Перейти к содержимому

Қатъномаи поёнии гирдиҳамоӣ дар назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Берлин

Мо, шаҳрвандони тоҷикистонии муқими Аврупо, дар санаи 10 декабри соли 2018 ҳамзамон бо Рӯзи ҷаҳонии ҳуқуқи башар, дар назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Берлини Олмон гирди ҳам омадем ва аз номи ҳамаи шаҳрвандоне, ки ҳуқуқашон поймол шудааст эълом мекунем:

1) Аз ҳукумати Тоҷикистон талаб менамоем, ки дархости Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар бораи озодии фаврӣ ва бе қайду шарти муассиси ҳизби “Тоҷикистони нав”, Зайд Саидов ва муовини раҳбари ҲНИТ, Муҳаммадалӣ Ҳаит ва ҳамчунин дархостҳои созмонҳои байналмилалии мудофеи ҳуқуқи башар дар хусуси озодии фаврии вакили дифоъ, Бузургмеҳр Ёровро ба иҷро гузошта ва ин се зиндонии сиёсиро фавран озод кунанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони узви Созмони Милали Муттаҳид вазифа дорад дархости ин созмонро иҷро намояд, ҳамчунин амволи ғасбшудаи ин се зиндонӣ махсусан Зайд Саидовро баргардонад ва низ тибқи дархости Созмони Милали Муттаҳид, ба хотири ғайриқонунӣ зиндон кардани онҳо, ба онҳо ғаромат пардохт намояд;

2) Ҳукумати Тоҷикистон бояд ҳамаи зиндониёни сиёсӣ аз ҷумла раҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раҳбари ҷунбиши “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон, Мақсуд Иброҳимов ва низ ҳамаи раҳбарон ва фаъолони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Гурӯҳи 24-ро, ки бидуни баргузории додгоҳи одилона ва шаффоф маҳкум ба зиндон шудаанд, озод созад;

3) Ҳукумати Тоҷикистон фавран сарнавишти блогери рабудашуда дар Санкт-Петербурги Русия, Эҳсон Одинаевро, ки бино ба гуфтаи модар ва бародараш тавассути Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) рабуда ва ба Тоҷикистон бурда шудааст, равшан кунад;

4) Ҳамчунин аз мақомоти Тоҷикистон талаб менамоем, ки феҳристи комили ҳамаи кушташудаҳо ва захмиҳои зиндони рақами 3/3 Хуҷандро нашр кунанд. Мо ҳамчунин дархост менамоем, ки омилони ин ҷиноят ва қатли омм, тибқи қонунҳои Тоҷикистон ва меъёрҳои байналмилалӣ муҷозот шаванд. Аз кор сабукдӯш кардан ва боздошт намудани чанд корманди зиндон, роҳи ҳал нест, бояд масъулони баландпояе, ки дар ҳамон шаб бо истифода аз нерӯҳои ОМОН ва Алфа, дастур ба ҳамла ба зиндониёни ғайримусаллаҳ додаанд, тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида шуда, муҷозот шаванд. Дар ғайри ин сурат, мо талаб хоҳем намуд, то як таҳқиқи байналмилалӣ оиди ин парванда сурат гирифта, омилони он ба унвони анҷомдиҳандагони ҷиноят алайҳи башарият ва қатли омми шаҳрвандони ғайримусаллаҳ, дар додгоҳи байналмилалӣ биистанд;

5) Аз мақомоти Тоҷикистон дархост менамоем, ки шиканҷаву озору азиятҳои зиндониёнро мутаваққиф кунанд. Гузоришҳои зиёде, ки дар ин хусус ба берун дарз гардида ва ҳамчунин ба дасти созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар расидааст, нишон медиҳанд, ки зиндониёни тоҷик, ба бадтарин ва зишттарин шеваҳо мисли “Склонка” мавриди таҳқиру тавҳин қарор мегиранд. Ин амалҳо хилофи қонунҳои Тоҷикистон ва низ хилофи тамоми санадҳои ҳуқуқии байналмилалии бисёрҷониба, ки Тоҷикистон имзо кардааст мебошад, махсусан “Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ таҳкиркунандаи шаъну шараф”.

6) Талаби дигари мо аз мақомоти Тоҷикистон ин аст, ки фавран ба фишору таъқиби падару модарон ва хонаводаҳо ва наздикони мухолифони сиёсии худ хотима диҳанд. Гузоришҳое, ки баъд аз соли 2015 ва паноҳанда шудани шумори зиёде аз ҳамватанон ба кишварҳои дигар махсусан ба кишварҳои аврупоӣ мунташир шудаанд, нишон медиҳад, ки имрӯз ҳеч паноҳандае нест, ки яке аз наздиконаш тавассути ниҳодҳои амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон мавриди таъқибу фишору озору азият қарор нагирифта бошанд, ҳатто падару модарони 70 то 90-сола ба шӯъбаҳои маҳаллии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) бурда шуда, бар онҳо фишор ворид мешавад, то аз фарзанди худ дархост кунанд, ки ба кишвар баргардад ва ё даст аз фаъолият бардорад, вагарна падарону модарон азият хоҳанд шуд. Мавриди охирини он, ки дар расонаҳо мунташир шуд, фишор бар падару модари фаъоли сиёсӣ, Сулаймон Давлатов мебошад, ки модараш дар асари ин фишорҳо дучори сактаи мағзӣ шудааст. Мақомоти Тоҷикистон бояд бидонанд, ки тибқи қонун, инсон пас аз он ки ба синни балоғат мерасад, худаш ҷавобгӯи амалҳои хеш мебошад ва падару модарон ва наздикони ӯ ҳеч масъулияте аз кардаҳои ӯ надоранд.

7) Дар поён, ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии ҳуқуқи башар, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони як давлати ҳуқуқбунёд ва демократӣ ҳамаи санадҳои байналмилалии марбут ба ҳуқуқи башар махсусан “Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ таҳкиркунандаи шаъну шараф”-ро имзо ва қабул кардааст, ба мақомоти Тоҷикистон эълом мекунем, ки танҳо имзо кардан ва қабули ин санадҳо кофӣ нест, балки бояд ба мазмуни ҳамаи онҳо амал кард, дар ҳоле, ки дида мешавад мақомоти Тоҷикистон ба ҳеч як аз онҳо пойбанд нестанд ва ҳуқуқи инсон дар кишвар бар хилофи Қонуни асосӣ, ба бадтарин шаклу шева поймол мешавад.

Умедворем, сафири мӯҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон дархостҳои гирдиҳамомадагонро ба самъи мақомоти Тоҷикистон махсусан раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки ба унвони кафили иҷрои Қонуни асосӣ шинохта мешавад, бирасонад.

10.12.2018

Берлин, Олмон

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: