Перейти к содержимому

Як коргардони омрикоӣ филми терури Хошуқҷиро месозад

 

Як бозигар ва коргардони маъруфи омрикоӣ барои сохти филме аз чигунагии қатли Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори мунтақиди саудӣ, ба Туркия сафар кардааст.

Хабаргузории Онотулӣ аз ҳузури Шон Пен (Sean Penn), бозигар ва коргардони маъруфи омрикоӣ дар Туркия ҷиҳати сохти филми қатли Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори мунтақиди саудӣ хабар дод.

Ин хабаргузорӣ чаҳоршанбе (05.12.2018) гузориш дод, ки Пен имрӯз ба ҳамроҳи тими даҳнафараи худ баъд аз вуруд ба фурудгоҳи Истонбул ба атрофи консулгарии саудӣ рафта ва шурӯъ ба аксбардорӣ аз он кард. Хошуқчӣ 2 октябр баъд аз вуруд ба консулгарии саудӣ дар Истонбул терур шуд.

Пен дар баробари консулгарии саудӣ

Муқобили консулгарии саудӣ

Хабарнигори Онотулӣ мегӯяд, ин бозигари маъруфи омрикоӣ қасд дорад филме мустанад аз ҷинояти қатли Ҷамол Хошуқҷӣ бисозад.

Ҷамол Хошуқчӣ, рӯзноманигори саудии муқими Омрико, ки аз мунтақидони сиёсатҳои Бен Салмон, валиаҳди саудӣ буд, 2 октябри соли ҷорӣ дар сохтмони консулгарии саудӣ ба тарзи фаҷеъе ба қатл расид ва бино ба гуфтаи мақомоти қазоии Туркия, ҷасади ӯ баъд аз қатл бо арра тикка-тикка шуда ва бо асид аз байн рафтааст.

Арабистони Саудӣ дар ибтидо мункири қатл шуд, вале таҳти фишори ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба қатли ӯ дар консулгарии саудӣ эътироф кард, вале ҳар гуна нақши валиаҳди саудӣ дар моҷарои ин қатлро борҳо такзиб кардааст.

Бар асоси аснод ва мадорики Туркия ва арзёбиҳои дастгоҳҳои иттилоотии Омрико, шахси Бен Салмон омири қатли Хошуқҷӣ будааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: