Перейти к содержимому

Бобоев: “Тамоми муҷаввизҳои лозим барои баргузории тазоҳурот дарёфт шудаанд”

Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёи сиёсӣ, бо баёни ин ки тазоҳурот дар вақти муқарраргардида дар муқобили Сафорати Тоҷикистон дар Берлин баргузор хоҳад шуд, гуфт: “Се рӯз қабл бо дархости Кумита барои иҷозаи тазоҳурот ба мақомоти ҳукумати маҳаллии кишвари Олмон нома фиристода шуда буд ва имрӯз (3 декабр) ҳам ҷавоби иҷозати баргузориро ба мо доданд ва ҳеч мамониъате набуд ва тасмим шуд, ки дар вақти муқаррар яъне дар 10 декабр соати 10 то 12 субҳ тазоҳурот баргузор гардад.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНЗТ), ки дар хориҷ аз кишвар фаъолият мекунад эълом кардааст, дар таърихи 10 декабр ҳамзамон бо Рӯзи ҷаҳонии ҳуқуқи башар, гирдиҳамоие бо дархости озодии зиндониёни сиёсии Тоҷикистон дар баробари Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Берлини Олмон баргузор хоҳад кард.

КШНЗТ дар баёнияе, ки дар пойгоҳи иттилоърасонии худ мунташир карда омадааст: “Дархости ин гирдиҳамоӣ аз мақомоти Тоҷикистон иборат аз ин аст, ки ҳукумати Тоҷикистон бояд фавран дархости Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси озодии зиндониёни сиёсӣ: асосгузори гурӯҳи “Тоҷикистони нав” ва вазири собиқи саноат Зайд Саидов, муовини раҳбари ҲНИТ Муҳаммадалӣ Ҳаит ва вакили дифоъ Бузургмеҳр Ёровро, ки аз 28 сол то ҳабси абад ба зиндон маҳкум шудаанд бароварда созад.”

Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёи сиёсӣ, дар гуфтугӯ бо Кимиёи саодат, бо таъкиди ин хабар, афзуд: “Бино бар дархости Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид, Зайд Саидов — поягузори гурӯҳи “Тоҷикистони нав” ва Муҳаммадалӣ Ҳаит — муовини раҳбари ҲНИТ ва Бузургмеҳр Ёров — вакли дифоъ бояд бидуни ҳеч қайду шарте ва бо пардохти ғаромат озод мешуданд, аммо мақомоти Тоҷикистон бо гузашти мӯҳлати муқараргардида ҳанӯз ҳеч иқдоме ҷиддӣ дар ин қазия анҷом надоданд.”

Вай, бо баёни ин ки эълони КШНГЗТ дар ин хусус имрӯз (3 декабри 2018) дар шабакаҳои маҷозӣ ва низ ба расонаҳо ирсол шуд, афзуд: “Мо аз ҳамаи ҳизбҳо ва ҷунбишҳо ва алоқамандон ба сарнавишти зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон ва низ расонаҳои гурӯҳӣ ва хабарнигон даъват кардаем, ки бо иштирок дар ин гирдиҳамоӣ, саҳми худро дар раҳоии зиндониёни сиёсӣ бигузоранд.”

КШНГЗТ дар баёнияи худ ҳамчунин аз мақомоти Тоҷикистон дархост кардааст, то феҳристи комили ҳамаи кушташудаҳо ва захмиҳои зиндони рақми 3/3 Хуҷандро нашр кунанд ва ҳамчунин афзудааст: «Мо дархост мекунем, то ҳамаи омилони ин ҷиноят ва афроде, ки дастури қатли инсонҳои ғайримусаллаҳро додаанд муҷозот шаванд.”

Баёния ёдовар шудааст: “Мо аз созмонҳои байналмилалӣ даъват ба амал меоварем, то аз мақомоти тоҷик дархост намоянд, ки гузориши комил дар бораи ин парванда ва ин ки чӣ касоне дар ин ҷинояти зидди башарӣ гуноҳкор буданд ва тибқи қонунҳои Тоҷикистон муҷозот гардиданд, ироа кунанд.”

КШНГЗТ дар ин баёния, аз “шарикони ҳукумати Тоҷикистон дар Аврупо” дархост кардааст, то “кӯмакҳои иқтисодӣ ва молии худ ба режими Эмомалӣ Раҳмонро қатъ кунанд; кӯмакҳое, ки барои таҳкими демукросӣ ва барқарории амният дода мешаванд, аммо ҳукумат онро дар саркӯби опозистсия ва дигарандешон сарф мекунад.”

Абдусаттор Бобоев дар гуфтугӯ бо Кимиёи саодат дар посух ба ин суол, ки “оё муҷаввизҳои лозим барои баргузории ин гирдиҳамоӣ аз ҳукумати маҳаллӣ дарёфт шуда ва ҳеч монеъе барои баргузории он вуҷуд надорад?” гуфт: “Се рӯз қабл бо дархости масъулони шӯъбаи ҳуқуқи Кумита барои иҷозаи тазоҳурот ба мақомоти ҳукумати маҳаллии кишвари Олмон нома фиристода шуда буд ва имрӯз (3 декабр) ҳам ҷавоби иҷозати баргузориро ба мо доданд ва ҳеч мамониъате набуд ва тасмим шуд, ки дар вақти муқаррар яъне дар 10 декабр соати 10 то 12 субҳ тазоҳурот баргузор гардад.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: