Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (346)

Қиссаи он кас, ки дари ёре бикӯфт, аз дарун гуфт: кист он? Гуфт: манам. Гуфт: чун ту туӣ, дар намегушоям, ҳеч касро аз ёрон намешиносам, ки ӯ “ман” бошад, бирав. (4)

* * *

Он ду анбозони гозурро бибин,

Ҳаст дар зоҳир хилофе з-ону з-ин.

Он яке карбосро дар об зад

В-он дигар ҳамбоз хушкаш мекунад.

Мисоли дигар ду нафар рахтшӯй, ки дар зоҳир корашон бо ҳам мухталиф аст, зеро яке аз рахтшӯён масалан карбосро дар об фурӯ мекунад ва дигаре онро аз об берун меоварад ва хушк мекунад.

Гозур: рахтшӯй. Карбос: порчаи панбаии сафед ва арзонқимат. Ҳамбоз: анбоз, шарик.

Боз ӯ он хушкро тар мекунад,

Ҳамчу з-истеза ба зид барметанад.

Он рахтшӯ карбоси хушкшударо дубора дар об фурӯ мекунад, гӯӣ ки бо ҳамкораш ситезу ъинод дорад. (Ҳар либосеро, ки ӯ хушк мекунад, ин яке дар об меандозад.)

Лек ин ду зидди истезанамо

Якдилу яккор бошад дар ризо.

Вале ин ду зидде, ки зоҳиран бо ҳам ситезаву лиҷоҷ мекунанд, дар маъно ҳар ду як амалро анҷом медиҳанд.

Нукта: Ҳамаи ин мисолҳо барои ин аст, ки дониста шавад, ки шамси ҳақиқат яке аст бо маротиби мухталиф. Ихтилофҳо ҷанбаи шаклӣ дорад, чунонки ойину равиши паёмбарону расулон дар ҳидояти халқ, бар ҳасби сурат, мутафовит буд, вале бар ҳасби маъно, яке. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.896)

Ҳар набиву ҳар валиро маслакест,

Лек то Ҳақ мебарад, ҷумла якест.

Ҳар паёмбару валийи муршиде барои худ ойину тариқате хосс дорад, ки бар ҳасби зоҳир ин ойинҳо бо ҳам ихтилоф доранд, вале чун он роҳҳову равишҳо соликонро ба сарманзили ҳақиқат мерасонанд, бинобар ин, дар воқеъ тариқаи анбиёву авлиё яке аст.

Нукта: Мавлоно дар табйини ин нукта мегӯяд: “Агар роҳҳо мухталиф аст, аммо мақсад яке аст. Намебинӣ, ки роҳ ба Каъба бисёр аст; баъзеро роҳ аз Рум аст ва баъзеро аз Шом ва баъзеро аз Аҷам ва баъзеро аз роҳи дарё аз тарафи Ҳинду Яман. Пас, агар дар роҳҳо назар кунӣ, ихтилоф азиму мубойинат беҳадд аст, аммо чун ба мақсуд назар кунӣ, ҳама муттафиқанду ягона.” (Фиҳӣ мо фиҳӣ, с.97)

Чунки ҷамъи мустамеъро хоб бурд,

Сангҳои осиёро об бурд.

Ба ҷиҳати ин ки хоби ғафлат бар шунавандагон ғолиб шуд, сангҳои осиёи ҳуруфу алфозро оби маъно ва ҳақиқати куллӣ аз миён бурд. Яъне алфозро тоби маъонии воло нест.

Нукта: Ҳоҷ Мулло Ҳодии Сабзаворӣ гӯяд: “Ин байт, мисоле аст барои баёни тавҳид ва ваҳдати вуҷуд; зеро пеш аз он ки калом ба зарфи ҳуруф таназзул кунад, дар волотарин мартибаи фуод аст, ва дар ин марҳила воҳид асту басит. Ва чун дар қолаби ҳуруф таназзул кунад, касрати хаёлӣ ва ҳиссӣ ба худ мегирад.” (Шарҳи асрор, с.79)

Маъмулан сангҳои осиё аз ду санги зерину забарин ташкил мешавад. Мавлоно ду лабро ба ду санги осиё ташбеҳ кардааст, ва сухану гуфторро ба об. Ва бурида шудани сангҳои осиё тавассути об, киноя аз хомӯш шудану дам барнаёвардан аст. Яъне вақте, ки шунаванда гӯш ба асрору ҳақоиқ надиҳад, ман (Мавлоно) низ хамӯш мешавам. (Шарҳи Валимуҳаммади Акбарободӣ, дафтари аввал, с.223)

Рафтани ин об фавқи осиёст,

Рафтанаш дар осиё баҳри шумост.

Оби ҳақоиқ аз новдони даҳон равон мешавад, вале шаъни ин ҳақоиқ аз ҳудуди алфозу калимот хориҷ аст. Аммо ба ҳар ҳол, ҳиссае аз ин ҳақоиқ дар зарфи алфоз қарор мегирад, то шумо иршод шавед. (Гузаргоҳи оби илму яқин, дили ориф аст, на лабу даҳон. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.897))

Чун шуморо ҳоҷати тоҳун намонд,

Обро дар ҷӯйи аслӣ бозронд.

Вале чун шумо ба осиёи иршоду ҳидоят ниёзе надоред, пас оби ҳақиқатро дубора ба сӯи роҳи аслиаш бозмегардонад.

Тоҳун: осиё.

Нукта: Осиёбонон одат доранд, ки ҳар гоҳ муштарӣ ба осиё наёяд ва гандуме барои орд кардан надошта бошанд, обро аз осиё қатъ мекунанд ва ба шоҳроҳи аслиаш бозмефиристанд. Ба ҳар ҳол, Мавлоно мегӯяд: агар сухан мегӯям ва аз он ҳақоиқи номутаъайин ҳарф мезанам ва онро дар қолаби алфоз мениҳам, барои иршоди шумост. Ва чун шумо аз он бениёзӣ эҳсос мекунед, дигар аз он дам намезанам, ки ҷойгоҳи он асрор, ин алфоз нест. (Шарҳи Кабири Онқуравӣ, ҷ.3, с.1123)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: