Перейти к содержимому

Иқдомҳои бисёр “оқилонаи” мақомоти Тоҷикистон

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ҳар замоне, ки опозисиюни тоҷик тасмим ба иқдоме намояд ва аз чанд рӯз пеш эълом кунад, ки масалан дар нишасти Варшав мехоҳад ширкат кунад ва ё масалан дар яке аз шаҳрҳои урупоӣ гирдиҳамоӣ ва ё тазоҳуроте барпо намояд, мақомоти Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ, билофосила даст ба як силсила иқдомҳое мезананд, ки аввалан, аҷибу ғариб аст, ва сониян, маълум аст, ки онҳо, бидуни кучактарин фикру андеша дар бораи натоиҷи ин иқдомҳо, даст ба онҳо задаанд.

Агар азизон ёдашон бошад, дар остонаи баргузории нишасти давраии САҲА дар Варшав, хабаргузории давлатии “Ховар” дар як ҳушдори бесобиқа ба баргузоркунандаи ин нишаст, яъне Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо (САҲА) навишта буд, ки дар сурати ширкати намояндагони ҲНИТ ва бахусус Муҳиддин Кабирӣ дар ин нишаст, эҳтимол дорад Тоҷикистон фаъолияти ин созмонро комилан қатъ намояд. Дар матлаби ин хабаргузорӣ омада буд: “Агар имсол ҳам муносибати САҲА бо ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИТ такрор ёбад, пас пурра аз фаъолият мондани намояндагии САҲА дар Тоҷикистон ҷавоби муносибу мувофиқ ба амалҳои он хоҳад буд.”

Комилан маълум буд, ки ин “ҳушдор”, бидуни кучактарин фикру андеша дар бораи паёмадҳои он ва ин ки мақомот дар сурати ширкати опозисиюн дар он нишаст, оё дафтари САҲА-ро хоҳанд баст ва тибқи “ҳушдор”-и худ амал хоҳанд кард ё на, сурат гирифта буд. Опозисиюн ва шахси Муҳиддин Кабирӣ дар он нишаст ширкат карданд ва ҳукумат ҳам ҳеч ғалате накард ва дафтари САҲА низ дар пойтахти Тоҷикистон камокон пойбарҷо монд ва баста ҳам нашуд.

Ҳукамо дар фарқи одами оқил бо аҳмақ гуфтаанд, оқил пеш аз иқдом ба як кор, аввал дар бораи паёмадҳои он кор хуб меандешад ва сабуку сангинаш мекунад, сипас ба он иқдом менамояд, аммо аҳмақ аввал корро анҷом медиҳад, сипас ба андеша фурӯ меравад.

* * *

Имрӯз, ва дар остонаи баргузории гирдиҳамое, ки қарор аст “Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ” дар баробари сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Берлин ба роҳ андозад, боз шоҳиди иқдомҳои аҷибу ғариби ҳукумати Тоҷикистон ҳастем.

Тибқи гузориши сомонаи “Фараж”, зиёда аз 500 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон “мақсади ташкили ошӯбро дар назди сафоратхонаи кишвари Олмон дар Душанбе доранд.” Ба гуфтаи ин сомона, “ин ошӯб бо ташаббуси модари Абдусамадов Ҳусейн — Шодмонова Гулчеҳра” сурат мегирифтааст.

Бо ин ки маълум аст, ин иқдом иқдоми ҳукумат аст ва ин модари доғдидаро маҷбур ба ин кор намудаанд, аммо аҷибаш он, ки ин иқдом, “ошӯб” унвон шуда, на масалан “таҷаммӯъ” ё тазоҳурот”. Ин воқеан аҷиб аст! “Ошӯб” ғайр аз тазоҳурот ва гирдиҳамоӣ аст, зеро шарти тазоҳурот, мусолиматомез будан ва адами бакоргирии хушунат дар он аст, бар хилофи “ошӯб” – ки аз унвонаш пайдост – ки дигар аз контрол хориҷ аст.

Интихоби унвони “ошӯб” барои ин иқдом, дуруст мисли ҳамон “ҳушдор”-и хабаргузории “Ховар” ва балки бадтар аз он аст, ки мақомот пеш аз эъломи он, ҳеч фикру андешае дар бораи натоиҷ ва паёмадҳои ин “фарохон” накардаанд.

* * *

Намедонам, мақомот ё воқеан аҳмақанд ва ё дигаронро – масалан ҳукумати Олмонро – аҳмақ мепиндоранд? Яъне Олмон, ба гумони инҳо, аз ҳеч чиз хабар надорад; масалан намедонад, ки роҳандозии тазоҳурот тавассути шаҳрвандон дар Тоҷикистон, тоза аз навъи “ошӯбаш” ва бидуни мувофиқати мақомот, аз маҳолот аст. Ба гумони мақомоти тоҷик, сафорати Олмон дар Тоҷикистон инро намедонад.

Воқеан аҷиб аст! Мақомоти тоҷик фикр кардаанд, ин навъ “ҳушдорҳо” ва эъломи “ошӯбҳо” рӯи давлатмардони олмонӣ таъсир мегузорад ва дар натиҷа, онҳо барои ин ки дар баробари сафорати кишварашон дар Тоҷикистон “ошӯб” бапо нашавад, монеъи баргузории гирдиҳамоии опозисиюн дар дохили кишварашон мешаванд ва ҷилави онро мегиранд.

Зоҳиран, мақомоти “оқил”-и мо ҳукумати Олмон ва садриаъзамашро бо ҳукумати Тоҷикистон ва пешвояш қиёс кардаанд. Яъне фикр кардаанд, ҳукумати Олмон низ мисли ҳукумати Тоҷикистон аст ва садриаъзамаш низ мисли “пешво”, ки ҳарчи бихоҳад, ҳамон мешавад ва ба истилоҳ, “кун фаякун” аст. Ғофил аз ин ки ҳукумати Олмон ва садриаъзамаш яъне бону Онгело Меркел тобеъи қонунанд ва бо кучактарин тахаттӣ аз қонун, билофосила аз симати худ барканор мешаванд.

Ба иборати дигар, мақомоти тоҷик ҳатто намедонанд, ки баргузории роҳпаймоӣ ва гирдиҳамоӣ дар Олмон (ё ҳар кишвари дигари урупоӣ), як амали комилан қонунӣ аст ва ин қонун аст, ки баргузории онро тазмин мекунад ва ҳеч кас, ҳатто садриаъзам, ҳаққи манъи онро надорад, ки агар бар фарзи маҳол, садриаъзам монеъи он шавад, ҳамон лаҳза тавассути порлумон (Бундестаг) мавриди пурсуҷӯ қарор мегирад, ки чаро аз қонун тахаттӣ кардааст.

* * *

Иқдоми дигари мақомоти “оқил”-и мо дар остонаи баргузории гирдиҳамоӣ дар Олмон, мунташир кардани мақолот дар расонаҳои вобаста ба худ аст, ки дар онҳо, илова бар тӯҳмату иттиҳомоти бепояву асос ба опозисиюн, матолибе гунҷонида шуда, ки нависандаҳояш фикр накарданд, ки ин матолиб, натоиҷи маъкус дошта ва барои ҳукумат дарди сарҳое дуруст хоҳад намуд.

Масалан, дар сомонаи “Ориён” мақолае аз сӯи шахсе ба номи Баҳодур Саидов — ки ба унвони коршиноси умури сиёсии муқими шаҳри Берлин муаррифӣ шудааст – бо унвони “Ҳушдор ба шаҳрвандони муқими Аврупо (Митингбозӣ роҳи ҳалли масъала нест)” мунташир шуда. Дар ин мақола, нависанда аз ҷумла навишта: “Мақсад аз роҳпаймоӣ чизи дигар аст. Дар ин роҳпаймоӣ наҳзатиёни ифротӣ нақша доранд, ба нооромӣ ва террор даст бизананд ва гуноҳи содиркардашонро ба ҷониби ҳукумат вогузор намоянд…”

Зоҳиран, ин нависанда мутавҷҷеҳ нест, ки “гузориш аз вуқӯъи терур”, он ҳам дар Олмон, масъулият дорад. Зеро, дар сурате, ки ин мақола ба дасти мақомоти олмонӣ бирасад, онҳо метавонанд ин шахсро, ки иддао мекунад муқими Олмон аст пайдо кунанд, то ҳувияти “манбаъаш”-ро, ки ин хабари ваҳшатнокро ба ӯ расонда мушаххас кунад, то аз вуқӯи ин амалиёти эҳтимолӣ ҷилавгирӣ шавад. Аммо агар ин гузориш дурӯғ бошад — ки ба эҳтимоли зиёд дурӯғ аст — дар ин сурат, масъулият мутаваҷҷеҳи сомонаи “Ориён” ва афроде мешавад, ки пушти он истодаанд. Зеро, чи басо мақомот тасмим гирифтаанд барои сиёҳ кардани опозисиюни тоҷик дар Урупо, тавассути афроди худ дар Олмон даст ба иқдомҳои носанҷидае бизананд. Пас, комилан равшан аст, ки ин мақола дарди сарҳои бисёре барои мақомоти тоҷик дуруст хоҳад кард.

Ба ҳар сурат, аз мақомоти “оқил”-и кишварамон хоҳиш мешавад, аз ин пас, ҳар иқдоме, ки мехоҳанд бикунанд, аввал хуб дар бораи натоиҷ ва паёмадҳои эҳтимолии он фикр кунанд, сипас, агар диданд барояшон натиҷабахш аст, он гоҳ даст ба он бизананд, вагарна, ҳамон тавр, ки масал мегӯяд:

Чаро оқил кунад коре, ки боз орад пушаймонӣ?!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: