Перейти к содержимому

Достони ошиқонаи ду файласуф

Ба баҳонаи солгарди даргузашти Ҳоно Орент

Аз миёни мутафаккирони қарни бистум, Ҳоно Орент (Hannah Arendt) ва Мортин Ҳойдегер (Martin Heidegger) аз бузургон ва таъсиргузорон маҳсуб мешаванд. Миёни ин ду номанигорӣ ва равобити ошиқонае вуҷуд доштааст.

Дӯшиза Оренти азиз! Бояд имшаб биёям ва бо қалбат сухан бигӯям. Ҳама чиз миёни мо бояд содда, равшан ва холис бошад. Фақат дар ин сурат аст, ки муҷозем ва арзиш дорад, ки ҳамдигарро бибинем. Ҳаргиз наметавонам бигӯям ту моли манӣ, аммо аз ин ба баъд ту ба зиндагии ман таъаллуқ дорӣ ва зиндагии ман бо туст, ки пеш хоҳад рафт.

Ҳоно Орент (Hannah Arendt)

Ҳойдегер, файласуфи таъсиргузоре дар Олмон буд, ӯ барои муддате ҳомии ҳизби нозӣ буд ва ҳатто бар ин бовар буд, ки беҳтарин гузина барои раҳбарии идеулужикии ҳизби нозӣ Ҳитлер аст.

Ҳоно Орент, ба шиддат аз ҷониби яҳудиёни урупоӣ барои ҳамроҳӣ ва доштани робитаи сесолааш бо Ҳойдегери мудофеъи нозисм сарзаниш шуда буд ва ба ӯ лақаби “хиёнаткор” ва ҳамроҳикунандаи нозисм дода буданд.

Мортин Ҳойдегер (Martin Heidegger)

Ақидаи бештари муҳаққиқон бар ин аст, ки дар ҳудуди соли 1930 Орент ва Ҳойдегер, роҳашон аз якдигар ҷудо гашт ва робитаи аввалиашон давом наёвард, ба тавре, ки танҳо барояшон як давраи кӯтоҳи ошиқона буд.

Дар китоби “Ҳоно Орент ва Мортин Ҳойдегер”, ки онро Донишгоҳи Йил (Yale University) мунташир кардааст, Элзбието Этингер (Elzbieta Ettinger) ошкор мекунад, ки равобити ошиқонаи Орент ва Ҳойдегер, чандон ҳам нопойдор ва фонӣ набудааст. Нависанда мӯътақид аст, ки оташу гармоии ин ишқ фақат барои чаҳор сол ранг бохт. Дар ин миён, он чи мавриди интиқоди бархе аз муҳаққиқон будааст, азсаргирии дубораи равобити дӯстонаи Орент бо Ҳойдегер, пас аз ҷанги ҷаҳонӣ аст.

Ҳойдегер мутаъаҳҳил буд, ҳамсараш аз робитаи ӯ бо Ҳоно мутталеъ набуд. Ин мавзӯъ эътибори иҷтимоии Ҳойдегерро таҳтушшуоъ қарор дод ва ӯ чандон ба ин мавзӯъ аҳаммият намедод. Ҳойдегер дар ин давра устоди муваффақе дар Донишгоҳи Фройбург (Universität Freiburg) ва мудири ин донишгоҳ дар солҳои 1933 то 1934 буд.

Дилдодагии ин дуро метавон дар ду давра баррасӣ кард. Ибтидо давраи устоду донишҷӯӣ, ки дар он Орент беҳтарин донишҷӯи Ҳойдегер буд, вале бо ин авсоф устод манофеъи худро бар манофеъи шогирд тарҷеҳ медод; чунонки барои ислоҳи авзоъ бар ҷобаҷоии Орент аз Донишгоҳи Морбуг ба Фройбург таъкид кард. Ин давраро метавон давраи султаи Ҳойдегер бар равобити ин ду дар назар гирифт.

Давраи дуввум замоне буд, ки Орент дар он ҳудудан 50-сола шуда буд. Дар ин замон ӯ аз ҳолати инфиъол даромада ва аз лиҳози иҷтимоӣ дорои эътибор ва ҷойгоҳи илмӣ шуда буд. Ин давра пас аз ҷанги ҷаҳонӣ буд замоне, ки ҳизби нозӣ шикаст хӯрдааст. То поёни робитаи онҳо сояи султаи устоду донишҷӯӣ дар ин робита дида мешуд.

Faradeed

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: