Перейти к содержимому

Моҳотир Муҳаммад: “Ҳақ надоранд Қудсро дупора кунанд”

Нахуствазири Молезӣ (Малайзия) бо интиқод аз иқдоми Устролиё (Австралия) мабнӣ бар ба расмият шинохтани Қудс ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ гуфт, ин шаҳр бояд ҳамон тавр, ки акнун ҳаст, боқӣ бимонад.

Ин мақоми молезиёӣ дар ҳошияи маросиме дар Бонгкук ба хабаргузории Reuters гуфт: “Қудс бояд ҳамон тавр, ки акнун ҳаст, боқӣ бимонад, на ин ки пойтахти Исроил шавад.”

Вай афзуд: “Қудс ҳамвора фаластинӣ буда, чаро мехоҳанд оғозгари тақсими Қудс бошанд, ки ба онҳо таъаллуқ надорад?! Чаро мехоҳанд аъробу яҳудиёнро ҷудо кунанд? Онҳо чунин ҳаққе надоранд.”

Ин дар ҳолест, ки нахуствазири Устролиё рӯзи шанбе эълом кард, ин кишвар Қудси ғарбиро ба унвони пойтахти Фаластини ишғолӣ ба расмият шинохта, аммо феълан сафорати худро ба ин шаҳр мунтақил намекунад. Вай тайи суханоне тасреҳ кард: “Устролиё ҳамакнун Қудси ғарбиро, ки мақарри Кнессет (порлумони режими саҳюнистӣ) ва бисёре аз созмонҳои давлатӣ аст, ба унвони пойтахти Исроил ба расмият мешиносад.”

Вай афзуд, ин кишвар ба дунболи интиқоли сафорати худ ба Қудси ғарбӣ низ ҳаст, аммо пас аз мушаххас кардани вазъияти ниҳоӣ ва замоне, ки ин мавзӯъ амалӣ бошад. Нахуствазири Устролиё дар октябри гузашта барои интиқоли сафорати кишвараш ба Қудси ғарбӣ эъломи омодагӣ карда буд.

6-уми декабри порсол, Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико тасмими худ мабнӣ бар муаррифии Қудс ба унвони пойтахти Фаластини ишғолӣ ва интиқоли сафорати Омрико аз Телавив ба Қудсро эълом кард.

Ин тасмими Тромп дар ростои иҷроӣ шудани о нчи “муомилат қарн” номида мешавад, эълом шуд; тарҳе, ки гуфта мешавад Арабистони Саудӣ ва бархе дигар аз шайхнишинҳои халиҷи Форс бо он ҳамроҳ шудаанд.

14 майи 2018, тайи маросиме, сафорати Омрико аз Телавив ба Қудси ғарбӣ мунтақил шуд. Мардуми Фаластин дар навори Ғазза ва каронаи Бохтарӣ даст ба тазоҳуроти бисёр густурдае заданд ва режими саҳюнистӣ ин тазоҳуротҳоро саркӯб кард. Танҳо дар он рӯз, беш аз 60 нафар дар ин тазоҳуротҳо ба шаҳодат расиданд ва теъдоди маҷрӯҳон ба беш аз 2800 нафар расид.

Маҳалли сафоратхонаи Омрико дар Қудс ба номи “Маҳаллаи Тромп” номгузорӣ шудааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: