Перейти к содержимому

Саркӯб дар Ховари Миёна бадтар аз ҳамеша аст, ва Тромп ҳам, бештар ташвиқ мекунад

Сармақолаи рӯзномаи Washington Post

Дар ҳоле, ки Кунгра (Конгресс) машғули баррасии чигунагии вокуниш нишон додан ба қатли Ҷамол Хошуқҷӣ — ки тавассути ҳукумати Арабистон сурат гирифта – аст, дар назар гирифтани ин масъала муҳим аст, ки ин танҳо ҷинояте нест, ки Арабистони Саудӣ муртакиб шудааст. Тикка-тикка кардани ин рӯзноманигор ба дасти тими 15-нафараи саудӣ, бахше аз сиёсати саркӯбгарона ва ваҳшиёнаи режими Малик Салмон ва писараш Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди Арабистон аст, ки доманаи он аз иқдомоти саркӯбгаронаи ҳокимони қаблӣ бисёр фаротар рафтааст. Арабистони Саудӣ яке аз чаҳор кишвари диктотурии арабиро ташкил медиҳад, ки ҳамагии онҳо муттаҳиди Омрико ҳастанд ва талош кардаанд ҳама шаклҳои норизоятӣ аз ҷумла расонаҳои озод, ҷомеаҳои шаҳрвандӣ ва ҳар касеро, ки ба дунболи ислоҳот бошад решакан кунанд.

Ин режимҳо, ки шомили Миср, Аморот, Баҳрайн ва Арабистони Саудӣ мешавад, дар ба коргирии ифротитарин равишҳо барои дастёбӣ ба аҳдофи худ диранг намекунанд. Равишҳои мухталиф аз ҷумла боздоштҳои гурӯҳӣ, шиканҷа, одамрубоӣ ва қатлҳои бидуни муҳокима аз сӯи онҳо ба кор гирифта мешавад. Онҳо бо ин кор иштибоҳоти диктотурҳои араби қаблиро такрор мекунанд ва барои ояндаи худ дарди сар месозанд; дарди сарҳое, ки дар қолаби рӯй гардондани шаҳрвандон аз онҳо ва иқтисодҳои рокиду беравнақ буруз мекунад. Давлати Тромп бо ҳимояти ғайримуваҷҷаҳ аз ин режимҳо, манофеъи муҳимми Омрикоро дар маърази хатар қарор медиҳад.

Як далели эҳтимолии натиҷагирии созмони CIA мабнӣ бар мушорикати Муҳаммад бен Салмон дар қатли Хошуқҷӣ, шабоҳати ин амалиёт ба маҷмӯаи амалиёти мутаъаддиди дигаре аст, ки дар 18 моҳи гузашта аз сӯи валиаҳди Арабистон иҷро шудааст. Ҳамон тавр, ки Дэвид Игнотиус (David Ignatius), рӯзноманигори Washington Post гузориш дод, тиме аз омилони иттилоотии саудӣ, ки бо мушовирони наздики валиаҳд кор мекунанд, шуморе аз мухолифонро аз дохили кишвару хориҷ рабудаанд. Боздоштшудагон дар зиндонҳои махфиёна нигаҳдорӣ ва шиканҷа шудаанд. Дар миёни онҳо, ду фаъоли зан аст, ки аз ҳаққи занон барои ронандагӣ ҳимоят мекарданд ва ҳанӯз ҳам дар зиндон ба сар мебаранд.

Муҳаммад бен Салмон аз Муҳаммад бен Зоид, ҳокими Аморот улгубардорӣ кардааст, ва ин ду диктотур аз Абдулфаттоҳ Ассисӣ, раисиҷумҳури Миср ва Оли Халифа, ки хонадони ҳоким дар Баҳрайн аст, ҳимоят кардаанд. Ин чаҳор кишвар ба иқдоми насанҷидаи Арабистон барои таҳрими Қатар пайвастаанд, ва бо дахолат дар Либӣ ва Яман мушкилоте ба вуҷуд овардаанд.

Дар ҳоле, ки таваҷҷӯҳҳо ба парвандаи қатли Хошуқҷӣ маътуф шудааст, режими Ассисӣ ҳамла ба он чи аз ҷомеаи маданӣ, ки дар Қоҳира боқӣ мондааст, афзоиш додааст. Бар асоси гузоришҳои Афви байналмилал ва Дидабони ҳуқуқи башар аз охирҳои моҳи октябр, даҳҳо фаъол ва вакили мудофеъи ҳуқуқи башар аз ҷумла 19 нафар дар таърихи 1 октябр дастгир шудаанд. Нерӯҳои амниятӣ ҳанӯз ба бисёре аз онҳо иҷозаи мулоқот бо ҳеч касеро намедиҳанд. Дар айни ҳол, масъулони мисрӣ хостори он шудаанд, ки ҳамаи пойгоҳҳои хабарии интернетӣ ё тавассути давлат сабт шаванд ё ин ки баста шаванд.

Баҳрайн ҳам ҳафтаи гузашта интихоботи сохтагӣ баргузор кард, ки аҳзоби мухолиф аз ширкат дар он маҳрум шуданд. Барҷастатарин фаъолони мудофеъи ҳуқуқи башари ин кишвар, дар зиндон ба сар мебаранд; ҳамчун раҳбари мухолифон, ки 4 ноябр ба ҳабси абад маҳкум шуд.

Кохи сафед дар айни ҳол, ки ба Бен Салмон дар талош барои фирор аз масъулияти қатли Хошуқҷӣ кӯмак кардааст, бо бардоштани маҳдудиятҳои марбут ба кӯмаки низомӣ ва фурӯши таслиҳоти Омрико ба ин кишварҳо, аз саркӯбҳо дар Миср ва Баҳрайн ҳимояти талвеҳӣ кардааст. Сиёсати давлат ҳокӣ аз он аст диктотурҳо метавонанд бо салби озодиҳои асосӣ ва ҳамла ба мудофеъони озодӣ, бар мардуми худ ба таври номаҳдуд султа дошта бошанд. Ин роҳбурде аст, ки таърих ва арзишҳои асосии Омрикоро нодида мегирад. Агар Кунгра ин равандро контрол накунад, мумкин аст ин роҳбурд дардисарҳои бештаре дар Ховари Миёна эҷод кунад.

Washington Post

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: