Перейти к содержимому

Ислом ва талаботи замона (29)

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Мақоми ақл дар истинботи аҳкоми исломӣ (1)

Баҳси мо дар ҷаласаи пеш расид ба инҷо, ки қонунҳои исломӣ бо тағйироту таҳаввулоти замон чӣ гуна метавонад ҳамоҳангӣ дошта бошад, то чӣ расад ба масъалаи роҳнамоии замон. Қонуни исломӣ тибқи хислати зотии худаш собиту лоятағайяр аст ва замону муқтазаёти замон, мутағайиру мутаҳаввил. Чӣ гуна метавонад ин амри собиту лоятағайяр бо он амри мутағайиру мутаҳаввил ҳамоҳангӣ ва интибоқ дошта бошад?

Гуфтем, ки баҳси мо дар ду қисмат аст: яке, роҷеъ ба қонунҳои исломӣ, ки мегӯем лоятағайяр аст, ва дигар, роҷеъ ба замон, ки гуфта мешавад мутағайир аст. Ва оё он ки мегӯянд лоятағайяр аст яъне ба ҳеч маъно тағйирпазир нест? Ва он чизе ҳам, ки мегӯянд мутағайир аст оё сад дар сад мутағайир аст? Ё на, дар он чи ки мегӯем мутағайир нест, аносури мутағайире вуҷуд дорад, ва дар он чизе ҳам, ки мегӯем мутағайир аст, аносури лоятағайяр вуҷуд дорад ва ба ҳамин далел аст, ки ин ду метавонанд бо якдигар ҳамоҳангӣ дошта бошанд.

Баҳси мо роҷеъ ба қонунҳои ислом буд. Қадри мусаллами он чи ки дар қонунҳои ислом имкон надорад, тағйир ба маънии насх аст. Яъне ислом қонунеро вазъ кунад ва баъд ин қонун биломаврид бимонад, ба ин маъно, ки вазъи замон ончунон тағйир кунад, ки иҷборан ин қонун бояд насх бишавад. Он чи ки ислом намепазирад ин аст, ки қонунаш насх бишавад. Вале тағйир фаротар аз насх аст. Навъе балки анвоъи тағйир ҳаст, ки дар матни худи қонуни ислом пешбинӣ шудааст; худаш дастур дода ва ба таъбири дигар, ба таври худкор худи қонун мутағайир мешавад, на ин ки ниёзе дошта бошад, ки қонуни дигаре биёяд ҷойи онро бигирад. Ин амр, ғайр аз масъалаи насх аст ва дар системи қонунгузории ислом чунин чизе ҳаст.

Чунин унсур ва балки аносуре вуҷуд дорад, ки ба мӯҷиби онҳо худи қонун дар дохили худаш тағйир мекунад бидуни ин ки ниёзе ба насх вуҷуд дошта бошад, ва дар воқеъ худаш худашро иваз мекунад ва тағйир медиҳад. Барои ин мавзӯъ рӯи чанд матлаб такя кардем, ки такрор намекунем. Чун мехоҳем баҳсеро, ки оқои муҳандис Катироӣ унвон карданд матраҳ кунем, ночор ишорае ба сухани гузашта мекунем.

* * *

Ақл, яке аз асосҳои истинботи аҳком

Арз кардем, яке аз ҷиҳот ин аст, ки ислом дар асоси қонунгузорӣ, рӯи ақл такя кардааст, яъне ақлро ба унвони як асл ва ба унвони як мабдаъ барои қонун ба расмият шинохтааст ва аз ин рӯ шумо мебинед фуқаҳои мо ин матлабро ба таври қатъ қабул кардаанд, яъне масъалаест мавриди иҷмоъу иттифоқ. Вақте, ки пурсида мешавад, асосҳои истинботи аҳком чист? Мегӯянд, чаҳор чиз аст: китоб (Қуръон), суннат, иҷмоъ (агар дар ҷойе аз китобу суннат чизе набуд, мо ба далели иҷмоъ кашф мекунем) ва ақл. Ва ин хеле аҷиб ба назар мерасад, ки дар дине дар асосҳои истинбот, ақлро дар радифи китоби осмонӣ қарор бидиҳанд; бигӯянд, ин асосҳо чаҳор чиз аст ва яке аз онҳо ақл аст. Ин аввалан дабардорандаи ин матлаб аст, ки он дин ба тазодде миёни ақлу китоби осмониву суннат мӯътақид нест. Ва агар мӯътақид ба ин тазодд буд, маҳол буд, ки онро дар арзи ин қарор бидиҳад, балки он тавре рафтор мекард, ки дар баъзе адёни дигар ҳаст, ки мегӯянд: дин, фавқи ақл аст ва ақл ҳаққи мудохила дар масоили диниро надорад. Аз онҷо, ки тазодде миёни ақл ва он чи ки худ доранд эҳсос мекунанд, ночор мегӯянд, ақл ҳаққи мудохила надорад.

Ин ки фиқҳи исломӣ ақлро ба унвони як мабдаъ (асос) барои истинбот мешиносад, чизе аст, ки роҳро боз кардааст. Чӣ гуна роҳро боз мекунад? Решааш ин аст, ки мегӯянд: аҳкоми исломӣ, аҳкомест заминӣ яъне марбут ба масолеҳи башарият. Таъбири фуқаҳо ин аст, ки аҳком, тобеъи масолеҳу мафосиди воқеӣ аст, яъне воҷибҳо тобеъи маслиҳатҳои мулзима барои башар аст, ва ҳаромҳо тобеъи мафсадаҳои мулзима. Агар ислом чизеро гуфта воҷиб аст, ба ин далел аст, ки як маслиҳати мулзимае дар кор буда, ва агар чизеро гуфта ҳаром аст, ба далели як мафсадаи бисёр муҳимме аст. Фуқаҳо мегӯянд, он маслиҳатҳо ва мафсадаҳо, ба манзилаи иллатҳои аҳкоманд.

Ҳол агар дар ҷойе мо бидуни он ки дар Қуръон ё суннат чизе дошта бошем, ба ҳукми ақл маслиҳат ё мафсадаеро кашф кунем, ба ҳукми он ошноӣ, ки бо руҳи ислом дорем — ки агар маслиҳати муҳимме бошад, ислом аз он сарфи назар намекунад, ва агар мафсадаи муҳимме бошад, ислом иҷоза намедиҳад — фавран ба ҳукми ақл, ҳукми шаръро кашф мекунем. Ислом дине аст, ки эълом карда: мо аз маслиҳатҳо ва мафсадаҳои муҳим намегузарем. Имрӯз ақли мо маслиҳатро кашф карда, пас лузуме надорад, ки дар Қуръону суннат далеле дошта бошем. Инҷо ҳатман шумо бояд бар асосаш фатво бидиҳед. Ақл ин мафсадаро кашф карда, ҳатман бояд бар ин асос фатво бидиҳӣ. Пас, чун аҳком тобеъи масолеҳу мафосид ҳастанд ва ин масолеҳу мафосид ҳам ғолибан дар дастраси идроки ақли башар аст, пас ақли башар ҳам метавонад худаш қонуни исломро кашф кунад. Агар бигӯед: чунончи ислом чунин чизе мехост, худаш мегуфт, мегӯем: чӣ медонӣ? Шояд гуфта ва ба мо нарасида ва лузуме ҳам надорад, ки гуфта бошад. Вақте, ки ҳамин қадр ба мо гуфта ақл худаш як ҳуҷҷат аст; Худованд ду ҳуҷҷат дорад: ҳуҷҷати зоҳирӣ ва ҳуҷҷати ботинӣ; ҳуҷҷати зоҳирӣ пайғамбаронанд, ки ақли хориҷӣ ҳастанд, ва ҳуҷҷати ботинӣ ақл аст, ки пайғамбари дарунӣ аст, ҳамин барои мо кофӣ аст. Ин ҳамон чизе аст, ки худи ислом гуфтааст.

Ба дунболи ин матлаб, масъалаи дигаре пайдо мешавад, ки фуқаҳо онро тарҳ кардаанд, ва он ин ки: шумо, ки ин қадр барои ақл шахсият ва истиқлол қоил шудед, агар дар ҷойе китобу суннат ба таври сареҳу қотеъ дастуре дод ва ақл ба таври сареҳу қотеъ зидди онро гуфт, чӣ мекунед? Ҷавоб медиҳанд, ки ин фақат “агар” аст, шумо нишон бидиҳед куҷо чунин чизе ҳаст?! Бале, як вақт ҳаст, ки зоҳири Қуръону суннат — на насси қотеъи онҳо — матлаберо мегӯяд ва ақл ба таври қотеъ бар зиддаш мегӯяд. Вале зоҳири Қуръон, ғайр аз насси Қуръон аст. Худи ҳукми ақл, далел бар ин аст, ки он зоҳир мақсуд нест. Мо аз зоҳири Қуръону суннат ба ҳукми далели қотеъи ақл даст бармедорем. Ин, таъорузи Қуръону ақл нест.

Гоҳе насси Қуръон ё насси суннат аст ва як далели заннии ақлӣ, як тахмини ақлӣ, як ҳадси ақлӣ; шумо онро муъориз қарор медиҳед. Мегӯянд, тахмину занну гумон, на; он ҷое, ки ҳукми ақл ба марҳилаи қатъӣ расида бошад. Аммо ин ки бигӯед ҷоеро пайдо кунем, ки Қуръон ё суннат ба таври қотеъ — ки ҳеч гуна ҳам таъвилпазир нест — чизеро гуфтааст ва ақл ба таври қотеъ бар зиддаш мегӯяд, ин фақат як “агар” аст, ки вуқӯъ надорад. Шумо биёед мисолашро ба мо нишон бидиҳед. Ин масъала ҳам ба ҳамин шакле, ки арз мекунам, дар китобҳои фуқаҳо матраҳ шудааст ва фуқаҳо то ин ҳадд пешравӣ карда ва ҷилав рафтаанд.

Бинобар ин, агар дар ҷое муқтазаёти замон иваз шуд ба тавре, ки барои илму ақл сад дар сад собит шуд, ки маслиҳат ин тавр тағйир карда, фуқаҳо мегӯянд маънояш ин аст, ки зербинои ҳукм тағйир карда. Вақте зербинои ҳукм тағйир кард, худи ислом тағйири ҳукмро иҷоза медиҳад. Мо дар ислом надорем, ки гуфта бошад як чизе барои абад рӯбиност ё барои абад зербиност ва ақл бигӯяд инҷо зербино тағйир кард. Агар доред, мисолашро зикр кунед, бибинем чӣ мушкиле аст, то онро ҳал кунем.

Пас, ақл омиле аст, ки манототи (милокҳои) аҳкомро — албатта на дар ҳама ҷо, балки дар мавориде — кашф мекунад. Дар мавориде ба милокоти аҳком пай мебарад ва иллатҳои аҳкомро кашф мекунад, ва он иллатҳо гоҳе тағйир пайдо мекунанд. Инҷо ба ин маншаъу мабдаи ташреъ иҷоза дода мешавад, ки кори худашро анҷом бидиҳад, ки дар воқеъ кори ҷудое накарда, руҳи исломро кашф мекунад. Ин ҳам, ки гуфтаанд:

كلّ ما حكم به عقل، حكم به الشرع

— ки як қоъидаи қадимӣ аст ва моли имрӯз нест, ки бигӯем тоза ин масъала матраҳ шуда — манзурашон ҳамин аст. Воқеан агар дар ҷое ба таври қотеъ милоке кашф бишавад, шаръ ҳам ҳамоҳангӣ дорад. Яъне аз инҷо бояд кашф кунед, ки шаръ ҳам ҳамин аст. Аз он тараф ҳам, ки гуфтаанд:

كلّ ما حكم الشرع، حكم به العقل

— мақсудашон ин аст, ки агар дар ҷое шаръ ба таври қотеъ ҳукме кард, аз боби ин ки медонем дар ислом сухане ба газоф гуфта намешавад, ақл ба таври иҷмол мегӯяд: инҷо як милоке вуҷуд дорад; гарчи ман ҳанӯз ташхис надодаам, вале вуҷуд дорад, бемантиқ нест. Баъд аз ошноии ақл ба ин ки ислом бидуни милоку маноту мантиқ ҳарфе намезанад, ҳамин қадр, ки шаръ чизе гуфт, ақл ҳам иҷмолан мегӯяд инҷо як мантиқе вуҷуд дорад, ҳол агар ман ҳанӯз кашф накардаам, бояд таъаммулу диққат кунам.

Ин яке аз чизҳое аст, ки таклифи фақеҳро бо муқтазаёти мутағайир мушаххас мекунад ва онҷо, ки масолеҳи башарият тағйир мекунад ва чизеро эҷоб менамояд, дасти фақеҳро боз мекунад.

* * *

Тақсимбандии қонунҳои исломӣ

Дар навиштае, ки оқои муҳандис Катироӣ фиристодаанд, чанд матлаб омада, ки ман дар атрофаш тавзеҳоте медиҳам. Матлаберо ба унвони муқаддима гуфтаанд, ки мо онро ба сурати комилтаре дар ҷузваи “Ислом ва муқтазаёти замон” тарҳ кардаем. Эшон мегӯянд:

Робитаи инсон бо табиат, ва робитаи инсон бо инсон ба шиддат дар ҳоли тағйир аст ва агар қонунҳо бихоҳад дар байни мардум ҳоким бошад, ё бояд мутағайир буда ва ё ақаллан қобилияти инъитофу татобуқ бо муҳиту замон дошта бошад.

Агар қонунҳои исломиро аз ин ҳайс тақсим кунем, чаҳор дастааст: порае аз қонунҳо марбут ба робитаи инсон бо Худост, ки исмаш “ибодат” аст. Робитаи инсон бо Худо шояд соддатарин равобит бошад, яъне тағйироти замон ва муқтазаёти мутаҳаввили замон дар ҳар ноҳия таъсир дошта бошад, дар ин ноҳия ё таъсир надорад ё хеле кам дар шаклаш таъсир дорад. Робитае, ки инсон бо Худои худаш бояд дошта бошад, робитае яксон аст, яъне ин ҷур нест, ки иртиботе, ки мардуми ҳазор сол пеш мебоист бо Худо дошта бошанд, ки масалан бояд ихлос дошта бошанд –

وَمَا أُمِرُوا إِلَّا لِيَعْبُدُوا اللَّهَ مُخْلِصِينَ لَهُ الدِّينَ

(“Ва фармон наёфта буданд ҷуз ин ки Худоро мухлисона бипарастанд…” (Сураи Баййниа, ояти 5)), фақат Худоро парастиш кунанд ва ғайри ӯро напарастанд, имрӯз ба гунаи дигаре бояд бошад. Оё масалан дар асри асбу шутуру улоғ ин ҳукм саҳеҳ буд, ки башар танҳо Худопараст бошад ва ба ҳеч ваҷҳ мушрик набошад ва дар Худопарастӣ ихлос дошта бошад, аммо дар асри ҳавопаймо ин ҳукм тағйир мекунад ва бояд дасте дар он бурд? На. Албатта шакли ибодат худ ба худ иваз мешавад. Худи ислом ҳам барои шаклҳо тағйир қоил шуда, масалан дар мавриди намоз мегӯяд, дар мусофират як ҷур хонда шавад ва дар ҳазар (дар шаҳре, ки муқим аст) ҷури дигар.

Мисоли дигар барои ин даста аз қонунҳои исломӣ (яъне ибодатҳо) рӯза аст. Инсон рӯза мегирад барои ин ки тақво дар ӯ нерӯ бигирад, ба таъбири Қуръон:

لعلّكم تتّقون

Дастаи дуввум дастурҳое аст, ки марбут аст ба робитаи инсон бо худаш, ки истилоҳан ахлоқ номида мешавад; ин ки инсон худаш барои худаш чӣ гуна бояд бошад? Ахлоқи шахсӣ ва фардии инсон чӣ гуна бояд бошад? Инсон худашро чӣ гуна бояд бисозад? Ва ба иборати дигар, ғароизашро чӣ гуна бояд танзим кунад? Оё хуб аст бар ҳавои нафсаш мусаллат бошад ё на? Ва хулоса, он чи ки Қуръон онро “тазкияи нафс” меномад –

قَدْ أَفْلَحَ مَن زَكَّاهَا. وَقَدْ خَابَ مَن دَسَّاهَا

(“Ҳар кас онро (нафсро) пок гардонид, қатъан растгор шуд. Ва ҳар ки олудааш сохт, қатъан дарбохт.” (Сураи Шамс, ояти 9-10)).

Навъи севвум марбут аст ба иртиботи инсон бо табиат, яъне иртиботи инсон на бо худаш ва на бо Худо, балки бо халқи Худо, он ҳам ғайр аз инсонҳои дигар; ин ки робитаи инсон бо замин, бо гиёҳҳо, бо ҳайвонот чӣ гуна ва бар чӣ асос бояд бошад?

Қисми чаҳорум, ки аз ҳама муҳимтар ва бештар мавриди таваҷҷӯҳ ва дастхуши тағйиру таҳаввул аст, марбут ба робитаи инсон бо инсон аст, яъне қонунҳое, ки марбут аст ба равобити инсонҳо бо якдигар, ки хеле тағйир мекунад, чун ҷомеа мутағайиру мутаҳаввил аст. Ин аст, ки мегӯянд: робитаи инсон бо инсон мутағайир аст, пас қонунҳо ҳам бояд мутағайир бошад.

Бидуни шак, ҳамин тавр аст ва мо ҳам иҷмолан қабул дорем, ки қонунҳои марбут ба равобити инсонҳо бо якдигар бояд қобилияти инъитоф дошта бошад, вале на ба ин соддагӣ, ки чун робитаи инсон бо инсон мутағайир аст, қонун ҳам бояд мутағайир бошад. Ба ин куллият дуруст нест.

Қонунҳо иборат аст аз ҳуқуқу таколиф, яъне “боядҳо” ва вазоифе, ки афрод нисбат ба якдигар доранд. Он тағйироте, ки дар равобити инсонҳо бо якдигар эҷод мешавад, як силсила тағйироте аст, ки дар он масалан иртиботи инсонҳо бо ҳам иваз мешавад, вале ин рабте ба ҳуқуқу таколиф надорад. Масалан, инсонҳо бояд бо якдигар дар тамос бошанд. Замоне буд, ки телефону телеграф набуд, вақте мехостанд ҳарфашонро ба якдигар бирасонанд, чӣ заҳмати бояд мутаҳаммил мешуданд. Ҳоло бо чӣ суръате мардум аз ин гӯшаи шаҳр ба он гӯшаи шаҳр, аз ин шаҳр ба он шаҳр, балки аз ин мамлакат ба он мамлакат бо якдигар иртибот пайдо мекунанд. Ё масалан, дар гузашта агар касе аз шаҳри худаш бо як тарсе мехост ба Наҷаф биравад, маҷбур буд, ки лоақал даҳ сол онҷо бимонад, чун агар мехост бо он заҳмат ба шаҳри худаш баргардад ва думартиба биёяд, кори бисёр фавқулъодае буд. Вале ҳоло мумкин аст касе биравад Наҷаф, дарс бихонад, соле шаш мартиба ҳам биёяд ва ба корҳои шахсии худаш расидагӣ кунад.

Шакке нест, ки иртиботи инсонҳо бо якдигар хеле тағйир карда, вале оё ҷуре тағйир карда, ки ҳуқуқи инсонҳоро нисбат ба якдигар ва вазоифу таколифро иваз бикунад? Мо инро бояд баҳс бикунем. Мо бояд он маворидеро, ки равобити инсонҳо бо якдигар ба ҳукми пешрафти илму тамаддун ҷабран иваз шуда ва он пешрафт дар иртиботот сабаб шуда, ки ҳуқуқу вазоиф тағйир кунад, дар инҷо тарҳ бикунем, чун ислом наомада, ки роҷеъ ба мутлақи иртибототи инсонҳо бо якдигар сухан бигӯяд, балки омада ҳуқуқу вазоифи инсонҳо нисбат ба якдигарро баён кунад. Шумо бигӯед он тағйири иртибототе, ки маншаи тағйири вазифа ва тағйири ҳуқуқ ва тағйири қонун мешавад чист? Ба ин куллият қабул надорем.

* * *

Як мисол

Қаблан арз кардам, ки мо бояд биравем дунболи мисолҳо ва маворид. Масалан, оё дуруст аст, ки касе матлабро ба ин сурат тарҳ кунад, бигӯяд: ба ҳукми ин ки равобити иҷтимоӣ тағйир кардааст, ҳуқуқи хонаводагӣ ҳам табъан тағйир мекунад ва бояд ҳам тағйир бикунад, вазоиф ҳам бояд тағйир кунад, чӣ тавр? Бигӯяд: масалан дар зиндагиҳои қадим барои волидайн ҳаққи зиёде бар ӯҳдаи фарзандон гузошта буданд ва мутақобилан вазоифи зиёде бар ӯҳдаи волидайн нисбат ба фарзандон. Ин ҳуқуқу вазоиф дар ҷомеаи дирӯз лозим ва дуруст буд, зеро идома ва парвариши насл ҷуз дар муҳити хонаводагӣ мумкин набуд. Ҳукумат ё вуҷуд надошт ё агар вуҷуд дошт, такомул пайдо накарда буд. Инҷо буд, ки меомаданд тамоми ҳуқуқи фарзандро ба ӯҳдаи падару модар мегузоштанд: шир додан ба ӯҳдаи модар ва нафақа додан ба ӯҳдаи падар. Агар волидайн аз ҳам ҷудо шуданд, чунончи бачча духтар бошад, то синини ҳафтсолагӣ дар ҳизонати модар аст ва баъд бояд дар ихтиёри падар қарор бигирад. Ва чӣ ҳуқуқи зиёде падару модар ба ӯҳдаи фарзандон пайдо мекунанд: вақте инҳо пир шуданд, агар надошта бошанд, воҷибуннафақаи фарзандон ҳастанд ва фарзандон бояд онҳоро идора кунанд. Ин матлаб дар зиндагиҳои қадим дуруст буд, вале имрӯз, ки зиндагӣ такомул пайдо карда, ин ҳуқуқу вазоиф аз муҳити хонаводагӣ ба иҷтимоъи бузург мунтақил мешавад. Давлат ҷонишини падару модар мешавад ва беҳтар аз падару модар ҳам анҷом медиҳад. Дар қадим, ки мегуфтанд падару модар бояд фарзандро бузург кунанд, то вақте, ки ба ҳадди булуғ ва тазвиҷ бирасад, барои ин буд, ки ғайр аз падару модар мақоми дигаре набуд. Вале имрӯз бо басту тавсиъае, ки корҳои ҳукуматӣ пайдо карда, агар лозим бошад падару модаре бошанд ва хонаводае ташкил бишавад ва фарзандони ихтисосӣ вуҷуд дошта бошанд, бояд баччаро ҳамин ки мутаваллид шуд, дар ихтиёри муассисоти умумӣ бигузоранд ва вақташонро ба бачча бузург кардан талаф накунанд, бигузоранд давлат бузургаш кунад. Вақте, ки давлат ӯро бузург кард, тамоми ҳуқуқе, ки волидайн ба ӯҳда доранд, ба ӯҳдаи давлат гузошта мешавад. Он вақт қонун бояд ҳамон ҳарфҳоеро, ки қаблан мегуфт бигӯяд, ки итоати волидайн воҷиб аст –

وَقَضَى رَبُّكَ أَلاَّ تَعْبُدُواْ إِلاَّ إِيَّاهُ وَبِالْوَالِدَيْنِ إِحْسَانًا إِمَّا يَبْلُغَنَّ عِندَكَ الْكِبَرَ أَحَدُهُمَا أَوْ كِلاَهُمَا فَلاَ تَقُل لَّهُمَآ أُفٍّ وَلاَ تَنْهَرْهُمَا وَقُل لَّهُمَا قَوْلًا كَرِيمًا

(“Ва парвардигори ту муқаррар кард, ки ҷуз ӯро мапарстед ва ба падару модари худ эҳсон кунед; агар яке аз он ду дар канори ту ба солхӯрдагӣ расиданд, ба онҳо ҳатто уф магӯ ва ба онон пархош макун ва бо онҳо сухане шоиста бигӯй.” (Сураи Исро, ояти 23)), аммо ҳамаи инҳо бояд ба мураббии имрӯзаш (давлат) гуфта шавад: давлат ба гардани ту ҳаққ дорад, дар муқобили давлат набояд “уф” бигӯӣ, итоати ӯ воҷиб аст, ҳамон тавр, ки дар гузашта мегуфтанд итоати волидайн воҷиб аст. Вақте ҳам фард бузург шуд, ҳеч вазифае нисбат ба волидайнаш надорад, ки бихоҳад нафақаи онҳоро бидиҳад; боз ҳам агар вазифае бошад, ба ӯҳдаи давлат аст.

Агар чунин мисолҳое биёваранд, ҷои баҳс аст, ки мо бигӯем оё воқеан ин тавр аст? Яъне оё баъд аз он ки иҷтимоъ такомул пайдо кард, ин кори саҳеҳу дурусте аст, ки баччаҳо аз муҳити хонавода хориҷ шаванд ва дар ихтиёри давлат гузошта шаванд? Ё ин ки на, ин кор асосан ғалат аст? Камо ин ки алъон мо ин тавр мӯътақидем, яъне зиндагии хонаводагӣ — ки як зиндагии табиӣ аст — ва парвариши фарзанд дар домани волидайн, асле аст, ки бояд барои ҳамеша боқӣ бимонад. Аммо агар ба ҳукми ақлу илм сад дар сад бар мо собит шавад, ки маслиҳати башарият эҷоб мекунад, ки феълан он ҷур набошад, ҳеч монеъе надорад, ки ҳамон ҳарфҳоро бизанем. Дар он сурат ҳуқуқи волидайн камтар мешавад. Ислом ҳам, ки гуфта, дар он шароит гуфтааст. Шароит, ки тағйир кард, тағйири қонунҳо монеъе надорад.

Вале мо бояд ин матлабро аз асос мутолеа кунем, ки оё ҳарфи дурусте аст ё на?

Ин баҳсе, ки оқои муҳандис тарҳ карданд, баҳси хубе аст, вале як миқдор бояд онро баст дод, ки қонунҳои ислом чаҳор дастааст: як даста ба равобити инсон бо Худо марбут аст, дастаи дигар ба равобити инсон бо худ, дастаи севвум ба равобити инсон бо табиат ва дастаи чаҳорум ба равобити инсон бо инсон, ва ҳамин ҷур тибқи майли худ нагӯем, ки: чун дунё мутағайир аст, ҳама чиз тағйир мекунад. Бояд бибинем чӣ тағйироти ҷабрӣ ва лозиму зарурӣ дар ҷаҳон ба вуҷуд омадааст, ки эҷоб мекунад мо дар иртиботамон бо Худо ё бо худамон ё бо табиат ва ё бо инсонҳо таҷдиди назар кунем, вагарна мо ба ин куллият қабул надорем. Қаблан ҳам гуфтем бояд биравем дунболи мавориду масодиқу ҷузъиёт.

Мо дар ҷаласаи пеш тарҳ кардем, ки ба гуфтаи фуқаҳо, вазъи аҳкоми исломӣ аз навъи қазоёи ҳақиқияи мантиқ аст, на аз навъи қазоёи хориҷия. Хулосаи матлаб ин аст, ки ислом ба афрод кор надорад, балки ҳукмро рӯи ҳайсиятҳо ва ановини куллӣ мебарад ва ин кор навъе қобилияти инъитоф эҷод мекунад.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: