Перейти к содержимому

Бонуе, ки дар авҷи муваффақият канорагирӣ кард

Садриаъзами Олмон дар охирин суханронии худ ба унвони раҳбари Ҳизби демукрот-масеҳии Олмон, бо баёни ин ки “акнун замони канорагирии ман фаро расида ва ин иқдомро гоме дар масири демукросӣ медонам”, аз арзишҳои маънавии ҳизбаш дифоъ кард ва аз ҷонишини худ хост, ба онҳо пойбанд бошад.

Имрӯз (ҷумъа, 07.12.2018) ҳамоиши Ҳизби демукрот-масеҳии Олмон бо суханронии Онгело Меркел кушоиш ёфт ва 1001 намояндаи ин ҳизб дар ин ҳамоиш раҳбари ҷадиди худро баргузиданд.

Меркел суханронии худро бо сипосгузорӣ аз ҳамроҳон ва ҳамкоронаш дар 18 соли гузашта оғоз кард ва сипас ба баёни хотироте пардохт; аз замоне, ки ӯ раҳбарии ҳизбро ба даст гирифт.

Он замон Ҳелмут Куҳл, раҳбари вақти Ҳизби демукрот-масеҳӣ ва садриаъзами вақти Олмон, дар бӯҳрони ҷиддӣ ба сар мебурд, зеро пазириши кӯмакҳои молӣ барои ҳизб аз манобеъи ношинос расвоии бузурге барои ҳизб ба вуҷуд оварда буд.

Онгело Меркел ёдоварӣ кард, ки он замон танҳо бо ҳамёрии якдигар тавонистаанд бар он бӯҳрон пирӯз шаванд ва солҳои тӯлонӣ ба унвони муҳимтарин ҳизб дар давлатҳои эътилофӣ идораи умури Ҷумҳурии Федероли Олмонро дар даст дошта бошанд.

Ӯ, илова бар ин, ба пирӯзии ҳизбаш дар интихоботи иёлатҳои гуногун ишора кард, ба вежа ба пирӯзии Онегрет Кромп-Коренбоуер (Annegret Kramp-Karrenbauer) дар иёлати Зорленд бо беш аз 40 дарсади кулли оро. Корнбоуер яке аз се номзадҳои риёсати ҳизб ва ҷонишинии Меркел аст.

* * *

Таъкид бар арзишҳои ахлоқӣ

Садриаъзами Олмон сипас ба муваффақиятҳое, ки давлаташ дар заминаи рушди иқтисодӣ, коҳиши шумори бекорон, ҳазфи хидмати иҷбории сарбозӣ ва пазириши паноҳҷӯён пардохт ва гуфт, ки ба ин муваффақиятҳо ифтихор мекунад.

Ба гузориши Deutsche Welle, Меркел дар идома таъкид кард, ки акнун замони канорагирии ӯ фаро расида ва ин иқдомро гоме дар масири демукросӣ номид, ба вежа ин ки се тан аз чеҳраҳои барҷастаи ҳизб барои ҷонишинии ӯ номзад шудаанд.

Бонуи сиёсатмадори 64-сола аз ҷонишини худ, ки имрӯз таъйин шуд хост, ки ба арзишҳои маънавии ҳизб, ки ба гуфтаи ӯ, масеҳӣ ва демукротик ҳастанд, пойбанд бошад. Ӯ дар ин росто гуфт: “Мо ҳаргиз касеро ба ҳошия намеронем ва маҳрум намекунем, мо ҳаргиз касеро таҳқир намекунем, мо ба каромати ҳамаи инсонҳо ба сурати баробар эҳтиром мегузорем, мо ҳаргиз касеро бар алайҳи дигаре таҳрик намекунем, мо ба тамоми ҳамватанонамон хидмат мекунем.”

Онгело Меркел дар миёни каф заданҳои пай дар пай суханронии худро ба поён расонд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: