Перейти к содержимому

Гуфтани ин ки “намедонӣ, бирав китоб хон!”, худаш нишонаи ҷаҳолат аст

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Имом Муҳаммади Ғаззолӣ (р) мегӯяд: “Ҳама чиз вуҷуди андакаш аз набуданаш беҳтар аст, ҷуз илму дониш.” Яъне масалан саломатӣ ва ё молу сарват, агар инсон ҳар миқдоре дошта дошта бошад, аз ин ки ҳеч надошта бошад беҳтар аст, вале илму дониш ин гуна нест, яъне инсони камсавод аз бесавод бадтар аст. Чаро? Чун камсавод хаёл мекунад, ки ҳамадон аст ва хеле босавод аст ва аз ин рӯ ҳеч гоҳ дунболи такмили он намеравад. Ва ин мусибат аст. Зеро одам вақте дар талаби дониш мешавад, ки бидонад, ки намедонад. Аммо агар хаёл кунад, ки ҳамадон аст ва медонад, ҳаргиз ба дунболи донистан намешавад.

Мегӯянд: донишандӯзӣ дорои се марҳила аст: дар ибтидо, донишомӯз вақте андак донише андӯхт, хаёл мекунад, ки дигар ҳама чиз медонад ва дигарон ҳама яксара бесаводанд. Ин марҳилаи аввали донишандӯзӣ аст. Аммо вақте андаке дигар аз илм андӯхт, пеши худ мегӯяд, медонам аммо на ин ки ҳама чизро бидонам, балки чизҳое ҳаст, ки бояд бидонам. Яъне каме аз хари такаббур пойин меояд. Ин марҳилаи дуввуми донишандӯзӣ аст. Сипас, вақте боз ба дунболи дониш афтод ва илмаш комил гардид, мегӯяд, ҳоло донистам, ки ҳеч чиз намедонистаам. Ин охирин марҳилаи донишандӯзӣ аст.

Ба ҳамин хотир аст, ки шумо мебинед, ҳамаи донишмандони тирози аввали дунё гуфтаанд, ки ман намедонам.

Суқрот мегӯяд: “Ман ҷуз як чиз намедонам, ва он ин аст, ки ҳеч чиз намедонам.”

Ва ҳам ӯ мегӯяд: “Ҳар касе, ки бидонад, ки надонад, аз ҳама донотар аст...”

Ин байтро ба Ибни Сино нисбат медиҳанд, ки:

То бад-онҷо расид дониши ман,

Ки бидонам ҳаме, ки нодонам.

Хайём низ дар ишора ба нодонии худ чунин мегӯяд:

Ҳаргиз дили ман зи илм маҳрум нашуд,

Кам монд зи асрор, ки маълум нашуд,

Ҳафтоду ду сол фикр кардам шабу рӯз,

Маълумам шуд, ки ҳеч маълум нашуд.

Гуфтори зерин аз Эйнштейн маъруф аст, ки:

Ман дар тӯли зиндагии хеш дарёфтам, ки тамоми дониши мо дар муқоисаи воқеият, ибтидоӣ ва кӯдакона ба назар мерасад. Ба ҳар ҳол, ин, боарзиштарин чизе аст, ки дар ихтиёр дорем.”

Ақл ҳам назири илм аст. Саноӣ мегӯяд:

Ранҷиши ҳар касе зи як чиз аст,

Ранҷиши ман зи нимдевона аст.

Мехоҳад бигӯяд, ё инсон бояд девонаи комил бошад ва ё оқили комил. Нимаоқилу нимадевона, аз девонаи комил зарараш бештар аст.

Албатта аз “намедонам”-и ин бузургон бардошти иштибоҳ нашавад. Манзури онҳо ин аст, ки он қадр нодонистаҳо бисёр аст, ки донистаҳои мо тақрибан чизе нест, ва ҳар кас ҳаминро бидонад, ки намедонад, ин худаш бисёр арзишманд аст.

Барои он ки ҳамин надонистан аст, ки вомедорад инсон ба дунболи донистан равад. Аммо агар инсон хаёл кунад, ки медонад, ӯ ҳаргиз ба дунболи донистан намеравад, фикр мекунад дигар алломаи даҳр аст. Вақте ту фикр мекунӣ алломаи даҳрӣ, ё ба дунболи дониш мешавӣ?! На.

Пас, донистани ин ки намедонем, боарзиштарин огоҳӣ ва маърифат маҳсуб мешавад. Ва дар муқобил, надонистани ин ки намедонем, ба қавли шоир “ҷаҳли мураккаб” ва як “дарди бедаво” аст, чунонки Ибни Ямин мегӯяд:

Он кас, ки бидонад ва бидонад, ки бидонад,

Асби хирад аз гунбади гардун биҷаҳонад.

Он кас, ки бидонад ва надонад, ки бидонад,

Огоҳ намоед, ки бас хуфта намонад.

Он кас, ки надонад ва бидонад, ки надонад,

Лангон хараки хеш ба манзил бирасонад.

Он кас, ки надонад ва надонад, ки надонад,

Дар “ҷаҳли мураккаб” абадуддаҳр бимонад.

“Ҷаҳли мураккаб” як мусибат ва як дарди бедавост. Соҳиби он, ки хаёл мекунад медонад ва аз надонистани худ огоҳ нест, кораш фақат ин мешавад, ки дигаронро ба “надонистан” нисбат диҳад. Тамоми уламо иттифоқи назар доранд, ки ин беморӣ дигар дармон надорад.

Ҳол, лозим аст, бо такя ба гуфтори бузургон, алоим ва нишонаҳои олими воқеӣ аз ҷоҳили мураккабро тавзеҳ бидиҳам.

* * *

Шояд ҳеч касе мисли ҳазрати Алӣ (а) ин масъаларо нек баён надошта бошад; дар як гуфтори бисёр мухтасар аммо муфид. Ҳазраташ мефармояд:

إِنَّ العَالِمَ مَن عَرَفَ أَنَّ ما یعْلَمُ فی ما لا یعْلَمُ قَلیلٌ، فَعَدَّ نَفْسَهُ بِذلِک جاهلًا، فَازْدادَ بِما عَرَفَ مِن ذلِک فی طَلَبِ العِلْمِ اجْتِهادَاً. فَما یزالُ لِلْعِلمِ طالباً وَفیه راغباً وَلَهُ مُستفیداً وَلِاهْلِهِ خاشِعاً وَلرَأیهِ مُتَّهِماً وَلِلصَّمْتِ لازِماً وَلِلْخَطَأ حاذِراً، وَمِنْهُ مُستَحییاً، وإِنْ وَردَ عَلَیهِ ما لایعرِفُ، لَمْ ینکرْ ذلِک لِما قَرَّرَ بِهِ نَفْسُهُ مِنَ الجَهالَةِ

Ба ростӣ, донои воқеӣ касе аст, ки бифаҳмад, ки он чи медонад, дар муқоиса бо он чи намедонад, андак аст, ва бад-ин ҷиҳат, худро нодон мешуморад, ва бо ин шинохти дақиқ аз миқдори надонистаҳои худ, талошаш барои таҳсили илм фузунӣ меёбад. Бар ин асос, донои воқеӣ ҳамеша дар ҷустуҷӯи дониш ва алоқаманд ба таҳсилу истифода аз огоҳӣ (-и дигарон) аст, ва барои аҳли дониш фурӯтанӣ мекунад, ва раъйи худро муттаҳам медонад, ва мулозим бо сукут аст, ва аз хато ҳазар мекунад ва аз он шармгин мешавад, ва агар чизе барои ӯ матраҳ шавад, ки шинохте ба он надорад, онро инкор намекунад; чун мизони маҷҳулот ва надонистаҳои худро медонад.” (Туҳафул-ъуқул, с.73)

Дар ин гуфтор, ҳафт нишона барои доноёни воқеӣ баён шудааст, ба ин тартиб:

1) Таваҷҷӯҳ ба маҷҳулот ва надонистаҳо:

Яъне олими воқеӣ касе аст, ки бифаҳмад он чи медонад, дар муқоиса бо он чи намедонад, бисёр андак аст. Дар гуфторе дигар ҳазраташ мефармояд:

 العالِمُ مَن عَرَفَ قَدرَهُ، وکفی بِالمَرءِ جَهلًا أن لا یعْرِفَ قَدْرَهُ

Олим касе аст, ки андозаи худро бишносад, ва барои ҷаҳли одамӣ, ҳамин бас, ки андозаи худро нашносад.” (Наҳҷул-баоға, хутбаи 103)

Равшан аст, ки манзур аз “андозаи ҳар кас”, андозаи дониши ӯст. Яъне олими ҳақиқӣ касе аст, ки мизони дониши худро бишносад ва аз ғурури илмӣ ва бемории худдонобинӣ дар амон бошад. Ва ҳар кас ба ин шинохт нарасад ва андозаи донистаҳои худро дар баробари надонистаҳояш надонад, шоиста нест, ки олим номида шавад.

2) Ташнагӣ барои донишандӯзӣ:

Нишонаи дуввуми олими воқеӣ дар ин гуфтор он аст, ки ташнагии огоҳӣ, дар вуҷудаш боло меравад ва ҳирс ба дониш, тавону талошашро барои шинохти ҳақоиқи ҳастӣ боло мебарад: “…ва бо ин шинохти дақиқ аз миқдори надонистаҳои худ, талошаш барои таҳсили илм фузунӣ меёбад.

Дар ҷойе дигар ҳазраташ мефармояд:

العالِمُ مَن لَایشبَعُ مِنَ العِلمِ وَلا یتَشَبَّعُ بِهِ

Олим он аст, ки аз дониш сер нагардад ва гумон накунад, ки сер шудааст.” (Ғурарул-ҳикам, ҳ.1740)

Ва ҳам ӯ мефармояд:

العالِمُ الذی لا یمِلُّ مِن تَعَلُّمِ العِلمِ

Олим, аз фарогирии дониш хаста намешавад.” (Ғурарул-ҳикам, ҳ.1303)

3) Фурӯтанӣ дар баробари аҳли дониш:

Севвумин нишонае, ки ҳазрати Алӣ (а) барои олими воқеӣ баршумурда, фурӯтанӣ ва тавозӯъ дар баробари донишмандон аст. Инсон, ба ҳар мартиба аз дониш, ки бирасад, вақте донистаҳояшро бо надонистаҳояш бисанҷад, ғурур бар ӯ ғалаба намекунад ва дигар танҳо ба донистаҳои хеш наменигарад, балки ба пажӯҳишҳо ва дониши дигарон низ ба дидаи эҳтирому арзиш менигарад ва дар баробари дониши онон фурӯтанӣ мекунад.

4) Муттаҳам кардани раъйи худ:

Чаҳорумин нишонаи олими ҳақиқӣ дар гуфтори ҳазрати Алӣ (а) он аст, ки шахс раъю назари хешро дар маърази нақд бидонад: “… ва раъйи худро муттаҳам медонад.” Донишманди ҳақиқӣ ва огоҳ, ки надонистаҳояшро бешумор медонад, раъю назари худро аз хато масун намедонад, балки ба оро ва назариёти хеш, ба дидаи тардид менигарад, ва то он замон, ки дидгоҳаш бо бурҳону далел собит нашавад, онро мӯътабар намешумурад.

5) Хомӯшӣ гузидан:

Панҷумин вежагии олими ҳақиқӣ дар гуфтори ҳазрат, сукути мудовим аст: “… ва мулозим бо сукут аст.” Донишманди ҳақиқӣ, ки мефаҳмад донистаҳояш дар баробари надонистаҳояш бешумору номаҳдуд аст, ба худ иҷоза намедиҳад, ки дар ҳар масъалае изҳори назар кунад.

Ривоят шудааст, ки боре аз Қосим ибни Муҳаммад ибни Абӯбакр — набераи гиромии ҳазрати Абӯбакр (р) ва яке аз фақеҳони барҷаста, аз масъалае суол шуд, ӯ гуфт: намедонам.

Суолкунанда гуфт: назди ту омадаам ва ғайр аз ту олимтарро намешиносам.

Қосим гуфт: ба риши баланд ва ҷамъияти атрофам нигоҳ макун. Ба Худо савганд, ки ин масъаларо намедонам! Фармуд:

 وَاللَّهِ لَأَن یقطَعَ لِسانی أَحَبُّ إِلَی أَن أَتَکلَّمَ بِما لا عِلمَ لی بِهِ

Ба Худо савганд, агар забонам бурида шавад, бароям дӯстдоштанитар аз ин аст, ки дар бораи он чи илм надорам, сухан бигӯям.” (Мизонул-ҳикма, ҷ.5, с.159, ҳ.8263)

Ва ин шева, бар хилофи равияи мубталоён ба ғурури илмӣ ва худдонобинон аст; касоне, ки на танҳо ҳеч диранг намекунанд, балки бидуни таъаммул, ба он чи аз онон пурсида мешавад, посух мегӯянд. Онон касоне ҳастанд, ки наметавон гуфт олим нестанд, балки бояд гуфт, беморанд ва балки чунонки Имом Содиқ (а) тавсиф намуда, девонаанд:

إِنَّ مَن أجابَ فی کلِّ ما یسأَلُ عَنهُ لَمَجنونٌ

Он ки ба ҳар чӣ аз ӯ суол мешавад посух гӯяд, девона аст.” (Маъониюл-ахбор, с.238, ҳ.2)

6) Худдорӣ аз хато:

Ин, шашумин вежагии олими ҳақиқӣ дар гуфтори ҳазрати Алӣ (а) аст: “… ва аз хато ҳазар мекунад ва аз он шармгин мешавад.” Он ки аз ғурури илмӣ ба дур аст ва андозаи ҷаҳли худро мешиносад, ҳар гоҳ бихоҳад раъйеро дар як масъала иброз кунад, бо диққат ва таваҷҷӯҳ ба тамоми ҷанбаҳои масъала, раъйи худро изҳор мекунад. Ва ҳеч гоҳ хирадманд сухани носанҷида бар забон намеоварад, то мабодо дар гуфтаҳояш ба хато биафтад, бар хилофи мубталоён ба ғурури илмӣ ва бемории худдонобинӣ, ки бедиранг ва бидуни таъаммул, дар бораи ҳар чӣ бар онон арза мегардад, изҳори назар мекунанд.

7) Инкор накардани маҷҳулот ва надонистаҳо:

Охирин нишонае, ки ҳазрати Алӣ (а) барои олими ҳақиқӣ бармешумурад, инкор накардани чизе аст, ки онро намедонад: “… ва агар чизе барои ӯ матраҳ шавад, ки шинохте ба он надорад, онро инкор намекунад; чун мизони маҷҳулот ва надонистаҳои худро медонад.” Касе, ки аз бемории ғурури илмӣ дар амон аст ва ба камии маълумоти худ ва бепоён будани надонистаҳояш огоҳ аст, ақлаш ба вай иҷоза намедиҳад, ки он чиро намедонад ва барояш маҷҳул аст, инкор кунад. Ибни Сино дар ин бора мегӯяд:

فالصواب أن تسرّح أمثال ذلک إلی بقعة الإمکان، ما لم یذدّک عنه قائم البرهان

Дуруст он аст, ки амсоли ин (шигифтиҳо)-ро дар саройи “имкон” бигузорӣ, то замоне, ки бурҳоне бар хилофаш иқома нашавад.” (Ишорот, ҷ.3, с.418) Масалан, касе ба шумо дар бораи мӯҷизаҳои яке аз паёмбарони илоҳӣ гуфт ва шумо боваратон наомад, чун бо ақли кучакатон масалан ҷур дарнамояд, инҷо шумо ҳақ надоред, ки зуд ба инкор бипардозед, балки ба гуфтаи Бӯалӣ, бояд онро “дар саройи имкон” бигузоред, яъне бигӯед, шояд мумкин аст, аммо ман феълан намедонам, на ин ки инкор кунед.

Зеро ин як ҳақиқати равшани ақлӣ ва илмӣ аст, ки: “надонистан” бар “набудан” далолат намекунад. Чӣ бисёр ҳақоиқе, ки инсон бад-онҳо огоҳ нест, вале вуҷуд доранд. Оё башар ҳазор сол пеш, ки аз фазопаймоҳо, ки имрӯз то Миррих расидаанд ва бароямон як чизи оддӣ менумояд, хабар дошт? Оё надонистани ин воқеиятҳо дар гузашта, метавонист далеле бар инкори онҳо бошад?

Агар инсон ҳақиқатан аҳли дониш бошад, медонад, ки бештари ҳақоиқи ҳастӣ, барои инсон, маҷҳуланд. Ҳазрати Алӣ (а) дар гуфторе мефармояд:

لا تَقولوا بِما لا تَعرِفونَ، فَإِنَّ أَکثَرَ الحَقِّ فیما تُنکرونَ

Он чиро намедонед, бар забон маронед; зеро бештари ҳақоиқ, ҳамонҳое ҳастанд, ки шумо онҳоро инкор мекунед.” (Наҳҷул-балоға, хутбаи 87)

Ҳаминҷо ин навиштаро ба поён мерасонам.

Саломат бошед.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: