Перейти к содержимому

Ислом ва талаботи замона (28)

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Тарҳи ишкол ва посухи иҷмолӣ

Ишкол дар масъалаи ислом ва муқтазаёти замон, ишколи ҳамзистӣ ва ҳамоҳангии ду шайъ аст, ки дар табиати худашон бар зидди якдигаранд. Яке аз ин ду дар табиати худаш собит ва лоятағайяр аст ва дигаре дар табиати худаш мутағайиру сайёлу нособит аст. Ислом ба ҳукми ин ки динест насхнопазир тағйирнопазиру ҷовидонӣ аст. Ва аз тарафи дигар, муқтазаёти замон ба ҳукми ин ки дар замон қарор гирифтааст ва ҳарчи, ки дар замон қарор мегирад ва аз он ҷумла муқтазаёт ва шароити зиндагии башар, нособиту мутағайир аст ва ба як ҳол боқӣ намемонад (тағйир мепазирад.) Дар ин сурат, ду чиз, ки яке хоссияти зотияш сабот аст ва дигаре хоссияти зотияш тағйиру таҳаввул аст, чӣ гуна метавонанд бо якдигар ҳамзистӣ ва ҳамоҳангӣ дошта бошанд? Ва болотар ин ки он, ки собит аст бихоҳад ҳодӣ ва роҳнамои он чизе бошад, ки мутағайир аст. Дар ҳоле, ки ин собит ҳатто наметавонад по ба пойи он мутаҳаввил бошад, чун ҳаракате надорад, чӣ гуна метавонад роҳнамо ва ҳодии он бошад?

Инҷост, ки табъан ин тазодду таноқуз дармегирад: ё собит бояд мутағайирро ҳамшакли худаш бикунад, яъне замонро мутаваққиф кунад ва монеъи тағйироту таҳаввулоти зиндагии башар бишавад, ва ё бояд ин мутағайир он собитро ҳамрангу ҳамшакли худаш бикунад, яъне доиман дар он, тағйироту насхҳо ва ислоҳҳову ороишҳову пероишҳои эҷод кунад, ва ҳеч кадом аз инҳо воқеан ҳамоҳангӣ ва ҳамзистӣ нест. Ин буд ишкол.

Дар ҷавоб ба таври иҷмол мегӯем: на ислом — ки мегӯем собит аст — ба мафҳуми мутлақ собит аст, ки ҳеч гуна тағйире дар қонунҳояш вуҷуд надорад, ва на шароит ва муқтазаёти замон ба ин шакл аст, ки ғолибан тасаввур мешавад, ки лозимаи замон ин аст, ки ҳама чиз тағйир кунад. Яъне дар ислом аносури собит ва аносури мутағайир вуҷуд дорад, ҳамчунон, ки дар замон ҳам аносури собит ва аносури мутағайир вуҷуд дорад; аносуре, ки бояд собит бимонад ва аносуре, ки бояд тағйир кунад, ва он тағйирҳо бояд дар кодри он аносури собит рух диҳад, ва агар тағйирҳои замонӣ дар кодри он аносури собит рух бидиҳад, тағйироти замон пешравӣ ва такомул аст, ва агар хориҷ аз он кодри собит сурат бигирад, тағйир ҳаст, вале такомул нест, балки инҳирофу суқут аст.

* * *

Оё замон маъсум аст?

Мо — ва ҳеч кас — замонро маъсум намедонем ва тағйироти иҷтимоиро дорои исмат талаққӣ намекунем. Ин ҷур нест, ки ҳар ҷомеае худ ба худ ва ба таври худкор ҳамеша рӯ ба пешрафту тараққӣ бошад. Мо ҳамеша мегӯем “тараққии иҷтимоъҳо” ва “инҳитоти иҷтимоъҳо”. Ҳамин тавр, ки тараққии иҷтимоъҳо дар замон сурат мегирад, инҳитоти иҷтимоъҳо ҳам дар замон сурат мегирад, он ҳам тағйире аст, ки дар матни замон сурат мегирад. Пас, маълум мешавад, ки замон ва ҷомеа дар замон, ду гуна мумкин аст тағйир бипазирад: тағйирҳое, ки бояд онҳоро тараққӣ номид ва тағйирҳое, ки инҳитоту суқут аст.

Ҳатто мумкин аст ҷомеае ба таври нисбӣ собит бошад. Мо дар бораи хеле аз ҷомеаҳо мегӯем фалон иҷтимоъ асосан нисбат ба чаҳор қарн пеш такон нахӯрда. Пас, ин ҷур ҳам нест, ки ҳар иҷтимое ҷабран ва лузуман маҳкум ба тағйир бошад, ҳол ё дар ҷиҳати тараққӣ ва ё дар ҷиҳати инҳитот.

Ҳамин матлаби нисбатан бадеҳӣ, матлабро барои мо ба шакли дигаре тарҳ мекунад, ки тағйироти замон ё дар масири тараққӣ аст ё дар масири инҳитоту таназзул. Пас, ин суол тарҳ мешавад, ки он масире, ки масири тараққӣ аст чист ва он масире, ки масири таназзул аст чист?

Пас, мо як масири тараққӣ дорем, як кодре дорем, ки агар иҷтимоъ дар он кодр тағйир бикунад, тараққӣ кардааст. Ҷомеа як мадор дорад, ки агар дар он мадор ҳаракат кунад тараққӣ аст, вале агар дар хориҷи он мадор ҳаракат кунад, таназзул аст. Ин ҳамон маъное аст, ки мо арз мекунем — ва баъд ҳам шарҳи бештаре хоҳем дод — ки замон ҳам аносури собит ва аносури мутағайир дорад. Мақсуд ин аст, ки як силсила аносур дар зиндагии башар бояд собит бошад, то ин ки имкони тараққӣ дар зиндагӣ бошад. Тағйир бояд дар як мадори муайяну мушаххас ва дар як ҷиҳати хосс сурат бигирад, то тараққӣ бошад, вагарна тараққӣ нест.

Бинобар ин, аз он тараф агар мо тавонистем собит кунем, ки ислом усуле дорад, ки он усул собит аст ва тағйирпазир нест, вале дар ислом ҷойи тағйир ҳам вуҷуд дорад, тавонистаем масъалаи ислом ва муқтазаёти замонро ҳал кунем, ва албатта маънои ин ки дар қонуни ислом тағйир рух бидиҳад, мунҳасир ба насх нест. Он чи, ки қатъан вуҷуд надорад, ин аст, ки қонуни ислом насх бишавад.

Ҳамон тавр, ки вазъи қонуни ислом ба василаи мо набуда, балки илоҳӣ аст, насхаш ҳам ба василаи башар наметавонад бошад. Аз ҷанбаи илоҳӣ ҳам фарз ин аст, ки зарурати дини ислом аст, ки ин дин аз тарафи Худо мансух нахоҳад шуд.

Он тағйире, ки ба ҳеч ваҷҳ имкон надорад рух бидиҳад, насх аст. Вале магар ҳамаи тағйирот бояд ба сурати насх бошад? Ислом як навъ рамзе ва як дастгоҳи мутаҳаррике дар дохили худаш қарор дода, ки худаш аз ноҳияи худаш тағйир мекунад, на аз ноҳияи касе дигар, ки масалан уламо биёянд тағйир бидиҳанд. Уламо фақат метавонанд он тағйиротро кашф кунанд, на ин ки тағйир бидиҳанд.

* * *

Таъбири Иқбол аз иҷтиҳод

Иборате аст аз Иқболи Лоҳурӣ, ки иборати бисёр хубе аст. Иқбол аз ҷумлаи касоне аст, ки таваҷҷӯҳи фавқулъодае ба масъалаи ислом ва муқтазаёти замон карда аз ҳар ду ҷиҳат, яъне ҳам мутаваҷҷеҳ буда, ки аслан башарият ва тамаддун ба як силсила қонунҳои собит ниёз дорад ва бидуни он, тараққӣ имконпазир нест, ва ҳам таваҷҷӯҳ доштааст, ки бар хилофи он чи, ки баъзе тасаввур мекунанд ин тавр нест, ки қонунҳои ислом ҳамеша якнавохту якҷур аст ва дар замонҳо ва маконҳои мухталиф ба як шакл иҷро мешавад.

Дар китобе, ки ба номи “Эҳёи фикри динӣ дар ислом” аз ӯ мунташир ва тарҷума шудааст — ва китоби амиқе аст — аз иҷтиҳод ба “нерӯи муҳаррикаи ислом” таъбир мекунад. Дар назари ӯ, нерӯи муҳаррикаи ислом иҷтиҳод аст.

Ин, сухани ҷадиде нест. Аз ҳазор сол пеш, мо ибороте ба ҳамин маънову мазмун дорем, ки уламои ислом иҷтиҳодро ба унвони нерӯи муҳаррикаи ислом муаррифӣ кардаанд. Мегӯяд:

Иҷтимое, ки бар чунин тасаввуре аз воқеият бино шуда бошад, бояд дар зиндагии худ мақулаҳои абадият ва тағйирро бо ҳам созгор кунад.

Мақсудаш ин аст, ки дар ҷомеа бояд ин ду хусусият бошад: аз як ҷанба абадияту сабот ва аз ҷанбаи дигар тағйир; аз як виҷҳа собит ва аз виҷҳаи дигар мутағайир. Ӯ мӯътақид нест ба ҷомеае, ки аз ҳар виҷҳае бояд собит бошад, ва ҳам мӯътақид нест ба ҷомеае, ки он чи бар он ҳукумат мекунад, фақат тағйир бошад ва ҳеч виҷҳаи собит надошта бошад.

Боисте, ки барои танзими ҳаёти иҷтимоии худ усуле абадӣ дар ихтиёр дошта бошад; чӣ он чи абадӣ ва доимӣ аст, дар ин ҷаҳон тағйири доимӣ ҷойи пойи муҳкаме барои мо месозад. Вале чун усули абадӣ ба ин маъно фаҳмида шаванд, ки муъориз бо ҳар тағйиранд, яъне муъориз бо он чизе ҳастанд, ки Қуръон онро яке аз бузургтарин “оёт”-и Худо медонад, ки ҳамон тағйир бошад, он вақт сабаби он мешаванд, ки чизеро, ки зотан мутаҳаррик аст, аз ҳаракат боздоранд. Шикасти Урупо дар улуми сиёсӣ ва иҷтимоӣ, асли аввалро муҷассам месозад (яъне ин ки намехоҳад ба ҳеч амри абадӣ эътироф кунад), ва беҳаракатии ислом дар зарфи муддати 500 соли ахир, асли дуввумро муҷассам месозад.”

Асли тарҳи мо ин аст, ки на ислом дар зоти худаш ба таври мутлақ номутағйир аст (яъне ҳеч ҷанбаи тағйир дар он вуҷуд надорад) ва на замон ва шароити замон ин тавр аст, ки ҷабран ҳама чиз дар он тағйир мекунад ва бояд ҳам тағйир кунад. На. Баъзе чизҳост, ки тағйир намекунад ва ё лоақал бояд тағйир накунад, яъне мо бояд ҷилави тағйирашро бигирем ва онро собит нигаҳ дорем, то ҳаракат дар мадори он қарор бигирад.

Мо аввал қисмати марбут ба исломро арз мекунем, то бибинем дар ислом чӣ хусусиёте ҳаст, ки бо он ки насх намепазирад ва тағйире, ки насх бошад дар ислом вуҷуд надорад, бо вуҷуди он, худи ислом роҳро барои тағйир боз кардааст.

Яке аз масоил ин аст: уламои ислом (уламои “усул”) асле доранд; мегӯянд вазъ ва тақнин ва ҷаъли қонунҳои исломӣ, аз навъи қазоёи ҳақиқия дар мантиқ аст, на аз навъи қазоёи хориҷия.

* * *

Қонунҳои исломӣ аз навъи қазоёи ҳақиқия аст

Мантиқийин истилоҳе доранд ба номи “қазия”; мегӯянд, қазия (қазоёи куллӣ на қазоёи ҷузъӣ ва шахсӣ) бар ду қисм аст: хориҷия ва ҳақиқия. Қазияи хориҷия қазияе аст, ки дар айни ин ки куллӣ аст, вале аз аввал як маҷмӯаи афроди маҳдуду муайянеро дар мавзӯи қазия дар назар мегиранд ва баъд ҳукмро барои он маҷмӯаи афроди дар назар гирифташуда баён мекунанд. Масалан, шумо мегӯед: ҳамаи мардуми Эрони замони ҳозир мусалмонанд. Ҳол, ин мардум масалан 25 милюн нафар ҷамъиятанд. Як маҷмӯаи афродеро дар назар гирифтаед ва ҳукмро рӯи ин маҷмӯаи афрод бурдаед. Табъан мавзӯъ маҳдуд мешавад ба ҳамин 25 милюн ҷамъият. Ё масалан мегӯед: ҳамаи афроде, ки дар ин ҷаласа нишастаанд, бедоранд. Ҳукм рафта рӯи маҷмӯъи маҳдуде аз афрод, ки ҳукм рӯи афрод аст. Инҷо мо ба ҷойи ин ки як ҳукм кунем ва бигӯем оқои А, оқои В ва… ҳамаро дар як лафз ҷамъ кардем ва гуфтем: ҳамаи афроди ин ҷамъият. Инро мегӯянд, қазияи хориҷия.

Мантиқийин барои қазоёи хориҷия арзиши зиёде қоил нестанд; мегӯянд, қазоёе, ки дар улум мавриди истифода аст, қазоёи хориҷия нест.

Навъи дуввум, қазоёи ҳақиқия аст. Дар қазоёи ҳақиқия ҳукм рӯи афрод намеравад, рӯи як унвони куллӣ меравад. Чун шумо хоссиятро аз ин унвон ба даст овардаед, мегӯед: ҳарчи ки таҳти ин унвон қарор бигирад, илло ва лобуд дорои ин хоссият аст. Агар бигӯем: оё мақсуд, ҳамаи афроде аст, ки дар замони мо мавҷуд аст? Мегӯед: на, дар гузашта ҳам ҳар чӣ буда машмули ин ҳаст. Дар оянда чӣ тавр? Дар оянда ҳам ҳамин тавр. Он гоҳ шумо мегӯед: ҳарчи, ки дар олам вуҷуд пайдо кунад, ҳамин ки мисдоқи ин “куллӣ” шуд, бояд ин ҳукмро дошта бошад ва наметавонад надошта бошад. Ин, ғайр аз он қазияи аввал аст, ки гуфтем, “афроде, ки дар инҷо ҷамъанд, ҳама бедоранд”, ки дар бораи ҳамин афроди маҳдуд дуруст аст. Ду соати дигар мумкин аст афроди дигаре инҷо бошанд, нисфашон бедор бошанд, нисфашон хоб. Ин ҳукм фақат барои инҳо содиқ буд. Ё мегӯем: ҳамаи мардуми Эрони имрӯз мусалмонанд. Ин қазия, имрӯз мумкин аст содиқ бошад, вале ду ҳазор сол пеш содиқ набуд. Мумкин аст ду ҳазор сол баъд ҳам содиқ набошад.

Вале як вақт шумо мегӯед: ҳар мусалласе чунин аст. Вақте мегӯед: ҳар мусаллас чунин аст, маҷмӯъе аз мусалласҳоро дар назар нагирифтаед, ки бихоҳед ҳукми онҳоро гуфта бошед; мегӯед: ҳукм моли мусаллас аст. Мегӯем: оё мусалласҳои инҷоро мегӯед? Мегӯед: инҷову онҷо надорад. Мусалласҳои ин замонро мегӯед? Ин замону он замон надорад. Шомили мусалласҳое аст, ки дар гузашта буда ё дар ҳоли ҳозир аст ва ё дар оянда хоҳад буд, ва ҳатто шомили мусалласҳои фарзӣ ҳам ҳаст, яъне ҳар чиро, ки ман фарз бикунам, ки он мусаллас аст, дар ҳоле, ки онро мусаллас фарз кардаам, ин ҳукм ҳам бо ин фарз рӯи он аст. Мегӯянд, ҳатто шомили афроди фарзии худаш ҳам мешавад, чун ин ҳукм хоссияте аст, ки аз “мусаллас будан” пайдо мешавад. Аммо ҳукми мисоли аввал аз “эронӣ будан” пайдо нашуда буд; мумкин аст эронӣ бошад ва мусалмон набошад. Ё ҳукми мисоли дуввум аз “инҷо будан” пайдо нашуда буд; мумкин аст афроди дигаре ду соати дигар инҷо бошанд ва бедор набошанд. Инҷо ҳукм, аз “мусаллас будан” аст. Мусаллас, ин ҳукмро ба дунболи худаш дорад. Инҷову онҷо ва ин фарду он фард, дигар дар он нест. Ҳатто мусалласи фарзӣ ҳам ин ҳукмро ба ҳамон фарз дорост. Инҳоро қазоёи ҳақиқия мегӯянд.

Мегӯянд, қазоёе, ки дар улум мавриди истифода қарор мегирад, ҳама қазоёи ҳақиқия аст, ҳатто улуми таҷрибӣ. Бо ин ки улуми таҷрибӣ аз афрод шурӯъ мекунад, вале як масъала дар боби улуми таҷрибӣ ҳамин аст, ки аз афрод шурӯъ мекунад, аммо баъд таъмим медиҳад ва қазияи ҳақиқия месозад, ки ин худаш як мушкиле аст, ки чӣ тавр мешавад дар ҳоле, ки таҷриба ҳеч вақт наметавонад аз афрод таҷовуз кунад, вале ақли инсон маҳсули таҷрибаро ба сурати як қонуни куллии ҳақиқӣ дармеоварад, ки шомили афроди гузашта ва оянда ва ҳозир ва ҳатто шомили афроди фарзӣ мешавад? Мисли ин ки агар шумо оҳанро озмоиш кардед ва натиҷаро ба сурати як қонун даровардед, мегӯед: ҳар оҳане дар ҳарорат мунбасит мешавад; намегӯед оҳанҳое, ки ман озмоиш кардам, намегӯед оҳанҳое, ки дар ин минтақа вуҷуд дорад ва намегӯед оҳанҳое, ки дар замони мо вуҷуд дорад, балки қонунро ба сурати куллӣ кашф мекунед, яъне хоссиятро барои табиати оҳан ба даст меоваред, баъд мегӯед табиати оҳан чунин аст.

Уламо мӯътақид ҳастанд ислом, ки қонун вазъ карда, ба шакли қазоёи ҳақиқия вазъ карда, яъне табиати ашёро дар назар гирифта ва рӯи табиат ҳукме бурда. Масалан, гуфтааст хамр ҳаром аст ё гӯшти гӯсфанд ҳалол аст ва ё ғасб ҳаром аст.

Вақте мегӯяд гӯсфанд, фақат гӯсфандро дар назар мегирад; мегӯяд гӯсфанд аз он ҷиҳат, ки гӯсфанд аст ҳалол аст, на ин ки як идда гӯсфандро якҷо ҷамъ карда бошад ва бигӯяд ин гӯсфандҳо ҳалол аст. Инҳо натиҷааш фарқ мекунад.

Ҳамчунин мегӯяд, дуздӣ аз он ҷиҳат, ки дуздӣ аст ва моли дуздӣ аз он ҷиҳат, ки моли дуздӣ аст ҳаром аст. Хоссияти қазоёи ҳақиқия ин аст. Мумкин аст як шайъ аз як ҳайс ҳаром бошад ва аз як ҳайс ҳалол. Чӣ тавр? Як шайъ мумкин аст ҳам гӯсфанд бошад ва ҳам дуздӣ. Оё дар инҷо ислом таноқуз гуфта? Аз як тараф гуфта “гӯсфанд ҳалол аст” ва ин гӯсфанд аст, ва аз тарафи дигар гуфта “дуздӣ ҳаром аст” ва ин гӯсфанд дуздӣ аст. Пас, ин бояд ҳам ҳалол бошад ва ҳам ҳаром? Мегӯем, ислом ҳукмро рӯи афрод набурда. Агар рӯи афрод мебурд ва мегуфт, ин гӯсфанд ҳалол аст ва ин гӯсфанд ҳаром, дар ин сурат намешуд, ки як гӯсфанд ҳам ҳалол бошад ва ҳам ҳаром. Аммо чун ҳукмро рӯи “куллӣ” мебарад, ин гӯсфанд имкони инро дорад, ки ҳам ҳалол бошад ва ҳам ҳаром. Яъне ин гӯсфанд аз он ҳайс, ки гӯсфанд аст ҳалол аст ва аз он ҳайс, ки дуздӣ аст ҳаром аст. Ду ҳайсияти мухталиф пайдо мекунад; аз як ҳайсият ҳалол аст ва аз як ҳайсият ҳаром.

Вақте, ки ҷаъли аҳком ба ин шакл шуд, тарзи истинботи муҷтаҳид фарқ мекунад. Агар ба наҳви қазоёи хориҷӣ ва фардӣ ва ҷузъӣ буд, ин ду ҳукм барояш мутаъориз буд. Агар рӯи гӯсфандҳои бахусус даст гузошта ва гуфта буд ин гӯсфанд хӯрданаш ҳалол аст ва баъд мегуфт ин гӯсфанд ҳаром аст, мо ин ду ҳукмро мутаъориз медонистем. Вале вақте, ки ба сурати қазияи ҳақиқия гуфтааст, мегӯем: на, ӯ гуфта гӯсфанд аз он ҳайс, ки гӯсфанд аст ҳалол аст ва дуздӣ ҳам аз он ҳайс, ки дуздӣ аст ҳаром аст. Ин гӯсфанд алъон, ҳам ҳалол аст, ҳам ҳаром. Бинобар ин, агар касе биёяд ин гӯсфандро тасарруф кунад, аз он ҷиҳат, ки гӯсфанд аст муртакиби амри ҳаром нашуда, вале аз он ҷиҳат, ки дуздӣ аст, муртакиби амри ҳаром шудааст.

* * *

Боби тазоҳум, ҳаллоли бисёре аз мушкилот

Ҳамчунин мегӯянд, дар ҷойе тазоҳум пайдо мешавад, на таъоруз ва на таноқуз. Чӣ тавр? Мисли ин ки гоҳе як шайъ дар они воҳид ҳам воҷиб мешавад ҳам ҳаром, ва ин таноқуз ҳам нест, тазоҳум аст. Яъне аз назари возеъи қонун таноқуз нест, аз назари он касе, ки мехоҳад амал кунад тазоҳум аст, яъне имкони амал аз ӯ гирифта мешавад. Таклифи амал бояд равшан шавад. Мисли ин ки мегӯяд, тасарруф дар моли ғайр бидуни изну ризои ӯ ҳаром аст ва мегӯяд наҷоти як инсон, ки мушриф ба ҳалокат аст воҷиб аст. Ин ду ҳукмро ба сурати куллӣ баён мекунад. Якҷо шумо дар муқобили ин ду қарор мегиред: аз як тараф дар муқобилатон тасарруф дар моли ғайр бидуни ризоят ва изни ӯ воқеъ шуда, ки ҳаром аст, ва аз тарафи дигар наҷот додани касе, ки наҷот доданаш воҷиб аст қарор гирифта, ки воҷиб аст ва ин воҷибро фақат вақте метавонед анҷом диҳед, ки он ҳаромро муртакиб бишавед, масалан вориди замини ғасбӣ шавед, то ғариқро наҷот бидиҳед.

Мисоли дигар: бидуни шак ламси бадани номаҳрам ҳаром аст. Фарз кунед шумо дар канори дарё қарор гирифтаед ва мебинед зане дорад ғарқ мешавад. Дар инҷо яке аз ду корро метавонед анҷом диҳед: агар бихоҳед риояти он аслро бикунед, ки ламс кардани бадани зани номаҳрам ҳаром аст, набояд даст ба бадани ин зан бизанед. Вале агар бихоҳед ӯро наҷот бидиҳед, бояд бадани ӯро ламс кунед. Оё ислом ду қонуни мутаноқиз ҷаъл карда? Ҳам гуфтааст ламси бадани зани номаҳрам ҳаром аст ва ҳам гуфта наҷот додани ӯ воҷиб аст? На. Оё ҳатман бояд дар матни ислом истисное бошад? Истисно ҳам лозим нест. Гуфтааст, он воҷиб аст ва ин ҳаром. Ҳол, таклифи ман чист? Мегӯяд, инҷо ту бибин аз ин ду, ки яке ҳаром аст ва яке воҷиб, кадом як муҳимтар аст? Инро истинбот кун, иҷтиҳод кун, бибин кадом як аз инҳо аз назари ман муҳимтар ва бузургтар аст? Муҳимтарро бигир ва камаҳаммияттарро раҳо кун. Дар инҷо агар шумо бигӯед: чун ламси бадани номаҳрам ҳаром аст, ман даст намезанам, мегӯяд хилофи шаръ муртакиб шудӣ. Инҷо бар ту воҷиб буда, ки ин ҳаромро муртакиб бишавӣ, чун ҳароме аст, ки дар масири як воҷиби муҳимтар қарор гирифтааст. Боби тазоҳум бисёре аз мушкилотро ҳал мекунад. Ислом қонунҳои худашро рӯи усул ва ҳайсиятҳо ва ановин қарор дода на рӯи афрод, ва гоҳе ановин дар якҷо бо якдигар ҷамъ мешаванд ва тазоҳум пайдо мекунанд, ва худаш ин матлабро гуфта, ки:

اذا اجتمعت حرمتان طرحت الصغرى للكبرى

Яъне вақте, ки ду ҳурмат ҷамъ шуд, бояд кучактар ба хотири бузургтар раҳо шавад. Аз инҷо маълум мешавад, ки гоҳе мумкин аст таклифи мардум дар ду замон фарқ бикунад: дар як замон як амр ҳаром бошад ё дар як шароит ва дар як макон як амр ҳаром бошад, ҳамон чиз дар замони дигар ва дар шароити дигар ҳалол ва гоҳе воҷиб бошад; барои ин ки дар он замон, ки ҳаром буд, ҳукми аввалиаш ин буд, ки ҳаром аст, дар замони дигар ва дар шароити дигар ҳалол ё воҷиб шуд барои ин ки дар ин замон бо умури дигаре мувоҷеҳ шуда, ки он умур аз назари ислом аҳаммияти бештаре доранд. Муҷтаҳиди замони пеш фатво медод, ки фалон чиз ҳаром аст, муҷтаҳиди замони баъд ҳамон чизро бо дар назар гирифтани шароити ҷадид фатво медиҳад, ки воҷиб аст.

* * *

Тазоҳуми маслиҳати фард бо маслиҳати иҷтимоъ

Аз ҷумлаи мавориди боби тазоҳум, мавориде аст, ки маслиҳати фард (яъне ҳукме, ки ба хотири маслиҳати фард аст) бо маслиҳати иҷтимоъ тазоҳум ва таъоруз пайдо мекунад. Албатта дар ҳамаи маворид ин тавр нест, вале гоҳе пеш меояд, ки маслиҳати фард бо маслиҳати ҷамъ таъоруз пайдо мекунад. Хеле возеҳ аст: барои ислом ҳамаи фардҳо баробар ҳастанд, вале вақте, ки пойи тарҷеҳи маслиҳати як фард ё маслиҳати ҷамъ дар миён аст, бадеҳӣ аст, ки он ҷамъ, ҳамин фард аст ба иловаи ҳазорҳо ё милюнҳо нафар афроди дигар, яъне маслиҳати фард дар онҷо ҳазорҳо ё милюнҳо баробар шудааст. Дар инҷо фардро фидои ҷамъ мекунад.

Дар китоби “Тоун”-и Олбер Кому мубоҳисае аст миёни Кому ва Сортр. Кому муддаӣ аст дар ҷангҳо бегуноҳон ба ҳеч ваҷҳ набояд кушта шаванд ҳарчанд ба ин унвон, ки куштани инҳо муқаддимае аст барои хомӯш кардани як фитнаи бузургтар. Ва Сортр муддаӣ аст, ки на, дар ҷойе, ки як бегуноҳ васила қарор гирифта дар дасти як идда ҷинояткор ва мо агар бихоҳем риояти бегуноҳии онҳоро бикунем, дасти ҷинояткоронро бозтар кардаем, инҷо риояти он бегуноҳ кӯмак ба он ҷинояткор аст ва худаш навъе ҷинояткорӣ аст.

Ин масъала дар ислом дар китоби ҷиҳод ба ин шакл матраҳ аст, ки агар душмани муҳоҷим, ки барои ҷомеаи исломӣ хатар дорад, мехоҳад ҳамла кунад ва осори ҳамлааш ҳам пешбинӣ мешавад, ки агар биёяд чӣ осори суе дорад, барои ин ки монеъи дифоъ ва ҳамлаи мо бишавад, ба иддае аз мусалмонҳое, ки дар дасти ӯ асиранд — ки бидуни шак бегуноҳ ҳастанд — татаррус (сипар) карда бошад, ҳамин коре, ки дар қадим ҳам маъмул буда яъне онҳоро сипар қарор дода бошад ва дар пешопеши худаш ҳаракат бидиҳад, ки агар душман бихоҳад тирандозӣ кунад ё шамшер бизанад, маҷбур аст аввал мусалмонҳоро бикушад, то баъд ба онҳо даст пайдо кунад, инҷо мусалмонон дар маҳзур қарор мегиранд: ё бояд ба хотири ин мусалмонҳое, ки сипар қарор гирифтаанд, даст аз дифоъ бикашанд ва ба душман ин имконро бидиҳанд, ки биёяд ҳамла кунад ва даҳ баробари ин мусалмонҳоро бикушад ва сад баробари инҳо садама ба олами ислом ворид кунад ва ё барои ин ки ҷилави душманро бигиранд ва ӯро аз байн бибаранд, ҳамла кунанд ва муқаддиматан ҳамон мусалмонҳои бегуноҳеро, ки сипар қарор гирифтаанд бикушанд, то битавонанд ба онҳо дастрасӣ пайдо кунанд.

Инҷо таклиф чист? Дуруст ҳамон масъалае, ки миёни Кому ва Сортр матраҳ аст, дар китоби ҷиҳод матраҳ аст. Фуқаҳо дар онҷо ҳеч ихтилофе надоранд (яъне Кому дар онҷо тарафдор надорад, ҳама назарияи Сортрро доранд). Гуфтаанд, агар хатаре, ки аз душман пешбинӣ мешавад муҳимтар ва азимтар аст аз зарари куштани ин мусалмонҳо, бояд ин мусалмонҳоро кушт ва онҳо шаҳид дар роҳи Худо ҳастанд, ҷузъи муҷоҳидин дар роҳи Худо шумурда мешаванд ва шаҳиде ҳастанд, ки ба амд ба дасти худи мусалмонҳо кушта шудаанд.

Инҷост, ки ду ҳурмат бо якдигар тазоҳум пайдо мекунанд: ҳурмати кучактар ва ҳурмати бузургтар, ва ҳурмати кучактар фидои ҳурмати бузургтар мешавад.

* * *

Ташреҳи майити мусалмон

Масъалаи дигаре, ки имрӯз матраҳ аст ва хеле ҳам суол мекунанд ва фуқаҳо ҳам ҷавоби мусбат ба он медиҳанд ин аст, ки мегӯянд: оё ташреҳи (чок кардани) майити мусалмон ҷоиз аст ё ҷоиз нест? Масъала ба ин сурат матраҳ аст: аз як тараф мо медонем, ки ислом барои бадани майити мусалмон эҳтиром қоил аст ва мегӯяд ҳеч чизе, ки беэҳтиромӣ ба он бошад, набояд воқеъ шавад ва тасреъ дар таҷҳизаш ҳам воҷиб аст ва ҳарчи зудтар бояд дафнаш бикунанд. Вале аз тарафи дигар, ташреҳ барои таҳқиқи илмӣ ва дарс барои донишҷӯ ҷузъи заруриёт шинохта мешавад ва ин ҳам амре аст, ки аз назари ислом лозим ва воҷиб аст. Инҷо чӣ бояд кард? Оё ба хотири эҳтироми майити мусалмон, бояд ташреҳи бадани мусалмонро таҳрим кард ё ба хотири зарурати ташреҳ дар тиб, бояд ташреҳи майити мусалмонро — ки ҳамеша фуқаҳо гуфтаанд ҳаром аст — таҷвиз кард?

Ҷавобе, ки фуқаҳо додаанд, хеле равшан аст. Гуфтаанд, дар сурате, ки имкони ташреҳи бадани ғайримусалмоне бошад ва ниёзе ба ташреҳи бадани мусалмон набошад ва ин ниёз ба он шакл рафъ мешавад, албатта бадани ғайримусалмонро ташреҳ кунанд, ва агар он ниёз рафъ намешавад, бояд бадани мусалмонро ташреҳ кунанд. Боз мегӯянд, мусалмони маҷҳулулҳувияро бар мусалмони маълумулҳувия муқаддам бидоранд; аз маҷҳулулҳувияҳо интихоб кунанд, чун агар иҳонате ҳам ҳаст, ба як маҷҳулулҳувия бошад, на ба як маълумулҳувия. Агар бигӯед: маҷҳулулҳувия ҳам надорем, ҳатман аз маълумулҳувияҳо бояд истифода кунем, боз мегӯянд: афроде, ки шахсияташон дар миёни дигарон як шахсияти исломӣ аст (мисли уламо) бадани ғайри ӯро бар ӯ муқаддам бидоранд.

Ҳамаи инҳо масъалаи боби тазоҳум аст ва ин худаш боби бисёр васеъе аст, гӯ ин ки хуб амал намешавад. Як вазифаи бузург барои муҷтаҳидон, ошноӣ бо мавзӯот аст. Фақеҳ агар бо мавзӯот ошно набошад, аҳаммиятҳоро дарк намекунад. Вақте, ки аҳаммиятҳоро дарк накунад, басо ҳаст, ки рӯи мавзӯи кучактар пофишорӣ мекунад ва мавзӯи бузургтарро аз даст медиҳад. Вале ислом ин роҳро ҷилави пойи ӯ гузоштааст.

* * *

Лузуми шинохти шароити замон тавассути муҷтаҳидон

Инҷо он ҷойе аст, ки воқеан бар фуқаҳо ва муҷтаҳидон воҷиб мешавад, ки шароити замони худашонро бишносанд, яъне аҳамму муҳиммҳоро дар замонҳои мухталиф бишносанд. Агар бишносанд, бисёре аз мушкилоте, ки имрӯз тарҳ мешавад ва воқеан ба сурати як мавзӯи мушкил ва як бунбаст вуҷуд дорад, аз миён меравад. Ин, як роҳ аст дар интибоқи ислом бо муқтазаёти замон: тағйири қонуни исломӣ, аммо тағйире, ки насх нест, тағйире, ки худи ислом иҷоза додааст. Худаш вазъи қонунҳои худро ба гунае қарор додааст, ки натиҷатан дар шароити мухталиф, замонҳои мухталиф, маконҳои мухталиф фарқ мекунад. Ҳатто хӯрдани шароб; чӣ қадр дар ислом рӯи ин ҳаром таъкид шуда?! Ин дигар қобили баҳс нест. Вале воқеан агар дар ҷойе ҳифзи ҷоне мавқуф ба он буд — ки ташхиси он ҳам бо пизишкон аст ва бо фуқаҳо нест — ва пизишке гуфт, ҳифзи ин ҷони мӯҳтарам ва ин мусалмон — ғайримусалмонро, ки ислом мегӯяд ӯ ба шариату қонуни худаш амал мекунад — мунҳасиран мавқуф ба ин аст, ки машруб бихӯрад, фуқаҳо мегӯянд бихӯрад. Чаро? Чун аз назари ислом ҳифзи ҷони ӯ аз нахӯрдани машруб муҳимтар аст.

Ҳол масъалаи пизишкӣ набошад: агар касе дар шароите қарор гирифта, ки дорад аз ташнагӣ аз миён меравад ва бояд мойеъе — ба ҳар шакле, ки мехоҳад бошад — ба ӯ бирасад ва мойеъи мунҳасир ҳам, ки ҷонашро наҷот медиҳад машруб аст, чӣ бояд бикунад? Оё муқаддасиаш гул кунад ва бигӯяд: ман мемирам ва машруб намехӯрам? Ё бояд бихӯрад? Агар машруб нахӯрад ва бимирад, дар қатли худаш кӯмак кардааст. Дар ин замина дар мавориди мухталиф, мисол бисёр зиёд дорем. Ин яке аз роҳҳои интибоқи ислом бо муқтазаёти замон.

* * *

Фалсафаи аҳком

Ин матлаб як решаи дигаре дорад, ки вақте он решаро бидонем, дастамон бозтар мешавад, ва он ин аст, ки қонунҳои исломӣ ба истилоҳи имрӯз дар айни ин ки осмонӣ аст, заминӣ аст, яъне бар асоси масолеҳу мафосиди мавҷуд дар зиндагии башар аст, ба ин маъно, ки ҷанбаи мармуз ва сад дар сад махфӣ ва рамзӣ надорад, ки бигӯяд: ҳукми Худо ба ин ҳарфҳо бастагӣ надорад, Худо қонуне вазъ карда ва худаш аз рамзаш огоҳ аст. Ислом асосан худаш баён мекунад, ки ҳар чӣ қонуне ман вазъ кардаам, бар асоси ҳамин масолеҳе аст, ки ё ба ҷисми шумо марбут аст ё ба руҳи шумо, ба ахлоқи шумо, ба равобити иҷтимоӣ шумо, ба ҳамин масоил марбут аст. Яъне як умури ба истилоҳ мармузе, ки ақли башар ҳеч ба он роҳ надошта бошад нест.

Мо мебинем Қуръон ишора мекунад ба масолеҳу мафосиде, ки дар аҳкомаш ҳаст, ва ба илова ин амр ҷузъи заруриёти ислом аст. Шайх Садуқ китобе аз аҳодис таълиф карда ба номи “Илалуш-шаройеъ” яъне фалсафаҳои аҳком. Ва дар он, аҳодисеро, ки дар онҳо ишорае ба фалсафаҳои аҳком ҳаст ҷамъ кардааст. Нишон медиҳад, ки аз садри ислом, худи Пайғамбар ва имомон фалсафаҳо барои аҳком баён мекарданд ва ҷузъи заруриёти шиъа ва аксарияти аҳли тасаннун — ва бояд гуфт ба иттифоқи аҳли тасаннун — ин аст, ки мегӯянд, аҳком бар мабнои масолеҳу мафосиди нафсуламрия аст, яъне бар мабнои масолеҳу мафосиди воқеӣ аст. Ва ба ҳамин далел, дар системи қонунгузории ислом роҳе барои ақл боз шудааст, яъне ҳамин, ки ҷаъли аҳкомаш бар асоси масолеҳу мафосиди воқеӣ ва нафсуаламрӣ аст, васила шуда, ки дар асли системи қонунгузорӣ роҳ барои ақл вуҷуд дошта бошад. Он гоҳ ақл мегӯяд, худи ислом гуфта аҳкоми ман мофавқи ақл нест ва ақлонӣ аст, пас худаш ин матлабро қабул кардааст. Бинобар ин, агар дар якҷо ҳукмеро ба таври омм зикр кард, бар мабнои фалсафае ва мо он фалсафаро кашф кардем ва баъд дидем мавориде ҳаст, ки он фалсафа истисно мехӯрад ҳарчанд ин ки дар матни ислом истиснояш наомадааст, ақл ҳақ дорад худаш ин истисноро баён кунад. Мегӯяд, агар ҳам дар ислом наомада, ба мо нарасида, ин истисно дар ислом вуҷуд дошта. Дар Қуръон нест; ҳама чиз, ки дар Қуръон нест. Дар суннату ҳадис ҳам нест; ҳама чиз, ки дар суннату ҳадис нест. Мо он қадр аҳодис доштаем, ки аз миён рафта, ки ило мошоаллоҳ! Ақл дар мавориди зиёде метавонад дар аҳком дахолат кунад, ба ин маъно, ки як оммеро тахсис бизанад, як мутлақеро муқайяд кунад ва ҳатто дар ҷойе ҳукмеро вазъ кунад, ки вазъаш ба маънии кашф аст, яъне мумкин аст дар як мавриди бахусус аслан аз ислом дастуре ба мо нарасида бошад, вале ақл чун ба системи қонунгузории ислом ошност, медонад, ки назари ислом дар инҷо ин аст, фавран ҳукмро кашф мекунад ва масалан мегӯяд ин ҳаром аст. Мегӯем: аз куҷо мегӯӣ? Оё дар Қуръон омада? Мегӯяд: на. Дар ҳадису суннат омада? На. Аз куҷо мегӯӣ? Мегӯяд: ман метавонам назари исломро дар ин маврид кашф кунам.

Мисол арз мекунам: мо дар ислом дастуре барои истеъмоли духониёт (сигор) надорем, на дастури мусбат ва на дастури манфӣ. На ба мо гуфтаанд истеъмоли духониёт ҳалол аст ва на гуфтаанд ҳаром аст. Аслан он вақт духониёте набуда. Дар инҷо агар ақлу илм барои истеъмоли духониёт зарарҳои муҳимме кашф карданд, масалан агар кашф шавад ва илм собит кунад, ки истеъмоли духониёт воқеан зарару зиён дорад, асосан умри одамро кам мекунад, як зойеъа эҷод мекунад — чун медонем зойеъа эҷод карданро дигар ислом иҷоза намедиҳад — масалан дар рия воқеан зойеъа эҷод мекунад, то чӣ расад ба ин ки собит бишавад, ки масалан маншаи саратон ҳам ҳаст; агар ин мафсада дар инҷо кашф шавад, муҷтаҳид ба ҳукми ошноие, ки бо системи қонунгузории ислом дорад ва медонад ҳарҷо, ки як зарари муҳим, як зарари қобили таваҷҷӯҳ барои ҷисм вуҷуд дошта бошад, ислом онро иҷоза намедиҳад, ба ҳукми ақл фатво медиҳад: ҳаром аст. Инҷост, ки мегӯянд:

كل ما حكم به العقل حكم به الشرع

Ин каломи фуқаҳост. Фуқаҳо онҷо, ки гуфтаанд:

كل ما حكم به العقل حكم به الشرع

— чунин маворидеро гуфтаанд. Яъне ҳарҷо, ки ақл як маслиҳати мулзимеро кашф кунад, мо медонем, ки шаръ ҳам ҳукми ҳамоҳанг бо он дорад ва ҳарҷо, ки ақл як мафсадаи мулзимеро кашф кунад, мо мефаҳмем, ки шаръ ҳам дар инҷо ҳамоҳанг аст ҳарчанд асосан дар Қуръону ҳадису калимоти уламо як калима дар ин замина наомада бошад. Ва ба ҳамин далел мумкин аст ақл як маслиҳати мулзим ё як мафсадаи мулзимеро дар мавриде кашф кунад, ки ин маслиҳати мулзим ё мафсадаи мулзим бо ҳукме, ки ислом баён карда тазоҳум пайдо кунад, яъне ҳукме, ки ислом баён накарда вале ақл кашф карда, бо ҳукме, ки ислом баён карда тазоҳум пайдо кунад ва он чи, ки ислом баён накарда муҳимтар бошад аз он чи, ки баён кардааст. (Яъне он чи, ки ақл аз ислом кашф карда муҳимтар бошад аз он чи, ки ислом баён кардааст.) Инҷо ҳукми ақл меояд он ҳукми баёншудаи шаръро маҳдуд мекунад, ва инҷост, ки эй басо, ки як муҷтаҳид метавонад як ҳалоли мансуси шаръиро ба хотири мафсадае, ки ақлаш кашф карда таҳрим кунад ё ҳатто як воҷибро таҳрим кунад ё як ҳаромро ба ҳукми маслиҳати лозимтаре, ки фақат ақлаш онро кашф карда воҷиб кунад ва амсоли инҳо.

Ин ҳам боз чизе нест, ки муҷтаҳид аз худаш ихтироъ карда бошад; роҳе аст, ки худи ислом ҷилави пойи муҷтаҳид гузошта. Муҷтаҳидон дар асри ислом, кори анбиёи умматро мекунанд, яъне бояд бикунанд; бояд кори анбиёи умматро дар асрҳои қабл аз ислом бикунанд. Ҳатто анбиёи қабл ҳам, ки аҳкомро носиху мансух мекарданд, воқеъи носиху мансухи онҳо ҳам аз ҳамин қабил буда, вале ба ин шакл набуда, балки уламо мӯътақиданд ҳамаи носиху мансухҳо ҳам руҳаш ба чунин чизҳое бармегардад, вале исми ин дигар “насх” нест.

Бинобар ин, мубтанӣ будани аҳкоми исломӣ бар як силсила масолеҳу мафосиди ба истилоҳ заминӣ (яъне марбут ба инсон, ки дар дастраси кашфи ақлу илм башар аст) аз як тараф, ва системи қонунгузории ислом, ки ба наҳви қазоёи ҳақиқия аст (яъне ҳукмро рӯи ановини куллӣ бурдааст, на рӯи афрод) аз тараф дигар, ин ду имкони зиёде ба муҷтаҳид медиҳад, ки ба ҳукми худи ислом дар шароити мухталифи замонӣ ва маконӣ, фатвоҳои мухталиф бидиҳад ва дар воқеъ кашф кунад, ки чизе дар як замон ҳалол аст, дар як замон ҳаром, дар як замон воҷиб аст, дар замони дигар мустаҳаб, як замон чунин аст, як замон чунон.

Бо ин матлаб, ки алъон арз кардам, мумкин аст шумо бифаҳмед, ки чаро ахбори мо мутаъориз аст. Мисоле арз мекунам, ки онро аз олими бузург марҳум Оқо Мирзо Маҳдии Исфаҳонӣ — ки дар Машҳад буд — дорам ва аз ин рӯ зикри хайре ҳам аз ин марди бузург мекунам. Ӯ хеле шадид ба ин ҳарф мӯътақид буд.

Масалан шумо мебинед, ки аз имом суол мекунанд, ки зиёрати Имом Ҳусайн чӣ тавр аст? Мегӯяд: мустаҳаб аст. Аз як имоми дигар ё аз ҳамон имом дар замони дигар ҳамин суолро кардаанд; ё гуфта воҷиб аст ва ё ба иборате гуфта, ки мафҳуми вуҷуб дошта (масалан гуфтааст:) ҳатман бояд чунин кунед, мабодо тарк кунед. Боз мумкин аст як вақти дигаре суол карда бошанд; асосан бетафовутӣ нишон дода бошад (ва масалан фармуда бошад:) ҳоло зарурате надорад, мехоҳӣ бирав, мехоҳӣ нарав.

Як одами содда мегӯяд: ҷавобҳои мутаноқиз додаанд. Якҷо ҳатто гуфтаанд рафтанаш воҷиб аст, якҷо гуфтаанд мустаҳаби муаккад аст ва якҷо матлабро ба сурати як мустаҳаб баён кардаанд.

Вале ин таъоруз нест. Инҳо дар шароити мухталиф баён шудааст. Гоҳе дар як шароити оддӣ буда. Бадеҳӣ аст, ки худи зиёрати қабри Пайғамбар ва имом ва ҳатто ҳамаи авлиё ва анбиё аз боби ин ки хотираи онҳоро таҷдид мекунад, як омили тарбиятӣ аст ва дар ҳадди зоти худ як мустаҳаб аст. Вале ҳамин мустаҳаб як вақт ҳаром мешавад, як вақт воҷиб. Масалан, дар шароити замони Мутаввакил (халифаи аббосӣ) қарор мегиред, ки сахтгирии бисёр шадид аст, тавтиъа аст, ки расми зиёрати Имом Ҳусайн боя дур биафтад. Инҷо имомон ташхис медиҳанд, ки бояд бо ин тарзи кор мубориза кард, ва як масъалаи ҷадид пеш меояд: мубориза бо тарҳи халифаи вақт. Дар инҷо дастур медиҳанд: воҷиб аст, воқеан ҳам воҷиб буда.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: