Перейти к содержимому

Фарзандони президентҳои Осиёи Марказӣ чӣ мекунанд?

Сооронбой Ҷеенбеков, раисиҷумҳури Қирғизистон, камтарин фарзандро дар байни раисони ҷумҳури Осиёи Марказӣ дорад ва Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, падари 9 фарзанд аст.

Бархе аз фарзандони раисони ҷумҳур дар пушти саҳна ҳузур доранд ва бархе дигар аз онон дар фаъолиятҳои калидии кишвар ба таври фаъол ҳузур ва симатҳои муҳиммеро бар ӯҳда доранд.

* * *

Қазоқистон:

Дарига Назарбоева

Дарига Назарбоева, духтари бузурги Нурсултон Назарбоев, 55 сол син дорад ва бо Роҳат Алиев, сиёсатмадори марҳум издивоҷ карда ва 3 фарзанд дорад.

Назарбоева риёсати расонаҳои гурӯҳиро бар ӯҳда дошт, бозаргон, саҳомдори бонки “Нурбонк”, раиси ҳизби “Асар” ва намояндаи порлумони Қазоқистон буд.

Вай муддате муовини нахуствазир буд ва дар ҳоли ҳозир намояндаи порлумони улё аст.

Дарига Назарбоева раиси кумитаи равобити байналмилалӣ, дифоъ ва амнияти сенои Қазоқистон аст.

Динора Қулибоева, духтари дуввуми Назарбоев, бо Темур Қулибоев, корофарин ва сиёсатмадори қазоқистонӣ, издивоҷ кард.

Алия Назарбоева

Бар асоси гузориши маҷаллаи Forbes, дороиҳои вай 3 милёрду 200 милюн дулор баровард шуда ва ҳамсари вай низ ҳамин қадр дороӣ дорад.

Қулибоева, илова бар тиҷорат, дар умури хайрия ва тарҳҳои омӯзишӣ дасте дорад ва узви Окедемии фарҳангистони улуми Қазоқистон мебошад.

Алия Назарбоева, духтари севвуми Назарбоев, 3 бор издивоҷ кардааст.

Ҳамсари аввали вай Айдар писари Аскар Оқоев, раисиҷумҳури аввали Қирғизистон буд.

Дуввумин бор бо Дониёр Ҳасенов, футболист ва бозаргон издивоҷ кард ва 2 духтар ба дунё овард.

Шавҳари севвуми вай Димоаш Досанов, бозаргон ва сиёсатмадор аст.

Онҳо як писару духтар доранд.

* * *

Қирғизистон:

Сооронбой Ҷеенбеков, ки як сол пеш ба унвони раисиҷумҳури Қирғизистон мунтахаб шуд, 2 фарзанд дорад.

Бахтигул Ҷеенбекова, духтари бузурги вай, донишҷӯи Донишгоҳи қирғизӣ-русӣ ба номи Борис Елтсин аст.

Бахтигул дар соли 2016 бо Отабек писари Алиёрбек Абҷалиев, намояндаи порлумони ин кишвар издивоҷ кард.

Вай дар бахши ҳамкориҳои байналмилалии дафтари давлат ба унвони коршинос фаъолият мекунад.

Тоҷикистон:

Аз даҳаи 90-уми қарни 20 аст, ки Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури Тоҷикистон мебошад.

Симати феълии вай на танҳо раисиҷумҳур, балки “пешвои миллат, бунёнгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва …” аст.

Раҳмон яке аз раисони ҷумҳуре аст, ки на танҳо дар минтақа, балки дар ҷаҳон дорои бузургтарин хонавода аст ва 9 фарзанд дорад ва бархе аз онҳо дорои симатҳои баландпоя ҳастанд.

Озода Раҳмон

Озода, духтари 40-солаи Раҳмон, солҳои 2005-2007 ҳамчун атташе оид ба фарҳанг ва маорифи сафорати Тоҷикистон дар Омрико фаъолият намудааст.

Солҳои 2007-2009 дар вазифаи сардори Раёсати консулии Вазорати умури хориҷа, солҳои 2009-2014 муовини вазири умури хориҷа ва солҳои 2014-2015 муовини аввали вазири умури хориҷа фаъолият кардааст.

Ӯ, аз 27 январи соли 2016, ба унвони раҳбари Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳур ифои нақш менамояд.

Ва аз 29 майи соли 2016 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз 15 июли соли 2016 Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният интихоб шуда.

Ҷамолуддин Нуралиев, ҳамсар вай, муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон аст ва 5 фарзанд доранд.

Рустами Эмомалӣ

Рустами Эмомалӣ, писари Раҳмон, 30 сол син дорад ва фаъолияти худро дар соли 2006 ба унвони сармутахассиси шӯъбаи ҳамкорӣ бо созмони умумии савдои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуд, солҳои 2009-2011 дар вазифаи сардори Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошт.

Ӯ солҳои 2011-2012 ҳамчун сардори Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумруки Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намуд. Солҳои 2012-2013 ҳамчун муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва аз ноябри cоли 2013 то марти соли 2015 дар вазифаи Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кард.

Рустам аз моҳи марти соли 2015 то январи соли 2017 дар вазифаи Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият ва аз 12 январи соли 2017 ба унвони иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе ва сипас раиси шаҳр гардид.

Рустам ҳамчунин дар ҳоли ҳозир раиси федератсияи футболи Тоҷикистон ва узви Шӯрои олимпии Осиё мебошад.

Вай бо духтари раиси яке аз бузургтарин корхонаҳои санойеъи ғизоии Душанбе издивоҷ карда ва падари 2 фарзанд аст.

Фирӯза яке дигар аз духтарони Раҳмон бо Маҳмадзоир Соҳибов издивоҷ кардааст.

2 сол пеш расонаҳо эълом карданд, ки Рухшона Раҳмон яке дигар аз духтарони Раҳмон, муовини раиси яке аз идороти Вазорати умури хориҷа таъйин шудааст.

Дар мавриди Таҳмина яке дигар аз духтарони Раҳмон, дар амал ҳеч иттилооте вуҷуд надорад.

Парвина, духтари панҷум бо Ашраф Гулов, писари Шералӣ Гулов, вазири собиқи энержӣ ва санойеъи Тоҷикистон издивоҷ кардааст.

Заррина, духтари шашум, ки боре ба унвони муҷрии шабакаи аввал фаъолият кард, бо писари Бег Зуҳуров, раиси хадамоти иртиботот издивоҷ кардааст.

Дар бораи Фарзона духтари ҳафтуми Раҳмон, иттилооти чандоне вуҷуд надорад.

Сомон писари кучаки Раҳмон аст, ки феълан машғули дарсу баҳс аст.

* * *

Туркманистон:

Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов аз соли 2006 раисиҷумҳури Туркманистон аст ва 3 духтар ва як писар дорад.

Сардори 37-сола дар солҳои 2003 ва 2008 ба унвони коршинос ва коршиноси аршад дар иттиҳодияи санойеъи ғизоии Туркманистон фаъолият кард ва симати муовинати вазири кишоварзиро ба ӯҳда дошт.

Сардор Бердимуҳаммадов

Аз соли 2016 вай намояндаи Маҷлис аст ва аз оғози соли ҷорӣ ба симати муовини вазири умури хориҷа таъйин шуда ва 4 фарзанд дорад.

Бархе коршиносон мӯътақиданд, ки Сардор ҷонишини раисиҷумҳури Туркманистон мешавад.

Иттилоот дар мавриди дигар фарзандони Бердимуҳаммадов хеле кам аст.

Чанд сол пеш гузориш шуд, ки Гулҷаҳон, духтари бузурги вай бо Илёсгелдӣ Амонов шавҳари худ, ки намояндаи Ожонси давлатии Туркманистон дар мудирият ва баҳрабардории манобеъ дар Англистон аст, дар Ландан зиндагӣ мекунад.

Духтари кучаки вай бо ҳамсараш дар Порис аст.

Дар мавриди духтари севуум ҳеч иттилооте вуҷуд надорад.

* * *

Ӯзбекистон:

Шавкат Мирзиёеви 61-сола, ки 2 сол пеш раисиҷумҳури Ӯзбекистон шуд, дар канори Зироатхон Ҳошимова ҳамсараш 3 фарзанд дорад.

Дар мавриди Саида, духтари бузурги вай ва шавҳараш Ойбек Турсунов иттилооти каме дар дастрас аст.

Шаҳноза, духтари дуввуми вай ба унвони муовини раиси идораи кулли Вазорати омӯзиш фаъолият мекунад.

Отебек Шоҳонов, шавҳари вай дар соли гузашта ба унвони муовини раиси ҳифозати раисиҷумҳур таъйин шуд.

Вай як фарзанд дорад ва чанде пеш тасвири Мирзиёев ба ҳамроҳи навааш дар расонаҳо мунташир шуд.

Алишер танҳо писари раисиҷумҳури Ӯзбекистон низ донишомӯз аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: