Перейти к содержимому

“Агар ниёз бошад, муқобили мақарри СММ хайма мезанем ва ҳафтаҳо менишинем”

Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ, дар гуфтугӯ бо хабаргузории Тасним гуфт: “Дар сурати идома ёфтани худкомагиҳои ҳукумат, муқобили мақарри Созмони Милал ҷамъ мешавем ва хайма мезанем ва рӯзҳо ва ҳафтаҳо менишинем, то зиндониёни сиёсӣ озод шаванд.”

Машрӯҳи ин гуфтугӯ:

— Ибтидо дар хусуси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ ва баргузории ин таҷаммӯъ каме тавзеҳ диҳед.

— Ҳамон тавр, ки медонед, кумитаи мо як кумитаи ғайрисиёсӣ аст, ки ҳадафи аслии худро кӯмак ба гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ таъриф кардааст. Дар ин кумита шумори зиёде аз муҳоҷирон, вукалои дифоъ, рӯзноманигорон, нависандагон ва чеҳраҳо узв ҳастанд ва фаъолият мекунанд.

Аммо дар мавриди таҷаммӯъи рӯзи душанбе, ҳатман медонед, ки эъломияи ҳуқуқи башар 10 декабри 1948, яъне 70 сол пеш дар шаҳри Пориси Фаронса тасвиб шуд. Аз ҳамин рӯ ба таваҷҷӯҳ ба вазъияти асафбори ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон, Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ тасмим гирифт ба ҳамин баҳона таҷаммӯъи эътирозӣ муқобили сафорати Тоҷикистон дар Олмон баргузор кунад.

— Аз чӣ кишварҳое дар он ширкат карданд?

— Хуб, умдаи ширкаткунандагон дар ин тазоҳуротро муҳоҷирлни тоҷик, ки дар кишварҳои урупоӣ зиндагӣ мекунанд ташкил доданд. Аксари ин афрод аз кишварҳои Литвонӣ (Литва) ва Лаҳистон (Полша) ба Олмон омаданд, аммо аз дигари кишварҳои урупоӣ назири Утриш, Фаронса, Ҳуланд (Нидерланд), Суис (Швейтсария) ва Суед (Шветсия) ва худи кишвари Олмон низ афроде барои ширкат дар ин тазоҳурот муқобили сафорати Тоҷикистон дар Берлин, ҳузур ба ҳам расонданд.

— Тамоюзи ин тазоҳурот бо таҷаммӯъҳои эътирозӣ ва ҳамоишҳои пешини мухолифин дар чӣ буд?

— Хуб, ҳамон тавр, ки дар расонаҳо эҳтимолан дида бошед, ҳузури густурда ва таҷаммӯъи қобили таваҷҷӯҳи мардум дар ин тазоҳурот, як вежагии барҷастаи он буд. Ҳатто худамон ҳам интизор надоштем дар ҳавои сарди Урупо ва он ҳам аз роҳҳои дур чунин ҷамъияте барои таҷаммӯъ ба мо бпайванданд. Дар маҳалле, ки барои мо таъйин карда буданд чун ба далели таъмирот фазои каме вуҷуд дошт, шоҳид будем, ки пиёдаравҳо ва ҳатто масирҳои убури дучарха низ ба далели издиҳоми ҷамъият масдуд шуда буданд. Дар 25 соли ахир аз тарафи фаъолони шаҳрвандӣ ё сиёсӣ чунин тазоҳуроте чӣ дар дохили кишвар ва чӣ дар хориҷ аз кишвар барпо нашуда буд. Аз тарафи дигар ҳам чун кумитаи мо як кумитаи шаҳрвандӣ ва ғайрисиёсӣ буд, шоҳиди он будем, ки аз ҳамаи аҳзобу гурӯҳҳо дар ин тазоҳурот ширкат доштанд, ва ин низ тамоюзи дигари таҷаммӯъи рӯзи 10 декабр буд.

— Баргузории ин таҷаммӯъ сирфан ба воситаи ҳамзамонӣ бо Рӯзи ҷаҳонии ҳуқуқи башар буд ё иллат ва ҳадафи мушаххаси дигаре ҳам дошт?

— Озодӣ 3 зиндонии барҷастаи сиёсӣ, аслитарин ҳадафи таҷаммӯъи 10 декабр буд. Иттилоъ доред, ки Созмони Милали Муттаҳид аз ҳукумати Тоҷикистон дархост карда то парвандаи 3 нафар аз ҷумла Зайд Саидов, муассис ва раиси ҳизби “Тоҷикистони нав”, Муҳаммадалӣ Ҳаит, муовини раиси ҲНИТ ва вакили мудофеъ Бузургмеҳр Ёровро ҳарчи сареътар махтума эълом карда, онҳоро бидуни қайду шарт озод кунад ва ҳатто хисороти молии ононро низ пардохт намояд. Ҳукумати Тоҷикистон 6 моҳ барои иҷрои ин амр фурсат доштааст. Аммо мебинем, ки бо гузашти ин 6 моҳ ҳанӯз ҳеч иқдоме аз сӯи ҳукумат сурат нагирифтааст.

Ҳадаф ва дархости мушаххаси мо дар ин таҷаммӯъ озодии ин 3 нафар, ба иловаи қариб 300 зиндонии сиёсии дигар, ки дар вазъи асафборе дар зиндонҳои Тоҷикистон ба сар мебаранд буд. Хонавода ва наздикони онҳо бо мо тамос доранд ва мегӯянд, ки чӣ вазъи баде доранд. Аксари мардуме ҳам, ки дар ин таҷаммӯъ ширкат карда буданд, аз наздикон, хешовандон ва дӯстдорони ин зиндониёни сиёсӣ буданд.

Илова бар ин, ҳудуди 3 ҳафта пеш дар зиндони шаҳри Хуҷанд низ як ҷинояти ҳавлнок ба вуқӯъ пайваст, ки ҳудуди 60 нафар кушта ва беш аз 100 тан низ захмӣ шуданд. Дархости расидагӣ ба вазъият ва омилони ин терури хунин, ҳадафи дигари мо буд.

Дар ин тазоҳурот ҳамчунин аз ҳукумат хостем, ки раҳбари Ҳизби демукроти Тоҷикистон, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, ки ҳудуди 15 сол аст дар зиндон ба сар мебарад, раиси гурӯҳи “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” Мақсуд Иброҳимов, ки чанд сол қабл аз кишвари Русия рабуда шуда ва ба Тоҷикистон истирдод шуда ва ҳамчунин Эҳсон Одинаев, блогери ҷавоне, ки ӯ низ аз Русия рабуда шуда ва вазъияташ мушаххас нест, озод шаванд.

— Вокуниши масъулони сафорат ба таҷаммӯъи шумо чӣ буд? Оё барои посухгӯӣ ба мардум ҳозир шуданд?

— Хайр, аз тарафи сафорати Тоҷикистон ва намояндагони сафорат ҳамчун сафир касе дар миёни мардум ҳозир нашуд. Аммо баъзе кормандон, ки ба назар мерасид нерӯҳои амниятӣ бошанд, доим аз афрод ва чеҳраҳо филмбардорӣ мекарданд. Фикр мекунам ҳадафи онҳо эҷоди тарс дар мардум ва пароканда кардани онҳо буд. Албатта мо ҳам аз онҳо филм гирифтем ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир кардем.

— Пас аз ин таҷаммӯъ муқобили сафорати Тоҷикистон, мушоҳида кардем, ки таҷаммӯъи дигаре низ муқобили порлумони Олмон барпо шуда буд. Ҳадаф аз ин кор чӣ буд? Оё аз пеш барномарезӣ шуда буд?

— Хайр, дар ҳамон тазоҳурот, мардуми мӯътариз тасмим гирифтанд баъд аз ин тазоҳурот ба сӯи порлумони Олмон рафта ва дар онҷо тазоҳуроти дуввумро барпо кунанд. Тазоҳурот муқобили сафорати Тоҷикистон ҳудуди 3 соат тӯл кашид ва анбӯҳи мардум пас аз он муқобили Бундестог рафтанд ва дар онҷо ҳам дархостҳои худро гуфтанд. Мардум дар онҷо ба мақомоти Олмон гуфтанд, шумо, ки худро як кишвари озод ва демукротик медонед, кӯмакҳои молии худ ба ҳукумате, ки аз ин маболиғ дар ростои саркӯби мухолифин ва озодандешон истифода мекунад қатъ кунед! Дар ин таҷаммӯъ намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва ба вежа раиси Паймони Миллӣ, Муҳиддин Кабирӣ ҳам ширкат дошт ва дар онҷо суханронӣ кард. Илова бар ӯ, Темур Варқӣ, рӯзноманигор ва нависандаи тоҷик ва Ҷамшед Ёров, бародари Бузургмеҳр Ёров ҳам суханронӣ карданд.

— Дар хабарҳо шунидем, ки тазоҳуроти дигаре қарор буд дар Душанбе ва дар муқобили сафорати Олмон баргузор шавад, ки албатта баргузор нашуд. Таҳлили шумо дар ин замина чист?

— Вақте, ки кумитаи мо эълон кард, ки рӯзи 10 декабр муқобили сафорати Тоҷикистон дар Олмон тазоҳурот баргузор мекунад, мақомоти амниятӣ ҳам эълом карданд, ки бархе аз мардум ҳам муқобили сафорати Олмон дар Тоҷикистон ошӯб ба роҳ хоҳанд андохт. Бо ин ҳол мушаххас буд, ки ин тазоҳуроти сохтагӣ ва саҳнасозӣ хоҳад буд.

Чунонки қаблан ҳам дидаем, муқобили дафтари Созмон Амният ва Ҳамкории Урупо ва сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ҳам мақомоти амниятӣ ва Вазорати умури дохилӣ ин корро анҷом дода буданд. Замоне, ки ин мавзӯъ аз сӯи расонаҳо матраҳ шуд, бо бозхӯрдҳои зиёде аз сӯи мардум ва фаъолон мувоҷеҳ шуд. Фикр мекунам шарм аз ин вазъият як иллати баргузор нашудани он буд.

Аз тарафи дигар ҳам ҳама медонанд ҳар дархосте барои баргузории тазоҳуроти шаҳрвандӣ рад шуда ва ҳатто метавонад бо зиндон ва бозҷӯӣ ва шиканҷа ҳам мувоҷеҳ шавад. Чанд рӯз қабл дар вилояти Суғд, як бозори мардумро баста буданд. 19 нафар аз мардум дархост карданд, то тазоҳуроти алайҳи ҳокими ноҳия ба далели ин иқдом баргузор шавад. Аммо он 19 нафарро бурданд ва дар шӯъбаҳои Вазорати умури дохилӣ бозпурсӣ шуданд ва ман намедонам, ки чӣ бар сари онҳо омад. Аз тарафи дигар ҳам мардум ва кумитаи мо қаблан эълом карда будем дар қиболи ҳар як саҳнасозии инчунинӣ як тазоҳуроти воқеӣ ташкил хоҳем дод. Шояд иллати дигар он ҳам ин масъала бошад.

— Дар маҷмӯъ оё фикр мекунед чунин таҷаммӯъоти эътирозӣ таъсиргузор бошанд? Барномаи шумо барои оянда чист?

— Ҳадафи мо ин аст, ки созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои мухталиф аз вазъияти кишвар огоҳ шуда ва иқдомотеро сурат диҳанд. Ба вежа дар хусуси кӯмакҳои молии зиёде, ки ба ҳукумат мешавад. Бо ин ҳол дидед, ки бисёре аз созмонҳо огоҳ шудаанд ва шоҳид будем, ки СММ ҳушдор дода, ки ин 3 зиндонии сиёсӣ озод шуда ва хисороти онҳо пардохт шавад. Ба ҳар тартиб ин эътирозоти мо идома пайдо хоҳад кард. Кумита тасмим гирифта агар чунин худкомагиҳо идома пайдо кунад, дар муқобили мақарри СММ ҷамъ шуда ва хайма мезанем ва рӯзҳо ва ҳафтаҳо менишинем, то зиндониёни сиёсӣ озод шаванд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: