Перейти к содержимому

Музокироти сулҳи Яман ба мизбонии Суед (Шветсия) оғоз шуд

Музокироти сулҳи Яман бо ҳузури ҳайъатҳои яманӣ ва Мортин Грифитс (Martin Griffiths), намояндаи вежаи Созмони Милал дар умури Яман рӯзи панҷшанбе барои барқарории сулҳ ва поён додан ба даргириҳо, дар пойтахт Суед оғоз шуд.

Ба гузориши шабакаи хабарии Алмаёдин, тибқи эъломи Мортин Грифитс, фиристодаи вежаи Созмони Милали Муттаҳид ва Абдулқодир Алмуртазо, узве аз ҳайъати эъзомии Санъо (ҷунбиши Ансорулло), музокироти тарафайни яманӣ дар пойтахти Суед ба таври рӯ дар рӯ нахоҳад буд ва ғайримустақим анҷом мешавад.

Моргут Волструм (Margot Wallström), вазири хориҷаи Суед низ гуфт, ки умедҳои бисёре барои таҳаққуқи гуфтугӯҳои яманӣ-яманӣ дар Суед вуҷуд дорад.

Вай афзуд, ки амалкарди ин музокирот бояд бо таваҷҷӯҳ ба вазъияти вахими Яман ва барои коҳиши вазъияти ғамангези мардуми ин кишвар бошад.

Намояндаи Созмони Милал дар нишасти хабарӣ пеш аз шурӯъи музокирот гуфт: “Метавонем дар ҳоле Суедро тарк кунем, ки ин музокирот дастоварде барои мардуми Яман дошта бошад.”

Тибқи ин гузориш, Грифитс дар суханони худ дар оғози ин музокирот гуфт, ки барои расидан ба сулҳ ва поёни даргириҳо, ҳар ду тараф (ҳайъати Ансорулло ва Кунграи миллии Яман ва ҳайъати давлати Мансур Ҳодӣ) бояд тасмимоти сахте бигиранд.

Вай афзуд, ки мавзӯъи бандари Алҳадида ва мавзӯъоти дигар, дар ҷадвали кории ин музокирот қарор дорад ва дар бораи табодули асирон бар асоси тавофуқе, ки ҳосил шуда ва бозгушоии фурудгоҳи Санъо гуфтугӯ хоҳад шуд.

Грифитс изофа кард, ки ин мардуми Яман ҳастанд, ки ояндаи худро таъйин хоҳанд кард ва Эрон ва Арабистони Саудӣ ҳар ду тавофуқ доранд, ки сарнавишти Яманро мардуми ин кишвар таъйин мекунанд.

Ин мақоми Созмони Милал афзуд: “Умедворем, ки ду тараф чӣ ба шакли мустақим ё аз тариқи Созмони Милал дидгоҳи таъомул бо якдигарро дошта бошанд ва ҳадафи ин музокирот эҷоди ҳамоҳангӣ байни тарафҳо аз тариқи ҳамаи имконот ва абзорҳо аст.”

Вай тасреҳ кард, ки мо пешниҳоде дар бораи бозгушоии фурудгоҳи Санъо дорем, ки дар ин музокирот ба муноқиша хоҳем гузошт, аммо масъалаи бозгушоии ин фурудгоҳ ба лиҳози фаннӣ низ бояд баррасӣ шавад.

Грифитс изофа кард, ки Созмони Милал омода аст дар идораи бандари Алҳадида дар сурати пазириши он аз сӯи ду тараф нақш ифо кунад ва ин созмон ба дунболи ҳифзи шараёни ҳаётии мардуми Яман аст.

Намояндаи Созмони Милали Муттаҳид дар ин нишасти хабарӣ аз имзои тавофуқи табодули асирон байни давлати Мансур Ҳодӣ ва давлати Санъо (Ансорулло) хабар дод ва афзуд, ки имзои тавофуқномаи табодули асирон ба дубора ҷамъ шудани яманиҳо дар канори якдигар кӯмак мекунад.

Вай тасреҳ кард, ки ин музокира мотори муҳаррикаи раванди сиёсӣ ва ҳаракат ба самти сулҳ аст ва мушкилоти Яман бидуни гӯш кардан ба ҳарфҳои тарафи муқобил ҳал нахоҳанд шуд.

Амалиёти табодули асирон ва аҷсод миёни нерӯҳои Ансоруллоҳи Яман ва нерӯҳои давлати Мансур Ҳодӣ рӯзи чаҳоршанбе дар устони Албайзо дар маркази Яман анҷом шуд ва ба дунболи он панҷ тан аз асирони Ансорулло дар изои таҳвили аҷсоди 12 сарбози артиши давлати Ҳодӣ озод шуданд.

Риёсати ҳайъати давлати Ҳодиро Холид Алямонӣ ва риёсати ҳайъати давлати Санъоро Муҳаммад Абдусслом бар ӯҳда доранд.

Музокироти гурӯҳҳои яманӣ дар ҳоле баргузор шуда, ки бозгушоии фурудгоҳи Санъо ва бандари Алҳадида эҷоди эътимодсозӣ, лағви муҳосира, пардохти ҳуқуқи кормандон ва ирсоли кӯмакҳо, аз нуқоти аслии музокироти кунунӣ аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: