Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (345)

Қиссаи он кас, ки дари ёре бикӯфт, аз дарун гуфт: кист он? Гуфт: манам. Гуфт: чун ту туӣ, дар намегушоям, ҳеч касро аз ёрон намешиносам, ки ӯ “ман” бошад, бирав. (3)

* * *

“Кулла явмин ҳува фӣ шаънин” бихон,

Мар варо бекору бе феъле мадон.

Ояти 29 сураи Раҳмонро ҳамвора бихон, ки фармояд: “Худо ҳар лаҳза ба коре аст.” Ва ҳаргиз ӯро бекор маянгор.

Нукта: Ҳақ Таъоло доиман ва нав ба нав дар таҷаллӣ аст, ва дар таҷаллиёти ӯ такрору кӯҳнагӣ нест.

كُلَّ يَوْمٍ هُوَ فِي شَأْنٍ

Худо ҳар лаҳза ба коре аст.”

Мисроъи дуввум нақди мазҳаби Муъаттила аст, ки гӯянд Худо ҷаҳонро биёфарид ва дигар бо он коре надорад.

Камтарин кореш ҳар рӯз он бувад,

К-ӯ се лашкарро равона мекунад.

Лашкаре з-аслоб сӯйи уммаҳот,

Баҳри он то дар раҳим рӯяд набот.

Лашкаре з-арҳом сӯйи хокдон,

То зи нарру мода пур гардад ҷаҳон.

Лашкаре аз хок, з-он сӯйи аҷал,

То бибинад ҳар касе ҳусни амал.

Камтарин кори Худо дар ҳар рӯз ин аст, ки ӯ се лашкарро равона месозад. Лашкаре аз тираи пушти мардон ба сӯи баччадони модарон равона месозад, то он ки дар баччадони модарон набот рӯяд, яъне фарзандоне ҳосил шавад. Ва лашкари дигаре аз баччадонҳо ба сӯи хок равона мекунад, то дунё аз нару мода пур шавад. Ва лашкаре низ аз хок ба сӯи маргу аҷал гусел медорад, ки ҳар касе подоши некии кирдори худро бибинад.

Аслоб: ҷамъи “сулб” ба маънии тираи пушти мардон. Уммаҳот: ҷамъи “умм” ба маънии модар.

Нукта: Мавлоно “лашкар”-ро муъодили “ҷунуд” оварда, ки чанд бор дар Қуръони Карим зикр шудааст ва мурод аз он, аснофи махлуқоти илоҳӣ аст. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.894)

Чанд байти боло муқтабас аст аз ин фармоиши ҳазрати Алӣ (а), ки тарҷумаи он зимни ашъору тавзеҳи он мулоҳиза шуд:

لله تعالى كلّ لحظة ثلاثة عساكر فعسكر ينزل من الأصلاب الى الأرحام وعسكر ينزل من الأرحام الى الأرض وعسكر يرتحل من الدنيا الى الآخرة

(Аҳодиси Маснавӣ, с.32)

Ин сухан поён надорад, ҳин, битоз,

Сӯйи он ду ёри поки покбоз.

Ин гуна суханонро поёне нест. Пас, ба сӯи он ду ёри поки покбоз биштоб. Яъне барои баёни ҳоли он ду дӯсти холис аҷала кун.

* * *

Сифати тавҳид

* * *

Гуфт ёраш, к-андаро, эй ҷумла ман,

Не мухолиф чун гулу хору чаман.

Он дӯст аз даруни саройи худ гуфт: эй касе, ки вуҷуди худро дар вуҷуди ман фонӣ кардаӣ ва хештанро яксара дар вуҷуди ман мустаҳлак сохтаӣ ва ман шудаӣ! Ба сароям андар шав, ки ту ҳамчун гулу хори чаман зидд нестӣ, балки айни гулӣ.

Ришта якто шуд, ғалат кам шав кунун,

Гар дуто бинӣ ҳуруфи “кофу нун”.

Ришта якто шуд. Яъне вуҷуди мутаъаддиду касир ба ваҳдату воҳид гаройид. Мабод, ки дугона будани зоҳирӣ ва сурии он туро ба иштибоҳ афканад ва гумон кунӣ, ки воқеан низ касрат вуҷуд дорад. Масалан, ҳамин ду ҳарфи кофу нун (кун (арабӣ) = бош) зоҳиран дутост, вале аз назари маъно ва ботинан, қудрати эҷодияи ҳазрати Субҳонро мерасонад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.895)

Ғалат кам шав: камтар иштибоҳ кун.

“Кофу нун” ҳамчун каманд омад ҷазуб,

То кашонад мар адамро дар хутуб.

Ин ҳарфи кофу нун (кун) суратан монанди каманде аст, ки моҳиятҳо ва айнҳои собитро аз катми адам сайд мекунад ва ба арсаи вуҷуду шуҳуд мекашонад.

Ҷазуб: бисёр ҷазбкунанда. Хутуб: ҷамъи “хатб” ба маънии кори муҳим ва бузург.

Пас ду то бояд каманд андар сувар,

Гарчи якто бошад он ду дар асар.

Пас, дар зоҳир, каманд бояд дуто бошад гарчӣ дар асару натиҷаи кор он ду яке аст. Ҳосили кор ин аст, ки сайдро гирифтор созад.

Гар ду по, гар чор по, раҳро бурад,

Ҳамчу миқрози дуто, якто бурад.

Мисоли дигар, инсон, ки ду по дорад ва баъзе аз ҳавонот ё ҳайвоноте, ки чаҳор по доранд, натиҷаи он яке аст, ва он ин аст, ки ҳар ду поҳои мутаъаддиду мухталиф роҳ мераванд. Дуруст монанди лабаи қайчӣ, ки ҳарчанд дутост, вале танҳо як кор мекунанд, ва он эҷоди буриш аст.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: