Перейти к содержимому

Садде, ки Зулқарнайн сохт, дар куҷо қарор дорад?

Дар оятҳои 83 то 98 сураи Каҳф сухан аз Зулқарнайн ва корҳои бузурги ӯ ба миён омадааст. Яке аз корҳое, ки дар ин оятҳо ба ӯ нисбат дода шудааст, сохтани садди муҳкам барои мардуме аст, ки дар хатари ҳуҷуми қабилаҳои ваҳшӣ (Яъҷуҷу Маъҷуҷ) қарор доштанд:

قَالُوا يَا ذَا الْقَرْنَيْنِ إِنَّ يَأْجُوجَ وَمَأْجُوجَ مُفْسِدُونَ فِي الْأَرْضِ فَهَلْ نَجْعَلُ لَكَ خَرْجًا عَلَى أَن تَجْعَلَ بَيْنَنَا وَبَيْنَهُمْ سَدًّا. قَالَ مَا مَكَّنِّي فِيهِ رَبِّي خَيْرٌ فَأَعِينُونِي بِقُوَّةٍ أَجْعَلْ بَيْنَكُمْ وَبَيْنَهُمْ رَدْمًا. آتُونِي زُبَرَ الْحَدِيدِ حَتَّى إِذَا سَاوَى بَيْنَ الصَّدَفَيْنِ قَالَ انفُخُوا حَتَّى إِذَا جَعَلَهُ نَارًا قَالَ آتُونِي أُفْرِغْ عَلَيْهِ قِطْرًا

(Он гурӯҳ ба ӯ) гуфтанд: эй Зулқарнайн! Яъҷуҷу Маъҷуҷ дар ин сарзамин фасод мекунанд, оё мумкин аст мо ҳазинҳое барои ту қарор диҳем, ки миёни мо ва онҳо садде эҷод кунӣ? (Зулқарнайн) гуфт: он чи парвардигорам дар ихтиёри ман гузошта, беҳтар аст (аз он чи шумо пешниҳод мекунед), маро бо нерӯе ёрӣ диҳед, то миёни шумо ва онҳо садди муҳкаме қарор диҳам. Қитъаҳои бузурги оҳан бароям биёваред (ва онҳоро рӯи ҳам бичинед). То вақте, ки комилан миёни ду кӯҳро пӯшонид, гуфт: (дар атрофи он оташ биафрӯзед ва) дар он бидамед. (Онҳо дамиданд), то қитъаҳои оҳанро сурху гудохта кард ва гуфт: (акнун) миси музоб (обшуда) бароям биёваред, то бар рӯи он бирезам.” (Оятҳои 94-96 сураи Каҳф)

Тибқи ин оятҳо, Зулқарнайн барои ёрӣ расондан ба мардуме, ки дар маърази ҳуҷуми Яъҷуҷу Маъҷуҷ қарор доштанд, саддеро бино мекунад. Дар инки ин садд дар куҷо қарор дорад, дидгоҳҳои мухталифе баён шудааст:

Бархе мӯътақиданд, ин садд ҳамон садди маъруфи “Маъриб” дар Яман аст. Ин тафсир мутобиқи назарияе аст, ки дар он Зулқарнайн яке аз подшоҳони Яман муаррифӣ шудааст. (1) Аммо садди Маъриб дар Яман, бо вежагиҳое, ки Қуръон барои садди Зулқарнайн унвон мекунад мутобиқат надорад; зеро садди Зулқарнайн бо оҳану мис ва ба манзури ҷилавгирӣ аз ҳуҷуми ақвоми ваҳшӣ сохта шуда буд. Вале садди Маъриб бо масолеҳи маъмулӣ ва барои ҷамъоварии об ва ҷилавгирӣ аз селоб сохта шудааст.

Бархе мӯътақиданд, ин садд ҳамон девори Чин аст. Аммо бояд гуфт, девори Чин на аз оҳану мис сохта шуда ва на дар як тангаи борики кӯҳистонӣ аст. (2)

Дараи Дориёл

Аммо дар сарзамини Қафқоз миёни баҳри Хазар ва баҳри Сиёҳ силсилакӯҳ‏ҳое аст ҳамчун як девор, ки шимолро аз ҷануб ҷудо мекунад ва танҳо тангае, ки дар миёни ин кӯҳ‏ҳои девормонанд вуҷуд дорад, тангаи маъруфи “Дориёл” дар Уситиёи шимолӣ аст. Ин танга танҳо роҳи нуфузи қабоили ваҳшӣ будааст, ба ҳамин далел сокинони он минтақа аз Зулқарнайн тақозои сохти саддеро карданд, то монеъи ҳуҷуми ин қабоил шаванд.

Ин садд байни солҳои 539 ва 529 пеш аз мелод сохта шудааст. Имрӯза дар ҳамин макон девори оҳанине ба чашм мехӯрад. Дар сохти ин девор тиккаҳои бузурги оҳан ба кор рафта ва бар рӯи он миси музоб (обшуда) рехта шудааст. Ин ҳамон вежагиҳое аст, ки Қуръон дар бораи садди Зулқарнайн баён кардааст. (3)

Ва ба ҳамин ҷиҳат, бисёре мӯътақиданд, ки садди Зулқарнайн ҳамин садд аст. Ҷолиб ин ки дар он наздикӣ наҳрест ба номи “Сойрус», ки ба маънии “Куруш” аст. Бархе муфассирон, ки мӯътақиданд Зулқарнайн ҳамон Куруши кабир аст, ин дидгоҳро мепазиранд. (4)

Пайнавишт:

(1) Тафсири намуна, ҷ.12, с.542-543.

(2) Тафсири Мизон, ҷ.13, с.526; Тафсири намуна, ҷ.12, с.550.

(3) Нақди шубуҳот перомуни Қуръони Карим, Муҳаммадҳодӣ Маърифат, с.605-616.

(4) Муҳаммадҳодии Маърифат таъкиди зиёде бар ин ақида дошта ва дар китоби худ собит мекунад Зулқарнайн ҳамон Куруш аст. Аммо Аллома Таботабоӣ онро танҳо қобили қабултар аз соири дидгоҳҳо медонад.

Се мақола ба забони русӣ дар ҳамин мавзӯъ:

Где расположена стена, Зуль-Карнайна?

Кто такой Зуль-Карнайн?

Личность Зуль-Карнейна стала известна

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: