Перейти к содержимому

Ислом ва талаботи замона (27)

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Ҷабри замон ва масъалаи адолат

لَقَدْ أَرْسَلْنَا رُسُلَنَا بِالْبَيِّنَاتِ وَأَنزَلْنَا مَعَهُمُ الْكِتَابَ وَالْمِيزَانَ لِيَقُومَ النَّاسُ بِالْقِسْطِ

(Сураи Ҳадид, ояти 25) “Тамоми пайғамбаронро фиристодем барои ин ки дар миёни мардум адолати иҷтимоӣ пайдо бишавад…

Имшаб мавзӯи дигареро, ки марбут ба муқтазаёти замон аст унвон мекунам. Ин баҳс, ки навъе тафсир аз таърих аст, баҳси муҳимме аст ва дар дунёи имрӯз аҳаммияти зиёде дорад.

Яке аз калимоте, ки ҳатман зиёд ба гӯши шумо хӯрдааст ва дар навиштаҳо ва китобҳо зиёд дидаед, калимаи “ҷабри замон” аст. Мақсуд аз ҷабри замон ин аст, ки иллатҳое, ки дар замон пайдо мешавад, ҳаводисе, ки рух медиҳад, рӯйи иҷбор аст ва бояд рух бидиҳад, тахаллуфнопазир аст. Оё ҷабри замон ҳарфи дурусте аст ё на?

Ҷабри замонро ду гуна мешавад тафсир кард. Як гунаи он дуруст аст ва гунаи дигар нодуруст. Аммо он ки дуруст аст:

* * *

Мафҳуми дурусти ҷабри замон

Ҷабри замон як мафҳуми бисёр куллии фалсафӣ дорад ба ин маънӣ, ки ҳар ҳодисае, ки дар олам рух медиҳад (на фақат дар хусуси иҷтимоъи инсонӣ) тибқи як ҳаводисе аст, ки он ҳаводис тахаллуфнопазир аст. Яъне ҳар ҳодисае дар ин дунё иллат дорад ва бидуни иллат ба вуҷуд намеояд. Оё мешавад дар дунё ҳодисае ба вуҷуд биёяд, ки иллат надошта бошад? На. Ин аз маҳолоти ақлӣ аст, ки ҳодисае бидуни иллат ба вуҷуд биёяд. Инро ҳар файласуфе, хоҳ моддӣ ва хоҳ илоҳӣ пазируфтааст. Мо худамон исботи сонеъро аз ҳамин роҳ мекунем; мегӯем, ҳаводисе дар дунё ба вуҷуд меояд, ки набудааст ва иллат мехоҳад ва дар олами ҳастӣ бояд ҳақиқате вуҷуд дошта бошад, ки он ҳақиқат, “ҳодис” ва “ҳодиса” (падидомада) набошад. Қонуни иллату маълул ба дунболи худ зарурату иҷтинобнопазирӣ ба вуҷуд меоварад. Аз ҷумлаи хоссиятҳои қонуни иллату маълул, иҷтинобнопазирӣ аст. Чӣ тавр?

Ҳар ҳодисае агар иллаташ вуҷуд дошта бошад, маҳол аст, ки вуҷуд пайдо накунад, ва агар иллаташ вуҷуд надошта бошад, маҳол аст, ки вуҷуд пайдо кунад. Ҳукамои қадим қоъидае доранд; мегӯянд:

الممكنُ محفوفٌ بالضرورتين وبالامتناعين

Ҳоло ҳамаи ин ҷумларо намехоҳам тафсир кунам. Иҷмоли як қисмат аз ин ҷумла ҳамин аст, ки ҳар ҳодисае дар зоти худаш мумкинулвуҷуд аст, ё ду зарурат онро фаро гирифтааст ё ду имтиноъ. Агар вуҷуд пайдо кунад, дар вақте аст, ки ду зарурат яъне ду иҷтинобнопазирӣ онро иҳота кардааст, ва агар вуҷуд пайдо накунад, дар вақте аст, ки ду имтиноъ (ношуданӣ) онро иҳота кардааст. Ин зарурат ва иҷтинобнопазирӣ ҳатман вақтро ҳам таъйин мекунад (ба истилоҳ, зарурати вақтӣ), яъне ҳар ҳодисае дар замоне, ки вуҷуд пайдо мекунад, бояд дар ҳамон замон вуҷуд пайдо кунад ва маҳол аст, ки дар замони дигар вуҷуд пайдо кунад, маҳол аст, ки як лаҳза аз замоне, ки бояд вуҷуд пайдо кунад ҷилав ё ақиб биафтад. Ҳар ҳодисае замони махсус ба худ дорад, имкони ин ки як лаҳза аз замони худаш ҷилав ё ақиб биафтад вуҷуд надорад, чунонки мегӯянд:

الأمور مرهونةٌ بأوقاتها

Умур, ашё дар гарави замони худашон ҳастанд.”

Қуръони Карим роҷеъ ба фаро расидани мӯҳлати умматҳо мефармояд:

فَإِذَا جَاء أَجَلُهُمْ لاَ يَسْتَأْخِرُونَ سَاعَةً وَلاَ يَسْتَقْدِمُونَ

(Сураи Аъроф, ояти 34) Он гоҳ, ки муддати инҳо ба поён мерасад, на соате аз он вақт ақиб меафтанд ва на соате ҷилав. Роҷеъ ба ин ки суннате, ки дар ин олам ҳаст тахаллуфнопазир аст, дар оятҳои Қуръони Карим назири таъбири “суннатуллоҳ” ва дар баъзе ҷоҳо айни ин таъбир ҳаст:

فَلَن تَجِدَ لِسُنَّتِ اللَّهِ تَبْدِيلًا وَلَن تَجِدَ لِسُنَّتِ اللَّهِ تَحْوِيلًا

(Сураи Фотир, ояти 43) Суннати Худо на тағйирпазир аст ва на таҳаввулпазир. Масалан, шумо дар ҷилави чашми худатон мебинед як барги дарахт ҳаракат кард. Мебинед, аввалан ҳаракат кард, сониян дар як лаҳзаи муайян ҳаракат кард, яъне алъон, ки шумо нигоҳ мекунед соати 12 рӯзи 20-уми деймоҳи 1345, дақиқаи фалон, сонияи фалон мебошад. Маҳол будааст, ки ин барг дар ин лаҳза ҳаракат накунад ва маҳол будааст, ки дар ғайри ин лаҳза ҳамин ҳаракатро анҷом бидиҳад. Ҳаракати ин барг маълули як бод аст ва вақте, ки ин бод биёяд, маҳол аст, ки ин барг тағйири вазъ надиҳад. Ҳаракати он бод ба навбаи худаш маълули иллати дигаре аст, ки бо пайдоиши он иллат, мумкин набуд, ки он бод ҳаракат накунад. Масалан, дар ҷавв (фазо), ҳавои гарму ҳавои сард ҷояшонро иваз карданд ё қисмате аз ҳавои поин гарм шуд ва ба муқтазои ин ки ҳарорат ба ҳар чиз, ки мерасад онро мунбасит мекунад, ҳаво инбисот пайдо мекунад ва сабуктар мешавад, ва ҳавои мофавқ сард аст ва сангинтар, ҳавои сангин ба поин фишор меоварад, ҳавои сабук ба боло фишор меоварад, мавҷе пайдо мешавад, бод падид меояд. Боз он гарм шудани қисмате аз ҳаво маълули иллате аст, масалан расидани нури хуршед ба як нуқтаи муайян, ва он ҳам маълули иллати дигаре аст ва ҳамин тавр… Маҳол будааст, ки ин барг дар он замон ҳаракат накунад камо ин ки маҳол будааст, ки ин ҳаракат дар ғайри замони худаш сурат бигирад, чун ин кор дар вақте анҷом мешавад, ки иллаташ пайдо шуда бошад ва иллаташ ҳам дар вақте пайдо мешавад, ки иллати худаш пайдо шуда бошад.

Аз назари қонуни фалсафӣ ин матлаб яъне ҷабри замон ва ба истилоҳи фалосифа “зарурати вақтӣ”, ки ҳар чизе дар вақти худаш зарурат дорад ва дар ғайри вақти худаш имтиноъ дорад, матлаби дурусте аст. Мо хеле аз матолибро ба ҳасби тасаввур ва фарзи худамон мегӯем, чун ҳисоби олам дар дасти мо нест. Аммо агар ҳисоби олам дар дасти мо бошад, ба ақли худамон механдем ва масалан намегӯем чӣ монеъе дошт, ки ман дар замони Саъдӣ мебудам ва Саъдӣ дар замони ман. Дар фикри аввалии инсон ҳеч айбе надорад. Ҳамин тавр, ки акнун, ки ду нафар ин ҷо нишастаанд, яке дар шарқи масҷид ва дигаре дар ғарби масҷид, мумкин аст бигӯем чӣ айб дошт, ки ӯ дар ғарби масҷид нишаста буд ва ин дар шарқи масҷид? Дар замон ҳам тасаввурот меояд: чӣ монеъе дошт, ки ман дар замони Саъдӣ мебудам ва Саъдӣ дар замони ман. Аммо агар касе ба ҳисобҳои дақиқи фалсафӣ ворид бишавад, мебинад ин амр ҷузъи маҳолот аст ва мисли ин аст, ки касе бигӯяд дар ададҳо — ки аз 1 шурӯъ мешавад ва то бениҳоят пеш меравад — чӣ монеъе дошт, ки адади 3 ба ҷойи адади 7 мебуд ва адади 7 ба ҷойи адади 3. Инсон мебинад ин фикр маъқул нест. Адади 3 вақте адади 3 аст, ки дар ҳамин ҷойе, ки ҳаст яъне байни 2 ва 4 бошад. Агар адади 3 биёяд байни 6 ва 8 қарор бигирад, дигар адади 3 нест, ҳамон адади 7 аст. Адади 7 ҳам агар биёяд байни 2 ва 4 қарор бигирад, дигар адади 7 нест, ҳамон адади 3 аст, яъне намешавад зоташ маҳфуз бошад ва ҷояш иваз бишавад. Агар ҷояш иваз бишавад, дигар зоташ ҳам он зот нест. Ин як баҳси фалсафӣ аст, ки ман чора надоштам ва маҷбур будам, ки дар ин ҷо унвон кунам.

Ба ин маънӣ ва мафҳум, агар касе бигӯяд “ҷабри замон”, ҳарфи дурусте аст. Вале инҳое, ки мегӯянд “ҷабри замон” мафҳуми дигаре аз ин таъбир дар назар доранд ва он мафҳум ғалат аст. Чунон ҷабри замоне мо надорем. Он чист?

* * *

Мафҳуми ғалати ҷабри замон ва радди он

Афроде будаанд дар дунё, ки ҳам роҷеъ ба ҷаҳон моддӣ фикр мекардаанд ва ҳам роҷеъ ба инсон. Яъне барои ҷаҳони модда мабдае ғайри моддӣ қоил набудаанд ва тамоми ин дунё дар назари онҳо як мошин бештар набудааст, ва низ инсонро ахлоқан як мавҷуди моддӣ медониста ва медонанд, ба ин маънӣ, ки муҳаррики инсон дар тамоми корҳое, ки анҷом медиҳад, ҳадафҳои моддӣ аст, яъне инсон ҳар кореро ба ҳар сурате, ки анҷом медиҳад, аз анҷоми он як ҳадафи моддӣ дорад ва мехоҳад бо анҷоми он маъоши худашро таъмин кунад.

Баъзе аз корҳое, ки инсонҳо анҷом медиҳанд хеле возеҳ аст, ки ҷанбаи моддӣ дорад. Кишоварзе, ки дар саҳро заминро шахм мезанад, базр мекорад ва баъд, ки маҳсул рӯид, онро дарав мекунад, хирман мекунад, мекӯбад ва тасфия мекунад, агар аз ӯ бипурсед чаро ин корро мекунӣ? Мегӯяд, чаро надорад, ман одам ҳастам, зану бачча дорам, эҳтиёҷ ба нон дорам; ман зироат мекунам, ки нони солро дарбиёварам. Ҳамчунин он коргаре, ки кор мекунад ва музд мегирад, агар аз ӯ бипурсед чаро коргарӣ мекунӣ? Мегӯяд, барои ин ки мехоҳам музд бигирам. Чаро мехоҳӣ музд бигирӣ? Ман бояд пул дошта бошам, то битавонам эҳтиёҷоти зиндагии худамро рафъ кунам. Ин корҳои инсон корҳои моддӣ аст.

Вале як силсила корҳои дигаре ҳам инсон дорад, ки ин қадр возеҳ нест, ки чаро он корҳоро анҷом медиҳад. Мисли ин ки инсон таҳсили илм мекунад, ҳоло ё ба мадраса меравад ва ё дар хона китоб мутолеа мекунад. Шумо аз ин кор чӣ ҳадафе доред? Дар ин ҷо мумкин аст касе бигӯяд ман ҳадафе надорам, мехоҳам бифаҳмам дар ин китоб чӣ навишта шудааст. Китоби таърих аст, мехоҳам бибинам дар гузашта дар дунё чӣ вақойеъе рух додааст. Агар бигӯянд, ин кор чӣ фоидае ба ҳоли ту дорад? Мегӯяд, фоидааш ин аст, ки мефаҳмам. Магар ҳамаи корҳо бояд пуле ба ҷайби одам бибарад?!

* * *

Чанд ҳикоят

Мегӯянд Абӯрайҳони Берунӣ дар пуштикор доштан дар таҳсили илм, аҷиб будааст. Бисёр марди донишманде буда. Аз ҷумлаи навобиғи башарият аст ва марди бисёр мусалмону мутадайине ҳам ҳаст. Абӯрайҳон мариз буд ба он маразе, ки аз дунё рафт. Дар ҳоли эҳтизор буд. Ҳамсояе дошт, ки аз фуқаҳо буд. Вақте дид, ки Абӯрайҳон мариз аст, ба иёдати ӯ рафт. Абӯрайҳон дар бистар афтода буд, вале ҳушаш баҷо буд. То чашмаш ба он фақеҳ афтод, як масъалаи фиқҳиро дар боби ирс аз ӯ суол кард. (Абӯрайҳон дар фиқҳ тахассусе надошта ва дар риёзиёт ва ҷомеашиносӣ ва фалсафа тахассус дошта ва низ мунаҷҷими фавқулъодае будааст). Марди фақеҳ аз ӯ суол кард, ки дар ин мавқеият чӣ вақти масъала пурсидан аст?! Абӯрайҳон гуфт: ман медонам, ки дар ҳоли эҳтизорам, вале оё бимирам ва бидонам беҳтар аст ё бимирам ва надонам? Билохира хоҳам мурд, пас бидонам ва бимирам беҳтар аст. (Худи дониш барои инсон як камол аст.) Он фақеҳ ҷавоби он масъаларо дод ва мегӯяд: ҳанӯз ба хонаи худ нарасида будам, ки садои гиряву нола аз манзили Абӯрайҳон бархост, гуфтанд, Абӯрайҳон вафот кард.

Инсон дунболи таҳсил, ки меравад, барои чӣ меравад? Албатта ин қабул аст, ки баъзе авқот, ки инсон дунболи таҳсили илм меравад, илмро муқаддимаи умури моддӣ қарор медиҳад. Дар асри мо агар ба касе бигӯянд чаро дарс мехонӣ, чаро ба донишгоҳ меравӣ, мегӯяд барои ин ки муҳандис башавам, моҳе чаҳор-панҷ ҳазор тумон даромад дошта бошам, ё мегӯяд мехоҳам табиб башавам, моҳе фалон миқдор даромад дошта бошам. Вале оё башар ҳамеша ин гуна аст, ки илмро василаи моддиёт қарор медиҳад? Ё на, дар башар ҳолати дигаре ҳам ҳаст, ки лоақал гоҳе илмро ба хотири худи илм мехоҳад. Ҳамин тавр аст, барои ин ки иттифоқан уламои воқеӣ яъне уламое, ки илмро дар дунё пеш бурдаанд, ҳамонҳое ҳастанд, ки илмро барои илм хостаанд, на илмро барои моддиёт, зеро инҳо касоне ҳастанд, ки ҳазорон маҳрумиятро таҳаммул кардаанд, то тавонистаанд ба ин ҳадд аз илм бирасанд.

Дуто қисса ҳаст, яке марбут ба марҳум Сайид Ҳуҷҷатулислом, ки аз уламои исломӣ аст ва дигаре марбут ба Постур. Барои ҳар ду ин қазияро мушобеҳи якдигар нақл кардаанд. Мегӯянд, шаби зифофи Сайид Ҳуҷҷатулислом буд. Арӯсро оварда буданд. Занҳо ҳам ба дунболи ӯ омада буданд ва он ташрифоте, ки занҳо доранд. Сайид бо худ гуфт, ҳоло, ки занҳо дар утоқ ҳастанд ва пеши ҳам мебошанд, фурсате аст барои мутолеа. Ба китобхона рафт ва машғули мутолеа шуд. Ончунон саргарми мутолеа шуд, ки ёдаш рафт, ки шаби зифофаш аст. Занҳо аз утоқи арӯс рафтанд ва арӯс танҳо монд, то домод биёяд. Арӯси бечора ҳамин тавр мунтазир нишаста буд ва ба қавли маъруф самоқ мемакид. Домод ҳам наёмад. Сайид як вақт дид садои Аллоҳу Акбар баланд аст. Ба худ омад, фаҳмид, ки шаби арӯсӣ аст. Омад паҳлӯи арӯс ва аз ӯ маъзарат хост, гуфт, ман ғафлат кардам, он қадр саргарми мутолеа будам, ки ёдам рафт имшаб шаби арӯсӣ аст.

Дар бораи Постур ҳам айни ҳамин қазияро нақл мекунанд, ки ӯ ҳам шаби арӯсиаш ҳамин тавр саргарми мутолеот ва таҷрибиёти худаш буд то субҳ шуд. Дар таърих менависанд мукаррар иттифоқ меафтод, ки ӯ дар рӯзҳои якшанбе, ки таътил буд, бо занаш қарор мегузошт, ки ба калисо ё ба тафреҳ бираванд. Баъд то занаш мехост худашро омода кунад, бо худ мегуфт, хуб аст як саре ба лоборотур бизанам. Ғуруб мешуд ва ӯ ҳанӯз дар лоборотур буд.

Касоне илмро пеш бурдаанд, ки ин тавр шефтаи илм будаанд. Агар ҳамаи афроди башар илмро барои нон мехостанд, аслан илм ин қадр пешравӣ намекард.

Бӯалӣ Сино вазир буд. Барояш сиъоят (хабарчинӣ) карданд, мағзуб шуд. Рафт махфӣ шуд. Дар ҳамон махфигоҳ фурсати хубе барояш пайдо шуд. Шурӯъ кард ба таълифи китоб. Иддае аз шогирдон маҳрамона меомаданд ва ӯ ҳамин китобҳои маъруф монанди “Шифо”-ро дар ҳамон махфигоҳ илқо мекарда ва онҳо менавиштаанд. Дар ҳамин байн рафъи суитафоҳум шуд ва эълом карданд, ки Бӯалӣ ҳар ҷо ҳаст, берун биёяд ва сари мақоми худаш ҳозир шавад. Бӯалӣ берун наёмад, гуфт, барои ман ҳамин махфигоҳ ва ҳамин саргармӣ хеле аз вазорат беҳтар аст. Дид, агар биёяд, берун маҷбураш мекунанд, ки дуввуммартиба кори вазоратро ба ӯҳда бигирад. Аз ин рӯ аз берун омадан худдорӣ мекард. Як идда навкар дошт, ки инҳо аз мақоми вазорати ӯ баҳраманд буданд, исрор карданд берун биёяд. Худдорӣ мекард. Билохира ҳамонҳо махфигоҳи ӯро нишон доданд ва Бӯалиро ба зӯр аз он ҷо берун оварданд.

Башар, ғайр аз таҳсили илм корҳои дигаре дорад, ки ҳадаф аз онҳо моддиёт нест, чунонки як силсила корҳои ахлоқӣ анҷом медиҳад, дар корҳои хайр ва муассисоти хайрия ворид мешавад. Ҳадафи инсон аз ширкат дар корҳои хайр чист? Оё онҳоро барои нони худаш анҷом медиҳад ё на? Инҳо мегӯянд на. Инсон як корҳоеро барои ҷамолу зебоӣ мекунад: худрави хеле хубу олӣ дорад, баъд мудели ҷадидтаре меояд, худрави қаблро ба як қимати нозиле мефурӯшад ва худрави ҷадидро ба қимати гаронтаре мехарад, чун зеботар аст. Инсон ибодат мекунад ва аз ибодати худаш лаззат мебарад. Оё аз ин ибодат ҳадафи моддӣ дорад? Мумкин аст касе бигӯяд моддиётро дар охират мехоҳад, вале ҳама, ки ин тавр нестанд.

العبادة عند غير العارف معاملة ما كأنه يعمل لأجرة يأخذها في الآخرة هي الأجر والثواب، وعند العارف رياضة ما لهممه وقوى نفسه المتوهمة والمتخيلة ليجرّها

(Ишорот, ҷ.3, с.370) Ориф барои музду аҷр ибодат намекунад.

الهي ما عبدتكخوفا من نارك ولا طمعا في جنتك بل وجدتك أهلا للعبادة

Аммо онҳое, ки инсонро аз назари ахлоқӣ ба шакли моддӣ тафсир мекунанд, мегӯянд, ҳар коре, ки башар мекунад, дар он кор ҳадафи моддӣ дорад. Бинобар ин, ман, ки ин ҷо барои шумо ҳарф мезанам, ҳадафе ҷуз ҳадафи моддӣ надорам. Шумо ҳам, ки ин ҷо гӯш мекунед, ҳадафе ҷуз ҳадафи моддӣ надоред ва наметавонед дошта бошед. Худо биёмурзад, марде буд ба номи Муҳаммади Наҷмӣ, ки устоди донишгоҳ ва аз талабаҳои Қум буд. Як соле аст фавт кардааст. Як вақте ҳарфи хубе мезад, мегуфт Саъдӣ мегӯяд:

Мояи айши одамӣ шикам аст,

То ба тадриҷ меравад чӣ ғам аст.

Инҳо (моддигароён) мегӯянд, на танҳо мояи айши одамӣ шикам аст, балки мояи фикри одамӣ ҳам шикам аст, мояи эҳсосоти одамӣ ҳам шикам аст. Инҳо аслан мункири асолати фикру ақлу дилу эҳсосот ҳастанд, яъне аслан инсон аз назари инҳо яъне шикам. Агар бигӯянд инсон дил дорад, мегӯянд, дилаш ҳам тобеъи шикамаш аст; он чизеро дилаш мехоҳад, ки шикамаш бихоҳад, дар хидмати шикамаш аст. Агар бигӯянд инсон мағз ҳам дорад, фикр ҳам дорад, мегӯянд, фикру мағз ҳам тобеъи шикамаш аст; мояи ақли одамӣ шикам аст, мояи фикри одамӣ шикам аст, мояи дили одамӣ шикам аст, мояи эҳсосоти одамӣ шикам аст. Инҳо башарро аз лиҳози хоста ва ҳадаф ва ахлоқ, ин тавр моддӣ тасаввур мекунанд. Морксистҳои дунё — ки асоси фалсафаи кумунизм бар пояи морксизм аст — ҳаминро мегӯянд.

Мардум вақте санойеъро мебинанд — ки воқеан ҳам санъат хеле тараққӣ кардааст — хаёл мекунанд башар дар тамоми қисматҳо тараққӣ кардааст, дар сурате, ки як қисматҳое ҳаст, ки аслан барои башар фоҷеа аст. Алъон ниме аз башари рӯи замин ҳамин тавр фикр мекунанд, мегӯянд, мояи ҳамаи чизи одамӣ шикам аст, яъне инсонро ин гуна тасвир кардаанд ва чӣ қадр ҳам ғалат аст! Хаёл мекунанд, ин ғалат бо он санойеъ як иртиботе дорад. Мегӯянд, агар иштибоҳ карда буданд, санойеъашон он қадр тараққӣ намекард. Он санойеъ ба ин чӣ марбут? Ин фикр дар дунё имрӯз дар ҳоли шикаст хӯрдан аст (аз аввал ҳам шикаст хӯрда буд) яъне ҳатто моддимаслакҳо ҳам дигар чандон ба ин ҳарф эътиное надоранд.

* * *

Фарзияи Фрейд

Мактаби моддии дигаре пайдо шуд ва ҳарфи дигаре зад. Моркс ва дигарон гуфта буданд, мояи ҳама чиз ва мояи тамоми таҷаллиёти башар шикам аст. Фрейд, ин равоншиноси утришӣ омад ва як фарзияи дигар овард, гуфт на, мабдаи тамоми фаъолиятҳои инсон умури ҷинсӣ аст. Умури моддӣ ва шикамиро ҳам инсон барои умури ҷинсӣ мехоҳад, ва дар воқеъ гуфт: мояи айши одамӣ зери шикам аст. Дид, ӯ хеле боло бурда, ду се ваҷаб поинтар овард.

* * *

Ҷабри замон ба он мафҳуме, ки тӯдаиҳои дунё мегӯянд, ғайр аз он мафҳуми омми фалсафӣ аст, ки мо аввал арз кардем. Мегӯянд, ҳамаи корҳоро инсон таҳти таъсири иллатҳои иқтисодӣ анҷом медиҳад. Амри иқтисодиро асл медонанд, ба қавли худашон зербино медонанд. Мегӯянд, инсон як мавҷуди иқтисодӣ аст, ҳама чизро ба хотири ҳадафҳои иқтисодӣ ва таҳти таъсири иллатҳои иқтисодӣ анҷом медиҳад. Яъне ҳар ҳодисае, ки дар дунёи башарият рух медиҳад, решаи аслиаш иқтисод аст. Ҷабри замон, ки инҳо мегӯянд яъне ҷабри иқтисодӣ; ҷабре, ки ношӣ аз иллатҳои иқтисодӣ аст.

Мақсудашон аз ҷабри замон аввалан ҷабри иҷтимоъ аст, ки ҳаводиси иҷтимоӣ дар як вақти муайян зарурат доранд. Ва сониян иллатҳое, ки ин заруратҳои вақтиро эҷод мекунанд, иллатҳои иқтисодӣ аст. Пас, тамоми ҳаводиси таърихро бо иллатҳои иқтисодӣ тавҷеҳ мекунанд. Масалан, агар шумо бигӯед чаро Искандар ба Эрон ҳамла кард ва Эронро фатҳ намуд, онҳо ҷуз як иллат барояш зикр намекунанд, ки ҳамон иллати иқтисодӣ аст. Боз агар бигӯед, чӣ тавр шуд, ки Исо (а) ё ислом дар он замони муайян зуҳур кард? Мегӯянд, ин ҳарф решаи иқтисодӣ дорад, омилҳои иқтисодӣ эҷоб мекард, ки Исо дар он таърих зуҳур кунад ва ислом дар он таърих. Агар бигӯед, ренусонс яъне таҷдиди ҳаёти илмӣ ва адабӣ, ки дар дунё пайдо шуд, иллаташ чӣ буд? Мегӯянд, иллати инро ҳам шумо бояд дар омилҳои иқтисодӣ пайдо кунед. Иллатҳои иқтисодӣ ягона омил ва омили мунҳасири пайдоиши ин ҷараёнҳост.

Пас, ҷабри замон — ки ин калимаро тӯдаиҳо ба даҳони дигарон андохтаанд — ба маънои ин ки тамоми муқаддароти башарро иқтисод таъйин мекунад, ҳарфи дурусте нест; арз кардам ба далели ин ки он тафсире, ки онҳо дар бораи инсон кардаанд, ғалат аз об даромадааст ва дигар имрӯз шумо дар миёни файласуфҳои озодфикри дунё ҳарчанд моддимаслак бошанд, наметавонед касеро пайдо кунед, ки инсонро мошини иқтисодӣ бидонад.

* * *

Назари Росел

Файласуфи маъруфии ангилисӣ, Бертронд Росел як одами моддимаслак ва зиддимазҳаб аст. На ба Худо эътиқод дорад ва на ба ҳеч мазҳабе, ва иттифоқан аз ҷанбаҳои маслакии иҷтимоӣ, сусиёлист аст ва тамоюлш ба кумунистҳо хеле зиёд аст. Вале дар айни ҳол ин фалсафаро намепазирад, мегӯяд, ин ҳарф ғалат аст.

Ҳамон тавр, ки арз кардам, агар ҳамин қадр собит бишавад, ки тамоми ҳаводиси дунёро иллатҳои иқтисодӣ ба вуҷуд наёвардааст, ҷабри замон ба ин мафҳум ғалат аст. Барои мисол муғул ба Эрон ҳамла кард. Ҳамлаи муғул мумкин аст решаи иқтисодӣ дошта бошад, аммо оё воқеан решаи иқтисодӣ доштааст? Таърих хилофи инро нишон медиҳад. Башар ғаризаи дигаре дорад ба номи ғаризаи бартариталабӣ. Башар ҳамон тавр, ки таҳти таъсири иллатҳои иқтисодӣ аст, таҳти таъсири шахсиятпарастии худаш ҳам ҳаст. Таърих ин тавр мегӯяд: муғулҳо дар ваҳлаи аввал қасди ҳамла ба Эронро надоштанд. Албатта Чингиз ба онҳо сару сурате дода буд ва нерӯе пайдо карда буданд. Чанд нафар аз туҷҷори инҳо ба Эрон меоянд ва ба дарбори Султон мераванд. Амволи инҳоро мегиранд. Ба онҳо бармехӯрад. Касонеро пеши Султон мефиристанд, ки чаро амволи туҷҷори моро тавқиф кардаед? Тавзеҳ мехостанд. Маъмурони расмӣ онҳоро мекушанд, дар сурате, ки дар ҳеч ҷои дунё маъмул набудааст, ки душман расулҳо ва маъмуронро бикушад. Вақте, ки ин хабар ба муғулҳо расид, оташ гирифтанд, яъне ба шахсияташон латма ворид шуд, эҳсоси таҳқир карданд, асабонӣ шуданд, яъне он ҳисси шахсиятпарастӣ ва мақомпарастӣ, ки дар ҳар фарде ҳаст ва муҳаррик аст таҳрик шуд. Якдафъа мисли сел ҳуҷум оварданд. Тоза эрониҳо нарафтанд ба иллати кори баде, ки карда буданд, аз муғул маъзарат бихоҳанд, ҷангиданд. Маълум аст, натиҷа ҳамин мешавад, ки шуд.

Арабҳо ба Эрон ҳамла карданд. Чаро? Иллати иқтисодӣ доштааст? На. Таърих хилофи инро мегӯяд. Таърих мегӯяд, ҷанги инҳо ҷанги ақида буд, ҷанбаи ақидатӣ дошт. Худашон мегуфтанд, бояд бутпарастӣ дар дунё набошад, вале адёни дигар, ки адёни Худопарастӣ аст озод бошад; мардуме, ки дар зерм борм ҳукуматҳои худашон маҷбур ҳастанд, онҳо ҳам бояд озод бошанд. Гуфт, мо омадаем

لنخرج عباد الله من عبادة الناس الى عبادة الله

Омадаем бандагони Худоро аз бандагии афроди башар озод кунем, ҳамаро бандаи Худо бикунем.” Ин ҷанг решаи ақидатӣ дошт.

Ба ҳар ҳол ин мавзӯъ ба ин сурат қобили қабул нест. Ҳоло аз ин ҷо вориди он матлабе, ки худамон мехостем рӯи он баҳс кунем мешавем:

* * *

Сусиёлизми тахайюлӣ

Аз назари касоне, ки таърихро ин тавр моддӣ тафсир мекунанд, адолат мафҳуме надорад. Шумо агар калимоти худи Моркс ва морксистҳои воқеиро бихонед, мебинед инҳо бо ин ки ба қавли худашон тарафдори коргаранд, аммо ҳаргиз дам аз адолат намезананд. Мегӯянд, иштирокият, аммо на ба далели ин ки иштирокият мувофиқ бо адолат аст. Касонеро, ки тарафдори адолат ҳастанд, аз тариқи иштирокият тахтиъа мекунанд ва онҳоро сусиёлистҳои хаёлӣ меноманд. Мӯътақид ба сусиёлизме ҳастанд, ки маншаъаш адолат нест, балки маншаъаш ҷабри замон аст, яъне авзоъи иқтисодӣ ҷабран ҷомеаро сусиёлистӣ бикунад. Мегӯянд, башари аввалия ба иштирок зиндагӣ мекарда ва баъд таҳти таъсири иллатҳои иқтисодӣ афроде пайдо шуданд, ки тавонистанд иддаеро даври худ ҷамъ кунанд ва феодализм ба вуҷуд омад, баъд фарзанди дигаре ба вуҷуд омад, ки ҳамин сармоядорӣ бошад. Сармоядорӣ дар асари такомули абзори тавлид асосан наметавонад боқӣ бимонад ва табдил ба иштирокият мешавад. Ва аз ин рӯ мегӯянд иштирокиятро аз тариқи илмӣ ҷустуҷӯ кунед, яъне аз тариқи ҷабри замон, на ин ки адолат онро эҷоб мекунад.

Мо акнун намехоҳем вориди ин баҳс бишавем, вале ҳарфи инҳо аз ду ҷанба ғалат аст. Яке аз ин назар, ки мегӯянд такомули абзори тавлид иҷборан башарро ба сӯи сусиёлизм мекашад. Ин тавр нест. Алъон дар дунё роҳи ҳаллҳое пайдо шуда, ки сармоядорӣ то андозае худашро ҳифз кунад ва дар айни ҳол ҷилави он иштирокиятро, ки мегӯянд ҷабран хоҳад омад, бигирад.

Ва дигар аз он назар, ки роҷеъ ба адолат аст. Аслан инҳо тибқи тафсире, ки аз башар мекунанд, мункири мавзӯъи адолат ҳастанд. Барои башар виҷдоне қоил нестанд ва аз ин рӯ мегӯянд дунболи иштироке, ки решааш адолат бошад, набояд рафт, он тахайюл аст. Мо мегӯем ин тавр нест. Аз назари мо, адолат ҳукми эътидоли мизоҷро дорад. Ҳарфи мо ин аст, ки иҷтимоъ, ки аз афроде ташкил шудааст, дар воқеъ аз афроде мураккаб шудааст. Як шаб, ки роҷеъ ба асолати фард ва асолати иҷтимоъ баҳс мекардем, арз шуд иҷтимоъ танҳо таълиф аз афрод нест, балки таркибшуда аз афрод аст. Ҳамон гуна, ки ҳар таркиби зиндае як ҳолати эътидол дорад ва як ҳолати инҳироф, ва дар ҳолати инҳироф бемории он таркиб аст ва агар хеле инҳироф дошта бошад мавти ӯст ва дар ҳолати эътидол бақо ва ҳаёти ӯст, таркиби иҷтимоъ низ дар ҳадди зоти худ ҳолати эътидоле дорад, ки агар иҷтимоъ ба он вазъи мӯътадил таркиб шуда бошад, боқӣ мемонад, ва агар инҳирофе аз ин эътидол падид ояд ва каму зиёде бишавад, ҳамон ҳарфи Саъдӣ аст:

Чаҳор табъи мухолифи саркаш,

Чанд рӯзе бо ҳам шаванд хуш.

Гар яке з-ин чаҳор шавад ғолиб,

Ҷони ширин барояд аз қолиб.

Ӯ рӯи чаҳор табъи саркаш гуфта, шумо рӯи як чизи дигар бигӯед. Масалан, бадани инсон маҷмӯан эҳтиёҷ ба як силсила мавод дорад, маводди олӣ ва ғайри олӣ. Эҳтиёҷ дорад ба як силсила селлулҳо, ки дар хуни инсон бояд бошад. Бадан як формуле дорад, ба замон ҳам иртиботе надорад. Дар ду ҳазор сол қабл формули бадан ҳамин будааст, формули имрӯзаш ҳам ҳамин аст. Саломати бадан ба ин аст, ки ин формул бояд собит бошад. Яъне вақте, ки хуни шахсро таҷзия мекунанд, ин формул бояд маҳфуз бошад. Калсиюми бадан бояд ба ҳамон миқдори лозим бошад, агар набошад бадан мариз аст.

Адолат барои иҷтимоъ ҳукми ҳамон эътидол барои мизоҷро дорад. Албатта эътидол ҳам як ҳадди муайяне надорад ва ба истилоҳ арзи ариз дорад, яъне дар васат навасон дорад. Агар дуруст дар васат бошад, эътидол комил аст. Ҳар чӣ ба ин тараф ё он тараф биравад, эътидол камтар мешавад ва ба ҷое мерасад, ки дигар мурдан аст. Аммо ин васатҳо ҳар тавр бошад зиндагӣ аст. Ҳар чӣ эътидол комилтар бошад, саломат бештар аст. Дар таркиби иҷтимоъ ҳам ҳамин тавр аст.

Мо мӯътақидем, ки замон такомул пайдо мекунад, вале ба сӯи адолат ва эътидол; худаш меравад на ин ки иллатҳои иқтисодӣ дунёро иваз мекунад. Иллатҳои иқтисодӣ яке аз иллатҳои муассир дар кори башар аст, яъне дар зиндагии башар омилҳои зиёде бояд вуҷуд дошта бошад, яке аз онҳо иллатҳои иқтисодӣ аст. Ин омилҳо ҳам бояд ба як нисбати муайян вуҷуд дошта бошад. Агар он нисбат маҳфуз бошад, ҷомеа солим аст, ва агар набошад, ҷомеа бемор аст.

Агарчи имшаб ароизам тамом нашуд, вале дигар хаста шудаам ва ҳамин ҷо онро хотима медиҳам.

Худоё! Оқибати амри моро хатми ба хайр кун!

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: