Перейти к содержимому

Бозигари яҳудии Ҳоливуд қонуни “кишвари яҳуд”-ро нажодпарастона хонд

Нотоли Пуртман, бозигари яҳудии саршиноси Ҳоливуд, дар идомаи интиқодоти худ аз режими саҳюнистӣ, қонуни мавсум ба “кишвари миллии яҳуд”-ро нажодпарастона ва иқдоме иштибоҳ тавсиф кард.

Нотоли Пуртман (Natalie Portman) дирӯз (панҷшанбе, 13.12.2018) дар мусоҳиба бо пойгоҳи Jpost гуфт: “Ин (қонун) иштибоҳ буд, ки (набояд анҷом мешуд) ва ман бо он мувофиқ нестам. Сахт аст аҳли ҷойе бошӣ, ки зиндагии шумо имконоти кофиро надошта бошад.”

Вай ҳамчунин афзуд: “Ман фақат умедворам, ки битавонам бахше аз раванди тағйир (-и вазъияти феълӣ) бошам, ҳамсояҳои худро дӯст дошта бошем ва бо онҳо барои тағйир ҳамкорӣ кунем.”

Пуртман дар идома бо интиқод аз сиёсатҳои давлати Омрико дар ҳимоят аз иқдомоти саркӯбгаронаи режими саҳюнистӣ, тавзеҳ дод: “Интихоб шудани Дунолд Тромп ба риёсати ҷумҳурии Омрико, маро бисёр озурда ва хашмгин кард. Вале ман дар ҳоли талош ҳастам, то ин энержиро барои эътироз ба беадолатиҳое, ки дар ҷомеа мешавад, ба кор бандам.”

Пуртман, ки аз яҳудиёни зодаи Фаластини ишғолӣ аст, борҳо аз режими ишғолгари саҳюнистии ҳоким бар он интиқод карда ва ҳатто чанд моҳ пеш бо худдорӣ аз ҳузур дар маросими ҷоизаи “Нубели яҳудӣ” дар сарзаминҳои ишғолӣ, боиси лағви ин маросим шуда буд.

Вай иллати напазируфтани ин ҷоизаро куштори мардуми Ғазза тавассути низомиёни саҳюнист дар ҷараёни “Роҳпаймоии бозгашт” ва сиёсатҳои ишғолгаронаи Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири ин режим эълом карда буд. (Ҷузъиёти бештар)

Порлумони режими саҳюнистӣ чанде пеш, лоиҳаи нажодпарастонаи “кишвари миллии яҳуд”-ро тасвиб ва ба қонун табдил кард, то бад-ин тартиб заминаи қонунӣ барои ҳазфи андак ҳуқуқи арабҳову мусалмононро фароҳам кунад.

Ин қонун тамоми сарзамини Фаластинро кишваре фақат барои яҳудиён эълом карда ва фаластиниёнро аз тамоми ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва инсонӣ маҳрум мекунад. Ҳамчунин бо ҳазфи забони арабӣ аз мадорис, забони ибрӣ танҳо забони расмии ин минтақа шинохта хоҳад шуд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: