Перейти к содержимому

Вазири фарҳанги Тунис дарвозӣ аз об даромад

Муҳаммад Зайнулобидин, вазири фарҳанги Тунис

Тоҷиддин Ризвон, як корбари фаъоли тоҷик дар Фейсбук, бо истинод ба гуфтаи яке аз дарвозиҳои муқими Тунис, мегӯяд, вазири фарҳанги Тунис асолатан тоҷик ва аз Дарвози Тоҷикистон будааст.

Тоҷиддин Ризвон, бо такя бар гуфтаи Макрам Ад-Дарвозӣ, яке тоҷирони муваффақи тунисӣ, ки 300 сол пеш аҷдодаш аз Дарвози Тоҷикистон ба Тунис ҳиҷрат карда будаанд, менависад: “Ба гуфтаи ӯ, аз насаби дарвозиҳо чандин хонавода ҳаст, ки шахсиятҳои маъруф мебошанд. Ба гуфтаи ӯ, вазири фарҳанги Тунис низ аз табори онҳо аст ва тоҷик мебошад.”

Ин корбари тоҷик дар ёддошти дигаре дар сафҳаи худ дар Фейсбук менависад: “Боз яке аз ҳамвандон ва шоири маъруфу маҳбуб дар кишварҳои арабӣ (зодгоҳ Тунис) Муҳаммад Ад-Дарвозӣ аст, ки то кунун тахаллуси дарвозиашро пос доштааст.”

Тоҷиддин ёдовар шудааст: “Кӯшиш кардам бо ӯ тамос гирам, вале бенатиҷа буд. Дар оянда аз роҳҳои дигар ӯро пайдо хоҳам кард.”

Агар гуфтаи Макрам Ад-Дарвозӣ саҳеҳ бошад, пас дуктур Муҳаммад Зайнулобидин, вазири фарҳанги кунунии Тунис асолатан тоҷик ва аҷдодаш аз минтақаи Дарвози Тоҷикистон будаанд. Муҳаммад Зайнулобидин, мусиқидон ва дуктурои ҳавзаи зебоишиносӣ ва фориғуттаҳсили Донишгоҳи Сурбуни Фаронса аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: