Перейти к содержимому

Ҳадди худро мешинохтанд

Ёдошти Абдулло Давлатов

Бо қарсакзании 10 дақиқагӣ аз раисии ҳизб гусел кардани хонум Меркелро тамошо кардаму фикр кардам:

— Николай II, ки сари вақт тахтро насупурд, бо аҳли оилаву хизматгорону духтураш бо як ваҳшонияти бесобиқа қатл карда шуд. Ҳатто фарзанди ноболиғи беморашро дар пеши чашмаш бо як ваҳшигарӣ қатл карданд;

— Сталин, ки худро абадӣ мешумурд, баъди маргаш фарзандонаш дар ба дар гаштанду рӯзи хуш надиданд: яке дар асорати фашистон парронда шуд, дигаре аз Маскав ронда майзада шуд, духтараш чанд шавҳари русу яҳуду ҳиндуву амрикоӣ карду хушбахтиро надид;

— Брежнев, ки ғайриихтиёрӣ як умр раҳбарӣ кард, баъди вафоташ фарзандонаш бечораву хору зор шуданд. Духтари дӯстдоштааш майзада шуду дар беморхонаи касалиҳои руҳӣ умр ба сар бурд. Ҳатто писари муваффақаш, ки собибкор буд дар синни 57 солагӣ аз сактаи дил мурд.

Дар баробари ин, Ҷорҷ Буши калонӣ, ки дар 94-солагӣ аз ҷаҳон даргузашт, барои фарзандонаш обрӯву молу мулки зиёде монд. Чаро?

Барои он, ки ҳаддро мешинохт.

Медонист, ки ӯ абадӣ нест, балки халқи кишвараш абадист.

Медонист, ки ӯ дар давлаташ аз ҳама болотар нест, балки қонун аз ҳама болотар аст.

Буш бо ҳама қотилияш қонунро аз худ боло медонист ва муваффақ гашта буд.

Фарзандони зиндаи Муаммар Қаззофиву Саддом Ҳусайну Ҳусни Муборак дар чӣ ҳол бошанд?

Наход дар ин ҳама николайҳову сталинҳову қаззофиҳову саддомҳусайнҳо ақлу инсоф набошад, ки ба хотири дар тахт ҷон додан, фикри ояндаи фарзандону наберагонашонро намекарданд?

Аҷаб дунёе…

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: