Перейти к содержимому

Чаро ПМТ воқеънигартар аз режими ҳоким аст?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ҳамин ки як маъракаи сиёсӣ аз сӯи опозисиюни тоҷик, ки ҲНИТ ҷузъе аз он бошад баргузор шавад, чӣ он ҷо, ки масалан дар нишастҳои солонаи САҲА ширкат кунад ва чӣ он ҷо, ки роҳпаймоӣ ва тазоҳуроте дар яке аз шаҳрҳои урупоӣ ба роҳ андозад — ки ахираш ду рӯз пеш дар Берлин, пойтахти Олмон воқеъ шуд ва ба назарам, аз тамомии маъракаҳои собиқ пуррангтару бошукӯҳтар буд – мебинем, на танҳо режими ҳоким, балки бархе аз азизоне, ки ҳеч вобастагие ҳам бо ин режим надоранд, шурӯъ мекунанд ба тарҳи як силсила матолиби комилан беҷо дар фазои маҷозӣ, ки масалан, инҳо мехоҳанд Тоҷикистонро исломӣ бикунанд, “Ҷумҳурии Исломии Тоҷикистон” бисозанд, “Хумайние дигар” биёваранд, ва ҳатто баъзе аз ин азизон поро фаротар мегузоранд ва ҳарфҳои бисёр номарбуте аз қабили ин ки инҳо бо доъишиҳо ҳеч фарқе надоранд, мепарокананд.

Росташ, аз хеле вақт мехостам роҷеъ ба ин мавзӯъ бинависам, аммо фурсат намешуд. Дар ин ёддошт саъй мекунам нукотеро дар ҳамин мавзӯъ ёдовар бишавам. Ва фарзро ҳам бар ин мегирам, ки афроде, ки ин ҳарфҳоро мепарокананд, қасду ғаразе надоранд ва воқеан дорои як навъ нигаронӣ ҳастанд.

Манзурамро бо баёни се чаҳор нукта хулоса мекунам:

1) Нуктаи аввал ин ки: агар опозисиюн (яъне ПМТ) танҳо аз ҲНИТ иборат мебуд, дар ин сурат, барои ин азизон ин ҳақро медодем, ки якчунин нигароние дошта бошанд. (Албатта, агар бар фарз кулли опозисиюн ҳам ҲНИТ бошад, боз ин нигаронӣ беҷо буд, ки ба зудӣ дар ҳамин навиштор баён хоҳам дошт, ки чаро ин нигаронӣ беҷост.) Дар ҳоле, ки ПМТ фақат ҲНИТ, ки нест, дар ин эътилоф, илова бар ҲНИТ Анҷумани Озодандешон ҳаст, Ҷунбиши муҳоҷирон ҳаст, Ҳаракати ислоҳот ҳаст, шахсиятҳои мустақил ҳастанд.

Оё фикр мекунед, ки масалан, Алим Шерзамонов ва ё Темур Варқӣ ё Равшан Темуриён — ки аз аъзои Шӯрои раҳбарии ПМТ ҳастанд – инҳо ба дунболи сохтани як низоми исломӣ дар Тоҷикистонанд? Ва ё раҳбари ҲНИТ аз вуҷуди инҳо истифода мекунад ва вақте ба ҳадафаш расид, инҳоро канор хоҳад зад? Зеро, мебинем, мутаассифона ин гуна ҳарфҳо аҳёнан дар забонҳо ҷорӣ мешавад. Агар чунин фикр мекунед, пас шумо ин дӯстони моро нашнохтаед. Воқеан инҳоро нашнохтаед. Оё Алим Шерзамонов касе аст, ки битавон ӯро масалан гӯл зад? Ба назари ман, ин як иҳонат ба шахсияти ин дӯстон аст.

Бинобар ин, ин гумон аз реша бепоя аст. Яъне, на танҳо ин дӯстон, ки номашонро бурдам, ба дунболи сохтани як низоми исломӣ дар Тоҷикистон нестанд, балки ПМТ ва ҳатто ҲНИТ низ ба дунболи якчунин чизе нест.

Инро ҳам арз бикунам, ки роқими ин сатрҳо (С.И), ки ин ҳарфро мезанад, на ба хотири ризояти хотири касе аст ва на ин ки аз исломӣ буданаш даст бардошта бошад. Ҳаргиз ва абадан! Банда ҳаргиз аз ормонҳоям даст барнадоштаам ва барнахоҳам ҳам дошт. Инро аз аввал гуфтаам ва аз касе пинҳон ҳам намекунам. Аммо масъала, масъалаи воқеънигарӣ аст, ки дар нуктаи баъдӣ бештар тавзеҳ хоҳам дод.

* * *

2) Аз замони фикри таъсиси Анҷумани Озодандешони Тоҷик — ки ноябри соли 2015 буд — муассисони ин созмон – яъне Равшан Темуриён, Темур Варқӣ, Алим Шерзамонов, Ҳаким Раббимпур ва банда – тақрибан ҳар ҳафта ҷаласоте баргузор мекардем ва ҳамаи мо бе ҳеч таъоруф ҳарфҳои худро дар ин ҷаласот матраҳ менамудем, то саранҷом ин созмон расман таъсис ва ба роҳ афтод.

Агар алъон касе аз ман бипурсад, ки чӣ чиз шумо — панҷ нафарро, ки аз назари афкору ақоид мухталифед, гирди ҳам овард ва ин созмонро роҳ андохтед, ҷавоби ман ба ин пурсиш як калима бештар нест: воқеънигар будани мо.

Яъне, ҳам мани исломӣ ба ин дарк расида будам, ки ҷомеаи Тоҷикистон фақат аз ману амсоли ман ташкил нашудааст, Тоҷикистон масалан Эрон нест, Арабистон нест, Покистон нест. Ва ҳам Темур Варқӣ, Равшан Темуриён, Алим Шерзамонов ва Ҳаким Раббимпур — ки ба назарам, аз назари фикру ақида ин чаҳор нафар секулори ба тамоми маъно ҳастанд, на секулори дурӯғин мисли баъзе аз мақомоти тоҷик — ба ин дарк ноил омада буданд, ки Тоҷикистон як кишвари урупоӣ нест ва намешавад воқеиятҳои ҷомеаи Тоҷикистонро нодида гирифт ва масалан низоме дар он барпо дошт, ки шаҳрвандони пойбанд ба дину шариат аз ҳуқуқи динии худ маҳрум бимонанд ва мисли мақомоти кунунии Тоҷикистон бо онҳо бархӯрди комилан хашин ва дур аз инсоният сурат бигирад.

Албатта, инки мегӯям, ин чаҳор тан секулор ҳастанд, як вақт иштибоҳ нашавад ва фикр накунед, ки инҳо бединанд. Ҳаргиз! Бедин будан як чиз аст ва секулор будан як чизи дигар, ки мутаассифона ҳастанд касоне, ки секулор буданро бо бедин будан яке мегиранд. Як инсон метавонад секулор бошад ва дар айни замон, комилан боварманд ва мӯътақид ба Худо, ки албатта ин баҳсаш ҷудост.

Хулоса, дарки муштараки ҳамаи мо ин буд, ки низоме, ки аз назари сиёсӣ метавонад дар Тоҷикистон – бо дар назар гирифтани воқеиятҳои мавҷуд – таъминкунандаи ҳуқуқи ҳамаи шаҳрвандони ҷомеа бошад, ин як низоми демукротики воқеӣ (на дурӯғин) аст, ки дар он, ҳам як диндор битавонад бо камоли озодӣ ва анҷоми маросими мазҳабиаш зиндагӣ кунад ва ҳам як бедин ва ё секулор бидуни музоҳимати касе ба сурате, ки дилаш мехоҳад зиндагӣ намояд.

Ва нуктаи қобили тазаккур дар ин мавзӯъ он аст, ки ҷомеаи демукротик, дорои нусхаи воҳид нест, ки мутаассифона бисёреҳо дар ин масъала низ ба иштибоҳ роҳ медиҳанд. Балки шаклу сурати ин низом, аз як ҷомеа то як ҷомеаи дигар фарқ мекунад. Яъне чунин нест, ки масалан ҷомеаи демукротики Тоҷикистон бояд нусха ва купии ҷомеаи демукротики яке аз кишварҳои урупоӣ бошад. Ин тавр нест. Бале, ваҷҳи муштараки ин ду ҷомеа, ҳамон ба истилоҳ барбарҳуқуқ будани шаҳрвандони онҳост, вале дар шаклу сурат қатъан фарқ мекунанд ва фарҳангҳо ва суннатҳои ҳоким дар ҳар ҷомеае, ташкилдиҳандаи шаклу сурати онҳост.

Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) низ, ки ҲНИТ ҷузъе аз он аст, чизе шабеҳи Анҷумани Озодандешони Тоҷик аст, мунтаҳо дар як шакли васеътар ва бо ҳузури афроди аз назари афкору ақоид мутанаввеътар. Дар ин эътилофи тозатаъсис, аз назари фикрӣ, бар хилофи пиндори баъзеҳо, тобеъу матбуъ надорем. Бале, аз назари сохторӣ, тобеъу матбуъ ҳаст, ки ин табиӣ аст ва ҳар сохторе чунин аст, вале ин ки гумон равад аз назари фикрӣ ин ҲНИТ аст, ки ҳарфи аввалу охир бо ӯст, ин пиндор, на танҳо як пиндори бепоя, ки як тӯҳмат ҳам аст. Ва ҳамон тавр, ки дар бораи АОТ арз шуд, вежагии боризи ПМТ низ мисли АОТ дар ин аст, ки аъзои он, ҳама воқеънигар ҳастанд. Барномаи ПМТ – ки ҳанӯз рӯяш кор мешавад ва дар ояндаи наздик дар маърази афкори умумӣ қарор хоҳад гирифт – ҷомеътарин барнома ва дар айни ҳол муносибтарини он барои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки ҳуқуқи аҳаде аз шаҳрвандон дар он нодида гирифта намешавад. На диндор дар ҳошия ронда мешавад ва на бедин. Бар хилофи сиёсати пешгирифтаи ҳукумати феълӣ, ки асосан аҳдофаш маълум нест ва ба дунболи чист ба ҷуз тамаркуз рӯи таҳкиму тақвияти ҷойгоҳи “Пешво” дар ҷомеа ва низ бар хилофи барномаи баъзе аз муддаиёни мухолифат бо режими феълӣ, ки дар он, диндорон ҷойе ҷуз масҷиду мадорис надоранд ва дар матни ҷомеа барояшон нақше таъриф нашудааст.

Ин аст, ки унвони ин ёддоштро “Чаро ПМТ воқеънигартар аз режими ҳоким аст?” гузоштам. Ҳукумати феълӣ, бо ин ки мӯътариф аст ҷомеаи Тоҷикистон як ҷомеаи диндор аст, аммо дар айни ҳол ин воқеияти “азҳару минашшамс”-ро нодида мегирад ва ба ҳуқуқи афроди пойбанд ба дину шариат дар ҷомеа, на танҳо кучактарин эҳтироме қоил нест, балки онҳоро ба бадтарин шаклу сурат поймол мекунад. Бо ин ҳисоб, оё якчунин ҳукумате (ва ё ҳар ҳизбу гурӯҳи дигаре монанди он) дар чунин ҷомеае, умре хоҳад дошт ва муваффақу комёб хоҳад шуд? Ҳаргиз ва абадан! Секулор ва ба истилоҳ дунявӣ будани сохтори сиёсии як давлат, лузуман ин нест, ки ту ҳуқуқи диндорони ҷомеаро нодида ва поймолаш кунӣ ва онҳоро фақат дар масҷиду мадорисашон маҳсур созӣ.

* * *

3) Ва аммо яке ду ҷумла роҷеъ ба ин нигаронии беҷо, ки опозисиюни феълӣ мехоҳад дар Тоҷикистон чизе шабеҳи “Ҷумҳурии Исломӣ Эрон” дуруст кунад ва “Хумайни дигар” биёварад ва аз ин қабил ҳарфҳо. Касоне, ки чунин нигароние бар сар доранд, аз ин воқеиятҳо ғофиланд: аввалан, Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки бар пояи низоми “вилояти фақеҳ” устувор аст, чунин низоме, ҷуз дар як ҷомеаи мусалмони шиъӣ (лоақал аксарияти шиъӣ) имкони таҳаққуқ надорад. Яъне, бар фарз агар касе ё ҳизбе дар Тоҷикистон масалан бихоҳад чунин низоме барпо бидорад, ӯ бояд аввалан, ҳамаи ва ё аксарияти шаҳрвандони Тоҷикистонро шиъа кунад, ва тоза, шиъаи пойбанд ба дину шариат, зеро на ҳамаи шиъа пойбанд ба дину шариат аст. Ва сониян, шиъаи пойбанд ба дину шариат, ки мӯътақид ба асли вилояти фақеҳ бошад, зеро на ҳамаи шиъа мӯътақид ба ин асл аст, балки ҳатто баъзе аз уламои шиъа эътиқод ба “вилоятии фақеҳ” надорад.

Хуб, бо ин ҳисоб, оё аслан маъқул аст касе ба дунболи барпоии чунин низоме дар Тоҷикистоне, ки мусалмононаш бештар суннии ҳанафӣ ҳастанд, биафтад? Мантиқан ин кор маъқул аст?

Инҷо дигар мақулаи “хостан тавонистан аст” содиқ нест, балки якчунин “хостане” ҳатто аз тарафи касе мисли Сайидюнуси Истаравшанӣ, ки алоқа ба низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон дорад ва ҳаргиз ин “симпатия”-и худро пинҳон надоштааст, дар воқеъ хостани як амри маҳол аст, ки амалан таҳаққуқпазир нест; магар ин ки одам воқеан як хаёлпардоз бошад, ки ба дунболи тухми анқо ва ё парандаи Симурғ аст.

Бинобар ин, афроде, ки чунин нигарониҳои беҷое иброз медоранд ва дигаронро ҳам метарсонанд, аввал бояд андаке фикр кунанд ва сипас агар диданд ин кор мантиқан имконпазир аст, дар ин сурат ҳақ доранд нигарон бошанд.

Бале, агар касе бигӯяд, ҲНИТ шабеҳи Ихвонулмуслимин аст ва барномае монанди барномаи ин гурӯҳ дорад, шояд ин нигаронӣ ҷо дошта бошад; хусусан бо таваҷҷӯҳ ба ин ки ҳар ду суннӣ ҳастанд ва адабиёташон ҳам – ба ҷуз дар мавориде – чандон бо ҳам фарқ надорад. Аммо ин одам, ки нигарон аст, оё медонад Ихвонулмуслимин имрӯз дидгоҳаш ба лиҳози теурӣ дар навъи сохтори сиёсие, ки ба дунболи он аст, чист? Ба назарам, кучактарин иттилоъе аз ин мавзӯъ надорад. Агар медошт, на танҳо нигарон мешуд, балки — бовар кунед — хушҳол ҳам мешуд. Чаро? Дар нуктаи баъдӣ роҷеъ ба ин матлаб андаке баҳс мекунам.

* * *

4) Аввалан, ин мавзӯъ худаш ниёз ба як мақолаи ҷудогона дорад, ва сониян, дилам мехост яке аз аъзои боризи ҲНИТ ва ё ҳатто шахси ҷаноби Муҳиддин Кабирӣ – бо таваҷҷӯҳ ба иттилоъи бештару беҳтараш – мақолае дар ин мавзӯъ менавишт, аммо ҳоло, ки баҳсаш инҷо матраҳ шуд, ба сурати бисёр мухтасар яке ду ҷумла дар ин мавзӯъ менависам.

Мо дар ҷаҳони ислом, ҳеч ҳизбу гурӯҳе (ба хусус дар миёни аҳзоб ва гурӯҳҳои исломӣ) намешиносем, ки ба андозаи ҷамоати Ихвонулмуслимин дорои фарозу нишебҳои фаровоне буда бошад. Ин ҷамоат, дар умри беш аз 90-солаи худ, мароҳили бисёр мухталиферо пушти сар гузоштааст ва дар ҳар марҳилае аз пайкору муборизаҳои сиёсиаш, дар барномаҳои пешини худ таҷдиди назар кардааст, бар хилофи соири аҳзоб ва гурӯҳҳои исломӣ (мисли Ҳизбуттаҳрир), ки ҳаргиз таҷдиди назаре ҷиддӣ дар барномаҳои худ эъмол накардаанд, ки шояд ба хотири ин аст, ки амалан даргир бо воқеиятҳо набудаанд. Ва яке аз далоили таҷдиди назарҳои мутаъаддиди Ихвонулмуслимин ин аст, ки ин ҷамоат ҳамвора тавассути афроди соҳибназари исломӣ (муҷтаҳидҳо) иршоду роҳнамоӣ шудааст.

Ин ҷамоат як муддат мӯътақид ба муборизаи мусаллаҳона (хусусан дар Миср) буд, сипас дар ин барнома таҷдиди назар кард ва мӯътақид ба пайкори сиёсӣ (ба маънои ширкат дар интихоботҳо) шуд ва то ба имрӯз бештари шохаҳои Ихвон дар ҷаҳон ба ҳамин шева аз мубориза мӯътақиданд. Аммо он чи қобили ёдоварист ин аст, ки то баҳори арабӣ, бештари таҷдиди назарҳои ин ҷамоат, дар васоил ва токтикҳо буд, на истротежӣ. Яъне метавон гуфт, истротежии ин ҷамоат аз замони таъсис то замони баҳори арабӣ, воҳид буд ва ҳеч тағйире дар он сурат нагирифта буд ва тағйирҳо бештар рӯи токтикҳо ва васоил ва роҳи расидан ба ҳадаф буд, на худи ҳадаф. Яъне, ҳадаф барпоии ҳукумати исломӣ буд, аммо роҳи расидан ба он, як вақт муборизаи мусаллаҳона, як вақт эътилоф бо дигар аҳзоб ва як вақт ширкат дар интихоботҳо ва ғайра буд.

Аммо пас аз таҷрибаи баҳори арабӣ, ин ҷамоат як таҷдиди назари решаӣ ва ба истилоҳ, таҷдиди назар дар ҳадаф ва истротежӣ сурат дод. Ҷараққаи он ҳам, тавассути Ҳизби наҳзати Тунис зада шуд ва имрӯз соири шохаҳои Ихвон ва ҳатто дар Миср низ дар ҳоли қабули он ҳастанд. Дар яке ду соли ахир, ки гоҳе бо ҷаноби Муҳиддин Кабирӣ баҳсу гуфтугӯҳое мекардам, дидам эшон ҳам ин таҷдиди назарҳои решаии Ихвонро мепазирад ва балки болотар аз ин, мӯътақид аст марҳум Устод Нурӣ хеле барвақттар аз амсоли Рошид Алғаннушӣ, ки дар ин хусус китобе ҳам аз ӯ мунташир шудааст, ин идеяро ба хусус дар поёнҳои умри шариф худ матраҳ карда будааст.

Ҳоло ин таҷдиди назар дар ҳадаф, кадом аст? Хеле ба сурати кӯтоҳ ва дар яке ду ҷумла баён медорам, зеро ин мақола гунҷоиши тафсили онро надорад. Ва он ин ки: агар то замони баҳори арабӣ, ин ҷамоат мӯътақид ба барпоии ҳукумати исломӣ буд, аммо ҳоло бовараш ин аст, ки асосан ниёзе ба барпоии ҳукумати исломӣ дар кишварҳо исломӣ нест, зеро агар ҳадаф аз барпоии ҳукумати исломӣ “барқарории адолат” дар ҷомеа бошад ҳамон тавр ки Қуръони Карим мефармояд, ин ҳадафро метавон бидуни барпоии як ҳукумати исломӣ ҳам пиёда кард. Манзур аз ҳукумати исломӣ, яъне ҳукумате, ки қавонинаш қавонини исломӣ аст.

Ин, хулосаи он чи ин ҷамоат ба лиҳози теурӣ ба он расидааст мебошад. Тафсили ин дидгоҳ худаш як китоб аст. Азизон метавонанд китоби Шайх Рошид Алғаннуширо бихонанд. Ва ё агар ҳавсала надоранд, метавонанд мақолае аз Оливе Рой (Olivier Roy) дар нашрияи Foreign Affairs бо унвони “Исломи сиёсӣ баъд аз баҳори арабӣ: кашокаши ҷиҳод ва демукросӣ”, ки дар пойгоҳи Кимиёи саодат овардаем, бихонанд.

Дигар баҳсро ба дарозо намекашам, ба ҳамин миқдор басанда мекунам, аммо аз ҷаноби Кабирӣ хоҳишам ин аст, ки дар як мақола ва ё мусоҳибае, ба тафсили ин дидгоҳ бипардозанд.

Саломат бошед!

1 комментарий »

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: