Перейти к содержимому

3 вежагии фалсафаи корбурдӣ

Профессор Яҳё Кристион Буну, файласуф ва исломшиноси фаронсавӣ гуфт: “Агар мехоҳем як фалсафаи бадардбахӯр дошта бошем — исломӣ ё инсонӣ, ҳарчи бигӯем — бояд се вежагиро дошта бошад; яке ақлгаро бошад, яъне мо наметавонем бо эҳсосоту шӯру инҳо фалсафабофӣ кунем. Дуввум, воқеъгаро бошад; чун агар мо фалсафа бибофем ва ҳеч рабте бо воқеият надошта бошад, ба чӣ дарде мехӯрад?! Севвум, бояд ҳамроҳу ҳамдӯш бо улуми рӯз ҳам бошад.”

Ба гузориши хабаргузории Меҳр, Профессор Яҳё Кристион Буну (Yahya Christian Bonaud), файласуф ва исломшиноси фаронсавӣ, дар бораи шитоби сарсомовари тамаддуни моддӣ, ки арсаро бар ҳаёти табиӣ ва зисти мусалмонӣ танг кардааст, гуфт: “Ба назарам, бузургтарин гуноҳи ахлоқӣ ин аст, ки падару модар сер бихӯранд ва бигузоранд баччаҳояшон канорашон аз гуруснагӣ бимиранд. Мо алъон ба ҳар андоза, ки метавонем, масраф мекунем, вале ин суол барои мо матраҳ нест, ки барои насли оянда чӣ хоҳад монд ва дар чӣ ҷаҳоне зиндагӣ хоҳанд кард?

Ин файласуфи фаронсавӣ изҳор дошт: “Бӯҳронҳои кунунӣ якдафъа ба вуҷуд наомадааст. Аз байн рафтани аксари мавҷудоти зинда якдафъа ба вуҷуд наомада. Нобудии муҳити зистро Клуби Рим пешбинӣ карда буда, вале ҳушдорҳо шунида намешуданд. Тақсири донишмандон ва фалосифа ҳам нест.”

Буну, бо таҳлили нақши сармоядорӣ дар ин шароит гуфт: “Сармоядории имрӯз сармоядории фойнонс аст яъне ба истилоҳ “тиҷорати пул”. Чун фақат арқоме аст дар компютер, ки аз як ҳисоб ба ҳисоби дигар ҷобаҷо мешавад. Алъон халқи пул яъне вом додан, ҳар вақт, ки бонк вом медиҳад, дорад пул халқ мекунад яъне фақат арқом; як милёрд вом дода яъне як милёрд халқ карда, ки вуҷуди хориҷӣ надорад.”

Вай афзуд: “Як мушкили дигар ҳам ин аст, ки сармоядорӣ тавлидоти илмӣ монанди дору ва ғайраро қабза карда ва барои суд, ҳозир аст гоҳе маъойиб ё зарари як доруро бипӯшонад ва махфӣ нигаҳ дорад.”

Буну гуфт: “Ҷолиб аст, ки баъзе аз мутафаккирон ва донишмандон, ки аз сиёсатмадорон ноумед шудаанд, назарашон ин аст, ки танҳо ниҳоде, ки метавонад воқеан як тағйир эҷод кунад, ниҳоди иҷтимоӣ аст яъне муассисоти динӣ, на ниҳоди иқтисодӣ. Яъне калисо, яъне мадориси улуми динӣ, вале мутаассифона то ба ҳол натиҷа надидаанд; на аз тарафи калисо, на аз тарафи ниҳодҳои будоӣ ё мусалмон ва ғайра.”

Ин донишманд дар посух ба ин пурсиш, ки оё имрӯз набояд бигӯем, ки дигар фалсафаи адолат ба бунбаст расида ва марги адолатро эълом кунем, изҳор дошт: “Марги адолат яъне марги умед. Танҳо чизе, ки ба назарам мерасад марбут ба ҳамон охирин васияти Амирулмӯъминин (а) аст, ки мефармуд, амр ба маъруф ва наҳй аз мункарро тарк накунед, ки он вақт бадтарини шумо бар шумо тасаллут пайдо мекунад ва дуо мекунед ва мустаҷоб намешавад. Як чизи мантиқӣ аст, ки Амирулмӯъминин мегӯяд. Агар шумо коре ақлонӣ накунед ва худатонро дар чоҳ биандозед, бар Худо воҷиб нест, ки шуморо аз чоҳ берун биёварад. Мо амр ба маъруф ва наҳй аз мункарро тарк кардем ва дар як чоҳ афтодаем. Дуо кунем яъне чӣ? Яъне ҳанӯз интизор дорем, ки Худоё биё ва манро наҷот бидеҳ!

Вай идома дод: “Агар мехоҳем як фалсафаи бадардбахӯр дошта бошем — исломӣ ё инсонӣ, ҳарчи бигӯем — бояд се вежагиро дошта бошад; яке ақлгаро бошад, яъне мо наметавонем бо эҳсосоту шӯру инҳо фалсафабофӣ кунем. Дуввум, воқеъгаро бошад; чун агар мо фалсафа бибофем ва ҳеч рабте бо воқеият надошта бошад, ба чӣ дарде мехӯрад?! Севвум, бояд ҳамроҳу ҳамдӯш бо улуми рӯз ҳам бошад.”

Профессор Буну дар бахши дигаре аз ин гуфтугӯ, дар бораи тарҷумаи мутуни юнонӣ ба арабӣ гуфт: “Баъзе алъон эрод мегиранд, ки чаро мо масоили фалсафиро аз Юнон ва дигарон гирифтаем. Дар посух бояд гуфт, масъалаи ақлиро аз ҳар касе, ки ба он расида бошад, метавон гирифт.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: