Перейти к содержимому

Сухангӯи ҲНИТ: “Самиев аз соли 2014 аз кору фаъолияти сиёсӣ канорагирӣ карда буд”

Бобоҷон Қаюмзод, сухангӯи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар гуфтугӯ бо хабаргузории Тасним, бо ишора ба боздошти Наимҷон Самиев, узви собиқи ҲНИТ дар Русия ва сипас истирдоди вай ба Тоҷикистон, бо баёни ин ки Самиев дар соли 2014 ба далели фишори мақомоти Тоҷикистон ба Русия муҳоҷират карда буд, тасреҳ кард: “Пас аз муҳоҷират ба Русия, ӯ дигар аз кору фаъолияти сиёсӣ канорагирӣ карда ва аслан фаъолияти сиёсӣ надошт.”

Машрӯҳи гуфтугӯ бо Бобоҷон Қаюмзод:

— Дар хабарҳо шунидем, ки Наимҷон Самиев, узви собиқи Риёсати Олии ҲНИТ дар Русия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шудааст? Иллати боздошти ӯ чӣ буда?

Бобоҷон Қаюмзод, мутаваллиди 10 июни соли 1975 дар Кӯлоб, фориғуттаҳсили риштаи равоншиносии Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад, узви Риёсати Олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), корманди бахши фарҳангии ҲНИТ (2007-2009), раиси бахши таҳлил ва барномарезии ҲНИТ (2009-2011), мудири сомонаи Nahzat.tj (2011-2012), масъули Тв Сафо (2012-2015), масъули бахши Ховари Миёнаи ҲНИТ ва раиси Ҷамъияти фарҳангии тоҷикон дар Туркия (2015-2017), сухангӯи ҲНИТ ва масъули дафтари ин ҳизб ва Паймони Миллӣ дар Литва (2018), равоншинос, алоқаманд ба масоили фалсафаи сиёсӣ ва андешаҳои донишмандони муосир.

— Бале, рӯзи 30 ноябр Наимҷом Самиев, узви собиқи Риёсати Олии ҲНИТ, дар Чеченистон боздошт шуда ва билофосила ба шӯъбаи пулиси вилояти Ставропол мунтақил шудааст. Пас аз боздошт, пулиси Русия ҳам дар бораи ӯ иттилое ба наздиконаш намедиҳад. Вукалои мудофеъ ва наздикони Самиев ҳам ҳарчи талош карданд, натавонистанд аз ӯ иттилооте ба даст оваранд. То ин ки дар 4 декабр, яке аз наздикони Самиев гуфт, ки ӯро ба Тоҷикистон интиқол додаанд. Баъдан писари Самиев ҳам ба расонаҳо гуфт, ки ӯ дар боздоштгоҳ қарор дорад. Аммо дар бораи иллати боздошти ӯ, мақомоти Русия то кунун чизе нагуфтаанд. Агарчӣ ба хотири узви Риёсати Олии ҲНИТ буданаш, ӯ аз соли 2015 таҳти таъқиб қарор дошт, аммо то ин замон ба сурати нимаошкор дар Русия зиндагӣ мекард. Мушаххас аст, ки ӯро бо дархости ҳукумати Тоҷикистон боздошт кардаанд. Аммо то кунун мақомоти Тоҷикистон дар бораи боздошти ӯ чизе нагуфтаанд. Равиши мақомоти тоҷик ҳам барои аксарияти мардум ошкор шудааст; ё шиканҷа ва таҳдид мекунанд ва ё ваъда медиҳанд, ва бо ҳар роҳи мумкин гуноҳеро, ки худашон мехоҳанд ба инсон нисбат медиҳанд ва баъд низ онро эълони расмӣ мекунанд.

— Чӣ тавр шуда, ки ҳукумати Тоҷикистон ва Русия пас аз 3 сол ӯро дастгир кардаанд? Магар то пеш аз ин дар Русия ба вай дастрасӣ надоштаанд?

— Албатта дар ин муддат ҳам ӯ таҳти таъқиб қарор дошт. Аммо ӯ дар ин кишвар дар як ҳолати оддӣ ва дур аз сиёсат ва фаъолият зиндагӣ мекард. Ба гуфтаи писараш, на ба сиёсат кор дошт ва на фаъолият мекард. Бо гузашти 3 сол ӯ фикр кард, ки дигар ниёзе ба пинҳон шудан надорад ва метавонад ҳаддиақал озодона хешовандону наздиконашро бибинад. Вале боз ҳам ошкор ба ҷойе намерафт. Ба ҳамин хотир то имрӯз ӯро пайдо накарда буданд.

Аз тарафи дигар, мақомоти Тоҷикистон шабу рӯз талош мекунанд, ки мардум, кишварҳои ҳамсоя ва ҳатто ҷомеаи ҷаҳониро аз ҲНИТ битарсонанд. Бинобар ин, талош мекунанд, ки дар ҳамаҷо ҳар ҷиноятеро ба номи ҲНИТ рабт бидиҳанд. Шумо ҳатман медонед, ки ҳамла ба гардишгарони хориҷиро ДОЪИШ бар ӯҳда гирифт, аммо ҳукумат бешармона онро кори ҲНИТ эълон кард. Аммо касе онро бовар накард. Баъдан низ барои тарсондани Русия, хабареро мунташир карданд, ки гӯӣ як гурӯҳе боздошт шудааст, ки қасди мунфаҷир кардани пойгоҳи 201 Русияро доштааст. Ин хабарро сухангӯи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) дар ибтидо рад кард, аммо чанд соат пас аз он, дубора муовини раиси КДАМ онро таъйид кард. Ин ифтизоҳе буд, ки ба далели тарсондани русҳо расонаӣ шуд.

Аз сӯи дигар, ҳукумати Тоҷикистон бар ин бовар буд, ки танҳо нерӯе, ки дар муқобилаш хоҳад истод, ҲНИТ аст ва соли 2015 бо бастани он мутмаин буд, ки ҲНИТ аз байн хоҳад рафт. Аммо ҲНИТ дар муддати 3 сол худашро сару сомон дода, бо шароити ҷадид мунтабиқ шуда ва шеваи муборизаашро ҳам равшану возеҳ мушаххас кардааст. Ҳукумати Тоҷикистон замоне, ки дид ҲНИТ на танҳо аз байн нарафт, балки ба як нерӯи таъсиргузор ҳам табдил шудааст ва метавонад аз тариқи мусолиматомез ҳокимони имрӯзро ба чолиш бикашад, ҳукумат ҳам чун тавони муборизаи солимро надорад, аз ҳамин шеваи ҳамешагии худ, ки рабудану таҳдид аст, истифода мекунад.

Наимҷон Самиев ҳам агарчӣ аз фаъолияти сиёсӣ канор рафта буд, вале яке аз чеҳраҳои саршинос ва муассири ҲНИТ ба ҳисоб меомад. Раҳмон низ аз ҳар шахсе, ки дар ҷомеа нуфуз дошта бошад, эҳсоси хатар мекунад. Аз сӯи дигар ҳукумат то имрӯз аз ҳамаи рақибонаш интиқом гирифтааст; аз фармондеҳони Фронти халқӣ гирифта то фармондеҳони мухолифин ва ҳатто шахсиятҳои бонуфузи сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва ҳатто иқтисодӣ монанди Зайд Саидов, Раҷабалӣ Одинаев, Бузургмеҳр Ёров ва Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ва дигарон.

Боздошти Самиев ҳам метавонад як навъ интиқомгирии ҳукумат аз ӯ ба хотири фаъолиятҳои гузаштааш бошад.

— Ахбори зидду нақизе дар бораи эҳтимоли истирдоди вай ба Тоҷикистон шунидаем. Акнун дигар метавон ин ахборро таъйид кард? Дар сурати истирдод, чӣ сарнавиште дар интизори Самиев аст?

— Бале, пештар ҳам зикр кардам, ки ӯ ба Тоҷикистон истирдод шудааст ва инро ҳам фаъолони ҳуқуқи башарӣ ва ҳам писари Самиев таъйид кардаанд. Касе ба адолат дар Тоҷикистон бовар надорад. Бинобар ин, бо вуҷуди бегуноҳии Самиев, дар бораи сарнавишти ӯ сухан гуфтан душвор аст. Умедворем ақли солим дар мақомот ғолиб шавад.

— Самиев соли 2014 ва пеш аз ҳаводиси соли 2015 ва эъломи мамнӯияти ҲНИТ, аз Тоҷикистон хориҷ шудааст. Ҳукумати Тоҷикистон ба чӣ баҳонае қасди муҳокимаи Самиевро дорад? Оё иттилое аз иттиҳомоти эҳтимолии вай доред?

— Бале, ӯ пеш аз баста шудани ҲНИТ аз Тоҷикистон хориҷ шуда буд. Мақомоти Тоҷикистон дар тӯҳмат задан ба мухолифонашон яди тӯлое доранд. Ба гуфтаи писари Наимҷон Самиев, иттиҳоми ихтилос ва варшикаст кардани корхонае дар Тоҷикистонро ба ӯ задаанд. Дар ҳоле, ки ӯ ҳаргиз фаъолияти иқтисодӣ надошт. Аммо мақомоти Тоҷикистон агар касеро боздошт кунанд, ҳар чи қадр, ки дилашон бихоҳад, иттиҳом ва парванда меёбанд. Бо ин ҳол, то кунун ба сурати расмӣ чизе эълон нашудааст.

— Аз савобиқи Самиев дар ҲНИТ бигӯед. Танҳо иттилоъ дорем, ки ӯ аз соли 2012 то соли 2014 фаъолияти густурдае дар вилояти Суғд дошт. Фаъолиятҳои пеш аз он ва навъи таомулот ва дидгоҳҳои ӯ дар давраи узвият дар Риёсати Олии ҲНИТ чӣ гуна буд?

— Наимҷон Самиев дар 26 майи 1962 дар рустои Чаҳоркӯҳи Исфара ба дунё омадааст. Ӯ дар Донишгоҳи исломии Имом Абӯҳанифа фориғуттаҳсил шуда ва яке аз беҳтарин мутахассисони тоҷики наҳв дар забони арабӣ аст.

Аз нигоҳи фикрӣ, Самиев яке аз шахсиятҳои мӯътадил ва бисёр дурандеш ба шумор мерафт; ба хусус дар заминаи мубориза бо ифротгароӣ амалкарди дурахшон ва ҳакимона дошт. Ӯ раиси шӯъбаи ҲНИТ дар вилояте буд, ки бештарин аъзоро дошт ва бо дирояти худ тавонист онро ба беҳтарин шакл идора кунад. Самиев ҳамчунин дар миёни уламои динии Тоҷикистон ҳам ҷойгоҳи хоссе дорад ва аз эҳтироми зиёде бархӯрдор аст.

Самиев аз соли 2005 то замони мамнӯъ шудани ҲНИТ дар соли 2015, узви Риёсати Олии ҲНИТ буд. Ҳамчунин дар солҳои 2008 то 2013 раиси шӯъбаи ҳизб дар вилояти Суғд ва аз соли 2014 то аввали 2015 ба унвони раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Исфара фаъолият кардааст. Ӯ тайи солҳои 2000 то 2005 низ намояндаи маҷлиси вилояти Суғд буд.

— Муҳоҷирати Самиев ба Русия дар соли 2014 ва дар ҳақиқат як сол пеш аз мамнӯияти фаъолияти наҳзат буд. Иллати муҳоҷирати вай ва ҷудо шудани ӯ аз наҳзат чӣ буд?

— Муҳоҷирати ӯ дар соли 2014 ба далели фишори мақомоти Тоҷикистон буд. Аммо пас аз муҳоҷираташ ба Русия, ӯ дигар аз кору фаъолияти сиёсӣ канорагирӣ карда ва аслан фаъолияти сиёсӣ надошт. Аммо фаъолияти фарҳангӣ ё иқтисодии ӯро намедонам. Чаро ки дигар бо мо дар иртибот набуданд. Ба хусус пас аз баста шудани ҲНИТ, раҳбари наҳзат вазъияти ҳассоси кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъиро дар назар гирифта, дастури қатъи фаъолият дар дохили Тоҷикистон ва кишварҳои узви ин созмонро содир кард. Аз ҳамин рӯ Самиев ҳам дигар фаъолияте надошт.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: