Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (344)

Қиссаи он кас, ки дари ёре бикӯфт, аз дарун гуфт: кист он? Гуфт: манам. Гуфт: чун ту туӣ, дар намегушоям, ҳеч касро аз ёрон намешиносам, ки ӯ “ман” бошад, бирав. (2)

* * *

Нест сӯзанро сари ришта ду то,

Чунки яктоӣ, дар ин сӯзан даро.

Сӯзан як сӯрох дорад, ва агар сарнах дуто бошад, аз сари сӯзан рад намешавад. Агар якто будӣ ва орӣ аз изофот, пас даруни сӯрохи сӯзан шав. Яъне ҳар гоҳ аз марҳилаи иноният берун омадӣ ва ҳама чизро “ӯ” донистӣ, метавонӣ ба хонаи ваҳдату ҳақиқат дохил шавӣ.

Риштаро бошад ба сӯзан иртибот,

Нест дархӯр бо ҷамал саммул-хиёт.

Риштаи нах вақте борику якто шуд, бо сӯзан иртибот пайдо мекунад ва дар ҳоле ба сӯрохи сӯзан дармеояд, ки якто бошад. Вале сӯрохи сӯзан, дар хӯри вуҷуди шутур нест. Яъне шутур наметавонад аз он убур кунад.

Нукта: Такаббури шутур маъруф аст. Бинобар ин, то вақте ки инсон дучори такаббури шутургуна аст ва барои худ вуҷуде қоил аст ва худбинӣ дорад, шоистаи он нест, ки ба роҳи борику зарифи ваҳдат гом ниҳад. Дар мисроъи дуввум ишорате аст ба ояти 40 сураи Аъроф:

وَلاَ يَدْخُلُونَ الْجَنَّةَ حَتَّى يَلِجَ الْجَمَلُ فِي سَمِّ الْخِيَاطِ

Ва ба биҳишт андар нашаванд, то шутур ба сӯрохи сӯзан даршавад.” Ва низ дар Инҷили Матто, боби 19, шумораи 24 омадааст: “Исо ба шогирдони худ гуфт: ҳар ойина ба шумо мегӯям, ки шахси давлатманд ба малакути осмон ба душворӣ дохил мешавад. Ва гузаштани шутур аз сӯрохи сӯзан осонтар аст аз вуруди шахси давлатманд дар малакути Худо.”

Кай шавад борик ҳастийи ҷамал?

Ҷуз ба миқрози риёзоту амал.

Вуҷуди шутур яъне табиати нафсонии одамӣ кай борику зариф мешавад? Фақат бо қайчии риёзату амалу тоат.

Миқроз: қайчӣ.

Нукта: Қайчии риёзату тоат риштаҳо ва изофоти алоиқи дунявиро мебурад ва одамиро омодаи сулук мегардонад. Мурод аз “ҳастийи ҷамал” табиати нафсонӣ аст, ки хори дунё мехӯрад:

Уштур омад ин вуҷуди хорхор,

Мустафозоде бар ин уштур савор.

(Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.893)

Дасти Ҳақ бояд мар онро, эй фалон!

К-ӯ бувад бар ҳар муҳоле “кун факон”.

Эй фалонӣ! Барои он ки табиати нафсонӣ лоғару ночиз шавад, бояд дасти мадади Ҳақ ҳамроҳӣ кунад. Зеро қудрати Ҳақ Таъоло бар ҳар амри маҳоле таъаллуқ гирад, онро ҷомаи ҳастӣ мепӯшонад.

Нукта: Амре, ки аз назари маҳдуду сатҳии мо, маҳол менумояд, қудрат ва мадади Ҳақ онро майсуру мумкин месозад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.893)

Зоҳиран, мурод аз “муҳол” дар ин байт, маҳоли одатӣ аст, на маҳоли ақлӣ, чун қудрат бар амри маҳоли ақлӣ таъаллуқ намегирад. Маҳоли одатӣ яъне амре, ки ба назари мо, инсонҳо маҳол менумояд, вале дар воқеъ маҳоли ақлӣ нест, балки ақлан мумкин аст. (С.И.)

Ҳар муҳол аз дасти ӯ мумкин шавад,

Ҳар ҳарун аз бими ӯ сокин шавад.

Ҳар амри маҳоле ба дасти ӯ ҷомаи имкон мепӯшад ва мумкин мегардад ва ҳар нафси саркашу тоғӣ аз тарси қудрату сатвати ӯ рому раҳвор мешавад.

Ҳарун: саркаш ва чамуш.

Акмаҳу абрас чӣ бошад? Мурда низ

Зинда гардад аз фусуни он азиз.

Дармони кӯри модарзод ва он ки дучори бемории песӣ шуда, барои ӯ бас осон аст. Инки чизе нест, ҳатто мурда низ бо афсуни он шоҳи вуҷуд ва ба иқтизои исми мубораки “Муҳйӣ”, зинда мешавад.

Акмаҳ: кӯри модарзод. Абрас: касе, ки пӯсти баданаш дорои лаккаҳои сафед бошад, он ки дучори бемории песӣ бошад.

В-он адам, к-аз мурда мурдатар бувад,

Вақти эҷодаш адам музтар бувад.

Ва он адаму нестӣ, ки аз мурда ҳам мурдатар аст, ба ҳангоми падид омаданаш мусаххару роми Ҳақ аст.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: