Перейти к содержимому

Ваҷҳи муштараки Отатурк, Ризошоҳ ва Эмомалӣ Раҳмон

Акс аз пойгоҳи интернетии Родию Озодӣ

Сайидюнуси Истарвшанӣ

Дар ин ёддошт, мехоҳам дар бораи тасмими ахири мақомоти тоҷик мабнӣ бар қабули қонуне, ки бар асоси он, бонувони сатрпӯш аз вуруд ба вазоратхонаҳо, идорот ва корхонаҳо манъ мешаванд, бинависам. Дар ҳамин оғоз шоиста аст ёдоварӣ намоям, ки роқими ин сатрҳо намехоҳад дар инҷо мавзӯи мавриди назарро аз нигоҳи шаръ баррасӣ кунад, балки қасдаш, баҳс дар бораи ангезаи афроде аст, ки якчунин қонунҳоеро қабул ва бар ҷомеа таҳмил мекунанд. Яъне, сабаби қабули ин гуна қонунҳо аз сӯи онҳо чист? Оё масалан “далели мантиқие” дар даст доранд, ки бар асоси он, хостаанд ин қонунро қабул ва бар ҷомеа таҳмил кунанд?

Мо дар таърихи начандон дури баъзе аз кишварҳои исломӣ, ҳокимоне доштем, ки иқдомҳо ва тасмимҳои ҳокими кунунии Тоҷикистон яъне Эмомалӣ Раҳмон – ба вежа дар заминаи мубориза бо мазоҳири исломӣ дар ҷомеа ва махсусан сатри бонувон – шабеҳ ба тасмимҳо ва иқдомҳои он ҳокимон аст; ҳокимоне мисли Мустафо Камол Отатурк дар Туркия ва Ризошоҳи Паҳлавӣ дар Эрон (ва то ҳадде, Амонуллоҳхон, шоҳи Афғонистон).

Баррасии тасмимҳо ва рафторҳои ин ҳокимон, нишон медиҳад, ки онҳо тақрибан якгуна фикр мекардаанд ва ангезаҳояшон аз якчунин тасмимҳо воҳид будааст. Дар инҷо ба ду сабаби аслии ин қабил иқдомот ишора мешавад:

* * *

1) Шояд хандаатон ояд, вале ин як воқеият аст ҳарчанд талх. Ва он ин ки: яке аз умдатарини сабабҳои ин гуна иқдомҳо он аст, ки ҳокимони мазкур, ба шиддат зоҳирпараст будаанд. Яъне, ақидаашон ин будааст, ки як бону, вақте сатрашро аз сар бардорад, ӯ дар моҳият тағйир мекунад. Масалан, то замоне, ки сатр бар сар дорад, ӯ як зани ақибуфтода ва ақибмонда аз қофилаи пешрафту тараққӣ аст, вале ҳамин, ки сатрашро бардошт, ӯ дигар пешрафта ва мутараққӣ аст. Ба сухани дигар, бардошти онҳо аз пешрафту тараққии як инсон, ба зоҳири ӯст, коре ба мизони донишу афкораш надоранд. Ва боз ба баёни дигар, меъёри тараққӣ ва пешрафт аз нигоҳи инҳо, фақат зоҳири инсон аст, ки чӣ либосе масалан бар тан карда; оё сатру ҳиҷоб дорад ё сараш урён аст?

Мустафо Камол Отатурк дар мавриди тағйири пӯшиши мардум мегӯяд: “Аз ҳар назар, ки бингаред, бояд худамонро бо тамаддуни ғарб интибоқ диҳем ва тарзи фикру зиндагии мо бояд саропо ранги тамаддуни имрӯзро ба худ бигирад. Мо бояд монанди инсонҳои қарни бистум, аз кафш, шалвор, пероҳан, крувот ва болотар аз ҳамаи инҳо, аз кулоҳи лабадор истифода кунем. Ман бидуни пардапӯшӣ мехоҳам бигӯям, ки номи ин кулоҳи ҷадид “шопу” аст…” (Отатурк, Улуғ Эгдамир, с.160)

Дар соли 1934, Ризохон, шоҳи вақти Эрон, озими Туркия шуд ва бо дидани тағйироте, ки низоми ҷадиди Туркия ба раҳбарии Мустафо Камол Отатурк дар ҷиҳати “мудерниза кардани” (модернизацияи) ҷомеаи Туркия иҷро карда буд, таҳти таъсир қарор гирифт… Мусофирати Ризохон ба Туркия, ҷудоӣ аз он ки фасли ҷадиде дар муносиботи ду кишвар гушуд, тағйироти амиқе низ дар руҳиёт ва сиёсатҳои Ризохон ба хусус дар бораи занон ва сатри онон ба вуҷуд овард. Сафири Эрон дар Туркия, таъсирпазирии Ризохон аз беҳиҷобии занони Туркияро чунин тавзеҳ додааст: “Шабе пас аз поёни зиёфати расмии бошукӯҳ, вақте Ризошоҳ ба иморати Ҳизби халқ, ки маҳалли иқомати ӯ дар Онкоро буд муроҷиат кард, то посе аз шаб нахобид… Чашмони шоҳ мутаваҷҷеҳи ман шуд, ки дар гӯшаи толор истода будам, гуфт: Содиқ! Ман тасаввур намекардам туркҳо то ин андоза тараққӣ карда ва дар ахзи тамаддуни Урупо ҷилав рафта бошанд. Ҳоло мебинам, ки мо хеле ақиб ҳастем, махсусан дар қисмати тарбияти духтарону бонувон… Фавран бояд бо тамоми қувва ба пешрафти сареъи мардум махсусан занон иқдом кунем…” (Таърихи бистсолаи Эрон, Ҳусайни Маккӣ, с.157)

Ҳоло инҷояш аҷибтар аст. Ризохон як солу анде пас аз сафари худ ба Туркия (дар соли 1935), ба Маҳмуди Ҷам, раисулвузаро чунин бозгӯ кард: “Наздики ду сол аст, ки ин мавзӯи кашфи ҳиҷоб сахт фикри маро ба худ машғул доштааст, хусусан аз вақте, ки ба Туркия рафтам ва занҳои онҳоро дидам, ки ҳиҷобро дур андохтаанд, дигар аз ҳарчи зани чодурӣ аст бадам омадааст. Аслан чодуру рӯсарӣ душмани тараққӣ ва пешрафти мардум аст.” (Ҳамон манбаъ, с.164)

Ин аст фикри ин шоҳ дар бораи иллати пешрафту тараққӣ! Ӯ намегӯяд, ки масалан бояд коре кунем, ки бонувон таҳсил бибинанд ва дарс бихонанд ва ба донишгоҳҳо ҷазб бишаванд, балки мегӯяд, сатру ҳиҷобашонро ҳарчи зудтар аз сар бардоранд, то мутараққӣ шавем!

Аз назари онҳо, бонуи сатрпӯш бесаводу беъмаърифат аст, гумроҳ аст. Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ мегӯяд: “Онҳое, ки ҳиҷоб ба сар мекунанд, пеш аз ҳама ин бесаводӣ ва бемаърифатӣ аст, саводи кофӣ надоранд онҳо. Онҳо гумроҳгаштаҳоянд, ҳатто зиндагии худашонро намедонанд…

Дар ҳоле, ки воқеият ин аст, ки бесаводу бемаърифат будани як инсон ва ё пешрафтаву мутараққӣ будани ӯ, рабте ба зоҳири вай надорад. Фикр мекунам, ин масъала барои ҳар инсони оқилу хирадманде возеҳ ва балки аз бадеҳиёт аст. Чи басо як бонуи сатрпӯш, ки босаводу бомаърифату мутараққиву пешрафта аст мисли раисиҷумҳури кунунии Сингопур, ва баръакс, чи басо як бонуи бесатр, ки на аз маърифат бархӯрдор аст ва на саводи кофӣ дорад.

Албатта, акси ин қазия ҳам содиқ аст. Яъне, чи басо як бонуи сатрпӯш, ки ақибмонда ва бемаърифат аст, ва чи басо як зани бесатр, ки бомаърифату босавод аст. Зеро, саводу маърифату пешрафту тараққӣ, кучактарин иртиботе бо зоҳири инсон надорад, ва ба қавли Иқбол:

Қуввати Мағриб на аз чангу рубоб,

Не зи рақси духтарони беҳиҷоб.

Не зи сеҳри соҳирони лоларӯст,

Не зи урёнсоқу не аз қатъи мӯст.

Муҳкамӣ ӯро на аз лодинӣ аст,

Не фурӯғаш аз хатти лотинӣ аст.

Қуввати Афранг аз илму фан аст,

Аз ҳамин оташ чароғаш равшан аст.

Ҳикмат аз қатъу буриди ҷома нест,

Монеъи илму ҳунар аммома нест.

Илму фанро эй ҷавони шӯху шанг,

Мағз мебояд, на малбуси Фаранг.

Иқбол дар ин шеър, дақиқан аз зоҳирпарастон интиқод мекунад. Зоҳирпарастӣ дар ҳамаи адёну фарҳангҳо накӯҳиш шудааст, танҳо марбут ба масъалаи мавриди назари мо нест. Масалан, дар ислом, ба шиддат аз зоҳирпарастӣ ва зоҳирнигарӣ интиқод шудааст, албатта дар ҳамаи фарҳангҳо низ чунин аст, мухтасси ислом ҳам нест. Мавлоно мегӯяд:

Гуфт пайғамбар, ки эй зоҳирнигар!

Ту мабин ӯро ҷавону беҳунар.

Эй басо риши сиёҳу марди пир,

Эй басо риши сапеду дил чу қир.

Ақли ӯро озмудам борҳо,

Кард пирӣ он ҷавон дар корҳо.

Пир пири ақл бошад, эй писар!

На сапедий мӯй андар ришу сар.

* * *

2) Сабаби дигари ин гуна иқдомҳои ҳокимони мазкур ба назари ман, исломситезӣ ва исломбадбинии онҳост. Ҳамон тавр, ки дар боло аз Ризошоҳ овардам, мегӯяд: “Дигар аз ҳарчи зани чодурӣ аст бадам омадааст.

Дар бораи исломбадбинии Камол Отатурк низ гузоришҳое нақл шуда, ки ҳоло маҷоли зикри так-таки онҳо нест, танҳо ба зикри порае аз онҳо иктифо мекунам. Дар аввали марти 1924, Отатурк маҷмӯаи қонунҳоеро барои дигаргунсозии сохтори динии кишвар пешниҳод кард, ки дар 3 марти 1924 ба тасвиби Маҷлиси бузурги миллӣ расид. Намодинтарин тасмими Маҷлис дар ин рӯз, барандохтани ниҳоди хилофат буд. Як моҳ баъд дар 8 апрели 1924 дастгоҳи шайхулисломӣ таътил, маҳокими шаръӣ мунҳал ва уламо ҳамагӣ бознишаста шуданд ва фаъолияти куллияи мадориси динӣ мамнӯъ гашт. Вазорати умури динӣ ва авқоф мунҳал ва ихтиёроти он ба идораи вобаста ба дафтари нахуствазир вогузор шуд.

Агарчӣ дар нахустин Қонуни асосии Ҷумҳурият дар соли 1924 дини расмии кишвар ба унвони дини ислом муаррифӣ шуда буд, аммо дар бознигарии соли 1928 ҷумлаи “ислом, дини давлати Туркия аст” аз он ҳазф шуд ва қарор шуд, ки намояндагон на ба номи дин, балки ба номи миллат ва ҷумҳурӣ савганд ёд кунанд.

Сиёсатҳои зиддиисломии Отатурк фақат ба маънои тағйири сохтори давлат набуд, балки дигаргунии зиндагии рӯзмарра, шеваҳои хӯрду хӯроку пӯшок ва одобу русуми миллати Туркияро низ дарбар мегирифт, ва ба таъбири худи Отатурк: “Мардуми Туркия, ки мехоҳанд мутамаддин бошанд, бояд нишон диҳанд, ки дар зиндагии хонаводагӣ, дар роҳу расми зиндагӣ, дар зоҳири худ ва дар як калом, аз сар то по, мутамаддинанд.” (Отатурк, Улуғ Эгдамир, с.93)

Дар 2 сентябри 1925, бар асоси фармони давлат, пӯшидани қабо, або ва нишонаҳои динӣ барои ашхосе, ки мақоми расмӣ доранд мамнӯъ шуд ва ба кормандони давлат дастур доданд, “либоси роиҷи миллатҳои мутамаддини дунё” яъне куту шалвор бипӯшанд ва кулоҳ бар сар бигузоранд. (Ҳамон манбаъ, с.104)

Дар соли 1926 Маҷлиси Туркия тақвими урупоиро ҷойгузини тақвими ҳиҷрӣ кард ва чанде баъд, якшанбе рӯзи таътили расмӣ эълом шуд. Дар соли 1928 Ҷумҳурии Туркия барои гусасти комил аз гузаштаи усмонӣ ва мероси исломии он алифбои лотинро ба ҷойи алифбои арабӣ баргузид. Ибороти арабӣ ва динӣ аз намои берунии сохтмонҳои умумӣ пок ва корбурди онҳо дар биноҳои хусусӣ низ мамнӯъ шуд. Исломбадбинии Камол Отатурк то ба ҷойе кашида шуд, ки ӯ расман фармон дод, азон дар масоҷиди Туркия ба забони туркӣ хонда шавад.

Сиёсатҳои пешгирифтаи Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ислом ва мазоҳири исломӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон дар ду даҳаи ахирро азизон агар пайгирӣ кунанд, мебинанд тақрибан чизе аст шабеҳи сиёсатҳои Отатурк ва Ризохони Паҳлавӣ.

* * *

Баҳсро беш аз ин дигар ба дарозо намекашам ва дар поён фақат ҳаминро ёдоварӣ мекунам, ки оё ин сиёсатҳои исломситезона, ки Отатурк ва ё Ризохон дар ҷомеаҳои худ — ки ислом бо пӯсту хуни мардумонаш аҷин гаштааст – пиёда карданд, ба ҷойе расид?! Оё Туркия пас аз ҳудуди 70 сол аз оғози ин сиёсатҳо, дар ин ҷиҳат тағйир кард? Мебинем, чунин нест. Баръакс, баъди 70 сол, мардуми ин кишвар ба ҳизбе раъй медиҳанд, ки ҳизбе исломгарост. Ва ё дар Эрон, пас аз он ҳама талошҳои Ризохон ва писараш, вазъ ба кадом сӯ тағйир ёфт? Оё ҷомеаи Эрон ҷомеи зиддидинӣ шуд? Баръакс, мардумаш инқилобе мекунанд ва як низоми исломиро рӯйи кор меоваранд.

Ман намефаҳмам, оё Раҳмон аз ин сафаҳоти таърих дарс намеомӯзад?!

Инро ҳам арз кунам ва баҳсамро ба поён бирасонам: ҳамон тавр, ки таҳмили фарҳанги беҳиҷобӣ бар ҷомеа натиҷаи акс медиҳад, таҳмили сатру ҳиҷоб низ натиҷаи акс хоҳад дод. Аз ин рӯ, беҳтарин шева ва равиш дар ин росто, озод гузоштани мардум аст, яъне ҳар кӣ ҳар чӣ хост, ҳамонро ихтиёр намояд. Таҳмил, кори одами оқил нест.

Саломат бошед!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: