Перейти к содержимому

Оё женерол Дӯстум аз як сӯрох ду бор газида мешавад?

Ҳизби Ҷунбиши миллии исломии Афғонистон эълом кард, ки Ашраф Ғанӣ дар дидор бо женерол Дӯстум хостори ҳимояти дубораи вай дар интихоботи риёсати ҷумҳурии Афғонистон шудааст.

Вақти зиёде ба замони баргузории интихоботи риёсати ҷумҳурии Афғонистон боқӣ намондааст ва раванди сабти номи номзадҳои ин интихобот низ ҳафтаи оянда оғоз хоҳад шуд.

Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон, дар назар дорад, то бори дигар дар интихоботи риёсати ҷумҳурии ин кишвар номзад шавад, аммо сиёсатҳои нодуруст дар даврони ҳукумати ваҳдати миллӣ сабаби беэътибории вай дар ҷомеаи Афғонистон шудааст.

Агарчӣ равобити Ашраф Ғанӣ ва Дӯстум дар солҳои ахир ҳамвора ҳамроҳ бо таниш будааст ва женерол беш аз як сол дар табъид дар Туркия ба сар бурд, аммо раисиҷумҳури Афғонистон талош мекунад, то ҳимояти муҷаддади вайро касб кунад.

Башир Аҳмад Таҳянҷ, сухангӯи Ҳизби ҷунбиш тасреҳ кард, ки Ашраф Ғанӣ дар дидор бо женерол Дӯстум хостори ҳимояти муҷаддад аз номзадии вай дар интихоботи ояндаи риёсати ҷумҳурии ин кишвар шудааст.

Вай хотирнишон кард, ки женерол Дӯстум то кунун дар бораи ҳимоят ва ё адами ҳимояти дубора аз Ашраф Ғанӣ дар интихоботи ояндаи риёсати ҷумҳурии ин кишвар тасмиме нагирифтааст.

Женерол Дӯстум аз аъзои раҳбарии Шӯрои Эътилофи наҷоти Афғонистон ва Эътилофи бузурги миллии ин кишвар маҳсуб мешавад, ки бо ҷудо шудани вай мумкин аст ин эътилоф бо фурӯпошӣ рӯ ба рӯ шавад.

Эътилофи бузурги миллии Афғонистон, ки бузургтарин ҷараёни опозисиюн дар баробари давлати Афғонистон маҳсуб мешавад, пеш аз ин ба раҳбарии женерол Дӯстум аз Ҳизби ҷунбиш, Ато Муҳаммад Нур аз Ҳизби ҷамъияти исломӣ ва Муҳаммади Муҳаққиқ аз Ҳизби ваҳдати мардуми ин кишвар ташкил шуд.

Ба назар мерасад, ки Ашраф Ғанӣ талош мекунад, то Эътилофи бузурги миллии Афғонистонро бо фурӯпошӣ рӯ ба рӯ кунад, зеро пеш аз ин низ Анворулҳақ Аҳадӣ, раиси Ҷабҳаи навини миллии Афғонистон низ аз ин эътилоф ҷудо шуда буд.

Ҳамчунин шойеъоте вуҷуд доранд, ки Муҳаммади Муҳаққиқ, раҳбари Ҳизби ваҳдати мардуми Афғонистон низ ахиран музокироти ҷудогонаеро бо Ҳаниф Атмар аз номзадҳои эҳтимолии интихоботи риёсати ҷумҳурӣ анҷом додааст.

Зоҳиран тарҳи Шӯрои Эътилофи бузурги миллии Афғонистон барои эҷоди 3 муовинат дар риёсати ҷумҳурӣ, 3 муовинат дар риёсати иҷроии давлат ва эҷоди мақоми нахуствазирӣ барои интихоботи риёсати ҷумҳурӣ чандон муваффақиятомез набудааст.

Аз сӯи дигар, Аҳмад Зиё Масъуд, муовини Ҳизби ҷамъияти исломӣ ва аз аъзои Эътилофи бузурги миллии Афғонистон низ ахиран дар нишасте, ки ба тарафдорӣ аз муаррифии номзади мустақил дар интихоботи риёсати ҷумҳурӣ баргузор шуда буд, ҳузур ёфт.

Дар ин нишаст шуморе аз бузургони шимоли Афғонистон ва аъзои Ҳизби ҷамъият таъкид карданд, ки “Ҷабҳаи муқовимат” бояд номзади ҷудогонаеро барои интихоботи риёсати ҷумҳурӣ дар ин кишвар муаррифӣ кунад.

Пеш аз ин, Ато Муҳаммад Нур, раиси иҷроии Ҳизби ҷамъияти исломӣ ва Салоҳуддин Раббонӣ, раҳбари ин ҳизб, барои номзадӣ дар интихоботи риёсати ҷумҳурии ин кишвар алоқамандӣ нишон додаанд.

Ин дар ҳолест, ки танҳо як ҳафта ба замони сабти номи номзадҳои интихоботи риёсати ҷумҳурии Афғонистон боқӣ монда, аммо зоҳиран аъзои Эътилофи бузурги миллии Афғонистон то кунун натавонистаанд барои муаррифии номзади воҳид дар интихоботи риёсати ҷумҳурии ин кишвар ба тавофуқ бирасанд.

Коршиносон мӯътақиданд, ки Ашраф Ғанӣ талош мекунад, то аз тариқи мӯҳрачинӣ аз мунтақидони давлат, ҷараёни опозисиюни давлати ин кишварро тазъиф карда ва бо фурӯпошӣ рӯ ба рӯ кунад.

Зеро агар ҷараёни опозисиюни давлати Афғонистон барои муаррифии номзади воҳид ба тавофуқ бирасанд, дигар шонсе барои пирӯзии Ашраф Ғанӣ дар интихоботи риёсати ҷумҳурии ин кишвар боқӣ нахоҳад монд.

Агарчӣ аҳдофи асосии Эътилофи бузурги миллии Афғонистон эҷоди ислоҳот дар низоми сиёсии Афғонистон, муқобила бо бӯҳрон, бозгардондани эътимоди миллӣ ва баргузории интихоботи шаффоф унвон шудааст, аммо аз замони рӯи кор омадани ҳукумати ваҳдати миллӣ дар Афғонистон, раҳбарони сиёсии ин кишвар ҳаргиз натавонистанд ҷабҳаи пойдори сиёсиеро барои пардохтан ба масоили асосии ин кишвар ташкил диҳанд.

Бо таваҷҷӯҳ ба гузаштаи эътилофҳои сиёсӣ дар Афғонистон, ки ҳамвора барои манофеъи шахсӣ ва чоназанӣ дар арсаи қудрат ташкил шуданд, зоҳиран эътилофи бузурги миллии Афғонистонро низ наметавон аз ин қоъида мустасно донист.

Зеро Эътилофи бузурги миллии Афғонистон низ аз сӯи аҳзоби ҷунбиш, ваҳдат ва ҷамъият танҳо барои вокуниши мақтаъӣ нисбат ба сиёсатҳои ҳазфӣ ва адами имтиёздиҳии Ашраф Ғанӣ ба сарони он ташкил шудааст.

Ба назар мерасад, ки ихтилофи назари аъзои Эътилофи бузурги миллии Афғонистон бар сари муаррифии номзади воҳид барои интихоботи риёсат ин эътилофро низ бо фурӯпошӣ рӯ ба рӯ хоҳад кард.

Tasnimnews

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: