Перейти к содержимому

Хатари теруризм Осиёи Марказиро таҳдид мекунад

Эшли Скарфо мӯътақид аст, ҳукуматҳои авторитарии минтақа контроли сахте бар рӯи расонаҳо эъмол намуда ва таърифҳои нодурусте аз теруризм ироа намудаанд, ки шомили саркӯби мухолифони сиёсӣ, ба кор гирифтани хушунат ва дигар фаъолиятҳо низ мешавад, ва ҳамин равишҳо хатари теруризм дар Осиёи Марказиро ташдид кардааст.

Ба қалами Эшли Скарфо (Ashley Scarfo) дар пойгоҳи Terrorism Monitor

Шӯҳрати кишварҳои Осиёи Марказӣ ба унвони содиркунандаи ифротгароӣ, ба назар мерасад, ки заминаҳои афзоиши нигарониҳо нисбат ба таҳдиди теруризм дар дохили ин минтақаро падид овардааст. Шуморе аз ҳаводиси як соли ахир дар Тоҷикистон ва масъалаи афзоиши фаъолиятҳои низомӣ, ҳам манофеъи миллӣ ва ҳам хориҷиро ҳадаф қарор додааст.

Чанд масъала дар ин замина мӯҷиби густурдагии таҳдид шуда ва метавонанд кулли минтақаро таҳти таъсир қарор диҳад, ки иборатанд аз: тағйири ҳавзаи амалиёти ДОЪИШ ба тамаркуз дар Афғонистон дар пайи шикаст дар Сурия ва Ироқ; рушди фазояндаи нуфузи Чин дар Осиёи Марказӣ ва саркӯби мухолифон тавассути давлатҳои авторитарӣ.

Дар 13 ноябр мақомоти Тоҷикистон шиносоии 12 мазнунро, ки зоҳиран пайвандҳое бо ДОЪИШ дошта ва дар пайи тартиб додани як ҳамла ба пойгоҳи низомии Русия ва як мактаб дар наздикии Душанбе будаанд, таъйид карданд.

Мақомоти ин кишвар иддао мекунанд, ки омилони эҳтимолии ин ҳамла, ки дар 4 ноябр дастгир шудаанд, ба сурати онлойн ба узвияти ДОЪИШ даромада ва ба сурати онлойн низ бо ин гурӯҳ байъат намудаанд.

Илова бар ин, ду ҳодисаи дигар низ тайи моҳҳои ахир ба вуқӯъ пайваста, ки иртиботҳое бо ДОЪИШ доштаанд. Дар охирин маврид, шӯриши бузурге дар зиндони шаҳри Хуҷанд дар шимоли Тоҷикистон ба вуқӯъ пайваст, ки гуфта мешавад, бо таҳрики ҳаводорони ДОЪИШ сурат гирифтааст. Ин шӯриш, ки дар 7 ноябр ба вуқӯъ пайваст, беш аз 50 кушта бар ҷой гузошт.

Ҳодисаи дигар низ кушта шудани 4 туристи дучархасавори хориҷӣ дар ҷануби Тоҷикистон дар моҳи июл буд. ДОЪИШ муддате пас аз ин ҳаводис, масъулияти ҳар ду ҳамларо дар хабаргузории “Аъмоқ” бар ӯҳда гирифт.

Ҳамлаи нофарҷом алайҳи пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон, мақомоти ин пойгоҳро ба афзоиши тадобири амниятӣ дар он водошт. Ин ба он маъност, ки онҳо бар ин боваранд, ки таҳдиди ҳамла агар ҳатто дар тамоми вусъати минтақа вуҷуд надошта бошад, алайҳи ин таъсисоти низоми ҷиддӣ аст.

Русия ҳаддиақал аз авоили соли 2017 нигарони раванди фазояндаи фаъолиятҳои низомии теруристҳо дар Осиёи Марказӣ будааст. Дар июни 2017 мақомоти рус бо ишора ба вазъияти рӯ ба вахомати амният дар Афғонистон, изҳор доштанд, ки тадобири амниятӣ дар пойгоҳҳои Русия дар Қирғизистон ва Тоҷикистон тақвият шудааст.

Аз ибтидои соли 2014, замоне, ки нерӯҳои низомии Иёлоти Муттаҳидаи Омрико хуруҷ аз Афғонистонро оғоз карданд ва ба вежа аз замони шикасти низомии хилофати ДОЪИШ дар аввалҳои соли 2018, нозирони хориҷӣ нигарониҳои мушобеҳеро перомуни бадтар шудани таҳдидоти низомӣ дар Афғонистон, ки 1357 километр марзи муштарак бо Тоҷикистон, 744 километр бо Туркманистон ва 144 километр бо Ӯзбекистон дорад, иброз доштаанд. Бинобар ин, эҳтимоли сирояти хушунатҳо аз Афғонистон ба Осиёи Марказӣ, бисёр зиёд аст. Зеро ҳаддиақал 2500 то 4400 ҷангҷӯи кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки ба Сурия ва Ироқ сафар кардаанд, тамаркузи худро мутаваҷҷеҳи набард дар Афғонистон карда ва ё ҳаддиақал дар фикри бозгашт ба кишварҳои худ барои сурат додани бархе ҳамалот ҳастанд.

Ташдиди даргириҳо дар Афғонистон, афзоиши таҳдиди родиколиза шудани рӯйкардҳо дар кишварҳои авторитарии Осиёи Марказиро низ ба сабаби сиёсатҳои саркӯбгаронаи онҳо мӯҷиб шудааст. Ин шароит дар Қазоқистон сахтгиронатар аз дигар кишварҳои минтақа аст. Бар асоси қонуни динии соли 2011-и ин кишвар, тамоми гурӯҳҳои динии сабтнашуда ғайриқонунӣ эълом шуданд. Дар идомаи ҳамин раванд, ислоҳоти эъмолшуда дар соли 2016 низ даричаи пазириши фаъолиятҳои динии қобили қабулро бисёр кучактар карда ва муҷозотҳои сахте шомили ҷарима ва ҳабси тӯлонимуддат барои афроде, ки ин қонунро зери по мегузоранд, эъмол намуд. Дар моҳи июни соли ҷорӣ (2018) низ Маҷлиси сенои Қазоқистон ислоҳоти ҷадид ва мушобеҳеро сурат дод.

Додаҳои мавҷуд ҳокӣ аз онанд, ки кормандони сохторҳои иҷроӣ 85 дарсади кулли талафоти муртабит бо теруризмро дар Осиёи Марказӣ тайи 10 соли ахир ба худ ихтисос додаанд. Ин бад-он маъност, ки иҷрокунандагони чунин сиёсатҳои саркӯбгаронае, аҳдофи аслии ҳамалоти теруристӣ дар минтақа мебошанд.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин, чунин гузоришҳое аз ҳамалот ва дигар фаъолиятҳои теруристӣ ҳамчунон мебоист ҷиддӣ гирифта шаванд.

Аз сӯи дигар, давлатҳои минтақа контроли сахте бар рӯйи расонаҳо эъмол намуда ва таърифҳои нодурусте аз теруризм ироа намудаанд, ки шомили саркӯби мухолифони сиёсӣ, ба кор гирифтани хушунат ва дигар фаъолиятҳо низ мешавад.

Дар канори ин мавзӯъ бояд ба ин нукта низ таваҷҷӯҳ дошт, ки шибҳинизомёнии ифротгаро ва ҳаводорони онҳо мумкин аст фаъолиятҳои худро дар ростои ҳадаф қарор додани ҳарчи бештари манофеъи хориҷӣ дар Осиёи Марказӣ, мутанаввеъ созанд. Ба унвони мисол, ҳамлаи ба туристҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон дар моҳи июли соли ҷорӣ метавонад тарафдорони ДОЪИШ-ро ба такрори чунин ҳамалоти фурсатталабонае дар оянда тарғиб кунад.

Ҳузури рӯ ба рушди Чин дар Осиёи Марказӣ — ки дар “ибтикори камарбанд ва ҷода”-и Пекин худро нишон медиҳад — низ аз зарфияти муносибе барои ҷалби назари ифротгароён бархӯрдор аст. Мардуми Осиёи Марказӣ аз эҳсосоти хоссе нисбат ба гурӯҳҳое аз ақаллиятҳои мусалмони уйғур, ки дар кампҳои дастаҷамъии “бозомӯзӣ” (барои тағйири ақоид ва дидгоҳҳои динӣ) дар Синкёнг ҳабс шудаанд, бархӯрдоранд. Ҳамонанди сиёсатҳои саркӯбгаронаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, поксозиҳои қавмӣ дар Чин низ метавонад маншаи асаре барои сурат додани ҳамалоти теруристӣ алайҳи манофеъи хориҷии Пекин бошад. Мизони муваффақияти чунин ҳамалоте то ҳудуди зиёде ба асаргузории нерӯҳои амниятии маҳаллӣ бастагӣ дорад.

Terrorism Monitor

Эшли Скарфо (Ashley Scarfo) таҳлилгари фаронсавии масоили амниятӣ ва иттилотӣ аст. Ҳавзаи тахассуси ӯ, Урупо ва Шӯравии собиқ аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: