Перейти к содержимому

Дар Туркия қонуни мамнӯияти сатр дар донишгоҳҳо лағв шуд

Додгоҳи олии Қонуни асосии Туркия эълом кард, ки донишҷӯён ва донишомӯзони ин кишвар ҳаққи интихоби пӯшиш бар асоси мазҳаби худро хоҳанд дошт.

Ба гузориши хабаргузории Онотулӣ, ҳукми Додгоҳи олии Қонуни асосии Туркия дар мавриди ҳаққи интихоби пӯшиш дар донишгоҳҳо ва марокизи омӯзишии ин кишвар, ба дунболи шикояти яке аз донишҷӯёни собиқи донишгоҳе дар Истонбул сурат гирифтааст, ки дар соли 2005 ба далели доштани ҳиҷоб муваффақ ба итмоми таҳсилоти донишгоҳии худ нашуда буд.

Ҳукми Додгоҳи олии Қонуни асосии Туркия дар воқеъ ба маънои лағви қонуни пешин дар мавриди мамнӯияти истифода аз ҳиҷоб дар мадорис, донишгоҳҳо ва марокизи омӯзиши илмӣ аст, ки дар даҳаи 1980 тасвиб шуд ва аз соли 1997 иҷрои он шиддат гирифта буд.

Бо вуҷуди он ки қонуни манъи ҳиҷоб дар донишгоҳҳо то ба имрӯз вуҷуд дошта, аммо аз соли 2010 ба баъд донишгоҳҳои Туркия нисбат ба доштани ҳиҷоб тавассути донишҷӯён сахтгирӣ нишон надодаанд ва дар ҳоли ҳозир низ ин қонун бо ҳукми Додгоҳи олии Қонуни асосӣ ба таври расмӣ лағв шуд.

Пеш аз ин дар соли 2013 низ мамнӯияти ҳиҷоб барои кормандони бахши давлатии Туркия лағв шуда буд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: