Перейти к содержимому

Илҳомҷон Ёқубов: “Ҳукумат барои муҳоҷирони корӣ ҳуқуқи бознишастагӣ таъйин кунад”

Илҳомҷон Ёқубов, фаъоли сиёсии тоҷик ва раҳбари Анҷумани муҳоҷирини Осиёи Марказӣ, дар гуфтугӯ бо хабаргузории Тасним, бо ишора ба вазъи ногувори муҳоҷирони кории тоҷик, гуфт: “Дар ҳоли ҳозир вазъи муҳоҷирон хеле бад аст, бояд чанд кор барои онҳо сурат гирад: аввал, фароҳам овардани бимаи пизишкии ройгон барои муҳоҷирон, то битавонанд бемориҳо ва мушкилоти худро ройгон бартараф кунанд, ва дуввум аз ҳукумат мехоҳем, ки барои муҳоҷирон ҳуқуқи бознишастагӣ таъйин кунанд.” Вай афзуд: “Мо ин муҳоҷиронро ба унвони “сармоягузор” мебинем, як муҳоҷир тақрибан дар фаъолияти кориаш ҳаддиақал 50 ҳазор дулор арз ба Тоҷикистон меоварад ва сармоягузорӣ мекунад, аз ин рӯ ин фард як сармоягузор маҳсуб мешавад ва бояд ҳуқуқ дошта бошад, то дар давраи пирӣ битавонад зиндагии худро бигузаронад.”

Машрӯҳи ин гуфтугӯ:

— Лутфан аз чигунагии дастгирӣ ва сохта шудани он филми эътирофоти шумо алайҳи ҲНИТ дар соли 2015 бигӯед.

— Охирин масъулияти ман дар соли 2015, масъулияти ҲНИТ дар вилояти Суғд буд. Пеш аз бастани ҳизб фишорҳо рӯи аъзои наҳзат хеле зиёд буд, ки агарчӣ аз соли 2010 шурӯъ шуд, аммо аз соли 2013 ва пас аз интихоботи риёсати ҷумҳурӣ шиддат ёфт. Дар он замон ман мудом таҳти назар будам ва бар ман фишор меоварданд, то кор дар ҲНИТ-ро раҳо карда ва узви Ҳизби халқӣ-демукрот (ҳизби ҳоким) шавам ё дар давлат кор кунам.

Ниҳоятан дар соли 2015 замоне, ки аз сафари Маскав баргашта будам, маро боздошт карданд ва ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар Суғд бурданд. Дар ниҳоят натиҷа ин тавр шуд, ки ман бояд як паёми видеоӣ забт карда ва дар он бигӯям, ки аз ҲНИТ хориҷ шудаам ва дигар дар он узвият надорам. Илова бар ин, ҲНИТ-ро алайҳи амният ва манофеъи кишвар матраҳ кунам. Ин видео қарор буд дар шабакаҳои телевизиюнии маҳаллӣ намоиш дода шавад.

Дар ибтидо ман розӣ нашудам ба ин кор, аммо баъд аз фишорҳои зиёд ва таҳдидоти хеле шадид, маҷбур ба ин кор шудам. Дар ҳамон замон яке аз нерӯҳои амниятӣ аз рӯи дилсӯзӣ ба ман гуфта буд, ки “озодии ту бо ин видео ҳам, танҳо 3 рӯз тазмин мешавад ва баъд аз он муҷаддадан дастгир мешавӣ. Агар дар ин муддат аз Тоҷикистон фирор кунӣ, метавонӣ ҷону зиндагии худро наҷот диҳӣ. Агар натавонӣ, дар боздошти муҷаддад парвандае сангин барои ту ташкил мешавад.”

Дар он замон ҳам дар Суғд танҳо 2 нафар будем, ки чунин парвандаҳои сангини барои мо дуруст шуда буд. Яке ман будам ва дигаре Домулло Наимҷон Самиев буд, ки ахиран дидем аз Русия рубуда шуда ва акнун дар Тоҷикистон зиндонӣ шудааст. Дар ниҳоят ман тавонистам бо кӯмаки дӯстонам дар он 3 рӯз аз Тоҷикистон хориҷ шавам. Албатта он озодии чандрӯза ҳам барои ин буд, ки мардум баъд аз дидани видеоҳо маро дар шаҳр бибинанд, ки озодам ва озодона дар шаҳр таҳаррук дорам, то бовар кунанд, ки ин видео бо хосту алоқаи худам гирифта шудааст.

— Фикр мекунед фақат дар мавриди шумо ин раванд иттифоқ афтода буд ё барои дигарон ҳам ба ҳамин сурат буда? Шояд дигарон бо хости худ чунин эътирофотеро дар ин видеоҳо матраҳ мекарданд?

— Бале, пеш аз ман ва пас аз ман низ аз чандин нафари дигар чунин филмҳое гирифта ва аз телевизиюн пахш шуда буд. Ман он замон таъаҷҷуб мекардам ва фикр мекардам худи ин афрод мехостанд чунин эътирофоте кунанд. Чун ман Кумитаи амнияти миллиро ниҳоде медонистам, ки барои амният ва ҳифзи кишвар талош мекунад ва шояд фикр мекунад, ки ҲНИТ мумкин аст амнияти кишварро зери хатар бибарад; ҳаргиз аз рафторҳои ғайриинсонии онҳо хабар надоштам. Аммо вақте вориди сохтмони кумита шуда ва аввалин бор аз наздик дар утоқҳои онҳо рӯ ба рӯ шудам, дидам аслан инсоният дар онҷо вуҷуд надорад. Дар онҷо фақат фишор, шиканҷа, таҳқир, таҳдид ва дашном додан ба хонавода буд. Вақте ин чизҳоро дидам, воқеан ба суханони қаблиҳо бовар овардам. Воқеан ҳамаи онҳо дуруст аст.

Бо ин вазъият, метавонам комилан ва сад дар сад бигӯям, ки тамоми он видеоҳои эътирофӣ, ки то кунун мунташир шуда, зери фишору таҳдиду шиканҷа гирифта шуда ва ғайривоқеӣ аст. Намунаҳои Қиёмуддин Ғозӣ ва ё Аёмуддини Саттор ва ҳар касе дигаре, ки тӯҳматҳое алайҳи наҳзат, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ё бар зидди озодандешон ва мухолифон матраҳ мекунад, ҳама зери фишору таҳдид гирифта шуда ва ҳеч эътиборе надорад. Ман инҳоро худам аз наздик дидам ва ҳис кардам.

— Баъд аз ин ки шумо аз Тоҷикистон хориҷ шудед, оё суроғи хонаводаи шумо ҳам омаданд?

— Бале, омаданд. Ман дар он фурсати кӯтоҳ ва бо таваҷҷӯҳ ба тавсияи он маъмури амниятӣ зуд ба Маскав, сипас ба Туркия ва ниҳоятан ба Урупо рафтам. Вале баъд аз рафтани ман, таҳдидҳои зиёде ба хонавода, ҳамсару фарзандам шурӯъ шуд. Соли 2016 низ 3-4 бор хонаи моро сангборон карданд. Ҳудуди 200 нафар аз авбошро ҷамъ карда буданд. Ин ҳам замоне буд, ки дар ҳамон сол дар конфронси ҳуқуқи башари Варшав ширкат кардам ва аз тамоми ҷиноятҳое, ки эъмол шуда буд, барои онҳо гуфтам. Дар натиҷа шӯъбаи Суғди Кумитаи амнияти миллӣ бисёр хашмгин шуданд ва тамоми хонаводаи маро даъват карданд ва монанди як гаравгон гирифтанд. Онҳо ҳатто хонаи моро мӯҳр заданд ва мусодира карданд ва гуфтанд, ба далели он аст, ки фарзанди шумо ба давлат хиёнат кардааст!

Аммо ман зуд ба риёсати Созмони Амният ва Ҳамкори Урупо (САҲА) нома навиштам ва баъд аз номаи ман, онҳоро озод карданд. Албатта он озодӣ ҳам муваққат буд ва медонистем баъд аз поёни конфронс дубора онҳоро боздошт мекунанд. Ба ҳамин хотир онҳо низ ҳамон шаб билофосила аз марзи Қирғизистон, кишварро тарк карданд.

— Анҷумани муҳоҷирини Осиёи Марказиро чӣ замоне таъсис кардед? Қабл аз ин қазоё буд ё баъд аз он?

— Ин анҷуманро пас аз конфронси Варшав дар декабри соли 2016 таъсис кардем. Вазифа ва ҳадафи он низ кӯмак расондан ба муҳоҷирини тоҷик аз ҷумла ҳимоятҳои ҳуқуқӣ ва дифоъ аз онҳо дар муқобили шиканҷа ва таҳдидоти кишварҳои Осиёи Марказӣ аст. Ҳавзаи фаъолияти мо низ бештар дар Урупо аст ва шомили бахшҳое дар Русия ҳам мешавад. Соли гузашта як конфронс ҳам дар донишгоҳи диплумотики шаҳри Вилнюс дар бораи вазъи муҳоҷирон дар Урупо ва ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон баргузор кардем.

— Аз вазъияти муҳоҷирини тоҷик бигӯед. Тайи ин солҳо хабарҳои хубе аз тоҷикҳои муҳоҷир дар расонаҳо намешунавем.

— Ҳамон тавр, ки медонед, бештари муҳоҷирони мо, муҳоҷирони фаслӣ ва корӣ ҳастанд, ки беш аз 2 милюн нафар аз онҳо дар Русия зиндагӣ мекунанд. Ҳудуди 10 ҳазор нафар низ дар Урупо зиндагӣ мекунанд, ки умдатан ба далели масоили сиёсӣ паноҳанда шудаанд ва дар кишварҳои ҳавзаи Шенген ҳастанд. Дар Русия вазъи муҳоҷирон бисёр бад аст; сафоратхонаҳо ва ниҳодҳои давлатии мо ҳам ҳеч иқдоми қобили таваҷҷӯҳе барои эҳқоқи ҳуқуқи онҳо сурат намедиҳанд.

Дар сол беш аз 2000 нафар аз муҳоҷирони мо фавт мекунанд ва беш аз 5 ҳазор нафар низ маъюбу захмӣ ба Тоҷикистон бозмегарданд. Муҳоҷират дар Тоҷикистон аслан табиӣ нест ва иҷборӣ аст. Бекорӣ, вазъияти бади зиндагӣ ва мушкилоти дигар, мӯҷиби муҳоҷират мешавад. Дар муҳоҷират низ корҳои муносибе ҳамчун омӯзгорӣ, муҳандисӣ, пизишкӣ ва ғайра вуҷуд надорад ва корҳои сатҳҳои поиниро анҷом медиҳанд.

Мо ба ин натиҷа расидем, ки талафоти муҳоҷират аз ҷанги дохилии даҳаи 1992 то 1997 бадтар аст. Дар он давра 100 ҳазор нафар фавт карданд. Дар ин 25 сол низ тақрибан ҳамин мизон дар муҳоҷират фавт кардаанд. Аз ин рӯ, ин муҳоҷират таъсири бадтаре аз ҷанг гузоштааст. Агар ин вазъият ҳамчунон идома пайдо кунад, бовар кунед, ки ба як фоҷеаи бузурге табдил хоҳад шуд.

— То кунун шоҳиди талошҳои Русия барои узвияти Тоҷикистон дар Иттиҳодияи иқтисодии Уруосиё будаем, ки аз сӯи ҳукумат гӯё мувофиқат нашудааст. Бо таваҷҷӯҳ ба тасҳилоти ин иттиҳодия, фикр намекунед вазъияти муҳоҷирон беҳтар шавад? Иллати адами узвияти Тоҷикистон дар ин иттиҳодия чист?

— Бале, тоҷикҳо ва муҳоҷирони бисёре дар интизоранд, ки ба узвияти ин иттиҳодияи иқтисодӣ даройем. Чаро ки кори муҳоҷирин ва вазъияти тоҷикҳо дар заминаҳое чун муҷаввизҳои коӣ бисёр роҳаттар мешавад, тафтиш аз ҷониби пулисҳо бисёр кам мешавад ва рафту омад ба кишвар низ бисёр роҳат мегардад. Мазиятҳои зиёди дигаре низ вуҷуд дорад. Вале аз ҷиҳати он ки кишвари Тоҷикистонро беш аз 25 сол аст, ки як хонавода ва як нафар мудирият мекунад, ва аз он ҷое, ки узвият дар ин иттиҳодия манофеъи инҳоро таъмин намекунад, кишвари мо ҳанӯз узв нашудааст. Чун дар ин сурат тиҷоратҳои инҳисории хонаводагӣ аз байн рафта ва нархҳо поин меояд ва имзо шудани ин паймон ба нафъи онҳо нест. Дар соли 2015 як бор сӯҳбате доштам бо намояндаи Тоҷикистон барои танзими гузорише дар бораи узвият дар ин иттиҳодия; он фард гуфта буд, ки манофеъи узвият барои Тоҷикистон хеле зиёд аст. Агарчӣ Русия ба мо мӯҳлат дода буданд, то 2018 узви он шавем, аммо чун раисиҷумҳур онро намехоҳад, дар 2018 ҳам иттифоқе намеафтад, ва дидем, ки чунин ҳам шуд.

— Фикр мекунед муҳимтарин иқдомоте, ки метавон барои беҳбуди вазъияти муҳоҷирон анҷом дод чӣ коре аст?

— Дар ҳоли ҳозир вазъи муҳоҷирон хеле бад аст. Чанд кор бояд сурат гирад. Аввал, фароҳам овардани бимаи пизишкии ройгон барои муҳоҷирон аст, то битавонанд бемориҳо ва мушкилоти худро ройгон бартараф кунанд. Дуввум аз ҳукумат мехоҳем, ки барои муҳоҷирон ҳуқуқи бознишастагӣ таъйин кунанд.

Мо ин муҳоҷиронро ба унвони “сармоягузор” мебинем. Бибинед, як муҳоҷир тақрибан дар фаъолияти кориаш ҳаддиақал 50 ҳазор дулор арз ба Тоҷикистон меоварад ва сармоягузорӣ мекунад. Аз ин рӯ ин фард як сармоягузор маҳсуб мешавад ва бояд ҳуқуқ дошта бошад, то дар давраи пирӣ битавонад зиндагии худро бигузаронад.

Ҳамчунин афроде, ки дар муҳоҷират фавт мекунанд, бояд ба онҳо низ ҳазинае ба хонаводаи онҳо дода шавад, мушобеҳи бимаи умр, то битавонад дастмояе барои хонаводаи онҳо шавад. Илова бар ин, бояд гузоришҳое аз вазъияти муҳоҷирон дар расонаҳо таҳия шавад. Ба ҷойи матолиби рақсу овоз, ё тӯҳмат задан ба наҳзат ва Эрон ва ғайра беҳтар аст аз вазъияти муҳоҷирони мо бигӯянд дар расонаҳо, то муҳоҷирони мо ба хориҷ нараванд ва дар кишвари худамон барои онҳо кор фароҳам шавад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: