Перейти к содержимому

Омрико ва режими саҳюнистӣ дар Созмони Милал селӣ хӯрданд

Ҷунбиши муқовимати исломӣ (Ҳамос) ва ҷунбиши Ҷиҳоди Исломии Фаластин, рад шудани қатъномаи зидди фаластинии Омрико дар Созмони Милал дар маҳкумияти нерӯҳои муқовиматро нишонаи машрӯияти ин нерӯҳо ва селии муҳкаме ба Вошингтун ва Телавив донистанд.

Ба гузориши расонаҳои хабарӣ, Ҳамос ва Ҷиҳоди Исломӣ ҳамчунин талоши кишварҳо ва ниҳодҳо ва гурӯҳҳои ҳомии Фаластин барои муқобила бо пешнависи қатъномаи омрикоӣ дар Маҷмаъи умумии Созмони Милал дар маҳкумияти гурӯҳҳои муқовиматро сутуданд.

Довуд Шиҳоб, масъули дафтари расонаии ҷунбиши Ҷиҳоди Исломӣ гуфт, ки шикасти ин тарҳи омрикоӣ дар Созмони Милал селии муҳкаме ба Омрико ва режими саҳюнистӣ буд, ки тибқи одати ҳамешагиашон дар минбари байналмилалӣ одат ба дурӯғпароканӣ доранд.

Вай, мавозеъи кишварҳо ва ниҳодҳо ва гурӯҳҳои мухолифи ин тарҳро сутуд ва ҳамчунин ёдовар шуд, ки нанг бар касоне, ки бо “Исроил” мумошот карда ва ба нафъи ин қатънома раъй доданд. Ин кишварҳо ба хотири нифоқ, тарс ва нодида гирифтани ҳақиқат, эҳсоси шарм хоҳанд кард.

Ҷунбиши муқовимати исломӣ (Ҳамос) низ дар ин бора афзуд, ки ҳамроҳ бо миллати Фаластин талошҳои ҷиддии кишварҳо дар рӯёрӯӣ бо пешнависи қатъномаи пешниҳодии Омрико ба Созмони Милал дар маҳкумияти Ҳамос ва гурӯҳҳои муқовиматро аз наздик дунбол мекунад.

Фавзӣ Барҳум, сухангӯи расмии Ҳамос, ин талошҳоро сутуд ва онро баёнгари ҳимоят аз адолат ва дифоъ аз ҳақ ва риояти инсоф дар қиболи миллати Фаластин донист.

Маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар нишасти асри панҷшанбеи худ 86 раъйи мувофиқ, 58 раъйи мухолиф ва 33 раъйи мумтанеъ, ба қатъномаи пешниҳодии Омрико барои маҳкум кардани Ҳамос дод.

Аз он ҷо, ки пеш аз ин, тасвиб шуда буд, ки ин қатънома бояд ду севвуми орои Маҷмаъи умумӣ яъне ҳаддиақал 99 раъйро ба даст оварад, тарҳи пешниҳодии Омрико ва режими саҳюнистӣ бо шикаст мувоҷеҳ шуд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: