Перейти к содержимому

“Ҳар низомии исроилие, ки вориди Ғазза шавад ё кушта мешавад ва ё асир хоҳад шуд”

Раиси дафтари сиёсии ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) дар маросими солгарди таъсис ин ҷунбиш, бар идомаи муқовимат дар баробари режими саҳюнистӣ таъкид кард ва ба режими саҳюнистӣ дар бораи паёмадҳои ҳар гуна таҷовузи низомии ҷадид ба Ғазза, ҳушдор дод.

Ба гузориши шабакаи Алмаёдин Ҳаниа гуфт: “Рӯёрӯиҳои низомӣ бо ишғолгарон, нуқтаи атфе дар идораи саҳнаи набард бо душмани саҳюнистӣ аз тариқи утоқи амалиёти муштараки муқовимат ва дарҳам кӯбидани як утубуси режими саҳюнистӣ бо мушаки Курнет ба шумор меравад, ки шуморе аз низомиёни режими ишғолгар кушта ва захмӣ шуданд.”

Вай хотирнишон кард, ҳангоме ки ишғолгарон таъсисот ва марокизи ғайринизомии навори Ғаззаро ҳадаф қарор доданд ва хостанд ҳар коре алайҳи мардум анҷом диҳанд, муқовимат дар каминаш истод ва Асқалони ишғолиро дарҳам кӯбид ва ба ишғолгарон гуфт, агар бар таҷовузоти худ биафзоед, мо ҳам посухи кӯбандатаре хоҳем дод.

Ҳаниа изҳор дошт: “Гурӯҳҳои муқовимат вақте чизеро мегӯянд, бо садоқат баён мекунанд ва ҳангоме, ки ваъдае медиҳанд, ба он вафо мекунанд.”

Исмоил Ҳаниа таъкид кард, ҳаргиз аз муқовимат даст барнахоҳем дошт ва онро бо ҷисму ҷони худ ҳифз хоҳем кард.

Вай гуфт, ба асирони фаластинӣ мегӯям, ки озодии шумо масъулияти мост ва муқовимат, ки бархе аз шуморо озод кард, шуморо аз пушти милаҳои зиндон озод хоҳад кард.

Раиси дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос бо баёни ин ки миллати Фаластин аз тамоми гурӯҳҳо бузургтар аст, хотирнишон кард: “Миллати Фаластин дар хилоли роҳпаймоиҳои бозгашт, ҳарфи худро бо қотеъият зад мабнӣ бар ин ки бо муомилаи қарн мухолиф аст.”

Ҳаниа дар идома хотирнишон кард, солрӯзи ташкили ҷунбиши Ҳамос дар ҳолест, ки саҳнаи Фаластин бо воқеиятҳои фаровоне аз замони оғози роҳпаймоиҳои бозгашт ва шикастани муҳосира рӯ ба рӯст, ки аз ҳудуди ҳашт моҳ пеш дар гузаргоҳҳои Ғазза оғоз шудааст. Марзҳои Ғазза то марзҳои ватан имтидод ёфтааст.

Вай таъкид кард, роҳпаймоиҳои бозгашт се нуктаи роҳбурдиро сабт кард, чаро, ки миллати Фаластин ҳарфи худро бо қудрат ва бо хуну шаҳодат ва фидокориҳо зад ва бо қудрат эълом кард, ки бо муомилаи қарн мухолиф аст.

Бар асоси гузориши шабакаи Алҷазира, Ҳаниа хотирнишон кард, роҳпаймоиҳои бозгашт ва шикастани муҳосира, ин ҳақиқатро мавриди таъкид қарор дод, ки ин насл ба ҳаққи бозгашт пойбанд ва чанг задааст.

Вай таъкид кард, тасмими интиқоли сафорат (-и Омрико ва кишварҳои дунболарави ӯ) ба Қудси ишғолӣ, ҳаргиз ҳеч ҳақиқатеро тағйир нахоҳад дод.

Ҳаниа гуфт, миллати Фаластин ҳаргиз дар заминаи дифоъ аз сарзамин ва Қудс ва маҳалли меъроҷи Паёмбар (с) кӯтоҳӣ нахоҳад кард.

Вай хотирнишон кард, роҳпаймоиҳои бозгашт, парвандаи муҳосираи Ғаззаро дар мизи музокироти минтақаӣ ва байналмилалӣ қарор дод.

Раиси дафтари сиёсии Ҳамос дар идома гуфт, Миср нақши муҳимме дар баҳрабардорӣ аз муборизоти мардумӣ барои таҳаққуқи ормонҳои миллати мо дар шикастани муҳосираи навори Ғазза ифо мекунад.

Вай афзуд, аз бародарони Қатар ба хотири мавзеъи собиту асили худ дар канори Созмони Милали Муттаҳид ташаккур мекунем.

Раиси дафтари сиёсии Ҳамос таъкид кард, ишғолгарон мехостанд ба амнияти муқовимат ва навори Ғазза хадша ворид кунанд, вале размандагони муқовимат ва гурдонҳои Изуддин Қассом дар сатҳи ба чолиш кашидани онҳо бо ҳушёрӣ ва муроқибат амал карданд ва ишғолгарон мутаҳаммили шикасти амниятӣ, низомӣ ва сиёсӣ шуданд.

Ҳаниа таъкид кард, сарзамини Ғазза бар ишғолгарон ҳаром аст ва ҳар кас вориди Ғазза шавад, ё кушта мешавад ё асир хоҳад шуд.

Вай афзуд, вақтҳои вуруду хуруҷи нерӯҳои вежаи Исроил ба Ғазза, ба таври дақиқ барои фармондеҳони гурдонҳои Қассом мушаххас аст.

Раиси дафтари сиёсии Ҳамос гуфт, ин ганҷи амниятии арзишманд, ки назди мост, паёмадҳои майдонии муҳимме дар амалиёти набарди мағзҳо бо ишғолгарон хоҳад дошт.

Ҳаниа изҳор дошт, гурдонҳои Қассом ва гурӯҳҳои муқовимат аз бахши маҳдуде аз тавонмандиҳои низомии худ ва натоиҷи пешрафти васоил ва абзори муқовимат парда бардоштанд.

Вай афзуд, рӯёрӯии ахир бо ягони вежаи исроилӣ, ки ба Ғазза рахна кард, аз бахши маҳдуде аз тавонмандиҳои муқовимат парда бардошт.

Ҳаниа хотирнишон кард, Омрико натавонист бо он ҳама қудрату қулдурмаобии худ қатъномаеро дар Маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба тасвиб бирасонад, ки тайи он Ҳамосро ҷунбиши теруристи қаламдод кунад.

Раиси дафтари сиёсии Ҳамос изҳор дошт, Интифозаи ахири каронаи Бохтарӣ бар ҳимояти онҳо аз муқовимат таъкид мекунад.

Ҳаниа хотирнишон кард, он чи дар рӯёрӯии ахир (бо ягони вежаи низомиёни саҳюнист) рух дод, бо таваҷҷӯҳ ба имконоте, ки Қассом ва муқовимат дорад, маҳдуд буд, ва агар душман бори дигар даст ба чунин иқдоме бизанад, гурдонҳои Қассом ҳам посухи кӯбандатаре хоҳад дод ва дар як қадамии Телавив қарор хоҳад гирифт.

Вай, бо баёни ин ки муқовимат ҳамчунон идома хоҳад ёфт, аз шикасти сиёсии Омрико ва режими саҳюнистӣ дар тасвиби қатънома алайҳи муқовимат дар Маҷмаъи умумии Созмони Милал хабар дод.

Раиси дафтари сиёсии Ҳамос таъкид кард, миллати Фаластин ҳеч гоҳ иҳонатро таҳаммул нахоҳад кард ва ҳаргиз дар баробари ишғолгарон таслим нахоҳанд шуд.

Ҳаниа тасреҳ кард, каронаи Бохтарӣ аз тариқи Интифозаи худ мегӯяд, ки гӯристони муомилаи қарн хоҳад буд.

Вай изҳор дошт, ба ишғолгарон, ки иддао мекунанд мо дар паси Интифозаи каронаи Бохтарӣ ҳастем мегӯем, ин иттиҳоме аст, ки онро такзиб намекунем ва ифтихоре аст, ки онро иддао намекунем.

Ҳаниа таъкид кард, каронаи Бохтарӣ, майдони муҳимми рухдодҳо ва яксара кардани набард бо ишғолгарони исроилӣ аст.

Ҳаниа дар идома гуфт, ҷунбиши Ҳамос имрӯз дар мавқеияти қудратманд ва мустаҳкаме қарор дорад ва миллати Фаластин дар вазъияти қудратмандтар нисбат ба вазъияти ишғолгарон қарор дорад.

Вай, бо ишора ба оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ аз сӯи бархе кишварҳои арабӣ, таъкид кард, миллатҳои арабӣ ва исломӣ аз Исроил инзиҷору нафрат доранд ва онро ба расмият намешиносанд.

Раиси дафтари сиёсии Ҳамос ҳамчунин ба тақдир аз Ҷумҳурии Исломии Эрон пардохт ва аз Эрон ва миллати он ба сабаби ҳимояти мустамир аз муқовимати Фаластин бо вуҷуди таҳримҳои золимонаи таҳмилӣ алайҳи онҳо ташаккур кард.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: