Перейти к содержимому

Манъи хариду фурӯши “ҷилиқаи зард” дар Миср

Мақомоти бархе аз кишварҳо ба далели нигаронӣ аз сирояти эътирозоти Фаронса ба кишварҳояшон, хариду фурӯши “ҷилиқаи зард” (желтый жилет)-ро дар кишварҳои худ манъ ва бархе дигар аз онҳо ҳатто ба фикри иваз кардани рангу шакли либоси кормандони шаҳрдориҳо афтодаанд.

Аз миёнаҳои моҳи ноябр, хиёбонҳои Фаронса, хусусан Порис, саҳнаи эътирозоти нисбатан густурда ва хашине буд. Далели аслии ин эътирозот, ки ба ҷунбиши “ҷилиқазардҳо” маъруф шудааст, афзоиши молиёти сӯхт ва боло будани ҳазинаҳои зиндагӣ аст. Бо истимрори эътирозот, давлати Фаронса таҳти фишори шадиди хиёбонҳо, маҷбур шуд аз афзоиши қимати сӯхт сарфи назар кунад, аммо ин иқдом ҳам монеъ аз истимрори нооромиҳо нашуд. Бархе нозирон мӯътақиданд, эътирозоти ҷилиқазардҳо муҳимтарин таҳаввули даврони риёсати ҷумҳурии Имонуил Мокрун аст.

Ба гузориши пойгоҳи хабарӣ-таҳлилии Fararu, ҳамзамон бо ин таҳаввулоти Фаронса, солгарди инқилобҳои арабии соли 2011 дар чандин кишвар наздик мешавад. Бо гузашти чандин сол аз суқути диктотурҳое ҳамчун Ҳусни Муборак, раисиҷумҳури асбақи Миср ва Зайнулобидин бен Алӣ, раисиҷумҳури асбақи Тунис, ин кишварҳо ҳамчунон шароити иқтисодии номусоидеро таҷриба мекунанд. Давлатҳои ин кишварҳо, ислоҳоти иқтисодии дарднокеро оғоз кардаанд, ки бар зиндагии оммаи мардум таъсироти манифие мегузорад.

Илова бар гиламандиҳои иқтисодӣ, дастрасии ҷавонон ба шабакаҳои иҷтимоии фаромиллӣ боис шуда замина барои интиқоли эътирозоти Фаронса ба бархе ин кишварҳои арабӣ, хусусан кишварҳое, ки бо Фаронса пайвандҳои фарҳангӣ доранд, муҳайё шавад.

Дар рӯзҳои ахир, замзамаи интиқоли ҷунбиши ҷилиқазардҳо ба кишварҳое монанди Тунис, Миср ва Ироқ матраҳ шудааст; амре, ки бархе давлатҳои ин кишварҳоро нигарон карда ва онҳоро ба иттихози тадобири сахтгирона бар фурӯши ҷилиқаҳои зардранг водоштааст.

* * *

Даргирии ҷилиқазардҳои Ироқ бо нерӯҳои амниятӣ дар Басра

Ироқ, ба вежа устонҳои ҷанубии он, аз тобистони гузашта мултаҳиб ва ноором буд. Дар ин тобистон, ба далели фуқдони хадамоти асосӣ назири обу барқ ва низ бекорӣ, чандин устон шоҳиди эътирозоти хушунатомезе буд, ки дар ҷараёни он чандин нафар кушта ва захмӣ шуданд.

Ҳол, пас аз чанд моҳи нисбатан ором, бархе ҷавонони ироқӣ бори дигар бо илҳом аз ҷилиқазардҳои Фаронса, ҷилиқаҳои зард ба тан карда ва тазоҳурот карданд. Дар авҷи эътирозоти Фаронса, нерӯҳои амниятии Ироқ дар Басра як таҷаммӯъи ҷилиқазардҳоро дар баробари устондории Басра пароканда карданд. Мӯътаризон ба далели амалӣ нашудани ваъдаҳое, ки Ҳайдар Ибодӣ дар рӯзҳои охири нахуствазириаш дода буд, дар баробари устондории Басра таҷаммӯъ карданд ва хостори истеъфои устондор шуданд.

* * *

Чилиқаҳои сурху сафед дар Тунис

Анҷумани синфии муаллимони Тунис, дар эътироз ба тасмими давлат ба костан аз ҳуқуқи муаллимон, хостори баргузории эътирозоте шабеҳ ба ҷилиқазардҳои Фаронса шуд. Албатта ин анҷуман бар хилофи Фаронса, хостори пӯшидани ҷилиқаҳои сафедранг шуд. Гурӯҳе аз ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ пешниҳод доданд, ки ҷилиқаи мӯътаризони тунисӣ, ба ранги парчами Тунис сурхранг бошад. Ин ҷавонон ҷунбиши худро “ҷилиқа‎сурхҳо” номиданд. Ин таҳаррукот дар ҳоле матраҳ мешавад, ки ахиран Иттиҳодияи вакилони мудофеи Тунис ҳам хостори эътисоби саросарии аъзои худ шудааст.

Нуктаи қобили таваҷҷӯҳ дар аксари ҷунбишҳои арабии кунунӣ, нақши муҳимми шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҳамоҳангсозии эътирозот аст. Ҷилиқасурхҳои Тунис бо сохтани сафҳае дар Фейсбук, баёнияи таъсиси ҷунбиш худро содир карданд.

Дар ҳоли ҳозир ҷидол байни мувофиқон ва мухолифони сармашқ гирифтан аз ҷилиқазардҳои Фаронса, дар Тунис ҳамчунон идома дорад.

* * *

Миср хариду фурӯши ҷилиқаи зардро мамнӯъ эълон кард

Тақрибан як моҳи дигар, дар 25 январ, солгарди инқилоби соли 2011 Миср ва суқути Ҳусни Муборак фаро мерасад. Давлати Миср, дар айни омода шудан барои ҷашн гирифтани ин муносибат, нигарон аст бори дигар кишвар арсаи тазоҳуроти инқилобӣ шавад. Ба ҳамин далел, дар рӯзҳои ахир ҳамзамон бо авҷгирии ҷилиқазардҳои Фаронса, ба таври бесару садо бар фурӯши ҷилиқаҳои зард дар Миср маҳдудиятҳое эъмол шудааст.

Мақомоти амниятии мисрӣ ба фурӯшандагони ҷилиқаҳои зрд дар Қоҳира ва Искандария ҳушдор додаанд, ки ба муштариён ҷилиқаҳои зард нафурӯшанд. Дар ҳоли ҳозир фурӯши ҷилиқаҳои зард дар Миср фақат бо дарёфти муҷаввиз аз сӯи пулис имкопазир аст. Ин маҳдудиятҳо то поёни моҳи январ побарҷо хоҳад монд.

Аз фурӯшандагон дар Қоҳира хоста шуда, ки ҳар гуна талоши афрод барои хариди анбӯҳи ҷилиқаҳои зардро ба пулис гузориш диҳанд.

Ин иқдомот нишон медиҳад, ки давлати Миср аз эътирозоти эҳтимолӣ дар 8-умин солгарди инқилоби соли 2011 нигарон аст.

* * *

Таъсиси ҷунбиши чафияҳои сурх дар Ӯрдун

Кишвари Ӯрдун, монанди бисёре аз кишварҳои арабӣ бо мушкилоти иқтисодӣ дасту панҷа нарм мекунад ва дар рӯзҳои ахир эътисоботеро таҷриба кардааст.

Фаъолони ӯрдунӣ, бо сармашқ гирифтан аз ҷилиқазардҳои Фаронса, ҷунбиши “Чафияҳои сурх”-ро ба роҳ андохтанд. Чафия бахше аз либоси суннатии мардуми Ӯрдун аст, ки мардон бар сар мекунанд.

Давлати Ӯрдун пас аз анҷоми ислоҳоти иқтисодӣ ва кам кардани ёронаи колоҳои асосӣ мисли нон, бо хашми умумӣ мувоҷеҳ шуд. Дар баҳори соли 2018, чандин шаҳри Ӯрдун саҳнаи эътирозоти зидди давлатӣ буд ба тавре, ки таҳти фишори эътирозот, давлати Ҳонӣ Алмалақӣ, суқут кард ва давлати ҷадиде сари кор омад.

Аз ҳафтаи гузашта, эътисобот дар Ӯрдун шурӯъ шуда ва фаъолони ӯрдунӣ гуфтаанд, ки ширкаткунандагон дар эътисобот бояд монанди Тунис ва Фаронса барои худ намоде интихоб кунанд. Дар инҷо, ӯрдуниҳо хостори истифода аз чафияи сурх шуданд. Дар муқобил, давлати Ӯрдун, бар ҳаққи мардум барои анҷоми тазоҳурот таъкид кард.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: