Перейти к содержимому

Корномаи сиёҳи Ҷорҷ Буши падар (тасовир)

Ҷорҷ Буши падар, 41-умин раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Омрико, дар синни 94-солагӣ даргузашт.

Хонаводаи Ҷорҷ Буш дар баёнияе эълом карданд, Ҷорҷ Буши падар, 41-умин раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Омрико, дар синни 94-солагӣ даргузашт. Вай аз 20 январи 1989 то 20 январи 1993 ба муддати чаҳор сол раисиҷумҳури Омрико буд.

* * *

Зиндагинома

Ҷорҷ Буш дар 12 июни 1924 ба дунё омад. Вай дар тӯли солҳои 1971 то 1973 дар замони риёсати ҷумҳурии Ричорд Никсун сафири Иёлоти Муттаҳида дар Созмони Милал ва мудири созмони CIA дар солҳои 1976 ва 1977 буд ва қабл аз он дар солҳои 1974 то 1976 сафири Иёлоти Муттаҳида дар Ҷумҳурии халқи Чин буд. Ӯ дар соли 1992 интихоботро ба Бил Клинтун вогузор кард.

Ҳамсари Ҷорҷ Буш, Борборо 17 апрели соли ҷорӣ дар синни 92-солагӣ фавт карда буд. Як сухангӯи хонаводаи Буш гуфт, Ҷорҷ Буш як рӯз баъд аз ташйеъи ҷанозаи ҳамсараш ба далели уфунати хунӣ дар бемористон бистарӣ шуда буд.

Фурӯпошии девори Берлин ва фурӯпошии Шӯравии собиқ аз ҷумлаи аввалин рӯйдодҳое буданд, ки дар оғози риёсати ҷумҳурии ӯ ба вуқӯъ пайвастанд. Ӯ ҳамчунин дастури анҷоми амалиётҳои низомӣ дар Пономо ва халиҷи Форсро содир кард.

Дар соли 1989, баъд аз фурӯпошии девори Берлин, Ҷорҷ Буш бо Михаил Горбачёв, дабири кулли Ҳизби кумунисти Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ дидор кард. Баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ, Буш ва Горбачёв эълом карданд Омрико ва Русия вориди даврони шарокати роҳбурдӣ шудаанд.

Ҷанги халиҷи Форс

Ӯ дар соли 1991 ҳам дар раъси эътилофи байналмилалии муташаккил аз бархе аз кишварҳои арабӣ ба Ироқ ҳамла кард.

Артиши Ироқ 2 августи 1990 ба Кувайт ҳамла ва дар камтар аз ним рӯз ин кишварро ишғол кард. Чанд моҳ баъд, дар 17 январи 1991, Омрико дар раъси эътилофи муташаккил аз 34 кишвар бомбборони мавозеъи ироқиҳоро ҳамзамон дар дохили кишварашон ва Кувайт оғоз кард.

Буш дар солҳои баъд дар мунозираҳои интихоботии соли 1992 яке аз ангезаҳояш барои анҷоми ин амалиёти низомиро ҷилавгирӣ аз тасаллути Саддом бар бахши умдае аз нафти ҷаҳон унвон кард, зеро манобеъи нафтии Бағдод ва Кувайт дар он замон тақрибан баробар буд ва ин ҳарос вуҷуд дошт, ки Саддом бо ишғоли Кувайт, дарсади зиёде аз манобеъи нафти ҷаҳонро ба худ ихтисос бидиҳад.

Дӯстӣ бо Саддом алайҳи Эрон

Буш, алорағми ин, ба гувоҳи асноди мухталиф, ба далели душмании диктотури Ироқ бо Эрон, ба сурати махфиёна сиёсати дӯстӣ бо ӯро иттихоз карда ва ба дунболи беҳбуди равобит бо ӯ баромада буд.

Бил Клинтун дар ҷараёни мунозираҳои интихоботии соли 1992, ин мавзӯъро ба Ҷорҷ Буш ёдовар шуд ва аз ӯ интиқод кард. Ӯ гуфт: “Аммо бигузоред нигоҳе бикунем ба ҷое, ки ба назари ман иштибоҳи воқеӣ иттифоқ афтод. Дар соли 1988 вақте ҷанг байни Эрон ва Ироқ тамом шуд, мо медонистем, ки Саддом ситамгар аст, аммо чун алайҳи Эрон буд, бо ӯ таъомул кардем – душмани душмани ман, мумкин аст дӯсти ман бошад! Бошад, ҷанг тамом шуда; мо медонем ӯ аз гози хардал алайҳи мардуми худаш истифода мекунад… Чандин ниҳоди давлатӣ – чандин ниҳод – иттилооте доштанд мабнӣ бар ин ки вай кӯмакҳои моро ба масорифи низомӣ табдил мекунад ва дар талош барои сохти силоҳҳои куштори ҷамъӣ аст. Аммо дар охирҳои соли 1989, раисиҷумҳур (Буш) сиёсати махфиёнаеро имзо кард, ки мегуфт, мо талош барои беҳбуди равобит бо ӯро идома хоҳем дод; қабл аз ҳамлаи Кувайт ҳам навъе паём барояш фиристодем, ки ҳанӯз ҳам хоҳони равобити беҳтар ҳастем. Бинобар ин, ман фикр мекунам чизе, ки ғалат буд… Ман ҳар чизеро, ки шоистаи таҳсин бошад мегӯям, аммо тақсир (-и давлат) дар мумошот бо Саддом Ҳусайн буд, дар ҳоле, ки далеле барои анҷоми он вуҷуд надошт ва афроде дар радаҳои болои давлати мо медонистанд, ки ӯ қасди анҷоми корҳоеро дорад, ки таҷовузгарона аст.”

* * *

Ҳамла ба Пономо

Ҷорҷ Буши падар аз оғоз барои моҷароҷӯиҳои хориҷӣ беш аз сиёсати дохилӣ арзиш қоил буд. Ӯ дар декабри соли 1989 барои азли Монуил Нуриго, ки замоне муттаҳиди Омрико буд ва бо кудетои CIA рӯи кор омада буд, дастури ҳамла ба Пономоро содир кард. Ин ҳамла, ки чаҳор рӯз ба тӯл анҷомид, ба кушта шудани садҳо нафар мунҷар шуд ва тавассути Маҷмаъи умумии Созмони Милал маҳкум шуд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: