Перейти к содержимому

Шабнам Худойдодова: “Ҳимоят аз ҳуқуқи кӯдакон, барои ман дар дараҷаи аввал қарор дорад”

Шабнам Худойдодова, фаъоли ҳуқуқи башари тоҷик, дар гуфтугӯ бо пойгоҳи Кимиёи саодат, бо баёни ин ки ман пеш аз ҳар чизи дигар модар ҳастам, гуфт: “Дар Тоҷикистон ба ҳуқуқи кӯдакон таваҷҷӯҳ намешавад, аз ин рӯ ҳимоят аз ҳуқуқи кӯдакон, барои ман дар дараҷаи аввал қарор дорад.”

Инак, машрӯҳи гуфтугӯ бо Шабнам Худойдодова:

— То ҷойе, ки медонем, Шумо имрӯзҳо ба унвони мудофеи ҳуқуқи башар фаъолият доред. Лутфан, дар бораи фаъолиятҳои худ дар заминаи дифоъ аз ҳуқуқи башар каме бароямон тавзеҳ бидиҳед.

— Бале, ман пас аз озод шудан аз зиндон, фаъолиятамро на дар заминаи сиёсат, балки дар заминаи ҳуқуқи башар давом дода истодаам. Имрӯзҳо поймол кардани ҳуқуқи инсон то рафт дар Тоҷикистон бештар гашта истодааст. Занҳои тоҷик ба худкушӣ даст мезананд. Бояд нафаре бошад, ки ин ҳамаро рӯи об барорад, то пинҳон намонад.

Ман ҳеч гоҳ худро бо ин синну солам ва бо фаъолияти ночизам, ҳуқуқшинос намешуморам. Аммо ман талош мекунам, ки дарди дили як ҳамватани маро каси дигаре шунаваду барояш роҳи халосро ёбад. Ин ҳама мушкилиҳое, ки дар Тоҷикистон рух медиҳад, намешавад аз онҳо чашм пӯшид.

Ҳар инсоне, ки бе ягон асос зиндон шавад, ӯ талош мекунад, ки ҳуқуқҳои худро ҳимоя кунад, то ки ба озодӣ барояд. Ба фикри шахсиии ман, ҳама ҳуқуқшинос шуда метавонад, барои ҳамин ман то ҳадди имкон талош мекунам, ки аз ҳуқуқҳои поймолшудаи бегуноҳон заррае ҳам бошад, дасти ёрии худро ба ӯ дароз кунам.

— Имрӯз чӣ парвандаҳоеро дар ин замина дар дастури кори худ қарор додаед? Манзурам парвандаҳои ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон аст. Оё талошҳоятон натиҷае ҳам додаанд?

— Шукри Худои Бузург, ки ман дар заминаи ҳуқуқи инсон бурдбориҳое ҳам дар худи Тоҷикистон дорам ва ҳам дар берун аз кишвар. Аввалин бурди ман дар ин замина, ин озодии Ҷамшед Ёров аст, ки мо бо дигар ҳуқуқшиносон тавонистем, ки ӯро озод кунем. Пас аз Ҷамшед Ёров ҳам, буданд корҳои пушти пардагие, ки онҳоро ба анҷом расондему ғолиб баромадем. Ман наметавонам номҳои шахсоне, ки наҷот ёфтаанд бо кӯмаки ману дигарон ном бибарам. Агар номҳои онҳоро гирам, шояд, ки боз аз нав онҳоро хатар таҳдид кунад. Барои ҳамин аз ин эҳтиёт мешавам.

— Ба назари шумо, имрӯз дар Тоҷикистон, ба ҷуз парвандаи зиндониёни сиёсӣ, боз чӣ масоиле дар заминаи ҳуқуқи башар вуҷуд дорад, ки ба онҳо ё таваҷҷӯҳ намешавад ё шояд кам таваҷҷӯҳ мешавад, аммо бояд ба онҳо аҳаммият дод ва пайгирӣ кард?

— Ман ҳамчун инсон, ҳақиқатро дӯст медорам. Бароям дар Тоҷикистон дар ҷойи аввал ҳуқуқи кӯдакон аҳаммият дорад. Албатта, дилам барои ҳамаи зиндониёни сиёсӣ реш реш мешавад.

Ман худ аввал ва пеш аз ҳар чизи дигар, модар ҳастам. Ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон воқеан ба назар гирифта намешавад. Кӯдакон аз мактабҳо ҳатто мемонанд, барояшон кӯмак лозим аст.

Дар ҳамаи давлатҳои дигар, то ба болиғ расидани кӯдакон, аз будҷаи давлат маблағгузорӣ мешавад барои кӯдакон. Аммо дар Тоҷикистон ин масъаларо касе шунидан ҳам намехоҳад. Кӯдакони оилаҳои камбизоат ба талбандагӣ, аробакашӣ, салафанфурӯшӣ, мошин шустан машғул ҳастанд, то як бурида нон ёфта хӯранд.

Ман ба ҳамаи ҳуқуқшиносони дохили кишвар илтиҷо мекунам, ки ба ҳуқуқи кӯдакон бештар аҳамият диҳанд. Инсон ба ин умед ба дунё омадааст, ки мисли одам умр ба сар барад, на ба мисли ҳайвон.

Тоҷикистон пас аз фурӯпошии Шӯравӣ дигар ба кӯдакон ва ҳуқуқи онҳо аҳаммият намедиҳад. Фикр мекардам, ки Тоҷикистони мо агар соҳибистиқлол шавад, шояд, ки дар як сатҳи баландтаре зиндагӣ хоҳем кард. Аммо садҳо афсӯс, ки ин ҳама як орзуҳои кӯдаконаи ман будааст. Дар Шӯравӣ агар дини мо озод набуд, аммо ҳуқуқи кӯдак риоят мешуд. Ҳоло бошад дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, на динамон озод асту на ҳуқуқи кӯдак риоят мешавал.

— Оё дар ҳамин хусус яъне дифоъ аз ҳуқуқи кӯдакон дар кишварамон, барномаи мушаххасе доред?

— Албатта, ки дорам ва дар ин масъала ман кор карда истодаам. Умедвор ҳастам, ки ба некӣ анҷом хоҳад ёфт.

— Вақте Фотима, духтари азизатон пешатон омад, ҳама хушҳол шуданд, мувофиқу мухолиф. Оё мешавад андаке дар бораи он моҷаро бароямон бигӯед, ки аз куҷо шурӯъ шуд ва чӣ гуна анҷом ёфт?

— Ман пас аз озод шуданам дар соли 2016, дар ҳол ҳуҷҷатҳои лозимаро барои овардани Фотима тахт карда будам. Ҳамон сол бояд, ки пеш аз соли нав (пеш аз соли 2017) Фотима ба наздам меомаду январи соли 2017 бо ҳамроҳии Фотима ба Амрико мерафтам. Моҳи декабри 2016 ҳуҷҷатҳои шахсии ҳамаи хонаводаи маро мақомоти Тоҷикистон гирифтанду то ҳамин соли нави 2018, моҳҳои январ, дар назди худ нигоҳ доштанд.

Ман барои ба даст овардани ҳуҷҷатҳои шахсии хонаводаи худ адвокат гирифтаму аз назари қонуни ҳуҷҷатҳои шахсии хонаводаи худро ба даст овардам. Пас аз ба даст овардани шиносномаҳо, модарамро ба Прокуратураи шаҳри Кӯлоб даъват карданду таҳдид карданд, то модарам Фотимаро ба наздам наорад. Ман гуфтам, ки ман аз доираи қонун берун намешавам. Ман фарзандамро дар асоси қонун ба наздам меораму боз Тоҷикистон аз ман узр мепурсад.

Рӯзҳое набуд, ки ман барои Фотима надида бошам. Мешуд ҳолатҳое, ки худро тамоман зинда ҳисоб карда наметавонистам. Дар он рӯзҳои вазнин, хушбахтона, ки ҳамаи бародарону модарони аз ватан бе ватанам дар паҳлӯи ман буданду ҳама аз тамоми гӯшаю канорҳои кишвар сару садо баланд карданд, то ки ману Фотима бо ҳам бошем.

— Модаратон ҳам пеши шумо ҳастанд?

— Бале, модарам дар паҳлӯи ман аст. Модарам мехоҳад баргардад ба ватан. Ман худ ба ин ҳоло тайёр нестам. Чунки ҳукумати Тоҷикистон тамоман аз доираи қонун ва одаму одамгарӣ баромадаанд. Ман намедонам дар баробари инқадар зулм, ки сардори давлати мо мекунад, назди Худои Бузург чи мегуфта бошад?! Сардори давлати мо барои ду дирами ҳаром модари худашро зиндон мекунад, ҳоло модари ман барояш хоини Ватан ба шумор меравад тибқи сиёсатҳои раҳмонӣ.

— Яъне фикр мекунед агар модаратон баргарданд, боз таҳти фишор қарор хоҳанд гирифт?

— Бале. Аз худи Тоҷикистон аллакай хабарҳо бароям омада расидаанд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки модари Шабнам Худойдодова ба ватан баргардад, ӯро ҳабс мекунем.

— Барои чӣ, ӯ, ки гуноҳе накардааст?

— Медонам, ки ӯ гуноҳе надорад. Аммо мушкил ин аст, ки ӯ модари ман аст. Модари касе, ки ҳақиқатро мегӯяд. Ман ҳам то он даме, ки ҷон дар бадан дорам, ҳақиқатро мегӯям ва барои ҳар як фарди тоҷик хидмат мекунам. Ва аз он ҷо, ки ҳақиқатро мегӯям, бояд ноҳақии сардори давлатамонро бигӯям. Барои ҳамин ҳақиқатгӯӣ, модарамро таҳти фишор қарор медиҳанд.

— Дар поён агар пешниҳоде ё тавсияе дошта бошед барои мудофеони ҳуқуқи башар дар дохили Тоҷикистон, бифармоед.

— Ман аз ҳамаи ҳуқуқшиносони дохилӣ хоҳиш мекунам, ки дасти ёрии худро барои озодии насли наврас дареғ нашуморанд. Барояшон дили бузург ва ҷасурирро орзумандам.

— Оё боз гуфтание доред?

— Гуфтаниҳо ростӣ хеле ҳам зиёданд, вале ба ҳамин миқдор басанда мекунам. Аз даргоҳи Офаридгор талаб дорам, ки ҳамаи мо ғарибонро ба Ватан баргардонад. Дар охири суханҳои худ, барои хабарнигорони Кимиёи саодат пеш аз ҳама саломатии бардавом ва дар фаъолияташон комёбиҳо таманно дорам!

— Зинда бошед, ташаккур!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: