ӯ набошанд.

Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, ки мавриди таваҷҷӯҳи расонаҳо буд, комилан нисбат ба Бен Салмон бетаваҷҷӯҳ буд ба рағми ин ки борҳо бо ӯ рӯ дар рӯ шуд ва аз канори ӯ гузашт, аммо ҳеч таваҷҷӯҳе ба ӯ накард ва комилан аломати таъаҷҷубҳо дар замони убури Ардуғон аз канори Бен Салмон ва бетаваҷҷӯҳиаш ба ӯ рӯи сурати Бен Салмон мушаххас буд.

Ҳатто бузургтарин ҳомии Бен Салмон яъне Дунолд Тромп ҳам танҳо ба нигоҳе ба самти ӯ басанда кард ва Бен Салмон низ ба ӯ лабханд зад, аммо Тромп бидуни сӯҳбат бо Бен Салмон рад шуд ва рафт.

Кохи сафед низ дар рӯзи ҷумъа эълом кард, Дунолд Тромп ва Бен Салмон бо ҳам таъоруфоти маъмул доштанд ва ҳеч баҳси ҷиддӣ анҷом надоданд.

Аммо дар талош барои зудудани сояи ҷинояти қатли Хошуқҷӣ ва ҷанги Яман бар Иҷлоси Гурӯҳи 20, Вазорати хориҷаи саудӣ бо интишори тасовире дар Твиттер саъй кард нишон диҳад Бен Салмон дар ин иҷлос мавриди таваҷҷӯҳи мақомот қарор гирифта ва тасовире аз Бен Салмон бо раисиҷумҳури Фаронса дар ҳошияи иҷлосро мунташир кард.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: