Перейти к содержимому

40 дарсади осори Ибни Сино ҳанӯз чоп нашуда

Ғуломризо Аъвонӣ, раиси Анҷумани ҳикмат ва фалсафаи Эрон, дар ҳамоиши бузургдошти Ибни Сино, ки дар Ҳамадони Эрон баргузор шуд, гуфт: “40 дарсади осори Ибни Сино ҳанӯз чоп нашуда ва ба сурати нусхаҳои хаттӣ аст, ва ин мояи хиҷолат ва шармандагӣ барои мо эрониён аст.”

Ба гузориши хабаргузории Меҳр, ҳамоиши бузургдошти “Ибни Сино; ҳакими ҳазораҳо” ба муносибати рӯзи ҷаҳонии фалсафа, дар канори оромгоҳи Шайхурраис дар Ҳамадони Эрон баргузор шуд.

Дар ин ҳамоиши илмӣ, ки бо ҳузури алоқамандон ба вежа устодони донишгоҳҳо, муаллимон ва донишҷӯён ҳамроҳ буд, Ғуломризо Аъвонӣ, раиси Анҷумани ҳикмат ва фалсафаи Эрон, ба зикру тавзеҳи мавориде аз тавфиқ байни ақлу ваҳй дар рисолаҳои Ибни Сино пардохт ва дар ташреҳи аввалин мавриди он гуфт: “Аз нахустин касоне, ки дар садади тавфиқ байни ақлу ваҳй дар ҷаҳони ислом баромадааст, ҳуҷҷатулҳақ Абӯалӣ Синост. Ӯ аввалин файласуфи ҷаҳони ислом аст, ки масъалаи иртибот байни ақлу ваҳйро аз дидгоҳи фалсафӣ мавриди табйин қарор додааст ва файласуфони баъдӣ дар ислом, роҳи ӯро идома додаанд.”

Вай афзуд: “Ҳамчунин бисёре аз файласуфони қуруни вусто чун Олберти Кабир ва қиддис Тумос Оквинӣ роҳи ӯро идома додаанд. Ибни Рушд арастуии маҳз буд ва дар шарҳҳои ӯ бар Арасту, аслан масъалаи ваҳй ҷойгоҳе надорад. Ҳамин амр боис шуд, ки дар Ғарб назарияи ҳақиқати музоъафро ба Ибни Рушд нисбат диҳанд. Аммо баръакси он, Ибни Синост, ки ба қавли Жилсун, назариёти ӯ бо назариёти Угустин талфиқ шуд ва мактабе ба номи мактаби угустинӣ-ибни синоӣ ба вуҷуд омад.”

Раиси Анҷумани ҳикмат ва фалсафаи Эрон сипас дар бораи бархе аз навовариҳои Ибни Сино дар илми илоҳӣ, ки мӯҷиби татбиқи ақлу ваҳй аст, гуфт: “Бӯалӣ нахустин касе буд, ки илми илоҳиёт ба маънои оммро, ки дар Ғарб ба ҳастишиносӣ, ки мавзӯи он “мавҷуд аз он назар, ки мавҷуд аст” мебошад, таъсис кард. Навоварии дигари Ибни Сино дар ин бора ин буд, ки илоҳиёти ба маънои хоссро, ки Худошиносии фалсафӣ аст, аз илоҳиёт ба маънои омм ҷудо кард.”

Дуктур Аъвонӣ изофа кард: “Бӯалӣ Сино нахустин касе дар таърихи фалсафа аст, ки бар хилофи Арасту — ки дар назари ӯ, асоси мобаъдуттабиа мақулоти даҳгона ва ҷавҳару аърози нӯҳгона аст — асоси мобаъдуттабиаро вуҷуду моҳият, ки имрӯз барои мо амре бадеҳӣ менамояд, қарор дод.”

Иқомаи бурҳони вуҷубу имкон, яъне Худованд ба маънои воҷибулвуҷуд ва олам ба маънии мумкинулвуҷуд аст, ҳикматул-машрқийин, таъсиси илми фаришташиносӣ бар мабнои маротиби тӯлии ъуқул ва нуфуси фалакӣ, асос қарор додани номус ё илми шариат ва фаръ донистани сиёсати маданӣ нисбат ба он ва баёни маротиби ақл, аз дигар ибтикорот ва навовариҳои Ибни Сино буд, ки дуктур Аъвонӣ дар суханронии худ дар бораи онҳо сӯҳбат кард.

Вай дар поён гуфт: “Афсӯс ва ҳасрат мехӯрем, ки нисбат ба ин файласуфи бузурги ҷаҳони ислом камтаваҷҷӯҳӣ мешавад. Ва ҳанӯз китобе, ки битавонад шаъну мақом ва шоҳкори Ибни Синоро дар таърихи фалсафа баён кунад, мунташир нашудааст.”

Аъвонӣ ҳамчунин бо ишора ба ин ки 40 дарсади осори Ибни Сино ҳанӯз чоп нашуда ва ба сурати нусхаҳои хаттӣ аст, гуфт: “Албатта сарфи назар аз ин ки бисёре аз осори Ибни Сино аз байн рафта, чоп нашудани осори Ибни Сино мояи хиҷолат ва шармандагӣ барои мо эрониён аст.”

* * *

Тарбияти кӯдак дар Қонуни Бӯалӣ

Дуктур Наҷафқулии Ҳабибӣ, дигар суханрони ин ҳамоиш буд, ки мақолаи худро бо унвони “Тарбияти кӯдак дар Қонун” ироа кард. Ӯ, ки солҳост бар рӯи тасҳеҳи интиқодии китоби Қонуни Ибни Сино тамаркуз дорад ва китоби аввали он ба тозагӣ ба чоп расидааст, масъалаи тарбиятро аз вуҷуҳи муҳимми пизишкии Ибни Сино зикр кард ва гуфт: “Дар Қонун ба тарбияти кӯдак аз оғози таваллуд ишора мешавад ва то 14-солагӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад.”

Вай, зимни ишора ба таъсиргузории мусбати варзиш ва мусиқии латиф дар тарбият ишора кард ва гуфт: “Дар Қонуни Ибни Сино ба ҳаракати баданӣ ба сурати варзиш барои парвариши ҷисми кӯдак ва мусиқӣ барои парвариши руҳи кӯдак таъкид шудааст.”

Вай, бар асоси омӯзаҳои Қонун тағзияи кӯдак аз шири модарро дар тарбияти ибтидоии кӯдак бисёр муҳим хонд ва гуфт: “Ибни Сино дар Қонун мегӯяд, набояд дар муқобили кӯдак чизе қарор дод, то ӯ бихоҳад; чун агар хост ва надиҳед асабонӣ мешавад ва аз кӯдакӣ асабонӣ бор меояд. Ин кор дар ахлоқу рафтори кӯдак асари мухаррибе дошта ва бадахлоқ бузург мешавад.”

* * *

Бархе осори ирфонии Ибни Сино рамзӣ ва тамсилӣ аст

Дар идома, дуктур Фотима Фано, нависандаи “Мадхали Ибни Синои Донишномаи ҷаҳони ислом”, мақолаи худро бо унвони “Саломон ва Абсол” ироа кард.

Вай, зимни ишора ба осори мутаъаддиди Ибни Сино дар заминаи ирфонӣ гуфт: “Бархе осори ирфонии Ибни Сино дар қолаби рамзӣ ва тамсилӣ ҳастанд. Аз ҷумлаи ин осор қиссаи Саломон ва Абсол аст, ки дар ибтидои намати нӯҳуми “Ишорот” омадааст.”

Дуктур Фано, бо таъкид бар ин мавзӯъ, ки қиссаи Саломон ва Абсол асари худи Ибни Сино буда ва сипас аз вай мафқуд шуда, гуфт: “Ба назар мерасад, ки Хоҷа Насир нахустин касе аст, ки дар шарҳи Ишороти худ ба ҷустуҷӯи рисолаи Саломон ва Абсоли Ибни Сино бармеояд, то ба гуфтаи Шайх, ба рамзгушоии он бипардозад.”

Вай, дар суханронии худ зимни баррасии далелҳо ва шоҳидҳои сиҳҳати интисоби рисолаи “Саломон ва Абсол” ба Ибни Сино, гузаре иҷмолӣ ба муҳтавои достон зад ва мухтасаран ба баррасии нукоти таъвилии Хоҷа Насир дар тафсири он ишора кард.

Ин устоди донишгоҳ дар канори ин мабоҳис ишорае низ ба рисолаи дигаре бо ҳамин ном кард ва гуфт: “Шубҳаҳои бисёре дар хусуси асолати он ва дар интисоби тарҷумаи арабии он ба Ибни Исҳоқ матраҳ аст; чунонки Хоҷа Насир дар шарҳи Ишорот фармуда ҷуз рисолае муҷъул ба қалам ва нигориши бархе авомми ҳукамо набуда ва муносибат ва мутобиқате бо мақсуд ва маънои сухани Ибни Сино надорад.”

* * *

Инсоншиносӣ дар осори ирфонии Бӯалӣ

Фаришта Надриабёна, устодёри гурӯҳи илоҳиёти Донишгоҳи Бӯалӣ Сино низ дар мақолаи худ бо унвони “Инсоншиносӣ аз дидгоҳи Ибни Сино” гуфт: “Илмуннафс ба шакли имрӯзӣ ва мустақил матраҳ набудааст, аммо Ибни Сино ба табаъи арастуиён дар табииёт ва илоҳиёт ба масъалаи нафс пардохта ва дар осори ирфонӣ ба шакли васеътар ба тарҳи мабоҳиси инсоншиносӣ мепардозад.”

Вай афзуд: “Таърифи нафс, маротиб ва қувваҳои он, иртиботи нафсшиносӣ бо масъалаи маъод, ваҳдати нафс, ҳудуси он ва бақои он пас аз муфориқат аз бадан, аз дидгоҳи Ибни Сино матраҳ шуда. Робитаи он бо саодати ухровӣ, монеъаҳои дастёбӣ ба саодат низ, аз масоили матраҳшуда дар ин мавзӯъ аст, ки ба истинод ба осори Ибни Сино чун Ишорот, Таҳсилус-саъода, рисолаи Узҳавийя, метавон назари Бӯалиро ба даст овард.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: