Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (343)

Қиссаи он кас, ки дари ёре бикӯфт, аз дарун гуфт: кист он? Гуфт: манам. Гуфт: чун ту туӣ, дар намегушоям, ҳеч касро аз ёрон намешиносам, ки ӯ “ман” бошад, бирав. (1)

* * *

Хулосаи достон

Шахсе омад ва дари хонаи маъшуқи худро зад. Маъшуқ аз даруни хона пурсид: кистӣ? Гуфт: манам. Маъшуқ гуфт: бозгард! Зеро ҳанӯз ту хомӣ ва дам аз “ман” мезанӣ ва муддаии ошиқӣ ҳам ҳастӣ. Он шахс бозгашт ва як сол дар фироқи ёр, шаҳру диёри худро раҳо кард ва рафт. Пас аз як сол, ба дари хонаи маъшуқ омад ва дар зад. Маъшуқ аз даруни хона пурсид: кистӣ? Гуфт: он касе, ки акнун пушти дар истода низ ту ҳастӣ? Маъшуқ гуфт: акнун, ки ту “ман” ҳастӣ, даруни хона о. Оё медонӣ, чаро соли пеш туро ба хона роҳ надодам? Барои ин ки ду “ман” дар як хона нагунҷад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.889)

* * *

Маъхази ин достон ҳикояте аст, ки Ҷоҳиз дар “Китобул-ҳайвон”, ҷ.1, с.165 овардааст. Ва бахше аз он дар “Рабиъул-аброр” низ омадааст. Шайх Аттор ҳам ин қиссаро дар “Мусибатнома” овардааст. (Маъзахи қисас ва тамсилоти Маснавӣ, с.30)

* * *

Мавлоно дар ин ҳикоят низ мехоҳад ба соликони кӯйи Худо бигӯяд, ки то он гоҳ, ки вуҷуди мавҳуму маҷозӣ боқист ва ҳанӯз каманди иноният аз дасту пойи солик густаста нашуда, наметавон ба ҳақиқати мутлақ восил гардад. Бояд таъайюноти “ман”-у “мо”-ро канор гузошт ва бар ҳамаи олам “чор такбир” зад, то кӯйи ҳазрати Маъшуқро ёфт. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.890)

* * *

Он яке омад дари ёре бизад,

Гуфт ёраш: кистӣ, эй мӯътамад?

Гуфт: ман. Гуфташ: бирав, ҳангом нест,

Бар чунин хоне мақоми хом нест.

Шахсе омад ва дари хонаи дӯсташро зад. Дӯсташ аз андаруни хона пурсид: эй мавриди эътимод! Ту кистӣ? Он шахс, ки дари хонаро зада буд гуфт: манам. Соҳибхона ҷавоб дод: бирав, инак вақташ нест, ва шахси хоме ҳамчун ту сазовори ин хон нест.

Мӯътаамад: касе, ки мавриди эътимод бошад.

Хомро ҷуз оташи ҳаҷру фироқ

Кай пазад? Кай вораҳонад аз нифоқ?

Оё шахси хомро ба ҷуз оташи фироқу ҳиҷрон, чизи дигаре мепазад? Ва оё чизе ҷуз оташи фироқу ҳиҷрон метавонад ӯро аз банди нифоқҳо раҳо созад? Мусалламан на.

Рафт он мискину соле дар сафар,

Дар фироқи дӯст сӯзид аз шарар.

Он бечора рафт ва як соли тамом дар оташи фироқи ёр сӯхт.

Шарар: ахгари оташ, ки ба ҳаво меҷаҳад.

Пухта шуд он сӯхта, пас бозгашт,

Боз гирди хонаи анбоз гашт.

Он хом пас аз ин муддат, пухтагӣ ҳосил кард ва дубора давру бари хонаи ёр гашт.

Ҳалқа зад бар дар ба сад тарсу адаб,

То бинаҷҳад беадаб лафзе зи лаб.

Ин бор бо бими фаровон ва дар камоли адаб дарро зад, мабод, ки ҳарфе номаъқулу дур аз адаб аз даҳонаш хориҷ шавад.

Бонг зад ёраш, ки бар дар кист он?

Гуфт: бар дар ҳам туӣ, эй дилситон!

Ёр аз даруни хона фарёд зад: кистӣ? Кист, ки дар мезанад? Гуфт: эй дилбар! Он ки пушти дар истода ва ҳалқаи дарро мезанад низ худи туӣ.

Гуфт: акнун чун манӣ, эй ман даро,

Нест гунҷое ду манро дар саро.

Ёр гуфт: акнун, чун “ман” ҳастӣ, дохил шав. Яъне аз он ҷиҳат, ки даст аз хештани хеш шустаӣ ва вуҷуди худро дар вуҷуди ман фонӣ сохтаӣ, биё даруни саро, зеро дар як хона, ду “ман” намегунҷад.

Нукта: Дар хонаи вуҷуд ва саройи ҳастӣ низ дугонагӣ нест, балки як вуҷуди воҳид сориву ҷорӣ аст ва касрату касарот вуҷуди ҳақиқӣ надоранд, балки бояд соқит шаванд, ки тавҳид ба маънии исқоти изофот аст. Дар ин абёт низ Мавлоно мабҳаси фанои банда дар ҳастии Ҳақро идома медиҳад ва дар абёти баъдӣ мисолҳое меоварад, то зеҳнҳо ин нуктаҳои зарифро дарёбанд. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.891-892)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: