Перейти к содержимому

Кампирҳо ва тазоҳурот

Ба қалами Алишер Назриев

Интихоботи парлумонии соли 2015, ки ҲНИТ дар он иштирок ва фаъолияти бесобиқаро ба намоиш гузошта буд, воқеаву ҳаводиси ҷолибе дошт. Як чунин ҳодисаи аҷиб дар тими интихоботии Руқия Нурӣ, духтари Сайд Абдуллоҳ Нурӣ ба вуҷуд омад. Он вақт ҲХДТ ва мақомоти қудратӣ аз “хизмати” занон алайҳи ҲНИТ зиёд истифода мекарданд. Ҳамон вақт гапи “кампирон” алакай матраҳ буд.

Тими интихоботии Руқия Нурӣ дар Душанбе яке аз тимҳои бисёр қавӣ ба ҳисоб мерафт, ки дар он Ойниҳол Бобоназарова, Мӯътабараи Раштӣ, Раҷаби Мирзо, Муҳаммадҷони Нурӣ, Эшони Ҳабибхон, Далери Аллома ва даҳо тан валантерони ғайри ҳизбӣ машғул ба таблиғи номзад ва таҳияву пешниҳоди барнома будаанд.

Тибқи гузоришҳои дарёфтӣ ин тими интихоботӣ бисёр мавриди тавваҷӯҳи ҳам ҲНИТ ва ҳам ҳукумат будааст. Фишорҳои рӯзафзуни мақомот болои ҲНИТ ба хусус ҳамин тим он шабу рӯз зиёд мегардад. Аз барчидани варақаҳои интихоботӣ, шиору овезаҳо то монеъагузории вохурӯҳо бо мардум…

Вақте, ки ин ҳолат ба вуҷуд меояд, Далер шӯхиомез пешниҳод мекунад, ки агар мақомот аз ин иқдоми худ даст накашанд, онҳо ба воситаи кампирҳо даст ба тазоҳурот мезананд. Ва ин шӯхӣ чанд муддат давом мекунад. Далер ба Мӯътабара мегӯяд, шумо 1000 нафар аз минтақаи Рашт, апаи Ойниҳол шумо 1000 нафар аз Душанбе ва акаи Раҷаб ҳазор нафари дигар аз Кӯлоб кампирҳоро ҷамъ карда, даст ба тазоҳурот мезанем.

Алакай ҳазорҳо кампир дар Ваҳдату атрофи Душанбе омода ба тазоҳуротанд… Ин шӯхӣ чанд рӯз давом мекунад; бо кампирҳо инхел мекунем, бо воситаи кампирҳо фишор меорем, ба воситаи кампирҳо таҳрим мекунем…

Новобаста ба оне, ки ин як шӯхӣ будааст, дар ҳамон вақт намояндае аз мақомоти шаҳри Душанбе Далерро даъват мекунад, ки ба онҳо баёнот диҳад, то ин масъалаи кампирҳо чист ва гӯё онҳо кампирро ҳамчун рамз истифода мекунанд…

Ҳарчанд ки ба он мақомдор мефаҳмонанд, ки ин як шӯхӣ аст, аммо қабул намекунад. Баъдан бо дахолати як нафари дигар ба он маъмур мефаҳмонанд, ки ин як ин як шӯхӣ аст. Далер мегӯяд, ҳангоме, ки аз назди он нафар вақте мебаромад ӯ ба такрор мегуфтааст ба ҳар сурат идеяи бад нест, инқилоб бо кампирҳо!

Алишер Назриев, узви тими интихоботии Руқия Нурӣ, дар ҳоли ҳозир муқими Олмон

Махсус барои Кимиёи саодат

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: