Перейти к содержимому

“Адӯ шавад сабаби хайр агар Худо хоҳад”

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Як зарбулмасали форсӣ ҳаст, ки мегӯяд: “Адӯ шавад сабаби хайр агар Худо хоҳад”. Дар поёни ҳамин ёддошт, достонеро, ки гуфта мешавад решаи ин зарбулмасал будааст бароятон нақл мекунам, чун хеле ҷолиб аст, ҳарчанд чандон иртиботе ба мавзӯи мавриди баҳси ин ёддошт надорад.

Чанд рӯзе аст, ки мақомоти Тоҷикистон, ба хотири эълони баргузории гирдиҳамоӣ аз сӯи “Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ” дар муқобили сафорати Тоҷикистон дар Олмон, шадидан ба такопӯ афтодаанд. Мақомот, аз нахустин лаҳзаҳои эълони ин гирдиҳамоӣ, ҳамаи нерӯ ва тавони худро басиҷ кардаанд, то ба гумони худ, битавонанд монеъи баргузории он шаванд. Чизе, ки сабаб шуд сару садои ин гирдиҳамоӣ, беш аз худи он хабарсоз шавад. Яъне, дар воқеъ ин сару садое, ки ҳукумати Тоҷикистон роҳ андохтааст, мӯҷиб гардид хабари баргузории ин гирдиҳамоӣ ба гӯши так-таки тоҷикон ва ҳатто ғайритоҷикҳо бирасад ва ба он таваҷҷӯҳ ҳосил шавад.

Ин дар ҳолест, ки баргузоркунандагон, ҳадафашон танҳо баргузории як гирдиҳамоии бисёр маҳдуд бо ширкати фақат баъзе аз паноҳандагони тоҷик ва бо дархости озодӣ барои се зиндонии сиёсии тоҷик, яъне Зайд Саидов, Муҳаммадалӣ Ҳаит ва Бузургмеҳр Ёров ва низ талаби шаффофият дар парвандаи кушташудашудаҳо ва захмиҳои зиндони 3/3 Хуҷанд буд. Ва ба гуфтаи ҷаноби Абдусаттор Бобоев, раиси кумитаи мазкур (КШНГЗТ), баргузоркунандагон ҳатто таваққӯъ надоштанд, ки соири гурӯҳҳо ва аҳзоби сиёсӣ мисли Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) ба он мулҳақ шаванд. Асли моҷаро ҳамин буд.

Аммо, ба баракати таваҷҷӯҳи ҳукумат ба ин фарохон ва сару садое, ки дар яке ду рӯзи гузашта роҳ андохт, дигар аҳзоб ва гурӯҳҳо аз ҷумла ПМТ ва ҳамчунин даҳҳо паноҳандаи дигар – ки зоҳиран чандон иртиботе бо опозисиюн надоранд — низ эъломи омодагӣ барои ширкат дар ин маърака намуданд. Ва ангезаи эъломи мушорикати онҳо, ба гуфтаи худашон, фақат сару садое будааст, ки ҳукумат роҳ андохта ва онро бузург нишон дода ва ба қавли маъруф, аз “пашша фил сохта”. Ва аз сӯи дигар, ин сару садо, дар худи баргузоркунандагон ҳам ангеза эҷод кард, то каме ҷиддитар ба масъала нигоҳ кунанд ва маъракаи худро бошукӯҳтар баргузор намоянд. Қобили ёдоварист, ин гирдиҳамоӣ, ки баргузоркунандааш КШНГЗТ мебошад, аслан ҳадафи сиёсӣ надошт, ҳадафаш сирф инсонӣ ва бо дархости озодӣ барои зиндониён буд.

Ба сухани дигар, дар воқеъ ин вокуниши беш аз андозаи ҳукумати Тоҷикистон буд, ки ҳам дар худи баргузоркунандагон ангезаи бештар эҷод кард ва ҷиддитар шуданд ва ҳам аз тарафе боис гардид таваҷҷӯҳи афкори умумӣ ба он, беш аз он, ки таваққӯъаш мерафт, зиёд шавад.

Ин ҳамон аст, ки зарбулмасали фавқ мегӯяд: “Адӯ шавад сабаби хайр агар Худо хоҳад”. Яъне, “адӯ” – ки албатта мо мақомотро “адӯ” намешуморем, онҳоро танҳо мухолифи сиёсии худ медонем – коре карданд, ки як маъракаи бисёр маҳдуд, ба як маъракаи бисёр бузург (албатта бузург аз назари мақомот) табдил ёбад ва ба ҳадде хабарсоз шавад, ки ҳатто расонаҳои хориҷӣ ба он таваҷҷӯҳ намуда ва зимни тамос бо баргузоркунандагони ин гирдиҳамоӣ, ҳузури худ дар онро эълом намоянд. Вагарна, агар ин сару садо ва таваҷҷӯҳи беш аз андозаи ҳукумат – аз эълони роҳандозии “ошӯб” дар баробари сафорати Олмон дар Душанбе гирифта то мақолоту ёддоштҳои пушти сари ҳам ва тақрибан дар ҳамаи сомонаҳо ва расонаҳои вобаста ба ҳукумати Тоҷикистон – намебуд, КШНГЗТ ҳатто бо сарфи маболиғи бисёр ҳангуфт ҷиҳати ҳарчи бошукӯҳтар баргузор кардани маъракааш, қодир ба эҷоди ин ҳаҷм аз таваҷҷӯҳ ва ҷалби афкори умумӣ барои масъалае, ки мехоҳад ба самъи ҷомеаи тоҷик ва ҷаҳониён бирасонад, намешуд.

Пас, воҷиб аст КШНГЗТ як тақдиру ташаккури вежае аз мақомоти тоҷик бикунад, ки дар эҷоди ин ҳама таваҷҷӯҳи камсобиқа ва ҷалби афкори умумӣ — чӣ дар дохили Тоҷикистон ва чӣ дар хориҷ аз он – ба қазияи зиндониёни сиёсии тоҷик, махсусан он се бузургвор, саҳми худро мегузоранд ва ройгону маҷҷонӣ дар ин росто хидмат мекунанд! Хусусан дар ин айём ва рӯзгор, ки ҷалби афкори умумӣ, кори бас душвор аст. Воқеан дасташон дард накунад!

Гоҳе ин бовар бароям даст медиҳад, ки фикр мекунам, ин масъулон, огоҳона ин “хидматҳо”-ро мекунанд. Яъне, онҳо воқеан аз сиёсатҳои нобихрадонаи Эмомалӣ Раҳмон хаста шудаанд ва бо ин “хидматҳо” мехоҳанд ба гӯши ӯ бирасонанд, ки мухолифонашро кам нагирад. Дасташон дард накунад!

Инак, достоне, ки гуфта мешавад решаи зарбулмасали: “Адӯ шавад сабаби хайр агар Худо хоҳад” будааст, бароятон нақл мекунам, ҳарчанд бо мавзӯи мавриди баҳси мо чандон иртиботе надорад, вале хонандаи ҳушёру зирак паёмро дармеёбад.

* * *

Овардаанд, ки марде порсо ба бозори шаҳр рафту гове хариду ба сӯи хонааш бозгашт. Гов, дурушту чолок буд. Барои ҳамин, дар миёни роҳ дузде ҳавас кард, ки онро тасоҳуб кунад. Аз ин рӯ, соя ба сояи марди порсо ба роҳ афтод. Ҳанӯз муддате нагузашта буд, ки дузд як нафари дигареро дид, ки шона ба шонаи ӯ меояд. Аз ин ки ногаҳон ӯро дид, таъаҷҷуб кард ва пурсид: ту кӣ ҳастӣ? Канори ман чӣ мекунӣ?

Он фард гуфт: ман дев ҳастам, худамро ба сурати одам даровардаам, то ҳарҷо, ки шуд ин марди порсоро бикушам, аммо ту барои чӣ ба дунболи ин мард меравӣ?

Дузд гуфт: кори ман дуздиву роҳзанӣ аст, гови ин мард чашми маро гирифта ва то соҳиби он гов нашавам, ором намегирам.

Дев гуфт: пас, ҳар ду бо ин марди порсо кор дорем; яке барои куштани ӯ ва яке барои бурдани гови ӯ.

Марди порсо аз пеш ва дузду дев ба дунболи ӯ рафтанд, то ба хонааш расид. Марди порсо говро ба тавила бурд. Обу алафе барояш гузошту ҷои ӯро тамиз карду ба утоқ рафт, то бихобад.

Дар ин вақт, деву дузд дохили хона шуданд, вале пеш аз он ки корашонро шурӯъ кунанд, дузд бо худ гуфт: агар зудтар аз он ки ман говро бибарам, марди порсо бедор шавад чӣ? Аз куҷо маълум, ки дев битавонад ӯро бикушад?

Дев ҳам бо худ гуфт: агар пеш аз он ки ман марди порсоро бикушам, бо сару садои дузд, ки мехоҳад говро аз хона берун бибарад, мард аз хоб бедор шавад чӣ? Аз куҷо маълум, ки дузд битавонад бе сару садо говро бибарад?

Деву дузд ин фикрҳоро бо худ мекарданд, ки дузд гуфт: гӯш кун, рафиқ! Беҳтар аст ман аввал говро бибарам, баъд ту марди порсоро бикушӣ, ин кор оқилонатар аст, метарсам, ки ту муваффақ нашавӣ ва кори маро хароб кунӣ.

Дев гуфт: иштибоҳ накун! Кори ман оқилонатар аст. Агар ман аввал марди порсоро бикушам, ту роҳаттар метавонӣ гови ӯро бидуздӣ.

Дузд гуфт: вале ман аввал ин марду говашро дидам.

Дев гуфт: ту ба дунболи гови ӯ равон шудӣ, вале ман худашро мехостам, пас беҳтар аст ман аввал корамро шурӯъ кунам.

Дузд гуфт: ту девӣ ва намефаҳмӣ, мехоҳӣ коре кунам, то аз одамкушӣ пушаймон шавӣ?

Дев гуфт: ту дуздӣ ва намедонӣ, мехоҳӣ коре бикунам, ки он говро дар хоб ҳам набинӣ?

Дар ин ҳангом, дузд рӯ ба утоқи марди порсо фарёд кашид: баланд шав эй мард, чӣ нишастаӣ, ки деве қасди ҷони туро карда!

Дев ҳам баландтар аз дузд фарёд кашид: баланд шав эй мард, чӣ хобидаӣ, ки дузде барои бурдани гови ту омада!

Бо ин сару садоҳо, марди порсо аз хоб бедор шуд. Фарёд зад ва аз ҳамсоягон кӯмак хост. Ҳамсояҳо бо чӯбу сангу ҳарчи дар даст доштанд, ба деву дузд ҳамла карданд. Деву дузд аз тарс по ба фирор гузоштанд.

Яке аз ҳамсояҳо пурсид: эй марди Худо! Чӣ шуд, ки аз омадани деву дузд ба хонаат хабардор шудӣ?

Марди порсо гуфт: ман бехабар будам. Худашон ба ҷони ҳам афтоданд ва ҷону дороии ман дар амон монд. Даъвои онҳо барои ман хайру хубӣ ба ҳамроҳ дошт, ба ҳар ҳол, “Адӯ шавад сабаби хайр агар Худо хоҳад”.

Аз он пас, агар касе бар асари ҳамоқати душманонаш, аз ранҷу гирифторӣ наҷот ёбад, ин зарбулмасал ҳикояти ҳоли ӯ мешавад.

Саломат бошед!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: